ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 № 167 "Масъалаҳои Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағъироти зерин ворид карда шавад:
Банди 6 Низомнома дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳайати шахсии Кумита аз хизматчиёни ҳарбӣ аз воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита барои адои хизмат фиристодашуда, инчунин коргарон ва хизматчиён иборат мебошад.
Хизматчиёни ҳарбии ба Кумита барои адои хизмат фиристодашуда дар ҳайати захираи фаъол боқи мемонанд ва рутбаҳои ҳарби, нишонҳои фарқкунанда ва либоси расмии барояшон муқарраргардида доранд. Ба онҳо статус, ҳуқуқҳо, имтиёзҳо, ӯҳдадориҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, ки қонунгузории ҷумҳурӣ барои хизматчиёни ҳарби пешбини намудааст, ҷорӣ карда мешаванд. Барои адои хизмат ба мақомоти дигар фиристодани мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 сентябри соли 1997 № 417
ш. Душанбе