Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 1997, № 424 "Дар бораи ҷамъи маблағ барои додани лицензияи таҳия ва пахши барномаҳои телевизион ва радио"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ҷамъи маблағ барои додани лицензияи таҳия ва пахши барномаҳои телевизион ва радио

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳамаи маблағи пули барои додани лицензия ба ашхоси ҳуқуқи барои таҳия ва пахши барномаҳои телевизион ва радио вобаста ба ҳаҷми намоиш, масоҳати фарогирии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо асъори миллӣ тибқи қурби дар рӯзи додани лицензия муайяншуда мутобиқан аз 300 (сесад) то 3000 (се ҳазор) доллари ИМА муқаррар карда шавад.

2. Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ дастуруламали тартиби пардохти маблағ ва талаботи тарифиро тасдиқ намуда, маблағҳои аз ҳисоби додани лицензия воридшавандаро сари вақт ба ҳисоби даромади буҷети ҷумҳури гузаронад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 15 сентябри соли 1997 № 424

ш. Душанбе