Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 № 421 "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

VI. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 15-16, моддаи 350; соли 1996, № 3, моддаи 48) тағйироти зерин дохил карда шавад:

1. Моддаи 8 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 8. Маблағҳои пардохти нафақа. Аз андоз озод намудани нафақаҳо.

Нафақа аз Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Аз нафақа андоз ситонида намешавад.

Маблағҳои Фонд ба даромад ва хароҷоти буҷети давлати дар фасли алоҳидаи таснифоти буҷети дохил карда мешаванд ва хислати истифодат мақсаднок дошта, ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд".

2. Дар матни Қонун калимаҳои "Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Қисми шашуми моддаи 16 ва қисми чоруми моддаи 27 хориҷ карда шавад.

4. Дар моддаи 43;

қисми дуюм хориҷ карда шавад.

аз қисми сеюм калимаҳои "ва зиёдтар аз андозаи даҳкаратаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол" хориҷ карда шавад.

VIII. Дар моддаҳои 13, 14, 16, 17 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи асосҳои системаи андоз" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон. с. 1994, № 14, моддаи 203), калимаҳои "Дар бораи мақомоти давлатии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Дар бораи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

Х1Х. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи индексацияи даромадҳои аҳоли бо дарназардошти афзоиши нархҳои молҳои истеъмоли ва хизматрасони" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 1, моддаи 22) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад;

1. Дар моддаҳои 1 ва 6 калимаҳои "Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 2:

дар қисми якум калимаҳои "дар шакли сӯм" бо калимаҳои "бо асъори милли" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаҳои 3, 4, 5 калимаҳои ,Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаҳои 4 ва 9 калимаҳои "Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳсоия" бо калимаҳои "Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 5 калимаҳои "Кумитаи давлатииамнияти милли ва ,Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "Вазортаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 7 калимаҳои "Фонди ҷумҳуриявии мусоидат ба шуғли аҳоли" бо калӣмаҳои "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳоли" ва калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти милли" бо калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

7. Дар моддаи 11 калимаҳои ,Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" иваз карда шаванд.

ҶҶ. Ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июли соли 1993 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 13, моддаи 243) қабул шудааст, тағйироту иловаи зерин дароварда шавад:

1. Дар матни Кодекс калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ Кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" мутаносибан ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо)" иваз карда шавад.

2. Ба моддаи 11 қисми дуюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Барои пушонидани хароҷоти вобаста бо ҳифзу барқарор сохтани ҷангал ва додани товони зараре, ки ба набототу ҳайвонот расонида шудааст, сметаи хоҷагии ҷангал тартиб дода мешавад".

3. Ба моддаи 34 қисми панҷуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад: "Барои истифодаи мӯҳлатнок ба колхозҳо, совхозҳо, хоҷагиҳои дигари давлати, кооперативи ва деҳкони додани заминҳои фонди ҷангал мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳое, ки дар хоҷагии ҷангал истифоданамешаванд, сурат мегирад".

4. Ба моддаи 41 қисми дуюми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Парвариши ҷангалҳои муҳофизаткунанда аз бунёди қитъаҳои ҷангалзори давлати ва ниҳолшинони ба манзури пешгирии равандҳои эрозияи замин аз боду об иборат аст".

ҶҶI. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи гурезаҳо" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли1994, № 15-16, моддаи 243) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шавад:

1. Дар матни Қонун ишораҳо ба ,Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Сарраёсати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои гурезаҳо" мувофиқан бо ишораҳо ба "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои гурезаҳо ва муҳоҷирони ичбори" иваз карда шавад.

2. Дар қисми чоруми моддаи 6-уми Қонун баъди калимаҳои "Аз дода нашудани статуси гуреза" калимаҳои "дар давоми як моҳ" илова карда шавад ва давомаш мувофиқи матн.

ҶҶII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи суғурта" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №14, моддаи 207) тағйиротҳои зайл дохил карда шаванд:

1. Дар матни Қонун калимаҳои "Назорати давлатии суғуртавии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Назорати давлатии суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд.

2. Дар қисми сеюми моддаи 18 калимаҳои "ва додгоҳҳои ҳаками" хориҷ карда шаванд.

3. Дар қисми чоруми моддаи 19 калимаҳои "додгоҳҳои ҳаками" хориҷ карда шаванд.

4. Дар моддаи 23:

ба қисми якум баъди калимаи "қонунгузори" калимаҳои "ё меъёрии" илова карда шавад;

дар қисми дуюм калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Дар қисми чоруми моддаи 19, моддаи 33 калимаҳои "додгоҳ, додгоҳи ҳакамият" бо калимаҳои "суд, суди иқтисоди" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми якуми моддаи 30 баъди калимаҳои "парвандаҳои шаҳрванди калимаҳои "ва иқтисоди" илова карда шавад.

ҶҶIII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, моддаи 55) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:

1. Моддаи 5 дар таҳрири зайл баён гардад;

"Моддаи 5. Сукунати доими ва муваққатии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани иҷозат дар шакли гувоҳномаи иқомат, ки аз ҷониби мақомоти умури дохила дода шудааст, сукунат карда метавонанд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки бо дигар асосҳои қонуни ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд, сокинони муваққати шумурда мешаванд. Онҳо вазифадоранд бо тартиби муайяншуда шиносномаҳои хориҷи ё асноди ба ивази шиноснома истифодашавандаашонро ба қайд гузошта, бо хотима ёфтани вақти муайяншуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун раванд".

2. Қисми аввали моддаи 25 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Шаҳрвандони хориҷи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи хориҷи ё ҳуҷҷатҳои онро ивазкунанда дар сурати доштани визаи рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (визаи рафтан) ва визаи рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистону омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (визаи рафтуомад), ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти онҳо дода шудааст, рафта метавонанд".

ҶҶIV. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 1990 "Дар бораи озодии дин ва ташкилотҳои дини" (Ахбори Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, с. 1990 № 24 моддаи 418 с. 1991, № 22, моддаи 297; с. 1992, №12, моддаи 203; с. 1994. № 23-24, моддаи 452) тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:

1. Номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии дин ва ташкилотҳои дини" бо номи "Дар бораи дин ва ташкилотҳои дини" иваз карда шавад.

2. Аз қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои "ба фаъолияти ташкилотҳои дини мудохила наад:мекунад, агар он хилофи Қонун набошад, хориҷ карда шавад.

3. Ба моддаи 11 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: ,Барнома ва нақшаҳои таълимии мактабҳои оли ва миёнаи дини бояд ба сатҳи ҳамин гуна маълумот мувофиқат дошта, ба қонунҳои ҷумҳури дар бораи маълумоти умуми мухолиф набошанд".

4. Ба моддаи 22 қисми чорум ба мазмуни зайл илова карда шавад: "Адабиётҳои дини бо пешниҳоди муассисаҳои дини метавонанд дар нашрияҳои давлати чоп шаванд ва дар ҷойҳои махсус паҳн гарданд. Мақомоти давлати оид ба дин метавонад бо пешниҳоду дархости ташкилотҳои дини матбаа ва маҳалли паҳн намудани адабиёти диниро муайян кунад".

ҶҶV. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 4, моддаи 43) тағйироти зерин дохил карда шавад.

1. Дар матни Қонун ишора ба "Шӯроҳои депутатҳои халқ" бо ишора ба "Маҷлисҳои вакилони халқ" иваз карда шавад.

2. Моддаи 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 5. Идораи давлатии муҳофизати меҳнат

Идораи давлатии муҳофизати меҳнат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин мақомоти дигари давлатии ба ин ваколатдор сурат мегирад".

3. Дар моддаи 6 калимаҳои "Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ, мақомоти ҳокимияти иҷроия, бо калимаҳои "Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)" иваз карда шавад.

4. Дар қисми сеюми моддаи 20 калимаҳои "инспекцияи техники" бо калимаҳои "инспекцияи меҳнат" иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 12, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 28 калимаи ,техники, аз матн хориҷ карда шавад.

ҶҶVI. Моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 1992 "Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 7, моддаи 101) дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 9. Иштироки иттифоқҳои касаба дар таҳияи санадҳои қонунгузори

Иттифоқҳои касаба дар шахси мақомоти ҷумҳуриявиашон дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузори оид ба меҳнат, масъалаҳои иҷтимоию иқтисоди ширкат мекунанд, ҳамчунин оид ба ин масъалаҳо ба мақомоти дахлдор таклифҳо пешниҳод менамоянд.

Санадҳои меъёрие, ки ҳуқуқҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди ва манфиатҳои меҳнаткашонро дар бар мегиранд, аз тарафи мақомоти идораи давлати ва хоҷагидори ба таври пешаки, на дертар аз як ҳафта огоҳ кардани иттифоқҳои касабаи дахлдор қабул карда мешаванд".

ҶҶVII. Дар моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 1992 "Дар бораи шарикии иҷтимои, созишномаю шартномаҳои коллективи" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 1, моддаи 3) калимаҳои "мақомоти маҳаллии дахлдори идораи давлати" ва "мақоми дахлдори идораи давлати" мутобиқан бо калтмаҳои "мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳалли (Ҳукуматҳо), ва ,Мақоми дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳалли (Ҳукумат), иваз карда шаванд.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи ислоҳоти замин (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 10, моддаи 1994, № 15-16, моддаи 252; соли 1995, № 22, моддаи 276) иловаҳои зайл дароварда шаванд:

Дар қисми сеюми моддаи 11 баъди калимаҳои "ба суд" калимаҳои "ё ба суди иқтисоди" илова карда шаванд.

ҶҶIҶ. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи гарав" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 14, моддаи 205) иловаҳо ва тағйироти зайл дохил карда шаванд:

Дар моддаи 67:

дар банди 1 калимаи "додгоҳ" бо калимаҳои "суд ё суди иқтисоди" иваз карда шавад;

дар банди 2 калимаҳои "додгоҳи ҳаками" бо калимаҳои "суди иқтисоди" иваз карда шаванд.

ҶҶҶ. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти инҳисори ва равнақ додани рақобат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 1, моддаи 3) тағйироти зайл дароварда шавад;

Дар қисми сеюми моддаи 7 ва дар моддаҳои 8, 9, 10 калимаҳои "Додгоҳи олии ҳакамии, мувофиқан бо калимаҳои "Суди олии иқтисодии" иваз карда шаванд.

ҶҶҶI. Ба моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи табъу нашр" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 1, моддаи 28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, № 3, моддаи 48) калимаҳои "ба додгоҳ ё ҳакамият" бо калимаҳои "ба суд ё суди иқтисоди" иваз карда шаванд.

ҶҶХII. Ба моддаҳои 111 ва 137 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (с. 1994, № 2, моддаи 38, № 15-16, моддаи 274) калимаҳои "аз ҷониби додгоҳ ё додгоҳи олии ҳакамии", "додгоҳ ё додгоҳи ҳаками" мувофиқан бо калимаҳои "Аз тарафи суд ё Суди олии иқтисоди", "суд ё суди иқтисоди" иваз карда шаванд.

ҶҶҶIII. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 1992 "Дар бораи хоҷагии деҳқони (фермери)" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 8, моддаи 112; с. 1994, № 15-16, моддаи 273) тағйироти зайл дароварда шавад;

Дар қисми дуюми моддаи 5, қисми панҷуми моддаи 9, банди 3 моддаи 16, қисми дуюми банди 1 моддаи 26 калимаҳои "бо тартиби суди", "бо даъво ба суд", "суд", "додгоҳ" мувофиқан бо калимаҳои "дар суди иқтисоди", "ба суди иқтисоди", "суди иқтисоди", "суди иқтисоди" иваз карда шаванд.

ҶҶҶIV. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1992 "Дар бораи Муфлисшавии корхонаҳо" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 8, моддаи 116; с. 1996, № 3, моддаи 48) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:

1. Дар банди 2 моддаи 5 калимаҳои "Кодекси процессуалии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.

2. Моддаи 39 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 39. Шикоят кардан аз амали суди иқтисоди

Аз амали суди иқтисоди дар мӯҳлати даҳ рӯз ба Суди олии иқтисоди шикоят кардан мумкин аст, ки ҳалномаи он қатъи мебошад".

ҶҶҶV. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1991 ,Дар бораи биржаи моли ва савдои биржави дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 3, моддаи 30) тағйироти зайл дохил карда шавад:

Дар қисми дуюми банди 43, банди 65 калимаҳои "ба ҳакамият ва ё суд", "қарори суд" бо калимаҳои "ба суди иқтисоди", "ҳалномаи суди иқтисоди" иваз карда шаванд.

ҶҶҶVI. Ба кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 23-24, моддаи 371) тағйироти зайл дароварда шавад;

1. Аз қисми дуюми моддаи 14 калимаҳои "ва мақомоти дигар" аз қисми сеюми моддаи 24 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳалли ё мақомоти дигар" хориҷ карда шаванд.

2. Дар моддаи 90 калимаи "фоизе" ба калимаи "фоизи" иваз карда шуда, баъди он калимаҳои "аз нархи даъво" илова карда шавад.

ҶҶҶVII. Ба Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1963 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 6, дар моддаи 23, дар қисми якуми моддаи 71, дар моддаҳои 81, 82, дар қисми дуюми моддаи 87, дар қисми дуюми моддаи 189, дар қисми дуюми моддаи 192, дар моддаи 194, дар қисми якуми моддаи 213, дар моддаи 452 калимаи "арбитраж" мувофиқан ба калимаҳои "суди иқтисоди" иваз карда шаванд.

2. Моддахои 108, 111 аз Кодекс хориҷ карда шаванд.

3. Дар моддаи 117 баъди калимаҳои "аз тарафи суд" калимаҳои ,ё суди иқтисоди" илова карда шавад.

4. Қисми дуюми моддаи 166 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Агар ҳангоми имзо шудани шартнома дар байни ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, шаҳрвандони соҳибкор ихтилофоте ба миён ояд, ки онро суди иқтисоди ё суди ҳаками (моддаи 167) бояд ҳал кунад, қоидаи қисми якуми моддаи мазкур татбиқ намешавад".

5. Моддаи 167 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 167. Ҳаллу фасли баҳсҳои пеш аз имзои шартнома

Ихтилофоте, ки байни ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, шаҳрвандони соҳибкор ҳангоми имзои шартнома ба миён меояд, аз тарафи суди иқтисоди ҳаллу фасл карда мешавад".

ҶҶҶVIII. Ба Кодекси процессуалии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1963 тасдиқ гардидааст (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1963, № 22,моддаи 51) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:

1. Моддаҳои 1, 2, 3, 4, 6 ва 7 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"Моддаи 1. Қонунгузори дар бораи мурофиаи судии шаҳрванди Тартиби мурофиа аз рӯи парвандаҳои шаҳрванди дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси мурофиавии гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 2. Вазифаҳои мурофиаи судии шаҳрванди

Вазифаҳои мурофиаи судии шаҳрванди дуруст ва зуд барраси ва ҳаллу фасл намудани парвандаҳои граждани ба мақсади муҳофизати сохти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисоди, сиёси ва шахсии шаҳрвандон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст ва манфиати аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон ва ҳамчунии ҳуқуқ ва манфиати аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи корхонаю муассиса, ташкилотҳо, колхозҳо, ташкилотҳои дигари кооперативи ва иттиҳодияҳо, ташкилотҳои дигари ҷамъияти мебошад.

Моддаи 3. Тартиби мурофиаи суди аз рӯи парвандаҳои шаҳрванди

Мурофиаи суди аз рӯи парвандаҳои шаҳрванди дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми баррасии парванда, иҷрои баъзе амалҳои мурофиави ё иҷрои ҳалномаи суд амал мекунад, сурат мегирад.

Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳимояи суди

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали ғайриқонунии мақомоти идораи давлати ва шахсони мансабдор, ҳамчунин аз ҳар гуна суиқасд ба шаъну эътибор, ҳаёту саломати, ба озодии шахси ва амвол, дигар ҳуқуқу озодиҳои пешбиникардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи суди ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабаа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи ҳимояи суди баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мекунанд, ба истиснои мавридҳое, ки Қонун пешбини кардааст.

Моддаи 6. Ба амал баровардани адолати суди фақат аз тарафи суд ва дар асоси баробарии шаҳрвандон дар назди Қонун ва суд

Мурофиаи суди аз рӯи парвандаҳои шаҳрванди фақат аз тарафи суд ва дар асоси баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун ва суд, қатъи назар аз насаб, вазъи иҷтимои, мансаб ва амвол, нажоду миллат, маълумот, забон, ақидаи сиёси, муносибат ба мазҳаб, шуғл ва хусусияти он, маҳалли зист ва ҳолатҳои дигар сурат мегирад.

Моддаи 7. Баррасии парвандаҳои шаҳрванди

Парвандаҳои шаҳрванди дар ҳамаи судҳои зинаи аввал шахсан аз тарафи судяҳо барраси мегардад.

Баррасии парвандаҳо ба тартиби кассатсиони аз тарафи судҳо дар ҳайяти се нафар судяи суд ва ба тартиби назорати суди дар ҳайати на камтар аз се нафар судяи суд сурат мегирад".

2. Аз моддаи 8 калимаҳои "ва машваратчиёни халқи" ва "мутобиқи шуури ҳуқуқии социалисти" хориҷ карда шаванд.

3. Моддаи 11 дар таҳрири зайл баён карда шавад;

"Моддаи 11. Ҳаллу фасли парвандаҳо дар асоси қонунгузории дар амал ҷорибуда

Суд вазифадор аст парвандаҳоро дар асоси санадҳои қонунгузори ва санадҳои меъёрию ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намояд.

Суд ҳамчунин санадҳоеро татбиқ менамояд, ки мақомоти дигари ҳокимияти давлати ва идора дар ҳадди салоҳияти худ нашр кардаанд.

Суд мувофиқи Қонун санадҳои ҳуқуқи байналхалқиро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, татбиқ менамояд.

Дар ҳолати вуҷуд надоштани қонуни танзимкунандаи муносибатҳои баҳснок суд қонунеро татбиқ мекунад, ки муносибатҳои ба ҳам монандро танзим мекунад ва агар чунин қонун мавҷуд набошад, суд аз рӯи асосоти умуми ва маънои қонунгузори амал мекунад".

Дар моддаи 12:

қисми якум хориҷ карда шавад;

қисми дуюм қисми якум дониста шавад ва дар таҳрири зайл баён шавад:

"Мутобиқи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад";

қисми сеюм қисми дуюм дониста шавад,

5. Қисми якуми моддаи 14 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Мутобиқи ҳамин Кодекс ҳалнома, таъинот ва қарори эътибор пайдокардаи суд барои ҳамаи корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлати, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои дигари ҷамъияти, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатми мебошанд ва бояд дар саросари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд".

6. дар моддаи 16:

аз банди 1 -уми қисми якум калимаҳои "колхоз, корхонаи байниколхози, давлатию колхози, ташкилот ё иттиҳодияи онҳо" хориҷ карда шаванд;

банди 2-юми қисми якум хориҷ карда шавад, бандҳои 3 ва 4 мувофиқан бандҳои 2 ва 3 дониста шаванд;

дар қисми сеюм баъди калимаҳои "корхонаю ташкилотҳои мамлакатҳои хориҷи" калимаҳои "мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шартномаи байнидавлати ё мувофиқаи тарафҳо тартиби дигар пешбини накарда бошад" илова карда шаванд.

7. Дар моддаи 19 калимаҳои "органҳои арбитраж" бо калимаҳои "суди иқтисоди" иваз карда шуда, баъди калимаҳои "бояд дар" калимаи "суд" бо калимаҳои "суди иқтисоди" иваз карда шавад.

8. Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода шавад;

"Моддаи 20. Ҳайати суд ҳангоми баррасии парвандаҳои шаҳрванди

Парвандаҳои шаҳрванди дар ҳамаи судҳои марҳалаи якум шахсан аз тарафи судяҳо, вале бо тартиби кассатсиони ва назорати дар ҳайяти дастҷамъи барраси мешаванд.

Ҳангоми парвандаро шахсан барраси намудан судя аз номи суд амал мекунад.

Баррасии парванда дар коллегияҳои судии судҳои дахлдор бо тартиби кассатсиони ва назорати дар ҳайати на камтар аз се нафар судя сурат мегирад.

Раёсати суд парвандаро дар ҳузури аксарияти аъзои раёсат барраси менамояд".

9. Моддаи 21 дар таҳрири зайл ифода шавад:

"Моддаи 21. Тартиби аз тарафи судя ва суд ҳал кардани масъалаҳо ҳамаи масъалаҳоеро, ки ҳангоми муҳокимаи парванда дар марҳилаи якум ба миён меоянд, судя ва ҳангоми дастҷамъи муҳокима намудани парванда судяҳо бо аксарияти овоз ҳал мекунанд ва дар баробари ин ҳеҷ кадоми судяҳо ҳуқуқи дар овоздиҳи бетараф буданро надорад. Раисикунанда аз ҳама охир овоз медиҳад. Судяе, ки дар муҳокимаи машваратии парванда иштирок мекунаду бо қарори аксарият рози нест, метавонад фикри алоҳида навишта диҳад, ки он ба парванда замима карда мешавад, вале онро дар толори маҷлиси суд хонда намедиҳанд. Парванда бо фикри алоҳидаи судя ба раиси суди болои барои тафтиш ба тартиби назорати фиристода мешавад. Аз фикри алоҳидаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф гардонда мешавад".

10. Дар моддаи 22-юм, қисми якуми моддаи 27 калимаҳои машваратчии халқи" хориҷ карда шаванд.

11. Дар қисми дуюми моддаи 23 баъди калимаҳои "кори гражданиро" калимаҳои "ба тартиби дастҷамъи" илова карда шаванд.

12. Дар қисми сеюми моддаи 27 баъди калимаҳои "ба суд" ва "суд" мувофиқан калимаҳои "ба судя", "судя" илова карда шаванд.

13. Моддаи 28 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 28. Тартиби ҳал кардани арз дар бораи дуркуни

Дар сурати арз карда шудани дуркуни ҳангоми баррасии парвандаи шаҳрванди дар марҳилаи якум судя, аммо ҳангоми ба тариқи кассатсиони барраси кардан суд бояд, ки ба нуқтаи назари шахсоне, ки иштирокчии парванда мебошанд, диққат диҳад, ҳамчунин шахсонеро, ки дар хусуси дур карда шуданаш арз шудааст, шунавад, агар вай барои шарҳу эзоҳ додан хоҳиш дошта бошад.

Ҳангоми дар марҳилаи якум аз тарафи шахсан судя барраси шудани парванда, масъала дар бораи дур кардани судяро судяе ҳал мекунад, ки парвандаро барраси мекунад.

Ҳангоми баррасии парванда дар марҳилаи кассатсиони масъалаи дуркунии судяро судҳои боқимонда дар ғоибии дуркардашаванда ҳал мекунанд. Ҳангоми баробар будани овозҳо ба тарафдории дуркуни ва зидди дуркуни судя дуркардашуда ҳисоб меёбад. Дуркуние, ки ба ду нафар судя ё ба тамоми ҳайати суд арз шудааст, аз ҷониби ҳамин суд бо тамоми ҳайаташ, бо аксарияти оддии овозҳо ҳал карда мешавад.

Масъалаи дур кардани прокурор, намояндаи ташкилоти ҷамъияти ё коллективи меҳнати, эксперт, тарҷумон ва котиби ҷаласаи судиро ҳал мекунад, ки парвандаро барраси менамояд.

Барои ҳалли масъалаи дуркуни судя ба утоқи алоҳида, аммо суд ба уиоқи машварати медарояд ва таъинот мебарорад,.

14. Қисми якум ва дуюми моддаи 29 дар таҳрири зайл баён гардад:

"Дар сурати дур карда шудани судя ҳангоми баррасии парванда дар суди шаҳри, ноҳияви, суди ҳарбии гарнизон парванда дар ҳамон суд, вале аз тарафи судяи дигар барраси мешавад ё ба суди дигари (шаҳри) ноҳияви, суди ҳарбии гарнизон супурда мешавад, агар дар суди (шаҳри) ноҳияви, дар суди ҳарбии гарнизон, ки дар он ҷо парванда мавриди барраси қарор гирифтааст, иваз кардани судя ғайриимкон гардад.

Дар сурати дур карда шудани судя ё тамоми ҳайати суд ҳангоми баррасии парванда дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилояти, суди шаҳри Душанбе парванда дар ҳамон суд, вале аз тарафи судяи дигар барраси мешавад, агар парвандаи шаҳрванди дар марҳилаи якум мавриди барраси қарор гирифта бошад".

15. Дар қисми якуми моддаи 38 баъди калимаи "Суд" калимаҳои "ва судя", дар қисми дуюм баъди калимаи "суд" калимаҳои "ва судя" илова карда шаванд.

16. Дар қисми якуми моддаи 39, қисмҳои сеюми моддаҳои 46, 51, 63, қисми дуюми моддаи 104, моддаи 140, қисми якуми моддаи 147 калимаҳои "суд ё" хориҷ карда шаванд.

17. Дар қисми якуми моддаи 41 калимаҳои "ё аз тарафи суд" хориҷ карда шаванд.

18. Дар қисми дуюми моддаи 33, қисми якуми моддаи 34, қисми дуюми моддаи 44, қисмҳои якум, дуюми моддаи 46, моддаҳои 47, 48, қисмҳои якум, дуюми моддаи 51, моддаҳои 52, 54, қисмхои якум, сеюми моддаи 55, моддаи 56, қисми якуми моддаи 57, номгӯй ва моддаи 60, моддаи 61, қисми якуми моддаи 67, моддаҳои 81, 87, қисми чоруми моддаи 88, қисми дуюми моддаи 95, қисми якуми моддаи 97, қисми сеюми моддаи 101, қисмҳои якум, дуюм, сеюми моддаи 103, моддаҳои 104, 107, 112, қисми сеюми моддаи 152, қисмҳои дуюм, сеюм, чоруми моддаи 172, моддаи 182, қисми якум, дуюми моддаи 185, қисми якуми моддаи 186, қисми дуюми моддаи 194, қисми дуюми моддаи 197, қисми дуюми моддаи 200, моддаҳои 204, 205, қисми якуми моддаи 206, моддаҳои 207-210, қисмҳои якум, сеюм, панҷуми моддаи 211, қисмҳои якум, чоруми моддаи 212, моддаи 213, номгӯй ва қисми якуми моддаи 214, номгӯй ва қисмҳои якум, дуюм, чоруми моддаи 217, моддаҳои 218-224, 226-229, 231, 232, кисмҳои дуюм, сеюми моддаи 241, моддаҳои 242, 245, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чоруми моддаи моддаи 246, моддаи 249, номгӯй ва моддаи 250, моддаи 251, қисми сеюми моддаи 253, моддаҳои 254, номгӯй ва қисмҳои якум ва дуюми моддаи 255, моддаҳои 259, 260, номгӯй ва моддаи 268, моддаҳои 269, 274, 275, номгӯй ва моддаи 276, моддаи 277, номгӯй ва моддаи 281, номгӯй ва моддаи 282, моддаҳои 286, 287, 294, 295, 300, қисмҳои якум, сеюми моддаи 301 калимаҳои "суд" "суде", "ва аз тарафи суд" мувофиқан бо калимаҳои "судя", "судяе" иваз карда шаванд.

19. Дар қисми якуми моддаи 65 пеш аз калимаҳои "дода мешавад" калимаҳои "мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

20. Дар моддаи 98 калимаҳои "ИҶШС" бо калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

21. Аз моддаи 116 калимаҳои "дар бобати ба ҷавобгари кашидани воситаҳои ахбори оммави, ё ин ки қисмҳои тобеи онҳо, барномаҳои радио, телевизион ва дигарон, ки материалҳои таҳқиркунандаи Президенти ИҶШС ё дар ҳаққи ӯ тӯҳматангезро чоп кардаанд" хориҷ карда шаванд.

22. Дар моддаҳои 121, 122 калимаҳои "халқии" хориҷ карда шаванд.

23. Дар моддаи 125 қисми дуюм хориҷ карда шавад.

24. Моддаи 130 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 130. Аз суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди давлатии дигар супоридани парванда

Аз суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди давлати дигар супоридани парванда ё аз суди давлати дигар ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани парванда мутобиқи ин кодекс дар асоси таъиноти суд баъди ба охир расидани мӯҳлати шикоят ё эътироз нисбати он таъинот ва дар мавриди шикоят кардан ё овардани эътироз баъди баровардани таъинот дар бораи беқаноат монондани шикоят ё эътироз сурат мегирад.

Дар ҳолате, ки дар байни судҳои давлатҳои мухталиф баҳс пайдо мешавад, масъалаи ҷои барраси кардани парвандаро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал мекунад",

25. Банди 10 қисми дуюми моддаи 136 хориҷ карда шавад.

26. Аз моддаи 143 калимаҳои "ё суде" хориҷ карда шаванд.

27. Қисми дуюми моддаи 152 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Муҳокимаи парванда ба тариқи даҳанаки мегузарад, аммо ҳангоми баррасии дастҷамъонаи парванда дар ҳайати бетағйири судяҳо сурат мегирад. Дар мавриди иваз шудани судя муҳокимаи парванда бояд, ки аз аввал сурат гирад".

28. Қисми якуми моддаи 154 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар ҷаласаи суди шаҳри, ноҳияви, суди ҳарбии гарнизон судя раиси мекунад, аммо дар ҷаласаи судҳои дигар - раис, ҷонишини раис ё судяи суд раиси мекунад".

Дар қисми дуюми моддаи 154 калимаҳои "тамоми ҳайати суд" бо калимаи "Судя" иваз карда шаванд.

29. Дар қисми якуми моддаи 155, дар қисмҳои дуюм, сеюми моддаи 156 калимаҳои "судяҳо", "суд" бо калимаи "судя" иваз карда шаванд;

30. Дар моддаҳои 157, 158 калимаи "судяҳо", "ба суд", "суд" мувофиқан бо калимаҳои "судя", "ба судя" иваз карда шаванд,

31. Дар қисми якуми моддаи 161 калимаҳои "ҳайати судро" бо калимаҳои "шахсе, ки аз рӯи парванда раисикунанда ба ҳисоб меравад" иваз карда шаванд.

32. Аз қисми якуми моддаи 171 калимаҳои "ё машвартчии халқи" карда шаванд.

33. Дар қисми чоруми моддаи 177 калимаи "судяҳо" бо калимаи "раисикунанда" иваз карда шавад.

34. Дар қисми якуми моддаи 185 ва қисми сеюми моддаи 187, моддаҳои 188, 189 калимаҳои "суд", "судяҳо" мувофиқан бо калимаҳои "раисикунанда" иваз карда шаванд.

35. Моддаҳои 195, 196, 199 ва 202 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 195. Ба утоқи алоҳида рафтани судя

Баъди музокироти суди ва хулосаи прокурор судя ба хонаи алоҳида барои баровардани ҳалнома меравад, ки дар ин хусус ба ҳозирини толори ҷаласаи суди эълон мекунад.

Моддаи 196. Эълон кардани ҳалнома

Баъди имзо кардани ҳалнома судя ба толори ҷаласаи суди бармегардад, ки он ҷо ҳалномаи судро эълон мекунад, сипас раисикунанда мазмуни ҳалнома, тартиб ва мӯҳлати нисбати он шикоят карданро шарҳ медиҳад.

Моддаи 199. Махфи баровардани ҳалнома

Ҳалнома аз тарафи судя дар утоқи алоҳида бароварда мешавад. Ҳангоми баровардани ҳалнома ҳузури шахсони дигар дар утоқи алоҳида манъ аст.

Моддаи 202. Тартиб додани ҳалнома

Ҳалномаро судя навишта, ба он худаш имзо мекунад.

Агар парванда ба тартиби кассатсиони барраси шавад, таъинотро раисикунанда ё яке аз судяҳо навишта, ба он ҳамаи судяҳое, ки дар баровардани таъинот иштирок доранд, аз ҷумла судяе, ки фикру мулоҳизаи шахсии худро дорад, имзо мекунанд.

Ислоҳот ба қарор бояд қабл аз имзои судяҳо ё судя қайд карда шаванд".

36. Дар қисми дуюми моддаи 203, банди 2 моддаи 221, банди 3 қисми дуюми моддаи 235 калимаҳои "ҳайати суд" бо калимаҳои "ному насаби судя" иваз карда шаванд.

37. Дар моддаи 209 калимаҳои "ҳамаи судьяҳо" бо калимаи "судя" иваз карда шаванд.

38. Дар қисми дуюми моддаи 220, банди 7 қисми дуюми моддаи 235 калимаҳои "хонаи машварат" бо калимаҳои "утоқи алоҳида" иваз карда шаванд.

39. Аз қисми сеюми моддаи 220 пас аз калимаи "таъинотро" калимаҳои "баъд аз машварат" хориҷ карда шаванд.

40. Банди 3-юми қисми дуюми моддаи 223 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Ҳангоми хизмат дар қисми амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани ҷавобгар ё хоҳиши даъвогар, ки дар қисми амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд".

41. Банди 1 қисми якуми моддаи 224 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмати ҳақиқии ҳарби қарор доштани даъвогар ё ҷавобгар ё барои иҷрои ягон вазифаи давлати ҷалб кардани онҳо".

42. Дар банди 2 моддаи 225 калимаҳои "Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

43. Қисми дуюми моддаи 238 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар сурати бо эродҳои додашуда норози будани раисикунанда онҳо барои барраси дар ҷаласаи суди пешниҳод карда мешаванд. Дар ин мавридҳо шахсоне даъват карда мешаванд, ки эродҳоро барои протокол додаанд. Дар натиҷаи баррасии эродҳо судя дар хусуси тасдиқи дурустии онҳо ё дар бораи рад кардани онҳо таъинот мебарорад".

44. Аз қисми якуми моддаи 240 калимаи "халқии" хориҷ карда шавад.

45. Дар қисми сеюми моддаи 253 калимаҳои "Иттифоқи ҶШС ва РСС Тоҷикистон" бо калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

46. Аз қисми дуюми моддаи 247 калимаҳои "қонунгузории ИҶШС партофта шаванд.

47. Дар қисми якуми моддаи 249 калимаҳои "Иттифоқи ҶШС" бо калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

48. Дар моддаи 251 калимаҳои "бо қонунгузории ИҶШС" бо калимаҳои "ҳамин Кодекс" иваз карда шаванд.

49. Дар қисми сеюми моддаи 252 калимаҳои "Байрақи ИЧШС" бо калимаҳои "Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда ва дар қисми чорум калимаҳои "қонунгузории ИҶШС" хориҷ карда шаванд.

50. Аз қисми дуюми моддаҳои 257, 262, 270, 278, 284, 289, 297 калимаҳои "қонунгузории ИҶШС ва" хориҷ карда шаванд.

51. Бандҳои 1, 5, 6, 7 қисми дуюми моддаи 330 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:

"1) агар парванда аз тарафи судяе барраси шуда бошад, ки он ҳуқуқи баррасии парвандаро надошт;

5) агар ҳангоми баровардани ҳалнома қоидаҳои дар хонаи алоҳида баровардани ҳалнома вайрон карда шуда бошанд;

6) агар қарорро судя имзо накарда бошад ё аз тарафи судяе имзо шуда бошад, ки фамилияаш дар қарор нишон дода нашудааст;

7) агар ҳалнома аз тарафи судяе, ки парвандаро барраси накардааст, бароварда шуда бошад".

52. Моддаи 342 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 342. Шахсоне, ки ҳуқуқи овардани эътирозро доранд

Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои ҳар кадом суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тариқи назорат ба ҳалномаҳо, таъиноти коллегияҳои суди ва ва қарорҳои раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои истиснои вақте ки ба вайронкунии ҷиддии қонун роҳ дода шуда бошад ба қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз оварад.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои ҳар кадом суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тариқи назорат ба ҳалномаҳо, таъиноти коллегияҳои суди ва қарорҳои Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои истиснои ба қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте ки ба вайронкунии ҷиддии қонун роҳ дода шуда бошад, эътироз баён кунад.

Муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба ҳалмомаҳо, таъинот ва қарорҳои ҳар кадом суди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қарорҳои Раёсат ва Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътироз оваранд.

Муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба ҳалномаҳо, таъинот, қарорҳои судҳо, бағайр аз қарорҳои Раёсат ва Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътироз оваранд.

Раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилояти, суди шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд ба ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои қувваи қонуни пайдокарда аз рӯи парвандаҳои суди, инчунин ба таъинотҳои коллегияҳои оид ба парвандаҳои шаҳрванди мувофиқан, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилояти, суди шаҳри Душанбе, ки парвандаҳоро бо тартиби кассатсиони барраси менамоянд, эътироз оваранд.

Прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, муовинони онҳо ҳуқуқ доранд ба ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои суди ноҳияви (шаҳри) ва ба ҳалномаҳои коллегияи суди, мувофиқан суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилояти, суди шаҳри Душанбе, ки парвандаро бо тартиби кассатсиони барраси менамояд эътироз оваранд".

53. Дар қисми дуюми моддаи 343 баъди калимаҳои "коллегияи судии оид ба корҳои граждани" калимаҳои "коллегияи ҳарби" илова карда шаванд.

54. Дар қисмҳои панҷум, даҳуми моддаи 350 баъди калимаҳои ,коллегияи суди оид ба парвандаҳои граждани" калимаҳои "коллегияи ҳарби" илова карда шаванд.

55. Банди 6 қисми якуми моддаи 360 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"6) ҳалномаҳои суди иқтисоди аз рӯи баҳсҳои иқтисоди".

56. Банди 3 қисми якуми моддаи 361 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3) варақаҳои иҷро, ки аз тарафи суди иқтисоди дода мешаванд".

57. Қисми якуми моддаи 375 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Мувофиқи ин кодекс талаботи иҷрочии суд оид ба иҷрои ҳалномаҳои суди барои ҳамаи корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлати, колхозҳо, дигар ташкилотҳои кооперативи, иттиҳодияҳои онҳо, дигар ташкилотҳои ҷамъияти, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошад".

58. Дар моддаи 383:

банди 3 қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"3) Дар қисми амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон будани қарздор ва илтимоси ситонанда, ки дар қисми Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад". банди 2 қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"2) Хоҳиши қарздоре, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё барои иҷрои ягон вазифаи давлати ҷалб шудааст".

59. Дар банди 2 қисми якуми моддаи 384 калимаҳои "ИҶШС" бо калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

60. Дар қисми якуми моддаи 413, моддаи 417, қисми сеюми моддаи 436 калимаҳои "кассаҳои давлатии пасандозҳои меҳнати ва дар Бонки давлатии ИҶШС", "Бонки давлатии ИҶШС", "аз тарафи Бонки давлатии ИҶШС" мувофиқан бо калимаҳои "Дар Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аз тарафи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

61. Дар моддаи 429, қисми дуюми моддаи 430, қисми дуюми моддаи 431, қисми дуюми моддаи 432, қисми дуюми моддаи 433, дар моддаҳои 434, ,435 калимаҳои "бо қонунгузории Иттифоқи РСС", "бо қонунгузории Иттифоқи РСС ва РСС Тоҷикистон" мувофиқан бо калимаҳои "бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

62. Моддаи 445 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 445. Қоидаҳои махсуси руёниш

Бо Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди имтиёзан қонеъ гардонидани талаботҳо дар хусуси рӯёниши вобаста ба фаъолияти ташкилотҳои роҳи оҳан, нақлиёти ҳавои, алоқа ва муассисаҳои кредити қоидаҳо муқаррар шуда метавонанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои ҷудогона оиди дар навбати аввал қонеъ гардонидани талаботи дигар қоидаҳо муқаррар карда метавонад.

Навбати қонеъгардонии талаботро дар хусуси руёндан аз ҳисобҳое, ки корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлати, колхозҳо, дигар ташкилотҳои кооперативи, иттиҳодияҳои онҳо, дигар ташкилотҳои ҷамъияти дар муассисаҳои кредити мекушоянд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 15 майи соли 1997 № 421