Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001, № 402 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311

Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ҷумлаи аввали сархати дуюми банди 2 Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар таҳрири зерин ифода карда шавад;

"ҳафт ҷоиза муқаррар карда мешавад: аз ҷумла се ҷоиза дар соҳаи адабиёт, як ҷоиза дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон (адабиёт, санъати тасвирӣ, театр, кино, мусиқӣ), як ҷоиза дар соҳаи театр ва кино, як ҷоиза дар соҳаи санъати мусиқӣ ва иҷрокунандагӣ, як ҷоиза дар соҳаи саньати тасвирӣ ва меъморӣ".

2. Дар банди 1 Низомномаи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Убӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: сархати якум дар таҳрири зерин ифода шавад:

"Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи ходимони давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои эҷодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад".

сархати дорои мазмуни зерин илова карда шавад:

"Раёсати Кумита аз ҷумлаи ходимони адабиёту санъат, олимони адабиётшинос ва санъатшинос бахшҳои кории Кумитаро оид ба соҳаҳои эҷодиёти бадеӣ таъсис медиҳад. Миқдор ва ҳайати бахшҳои кориро Раёсати Кумита муайян менамояд".

3. Ҳайати нави Кумитаи Ҷоизаҳои Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи Адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

4.Беэътибор дониста шаванд:

ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи Адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311 тасдиқ шудааст;

банди 19 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2000 № 64 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистрн аз 16 июли соли 1996 № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита".

...

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э.Раҳмонов

аз 28 августи соли 2001 № 402

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 28 августи соли 2001 № 402

тасдиқ шудааст

Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаропова Н.М. -муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумита

Қаноатов М. -Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҷонишини раиси Кумита - котиби илмӣ

Абдуллоев Н. -муовини раиси Иттифоқи ходимони театри Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуманнонов А. -адабиётшинос, мудири шӯъбаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон

Баҳорӣ А. -Нависандаи халқии Тоҷикистон

Бахтӣ Меҳмон -драмтург, арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон

Додхудоева Л. -арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Зуҳурдинов Б. -презнденти Академияи меъморони Тоҷикистон

Келдиев Г. -Шоири халқии Тоҷикистон

Қурбонов С.У. -раиси Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарипов X. -доктори илми филология, профессор

Мирзоев К. -нависанда, директорн нашриётит "Адиб"

Муҳаббатова Г. -директори киностудияи "Тоҷикфилм" -и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҷабов А. -мудири шӯъбаи таърихи фарҳанг ва санъати Институти таърих, археология ва этнографияи АИ Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Самадов А. -муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Сатторов Т. -раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон

СобировТ. -раиси Иттифоқи кинематографистони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Султонзода М. -муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲакимовХ. -и.в. профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон