ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ
(Фармон ПҶТ аз 28.03.06с. № 1718)
Бо мақсади такмили системаи идораи давлати, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
2. Ба зиммаи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва функсияҳои идораи давлати, татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал вогузор карда шавад.
3. Дар Системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002, № 853 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- аз банди 3 калимаҳои "Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад;
- ба банди 4 калимаҳои "Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ:
- низомнома, сохтор ва шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намояд;
- Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хуроквори", Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Мадад", Идтиҳодияи истеҳсолии ҷумҳуриявии "Моҳипарвар" ва Ассотсиатсияи "Саноати гӯшту шир-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тартиби муқарраргардида барҳам диҳад;
- вазифа ва функсияҳои идораи давлатии мақомоти барҳамдодашударо ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд;
- Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Тоҷикистонро мувофиқи тартиби муқарраргардида барҳам дода, вазифа ва функсияҳои идораи давлатии онро ба зиммаи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намояд;
- ба Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Корхонаи воҳиди давлати дода, онро аз Номгӯи корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро бо роҳи бастани созишномаҳо бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, хориҷ намояд;
- Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоиро мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намояд;
- вазифа ва функсияҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида барояд;
Сархати ҳаштуми банди 4 аз эътибор соқит дониста шуд.
- вазифа ва функсияҳои идораи давлати, низомнома, сохтор, шумораи ниҳоии кормандон, маблағгузори ва ҷойгиркунии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав дида барояд;
- қарорҳои худро ба ҳамин Фармон мутобиқ гардонад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 19 январи соли 2004 № 1249
ш. Душанбе