Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби таҳия ва пешниҳоди тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарор аз 31.03.2004с. № 145)
Ба мақсади такмил ва ҳамоҳангсозии корҳои таҳия ва таҳлили тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Бонки Миллии Тоҷикистон дар хусуси таҳияи тавозуни пардохти семоҳа ва солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 сар карда, ки ба мақомоти манфиатдору ташкилотҳо на дертар аз 3 моҳи баъди анҷоми давраи ҳисоботӣ пешниҳод мегардад, қабул карда шавад.
2. Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи феҳристе, ки замима мешавад, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод намоянд.
3. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), субъектҳое, ки фаъалияти иқтисоди хориҷӣ анҷом медиҳанд, новобоста аз шаклҳои моликият ва тобеият ба Агентин давлатни омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шаклҳои тасдиқшудаи ҳисобдиҳии оморӣ, ахбори оморӣ ва иттилооти дигарро, ки барои таҳия ва таҳлили тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, пешниҳод созанд.
4. Муқаррар карда шавад, ки барои сари вақт пешниҳод кардани ахбори оморӣ ва иттилоотии дигар ва таҳрифу вайрон намудани ин ахбор, ки барои тартиб додани тавозуни пардохти давлат заруранд, субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шаклҳои моликият, мутобиқи масъулияти муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 26 июни соли 1998 № 203
ш. Душанбе