Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, № 523 "Дар бораи Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон

Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, танзими истеҳсолоти саноатӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, ташкили асосҳои илмии инкишофи соҳаҳои саноат ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти самараноки корхонаҳо, қонеъ намудани талаботи дохилӣ ба маҳсулот ва хизматрасонӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад)

2. Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳо, муассисаҳо, ширкатҳо, корпоратсияҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки дар соҳаи саноат фаъолият менамоянд, бо мақсади амалӣ намудани "Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон" то моҳи июли соли 2004 стратегияҳои дахлдори инкишофи соҳаҳои алоҳидаи саноатро таҳия карда, барои иҷрои ҳатмии онҳо чораҳои мушаххас андешад.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Консепсия барномаҳои мушаххаси ҷорӣ ва дарозмуддат таҳия намуда, барои татбиқи амалии онҳо шароити зарурӣ фароҳам оваранд.

4. Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри Консепсия ва ба сохторҳои манфиатдор ва корхонаҳои тобеъ дастрас гардонидани онро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 4 декабри соли 2003 № 523

ш. Душанбе