Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1997, № 156 "Дар бораи тадбирҳои иловагии банизомдарории баровардан, тартиби муомилот ва истифодаи чекҳои номии хусусигардонӣ"

Санаи амалкуни: 20.02.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иловагии банизомдарории баровардан, тартиби муомилот ва истифодаи чекҳои номии хусусигардонӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.02.1998 № 58)

Баҳри иҷрои Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1996 № 442 "Дар бораи ҷори намудани ҳисобҳои шахсии хусусигардонӣ" ва бо мақсади беҳтар ба роҳ мондану ба аҳоли додани чекҳои номии хусусигардонӣ аз рӯи маошҳои пардохт нашуда, нафақа ва ёрдампулиҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop мекунад:

1. Ба Низомномаи дар бораи баровардан, тартиби муомилот ва истифодаи суратҳисобҳои номии хусусигардонӣ, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 338 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 12 дар таҳрири зайл ифода шавад:

"12. Чекҳои номии хусусигардонӣ ба шаҳрвандон ба мӯҳлати то 1 октябри соли 1997 дода шуда дар муомилот то 1 апрели соли 1998 амал мекунанд".

2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қабули чекҳои номии хусусигардониро, ки ба сифати василаи пардохт бо мақсадҳои хусусигардонӣ истифода мешаванд, то 1 апрели соли 1998 ба роҳ монда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.02.1998 № 58).

3. То 30 апрели соли 1997 рӯйхати тасдиқшуда дорои ному насабро бо нишондоди маблағи қарзи маош ва дигар пардохтҳои ба он баробари пардохтнашуда то 10 маи соли 1995 ба муассисаҳои маҳаллии Бонки амонатгузорӣ пешниҳод намоянд, то ки минбаъд додани чекҳои хусусигардонӣ ҷоннок шавад:

- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда-дар бобати маош ва пардохтҳои бa он баробар;

- Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-дар бобати нафақаҳои пардохтнашуда;

4. Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру тавзеҳи низомномаро тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба муомилот ва тартиби ивазкунии чекҳои номии хусусигардонӣ бо коғазҳои қиматноки объектҳои хусусишаванда ва саҳомӣ таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э.Раҳмонов

аз 4 апрели соли 1997 № 156

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иловагии банизомдарории баровардан, тартиби муомилот ва истифодаи чекҳои номии хусусигардонӣ

Баҳри иҷрои Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1996 № 442 "Дар бораи ҷори намудани ҳисобҳои шахсии хусусигардонӣ" ва бо мақсади беҳтар ба роҳ мондану ба аҳоли додани чекҳои номии хусусигардонӣ аз рӯи маошҳои пардохт нашуда, нафақа ва ёрдампулиҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop мекунад:

1. Ба Низомномаи дар бораи баровардан, тартиби муомилот ва истифодаи суратҳисобҳои номии хусусигардонӣ, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 338 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 12 дар таҳрири зайл ифода шавад:

"12. Чекҳои номии хусусигардонӣ ба шаҳрвандон ба мӯҳлати то 1 октябри соли 1997 дода шуда дар муомилот то 1 апрели соли 1998 амал мекунанд".

2. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалхо (ҳукуматҳо) қабули чекҳои номии хусусигардониро, ки ба сифати василаи пардохт бо мақсадҳои хусусигардонӣ истифода мешаванд, то 1 апрели соли 1998 ба роҳ монда шавад.