Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
(Карор аз 31.12.2008с. №686)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 №669 "Дар бораи статуси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
аз соли хониши 1998-99 сар карда, ҷудо кардани маблағро аз буҷети ҷумҳурӣ барои таъминоти донишгоҳ аз рӯи меъёрҳои баланд (аз ҷумла маош ва андозаи мададмаош), ки барои мактабҳои олӣ муқаррар шудаанд, инчунин барои таълим ва коромӯзии донишҷӯён дар хориҷа, инкишофи робитаҳои байналхалқӣ ва харидории таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ пешбинӣ намояд;
ҳаҷми соати таълимӣ барои ҳар як профессор ва муаллимро барои 7 донишҷӯи шӯъбаи рӯзона, 14 донишҷӯи шӯъбаи шабона, 24 донишҷӯи шӯъбаи ғоибона муқаррар намояд;
аз соли 1998 сар карда, хароҷоти буҷети Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар сатри алоҳида нишон диҳад
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар доираи концепцияи ягонаи маълумоти бисьёрзинаи донишгоҳӣ номгӯи самтҳо ва ихтисосҳои тарбияи мутахассисони дорои маълумоти олии касбӣ, аз ҷумла бакалавриат, магистратура, ҳамчунин тартиби ҷорӣ намудани онҳоро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муайян намояд
бо дарназардошти статуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - ҳамчун муассисаи олии таълимии мухтор ва худидоракунанда аттестацияи онро гузаронад
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми фондҳои асосӣ - биною иншоот, иморатҳои таълимию лабораторӣ, хобгоҳҳо ва хонаҳои истиқоматӣ, комплекси варзишу солимгардонӣ, таҷҳизоти таълимию илмӣ, техникаи ҳисоббарор, воситаҳои нақлиёт, алоқа, дигар фондҳо ва воситаҳои гардони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар мӯҳлати як моҳ бо тартиби ворисият ба ихтиёри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон диҳанд
4. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Оинномаи худро таҳия ва тасдиқ намояд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 21 октябри соли 1997 № 457
ш. Душанбе