ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 № 590, аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577)
Бо мақсади таъмин намудани шаффофият ва рақобатнокӣ дар ҷараёни татбиқи нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ):
1. Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар музоядаҳо ва Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар тендерҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Хориҷ карда шуд ).
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ин низомномаҳоро, барои роҳбарӣ ва иҷро қабул намоянд .
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 1997 № 513 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои хусусигардони дар музояда ва тендер" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 марти соли 2004 № 98
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 № 590, аз 30.12.2010 № 188)
Бо мақсади амали гардонидани Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар музоядаҳо ва Низомнома оид ба тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлати дар тендерҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Ба Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусуси гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997 № 181 тасдиқ шудааст, фасли IV бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"IV. Арзёбии корхонаҳое, ки мувофиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барон солҳои 2003-2007 хусуси гардонида мешаванд.
Корхонаҳое, ки тибқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барон солҳои 2003-2007, ки дар савдои якум хусуси гардонида мешаванд, дар асоси балансҳои бухгалтери дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фурӯш арзёби карда мешаванд".
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ин низомномаҳо ва Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусуси гардонида мешаванд, барои роҳбари ва иҷро қабул намоянд .