ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.1998 № 287)
Бо мақсади суръат бахшидан ба фаъолият ва васеъ намудани имкониятҳои Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО бо дарназардошти заминаҳои мавҷудаи иҷтимоию иқтисодӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1994 № 305 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1.1. Дар қисми дуюми банди 6:
ба сархати шашум баъд аз калимаҳои "қабули аъзои нав" калимаҳои "аъзои аслӣ ва аъзои вобаста" илова карда шаванд;
сархатҳои нӯҳум ва даҳум дорои мазмуни зерни илова карда шаванд;
"- муқаррар намудани андозаи аъзоҳаққи ва шаклҳои дигари саҳмияҳои аъзоён, аъзои аслӣ ва аъзои вобаста;
- қабули қарор оид ба чораҳо нисбат ба аъзоёне, ки дар мавриди пардохти аъзоҳаққии худ қарздор шудаанд";
сархати нӯҳум сархати ёздаҳум ҳисобида шавад.
1.2. Ба Низомнома бандҳои 7 ва 8 дорои мазмуни зерин илова карда шаванд:
"7. Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлати ё ғайридавлати, иттиҳодияҳои ҷамъиятии маориф, илми ё фарҳангие, ки Оинномаи ЮНЕСКО-ро эътироф намуда, ӯҳдадор мешаванд, ки Низомномаи мазкурро дар кори худ дастури амал қарор медиҳанд, метавонанд аъзои аслии комиссия бошанд.
Қабул ба аъзогии аслии комиссия дар асоси илтимосномаи пешниҳогдардида бо қарори маҷлиси умуми дар ҳолати мавҷуд будани кворум бо аксарияти оддии овозҳои аъзоёни ҳозирбудаи Комиссия сурат мегирад.
8. Шахсоне, ки ба таври инфироди ба ҳайати шӯъбаҳои минтақавии комиссия қабул гардидаанд, аъзои вобастаи Комиссия буда метавонанд".
1.3. Бандҳои 7, 8, 9,10, 11, 12 мутаносибан бандҳои 9, 10, 11, 12, 13, 14 ҳисобида шаванд.
1.4. Дар банди 11 калимаҳои "пардохтҳои спонсорон" ба калимаҳои "аъзоҳаққи, пардохтҳои спонсорон ва шаклҳои дигари пардохт" иваз карда шаванд.
2. бекор карда шуд
3. Замимаи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1994 № 305 оид ба ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 январи соли 1997 № 8
ш. Душанбе
Замимаи қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 январи соли 1997 № 3
Ҳайати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ЮНЕСКО
Додхудоева Б.Д. - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
Ҷӯраев А.Ш. - муовини аввали Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фарҳанг
Мирсаидов У. - Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи милли оид ба масъалаҳои илм
Рашидов А.Р. - муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Комиссияи милли оид ба масъалаҳои маориф
Аъзои Комиссия
Абдувоҳидов С.А. - муовини Раиси Кумитаи тарбияи ҷисмони ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдуллоева М.Н. - Ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон
Абдуманонов А.А. - муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Абдусатторов А.А. - Президенти Ориёнбанк
Абдушукурова Т.М. - профессори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода
Акобиров Ю. - нависанда
Алимардонова Т. - муовини Раиси вилояти Хатлон
Афизова П. - Раиси Фонди кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бобоҷонова М.М. - Мушовири шӯъбаи Вазорати корҳои хориҷи
Бобосодиқова Г.Б. - котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО
Давлатов Ҳ. - Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон
Дӯстмуҳаммадов Д. - Раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон
Ёров М. - муовини Раёсати ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳанги
Заневский А.Н. - Раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон
Каримов Н.Н. - мудири МИТ "Ховар"
Қосимов Э.С. - сардори Идораи Вазорати корҳои хориҷй
Кенҷаев М.С. - ноиби Президенти "Тоҷикбанкбизнес"
Қурбонов Б.Х. - муовини Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурбонов С.У. - Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон
Лалбеков И. - Президенти "Тоҷиквнешэкономбанк"
Мирзоева В. - мудири Бюрои "Зан ва тараққиёт"
Ммрзоева Ҳ.М. - муовини Раиси шаҳри Душанбе
Муҳаммадҷонов А. - ҳунарпешаи мардумии ҷумҳури
Муҳаммадиева Б.З. - муовини директори Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Наимова В.Р. - Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи халқ ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пӯлодов П. - ноиби президенти Фонди ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи технологи
Пӯлодов Х.Р. - муовини Раиси вилояти Ленинобод
Раҳимов К. - Раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
Раҳматова Г.Р. - муовини Раиси ВМКБ
Раҳматлуллоев Э. - муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Салимзода О. - муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Смеянова Л.А. - муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамроев Н.Х. - Президенти фирмаи "Интеграф"
Ҳасанов М. - муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шварц А.Н. - муовини мудири шӯъбаи комплекси иҷтимоию фарҳангии дастоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон