ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи ҷудо кардани 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон
Ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ фарамон медиҳам:
1. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 феврали соли 1998 мувофиқи тартиби муқарраргардида 25 ҳазор гектар замини кишти объёришаванда ва лалмиро барои хоҷагии ёрирасони шахси (бе ҳуқуқи дар онҳо сохтани манзил ва объектҳои дигари таъиноти хоҷагию маиши, шинондану буридани дарахтҳои мева ва зироатҳои хоҷагии ҷангал) ба шаҳрвандон ҷудо кунад.
Муқаррар карда шавад, ки қитъаҳои замини бо Фармони мазкур ҷудогардидае, ки дар давоми як сол мувофиқи таъинот истифода намешаванд, бояд бозгардонида гирифта шаванд.
2. Андозаи ниҳоии қитъаҳои замин барои хоҷагии ёрирасони шахси дар заминҳои обьёришаванда 0,15 гектар ва дар заминҳои лалми 0,50 гектар муқаррар карда шавад.
3. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати як моҳ эҳтиёҷоти ноҳияҳоро нисбати қитъаҳои замин барои хоҷагии ёрирасони шахси муайян намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдор пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 декабри соли 1997 № 874
ш. Душанбе