Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002, № 746 "Дар бораи таъсиси Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи таъсиси Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади мутобиқозии системаи мақомоти идораи давлати бо шароити иқтисодии тағйирёфтаистода, таҳия ва ба роҳ мондани сиёсати ягонаи давлати дар бахши саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Дар заминаи Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Ба зиммаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои зерин гузошта шавад:

дар заминаи мониторинги истеҳсолоти саноати ва дурнамои рушди саноати милл таҳия намудан ва ба роҳ мондани сиёсати ягонаи давлати дар бахши саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инкишофи иқтидори содироти ва иқтидори воридотивазкунандаи кишварро таъмин менамояд.

таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани стандартҳои зарурии технологи, экологию стандартҳои дигар ва талаботи давлати нисбати фаъолият дар бахши саноати иқтисоди ҷумҳури, мусоидат ба корхонаҳо дар фурӯши маҳсулоти истеҳсолшаванда, андешидани тадбирҳо оид ба ташаккули комплекси бо ҳам алоқаманди саноатии кишвар;

мусоидат ба корхонаҳои саноатии кишвар дар ҷалби сармояи хориҷи, фароҳам овардани шароит барои ташаккули корхонаҳои саноати ғайридавлати;

бо роҳи бастани созишномаҳои дуҷониба танзим намудани фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дар бахши саноати кишвар амалкунандае, ки ҳиссаи бештари моликияташон ба давлат тааллуқ дорад.

3. Дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 7 тасдиқ гардидааст, калимаҳои "Раиси Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ:

дар бобати барҳамдиҳии Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон, Корпоратсияи "Маводи сохтмон", ки ба сохтори Вазорати нав дохил карда мешаванд, тадбирҳои зарури андешад;

Низомномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва шумораи дастгоҳи маркази, нақшаи идора, тартиби маблағгузории Вазорати зикргардида, инчунин номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоеро, ки ҳиссаи бештари моликияташон ба давлат тааллуқ дошта, дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, тасдиқ намояд;

дар бобати ба роҳ мондани назорати иҷрои стандартҳо ва талаботи давлатии тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи технологи, экологи ва дигар стандартҳо дар бахши саноати кишвар қарор қабул намояд;

масъалаи ҷойгиркунии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал намояд;

қарорҳои худро бо ин Фармон мутобиқ гардонад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

 аз 24 январи соли 2002 № 746