ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 268)
Қонуни мазкур ҳуқуқи фаъолияти осорхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва муқаррар намуда, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро оид ба баҳрабардорӣ аз нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида таъмин ва ҳифз менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:
осорхона - муассисаи ғайритиҷоратиест, ки бо мақсади дарёфт, нигоҳдорӣ, мукаммалсозӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ, коллексиясозӣ, тадқиқот ва тарғиботи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешавад;
сарватҳои фарҳангӣ - нигораҳое, ки таърих ва фарҳанги миллӣ ва умумибашариро инъикос карда, дар осорхонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва коллексияҳои шахсӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешаванд;
нигораҳои осорхонаҳо - сарватҳои фарҳангие, ки сифат, таърих ва нишонаҳои махсус дошта, харидорӣ, ҳифз, омӯзиш ва ба омма пешниҳод намудани онҳо барои ҷамъият зарур мебошад;
коллексияи осорхонаҳо - маҷмӯи сарватҳои фарҳангие, ки хусусияти нигораи осорхонаро соҳиб гардида, аз рӯи хусусият, хронология ва дигар нишонаҳояшон дар Фонди осорхона гурӯҳбандӣ мешаванд;
фонди осорхонаҳо - маҷмӯи нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳое, ки доимӣ дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд;
феҳристи давлатии сарватҳои фарҳангӣ - ҳуҷҷати баҳисобгирие, ки маълумоти асосиро оид ба ҳар як нигораи осорхона ва ҳар як коллексияи осорхонае, ки ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, дар бар мегирад;
комиссияи харидорӣ - мақоми машваратӣ-экспертии осорхона, ки масъалаи интихоб ва ё харидории нигораҳои дорои аҳамияти осорхонадоштаро баррасӣ менамояд;
харидории нигораҳо - яке аз воситаҳои асосии ҷамъоварӣ ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ;
экспертизаи илмӣ - ҳуҷҷати осорхона ва хулосаи нахустини таҳқиқи нигора, ки зарурати харидории онро барои осорхона тасдиқ менамояд;
нигоҳдорӣ - яке аз намудҳои асосии фаъолияти осорхона, ки ташкили шароитҳои моддӣ ва ҳуқуқиро дар назар дошта, тавассути онҳо нигоҳдории нигораҳои осорхона ва коллексияҳои осорхонаро таъмин менамояд;
табъу нашр - яке аз шаклҳои асосии фаъолияти осорхона, ки намоиши оммавӣ, чопи такрорӣ дар нашрияҳо, воситаҳои электронӣ ва дигар намудҳои воситаҳо, ҳама намудҳои ба ҷамъият пешниҳод кардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳоро дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Назорати давлатӣ дар соҳаи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатиро нисбат ба нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, ки ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг ба амал мебарорад.
БОБИ 2. ОСОРХОНАҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 4. Таъсиси осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхонаҳо дар шакли муассиса бо мақсади амалӣ кардани вазифаҳои ҷамъоварӣ, ҳифзнамоӣ, илмию тадқиқотӣ ва фарҳангӣ таъсис дода мешаванд.
Фаъолияти дигар муассисаҳо дар бинои осорхона манъ аст.
Моддаи 5. Мақсади таъсиси осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақсади таъсиси осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст аз:
- нигоҳдории нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо;
- пуррагардонии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо бо роҳи харид, ташкил кардани экспедитсияҳо ва ҳафриёт;
- омӯзиши нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо;
- нашри маълумот дар бораи нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо;
- омӯзиш ва тадқиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ берун аз осорхонаҳо.
Моддаи 6. Хориҷ карда шуд
Моддаи 7. Барҳамдиҳии осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барҳамдиҳии осорхонаҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ҳангоми барҳамдиҳии осорхонаҳои давлатӣ нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба ин осорхонаҳо вобасташуда, мутобиқи қисми аввали моддаи 14 ҳамин Қонун, ба осорхонаҳои дигари давлатӣ вобаста карда мешаванд. Дар ин хусус мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг қарор қабул менамояд.
БОБИ 3. ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 8. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи мероси таърихию фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, ки ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ҷузъи ҷудонашавандаи мероси таърихию фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 9. Шаклҳои моликият ба нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида метавонанд, моликияти давлатӣ ва хусусӣ бошанд. Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои моликияти давлатибуда, ба моликияти шахсӣ таҳвил дода намешаванд.
Моддаи 10. Таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Моддаи 11. Тартиби харидории нигораҳо
Харидории нигораҳо тавассути комиссияи харидорӣ сурат мегирад.
Мақсади асосии комиссияи харидорӣ коллексиясозии илмии ёдгориҳои нодири моддию маънавии фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
Сарватҳои таърихию фарҳангӣ барои Фонди осорхона дар асоси экспертизаи илмӣ ва баҳои тамоми аъзои Комиссияи харидорӣ ба даст оварда мешаванд.
Хулосаи экспертизаи илмӣ бо мӯҳри маркази тадқиқотӣ ва имзои мутахассис тасдиқ карда мешавад, ки бе он харидории нигораҳои таърихию фарҳангӣ манъ аст.
Ба дигар мақсадҳо истифода бурдани воситаҳои молиявие, ки барои харидории нигораҳои таърихию фарҳангӣ пешбинӣ шудааст, манъ аст.
Моддаи 12. Дохил гардонидани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо баъди гузаронидани экспертизаи махсус, аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардонида мешаванд. Тартиби ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардонидани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳоро Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян менамояд.
Ба молики нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида шаҳодатномаи дахлдор дода мешавад.
Моддаи 13. Хориҷ намудани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо аз таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо баъди гузаронидани экспертизаи махсуси мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг аз таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд.
Тартиби аз таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳоро Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо аз таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон дар Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд.
Моддаи 14. Феҳристи давлатии нигораҳои Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Феҳристи давлатии нигораҳои Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг тартиб медиҳад.
Моддаи 15. Баровардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баровардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатӣ ва ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида, аз ҷониби молик ва ё шахси ваколатдори он, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шаҳодатномаи берун баровардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ мегардад.
Муваққатан берун баровардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
БОБИ 4. ҚИСМИ ДАВЛАТИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 16. Таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур аз ҷониби осорхонаҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисон ё аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ва дигар воситаҳо харидорӣ мешаванд, ба қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
Моддаи 17. Соҳибӣ кардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида, ба истиснои ҳолатҳои вайроншавӣ, гум шудан ё иваз кардан ба дигар нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, соҳибӣ карда намешаванд.
Дар ҳолати гум шудан, вайроншавӣ ва иваз намудани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг дар бораи соҳибӣ кардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида қарор қабул менамояд.
Моддаи 18. Роҳбарӣ ва идораи осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида барои амалӣ кардани идораи оперативӣ ба осорхонаҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ вобаста карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба осорхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои давлатӣ додани ҳуқуқи идораи оперативӣ ва роҳбарӣ ба нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида, қарор қабул менамояд.
Осорхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқи идораи оперативии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида дода шудаанд, вазифадоранд татбиқи тадбирҳои зеринро таъмин намоянд:
- бехатарӣ ва нигоҳдории моддии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо;
- пешбарӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо;
- истифодаи нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо бо мақсадҳои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва эҷодию истеҳсолӣ.
Моддаи 19. Назорати давлатӣ оиди ҳолат ва нигоҳдории қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати давлатӣ оиди ҳолат ва нигоҳдории давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:
- санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо;
- ирсоли дархостҳо ва гирифтани маълумот дар бораи нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур.
Моддаи 20. Дастгирии давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осорхонаҳои давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ нигоҳдорӣ ва истифодабарии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардидаро таъмин менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти ваколатдори соҳаи фарҳанг барои беҳдошти фаъолияти осорхонаҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва харидории ёдгориҳои таърихию фарҳангии аҳамияти умумибашаридошта метавонад қарорҳои дахлдор қабул намоянд.
БОБИ 5. ҚИСМИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 21. Таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида ва ба қисми давлатии он тааллуқнадошта, қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Моддаи 22. Дохил гардидани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи молики нигора бо тартибе, ки дар моддаи 12 ҳамин Қонун пешбинӣ гардидааст, дохил карда мешаванд.
Моддаи 23. Хориҷ кардани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо аз таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо аз таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар ҳолатҳои гум шудан ё вайроншавии ашёҳои мазкур, аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг бо тартиби дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинигардида хориҷ карда мешаванд.
Моддаи 24. Нигоҳдорӣ ва бақайдгирии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида
Нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида, мувофиқи қоидаҳо ва шароитҳои дар Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба қайд гирифта, ҳифз мешаванд.
Моддаи 25. Назорати давлатӣ оид ба ҳолати нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати давлатиро оид ба ҳолати нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатӣ мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин ба амал мебарорад:
- санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо;
- масъалагузорӣ оиди иваз намудани макони ҳифз ва нигоҳдории нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо дар назди моликони ашёи мазкур;
- ирсоли дархостҳо ва гирифтани маълумот оиди нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо барои амалӣ гардонидани бақайдгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурбуда.
Моддаи 26. Дастгирии давлатии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осорхонаҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ метавонанд ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осорхонаҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин дастгирӣ кунанд:
- барои иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозӣ пешбарӣ намудани муассисаҳои таъмиру барқарорсозии давлатӣ;
- таъмини нигоҳдории нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дар хазинаҳои давлатӣ;
- қисман ҷуброн намудани хароҷот барои таъмини бехатарии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида.
Моддаи 27. Аҳдҳо оид ба нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида
Ҳангоми иҷрои аҳд оид ба соҳибӣ кардани (тӯҳфа кардан, харидуфурӯши) нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои ба таркиби қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида гирандаи тӯҳфа ё харидор ӯҳдадор аст, ӯҳдадориҳои дар шартнома ё қонун нисбати ин ашё пешбинишударо ба зиммаи худ гирад. Зимнан давлат ҳуқуқи афзалиятноки харидро дорад.
Ҳангоми ба мерос гирифтани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, ки ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, меросгиранда ӯҳдадор аст, тамоми масъулияти нисбати ин ашёҳо доштаи меросдиҳандаро ба зиммаи худ гирад. Баъди ба мерос гирифтани нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо меросхӯр ҳуқуқ дорад ба ин амвол тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд, агар дар васиятнома муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Агар меросгир ӯҳдадориҳои худро нисбат ба ин нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо иҷро накунад ва ё ба таври муносиб иҷро нанамояд, дар ин ҳолат давлат ҳуқуқ дорад, мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ашёҳои ба таври лозимӣ нигоҳдоринашударо харидорӣ намояд.
Татбиқи ҳуқуқи афзалиятноки харидории нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳоро, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, аз номи давлат мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.
Берун баровардан аз ҷумҳурӣ ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ ба ҷумҳурӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори соҳаи фарҳанг сурат мегирад.
БОБИ 6. ТАЪМИНИ ДАСТРАСИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 28. Дастрасии нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ ба нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, ки ба қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ҳуқуқи дастрасӣ доранд.
Тартиби дастрасӣ барои истифодаи нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳоро, ки дар Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 29. Нашри маълумот дар бораи нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо
Ҳуқуқи нашри аввалини маълумот ба осорхонаҳое дода мешаванд, ки ба онҳо нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо вобаста шудаанд.
Осорхонаҳо, вобаста ба иҷрои вазифаҳои илмию тадқиқотӣ ва илмию маърифатӣ, дар нашри маълумот оид ба нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо комилҳуқуқ ва масъул мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри маълумот оид ба нигораҳои осорхонаҳо ва коллексияҳои осорхонаҳо, ки ба таркиби қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, заминаи моддӣ фароҳам меорад.
БОБИ 7. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 30. Ҳуқуқ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ
Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи осорхонашиносӣ, таърихнигорӣ, бостоншиносӣ, иттилоотӣ, инчунин оид ба масъалаҳои марбут ба осорхонаҳо дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар татбиқи барномаҳои байналмилалии кишваршиносӣ ва дигар барномаҳо иштирок намоянд.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур баъд аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
28 феврали соли 2004 № 15
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О МУЗЕЯХ И МУЗЕЙНОМ ФОНДЕ"
(в редакции Закона РТ от 12.05.2007г.№268)
Настоящий Закон устанавливает правовое регулирование деятельности музеев в Республике Таджикистан, обеспечивает и защищает конституционные права граждан на использование музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав Музейного фонда Республики Таджикистан.
ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 1. Основные понятия
В настоящем Законе используются следующие основные понятия:
музей - некоммерческое учреждение, которое создаётся с целью выявления, комплектования, исследования, документации, учета, хранения, коллекционирования и пропаганды историко-культурного наследия;
культурные ценности - экспонаты, отражающие национальную и общечеловеческую историю и культуру, которые коллекционируются и хранятся в государственных, негосударственных музеях и личных коллекциях;
музейные экспонаты - культурные ценности, качество, история и особые признаки которых делают необходимым для общества их покупку, сохранение, изучение и публичное представление;
музейная коллекция - совокупность культурных ценностей, которые приобретают свойства музейного экспоната и группируются в Музейном фонде по характеру, хронологии и другим признакам;
музейный фонд - совокупность постоянно находящихся на территории Таджикистана музейных экспонатов и музейных коллекций;
государственный каталог культурных ценностей - учетный документ, содержащий основные сведения о каждом музейном экспонате и каждой музейной коллекции, включенных в состав Музейного фонда Республики Таджикистан;
закупочная комиссия - консультативно-экспертный орган музея, который рассматривает вопросы отбора или приобретения экспонатов музейного значения;
покупка экспонатов - одно из основных средств сбора и хранения историко-культурного наследия;
научная экспертиза - музейный документ и вывод первоначального исследования экспоната, который подтверждает необходимость его покупки для музея;
хранение - один из основных видов деятельности музея, предполагающий создание материальных и юридических условий, при которых обеспечивается сохранность музейного экспоната и музейной коллекции;
публикация - одна из основных форм деятельности музея, включающий публичный показ, воспроизведение в печатных изданиях, на электронных и других видах средств все виды представления обществу музейных экспонатов и музейных коллекций.
Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о музеях и музейном фонде Республики Таджикистан
Законодательство Республики Таджикистан о музеях и Музейном фонде Республики Таджикистан основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативно-правовых актов Республики Таджикистан, а также международно-правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.
Статья 3. Государственный контроль в сфере музеев и Музейного фонда Республики Таджикистан
В Республике Таджикистан государственный контроль в отношении музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав Музейного фонда Республики Таджикистан, осуществляет уполномоченный орган управления в области культуры.
ГЛАВА 2. МУЗЕИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН
Статья 4. Создание музеев в Республике Таджикистан
В Республике Таджикистан музеи создаются в форме учреждений с целью осуществления собирательских, хранительских, научно-исследовательских и культурных функций.
Деятельность других учреждений в здании музея запрещается.
Статья 5. Цели создания музеев в Республике Таджикистан
Целями создания музеев в Республике Таджикистан являются:
- хранение музейных экспонатов и музейных коллекций;
- комплектование музейных экспонатов и музейных коллекций путем покупки, организации экспедиций и раскопок;
- изучение музейных экспонатов и музейных коллекций;
- публикация сведений о музейных экспонатах и музейных коллекциях;
- изучение и исследование культурно - исторических памятников за пределами музеев.
Статья 6.Исключена
Статья 7. Ликвидация музеев в Республике Таджикистан
Ликвидация государственных музеев в Республике Таджикистан производятся в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
При ликвидации государственных музеев музейные экспонаты и музейные коллекции, закрепленные за этим музеям, закрепляются в соответствии с частью первой статьи 14 настоящего Закона за иными государственными музеями. Об этом принимает решение уполномоченный орган в области культуры.
ГЛАВА 3. МУЗЕЙНЫЙ ФОНД РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Статья 8. Музейный фонд Республики Таджикистан как часть историко-культурного наследия народов Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав Музейного фонда Республики Таджикистан, считаются неотъемлемой частью историко-культурного наследия народов Республики Таджикистан.
Статья 9. Формы собственности на музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав Музейного фонда Республики Таджикистан, могут находиться в государственной и частной собственности. Музейные экспонаты и музейные коллекции, являющиеся государственной собственностью, не могут быть переданы в частную собственность.
Статья 10. Состав Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейный фонд Республики Таджикистан состоит из государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан и негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 11. Порядок покупки экспонатов
Покупка экспонатов осуществляется закупочной комиссией.
Основной целью закупочной комиссии является научное коллекционирование уникальных памятников материальной и духовной культуры.
Историко-культурные ценности для фонда музея приобретаются на основании научной экспертизы и оценки всех членов закупочной комиссии.
Заключение научной экспертизы утверждается печатью исследовательского центра и подписью специалиста, без которого запрещается покупка историко-культурных экспонатов.
Запрещается использовать финансовые средства, предназначенные дал закупки историко-культурных экспонатов в других целях.
Статья 12. Включение музейных экспонатов и музейных коллекций в состав Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции включаются в состав Музейного фонда Республики Таджикистан уполномоченным органом в области культуры после проведения специальной экспертизы. Порядок включения музейных экспонатов и музейных коллекций в состав Музейного фонда Республики Таджикистан определяется Положением о Музейном фонде Республики Таджикистан, которое утверждается Правительством Республики Таджикистан.
Собственнику музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав Музейного фонда Республики Таджикистан, выдается соответствующее свидетельство.
Статья 13. Исключение музейных экспонатов и музейных коллекций из состава Музейного фонда Республики Таджикистан
Исключение музейных экспонатов и музейных коллекций из состава Музейного фонда Республики Таджикистан производится уполномоченным органом в области культуры после проведения специальной экспертизы.
Порядок исключения музейных экспонатов и музейных коллекций из состава Музейного фонда Республики Таджикистан определяется Положением о Музейном фонде Республики Таджикистан.
Музейные экспонаты и музейные коллекции исключаются из состава Музейного фонда Республики Таджикистан со дня их регистрации в Государственном каталоге Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 14. Государственный каталог музейных экспонатов Музейного фонда Республики Таджикистан
Государственный каталог музейных экспонатов Музейного фонда Республики Таджикистан составляется и ведется уполномоченным органом в области культуры.
Статья 15. Вывоз из Республики Таджикистан музейных экспонатов и музейных коллекций
Вывоз музейных экспонатов и музейных коллекций, входящих в состав государственной и негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан осуществляется их собственником или уполномоченным им лицом в установленном законодательством порядке на основании свидетельства вывоза музейных экспонатов и музейных коллекций, выданного Министерством культуры Республики Таджикистан.
Временный вывоз музейных экспонатов и музейных коллекций за пределы Республики Таджикистан физическими и юридическими лицами осуществляется в порядке, установленном Правительством Республики Таджикистан.
ГЛАВА 4. ГОСУДАРСТВЕННАЯ ЧАСТЬ МУЗЕЙНОГО ФОНДА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Статья 16. Состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции, приобретаемые после введения в действие настоящего Закона государственными музеями и иными государственными учреждениями за счет средств учредителей либо за счет собственных или иных средств, включаются в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 17. Отчуждение музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан, за исключением случаев разрушения, утрат либо обмен на другие музейные экспонаты и музейные коллекции, не подлежат отчуждению.
В случае утраты, разрушения и обмена музейных экспонатов и музейных коллекций уполномоченный орган управления в области культуры принимает решение об отчуждении музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 18. Руководство и управление музейными экспонатами и музейными коллекциями, включенными в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан, для осуществления оперативного управления закрепляются за государственными музеями и иными государственными учреждениями.
Правительство Республики Таджикистан, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, принимает решение о представлении прав оперативного управления и руководства музейными экспонатами и музейными коллекциями, включенными в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан, государственным музеям и государственным учреждениям.
Государственные музеи и государственные учреждения, которым переданы в оперативное управление музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан, обязаны обеспечить проведение следующих мероприятий:
- безопасность и материальную сохранность музейных экспонатов и музейных коллекций;
- ведение и сохранность учетной документации музейных экспонатов и музейных коллекций;
- использование музейных экспонатов и музейных коллекций в научных, образовательных, культурных и творческо-производственных целях.
Статья 19. Государственный контроль за состоянием и хранением государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Государственный контроль за состоянием и хранением государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан осуществляется уполномоченным органом управления в области культуры в следующих формах:
- проверка состояния сохранности и условий хранения музейных экспонатов и музейных коллекций;
- направление запросов и получение информации о музейных экспонатах и музейных коллекциях, необходимых для осуществления государственного учета Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 20. Государственная поддержка государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан и государственных музеев
Правительство Республики Таджикистан и органы местной власти обеспечивают хранения и использования музейных экспонатов и музейных коллекций, входящих в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан.
Правительство Республики Таджикистан, органы местной власти и уполномоченный орган в области культуры для улучшения деятельности крупных музеев Республики Таджикистан и закупки историко-культурных памятников, имеющих мировое значение, могут принимать соответствующие решения.
ГЛАВА 5. НЕГОСУДАРСТВЕННАЯ ЧАСТЬ МУЗЕЙНОГО ФОНДА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Статья 21. Состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав Музейного фонда Республики Таджикистан и не относящиеся к его государственной части, составляют негосударственную часть Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 22. Включение музейных экспонатов и музейных коллекций в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Включение музейных экспонатов и музейных коллекций в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан производится на основании заявления собственника экспоната в порядке, предусмотренном статьей 12 настоящего Закона.
Статья 23. Исключение музейных экспонатов и музейных коллекций из состава негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Исключение музейных экспонатов и музейных коллекций из состава негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан производится только в случаях утраты либо разрушения данных предметов уполномоченным органом в области культуры в порядке, предусмотренном статьей 13 настоящего Закона.
Статья 24. Хранение и учет музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
Музейные экспонаты и музейные коллекции, включенные в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан, подлежат учету и хранению в соответствии с правилами и условиями, устанавливаемыми Положением о Музейном фонде Республики Таджикистан.
Статья 25. Государственный контроль за состоянием хранения негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан и деятельностью негосударственных музеев в Республике Таджикистан
Государственный контроль за состоянием хранения негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан и деятельностью негосударственных музеев осуществляет уполномоченный орган в области культуры в следующих формах:
- проверка состояния сохранности и условий хранения музейных экспонатов и музейных коллекций;
- постановка вопроса перед собственниками музейных экспонатов или музейных коллекций об изменении места хранения и сохранения данных предметов;
- направление запросов и получение информации о музейных экспонатов и музейных коллекциях, необходимой для осуществления государственного учета Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 26. Государственная поддержка негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан и негосударственных музеев в Республике Таджикистан
Органы государственной власти и органы местной власти в пределах своих полномочий могут оказывать поддержку негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан и негосударственным музеям в Республике Таджикистан в следующих формах:
- предоставление государственных реставрационных учреждений для проведения реставрационных работ;
- обеспечение хранения музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан, в государственных хранилищах;
- частичная компенсация затрат на обеспечение безопасности музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан.
Статья 27. Сделки с музейными экспонатами и музейными коллекциями, включенными в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан
При совершении сделок по отчуждению (дарение, купля-продажа) музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав негосударственной части Музейного фонда Республики Таджикистан, приобретатель дара либо покупатель обязан принимать на себя все обязательства, предусмотренные договором или законом в отношении этих предметов. При этом государство имеет преимущественное право покупки.
При наследовании музейных экспонатов и музейных коллекций, включенных в состав негосударственной части Музейного фонда, наследник обязан принять на себя все обязательства, имевшиеся у наследодателя в отношении этих предметов. После принятия в наследство музейных экспонатов и музейных коллекций наследник имеет право распорядиться настоящим имуществом по своему усмотрению, если иное не установлено в завещании.
Если наследник не исполняет либо ненадлежащим образом исполняет обязательства в отношении данных музейных экспонатов и музейных коллекций, то государство имеет право осуществить выкуп ненадлежаще содержащихся предметов в соответствии с гражданским законодательством Республики Таджикистан.
Реализация преимущественного права покупки музейных экспонатов и музейных коллекций, предусмотренного частью первой настоящей статьи, от лица государства производится уполномоченным органом в области культуры.
Вывоз из республики и ввоз в республику историко-культурных экспонатов осуществляется разрешением уполномоченного органа в области культуры.
ГЛАВА 6. ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДОСТУПНОСТИ МУЗЕЙНОГО ФОНДА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Статья 28. Доступ к музейным предметам и музейным коллекциям Республики Таджикистан
Граждане Республики Таджикистан и иностранные граждане имеют право доступа к музейным предметам и музейным коллекциям, включенным в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан.
Порядок доступа к использованию музейных экспонатов и музейных коллекций, которые находятся в Музейном фонде Республики Таджикистан, определяется Правительством Республики Таджикистан.
Статья 29. Публикация сведений о музейных экспонатах и музейных коллекциях
Право первой публикации сведений предоставляется музеям, за которыми закреплены музейные экспонаты и музейные коллекции.
Музеи в зависимости от выполнения научно-исследовательской и научно-просветительской функции являются полноправными и ответственными за публикации сведений о музейных экспонатах и музейных коллекциях.
Правительство Республики Таджикистан обеспечивает материальную основу для публикации сведений о музейных экспонатах и музейных коллекциях, включенных в состав государственной части Музейного фонда Республики Таджикистан.
ГЛАВА 7. МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
Статья 30. Право на международное сотрудничество
Музеи Республики Таджикистан в соответствии с законодательством Республики Таджикистан принимают участие в международном сотрудничестве в области музееведения, историографии, археологии, информации, а также в международных совещаниях и конференциях по проблемам музеев.
Музеи Республики Таджикистан имеют права вступать в международные организации культуры, участвовать в реализации международных краеведческих и других программ.
ГЛАВА 8. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
Статья 31. Ответственность за нарушение настоящего Закона
Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
Статья 32. Порядок введения в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действии после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Э.Рахмонов
г.Душанбе, 28 февраля 2004 года № 15