ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лицензиякунонии давлатии фаъолияти бинокорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2003с. № 521)
Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои "Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолгарони маҳсулоти бинокорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон лицензиякунонии давлатии фаъолияти бинокорӣ ҷорӣ карда шавад.
2. Низомномаи замимагардидаи "Дар бораи лицензиякунонии давлатии фаъолияти бинокорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад.
3. Кумитаи давлатии сохотмон ва меъмори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 2 моҳ
- номгӯи (классификатори) намудҳои фаъолияти бинокорӣ ва корҳои дар асоси лицензияҳо анҷомдодашавандаро таҳия ва тасдиқ намояд;
- навбати ба амал баровардани лицензиякунонии фаъолияти бинокориро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиб ва андозаи гирифтани маблағ барои додани лицензия ва истифодаи маблағҳои гирифташударо таҳия ва тасдиқ намояд;
- дар ҳайати Кумита Маркази ҳисоби хоҷагии лицензиякунонии давлатӣ таъсис диҳад.
4. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 1991 № 319 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи лицензиякунонии лоиҳаҳо ва фаъолияти таҳқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996 № 246 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 1991 № 319 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи лицензиякунонии лоиҳаҳо ва фаъолияти таҳқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 маи соли 1997 № 211
ш. Душанбе