ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳоеро, ки ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, муайян намуда, барои таъмини бехатарии шахсии шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, ҳифзи муҳити зист, моликият ва пешгирии сӯиқасдҳои ҷиноятии ба амнияти ҷомеа нигаронида, равона гардидааст.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
бехатарӣ ҳангоми муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ вазъи ҳимояи шахсият, ҷомеа ва давлат аз вайрон намудани тартиботи муқарраргардидаи муомилоти маводи тарканда;
маводи тарканда - пайвастагиҳои кимиёвӣ ё омехтаи онҳо, ки таҳти таъсири беруна (воситаҳои ангезанда) хусусияти худпаҳншавӣ дошта, метавонанд ба зудӣ таркиби кимиёвиашонро дигар кунанд ва ба маводи газмонанди дорои фишори баланд табдил ёфта, гармии зиёд хориҷ намоянд;
маводи таркандаи таъиноти гражданӣ - маводи тарканда, воситаҳои ангезанда, борутҳо, таркибу омехтаҳои пиротехникӣ, инчунин маҳсулоти ба онҳо асосёфта, ки барои истифода бо мақсадҳои саноатӣ, техникӣ ва маишӣ (минбаъд маводи тарканда) таъин гардидаанд;
маводи таркандаи таъиноти саноатӣ - маводи тарканда ва маҳсулоти ба онҳо асосёфта, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани корҳои таркишӣ истифода мегардад;
маводи таркандаи таъиноти техникӣ ва маишӣ - мавод ва маҳсулоте, ки барои истифода бо мақсадҳои техникӣ ва маишӣ таъин гардидааст;
корҳои таркишӣ - маҷмӯи ҷараёнҳои технологие, ки оид ба тайёр кардан ва гузаронидани таркишҳо алоқаманданд, инчунин бартарафсозии оқибатҳои хатарноки он;
муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ - коркарди технологӣ, озмоиш, истеҳсол, борбандӣ, интиқол, боркунӣ, борфарорӣ, омодасозӣ барои истифода, истифодабарӣ, нигаҳдошт, комиссия, паҳн намудан, гирифтан (мусодира), истифодаи партовҳо, нобуд кардан, воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, додан аз як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, баҳисобгирии ҳаракати маводи тарканда;
маводи пиротехникӣ - омехтаҳо, маҳсулоти дар асоси онҳо тайёршуда, ки барои истеҳсоли самаранок дар шакли гармӣ, равшанӣ, оташ, садо, дуд ва ё маҷмӯи онҳо, ки ба мақсадҳои техникӣ ва маишӣ таъин гардидаанд;
борутҳо - пайвастаҳо ё омехтаҳое, ки қодиранд ба таври устувор, бе гузаштан ба детонатсия бо ҷудо намудани миқдори зиёди маводи газнок оташ гиранд;
...