Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.2021 № 30)
Дар бораи ҳайати комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
Ба мақсади фаъолияти нисбатан самараноки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО тасдиқ карда шавад.
2. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1997 № 3 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 августи соли 1998 № 287
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷуиҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 1998 № 287
Ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси комиссия;
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини раиси комиссия оид ба масъалаҳои маориф;
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини раиси комиссия оид ба масъалаҳои фарҳанг;
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-муовини раиси комиссия оид ба масъалаҳои илм;
сардори шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- котиби масъули комиссия.
Аъзои Комиссия:
мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар"; ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
директори муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
директори осорхонаи бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон .
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҳайати комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
Ба мақсади фаъолияти нисбатан самараноки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати замимагардидаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО тасдиқ карда шавад.
2. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1997 № 3 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 августи соли 1998 № 287
ш. Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷуиҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 1998 № 287
Ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
1. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Мудири шӯъбаи илм ва маорифи Идораи сиёсати иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Мудири шӯъбаи фарҳанги Идораи алоқа бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ахбори умум ва фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
9. Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
11. Раиси Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон
12. Муовини директори Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
13. Муовини раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
14. Академик-котиби шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. Академик-котиби шӯъбаи илмҳои физикаю математика, кимиё ва геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
16. Академик - котиби шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
18. Ректори Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода.
19. Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
20. Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
21. Муовини раиси вилояти Хатлон
22. Муовини раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
23. Муовини раиси вилояти Ленинобод
24. Муовини раиси шаҳри Душанбе