ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421)
Ин Қонун асосҳои ташкилию ҳуқуқи ва иқтисодии индексатсияи даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмоли ва хизматрасони муайян менамояд.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми индексатсияи даромади аҳоли
Индексатсияи даромади аҳоли (минбаъд индексатсия номида мешавад) механизми зиёд кардани даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандон буда, он барои қисман ё пурра ҷуброн намудани болоравии нархҳои молҳои истеъмоли ва хизматрасони имкон медиҳад.
Индексатсия ҷузъи системаи умумидавлатии ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад ва барои нигоҳ доштани қудрати харидории даромад ва пасандозҳои пулии онҳо, хусусан табақаҳои камбизоати аҳоли: нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд, инчунин ҷавонони таҳсилкунанда нигаронида шудааст.
Индексатсия метавонад бо дигар усулҳои танзими давлатии даромади аҳоли (аз нав дида баромадани музди меҳнат, андозаи нафақа, ёрдампулиҳои иҷтимои ва ғайра) тавъам гардад ва дар баъзе мавридҳо онҳоро иваз намояд.
Тағйироте, ки ба механизми нигаҳдории қудрати харидории даромади аҳоли дохил карда мешавад, аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи Қонун дар бораи Буҷети давлати барои соли дахлдор мавриди барраси қарор мегирад .
Моддаи 2. Объектҳои индексатсия
Даромаде, ки шаҳрвандон онро бо асъори милли дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд ва он хусусияти якдафъаги надорад: нафақаи давлати, ёрдампулии иҷтимои (ба оилаҳои кӯдакдор, бинобар бекори, корношоямии муваққати ва ғайра), стипендия, музди меҳнат (маош, моҳона), маблағи ҷуброни зиёне, ки бинобар маъюби ё дигар хел иллатманд шудани саломати ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнати сурат гирифтааст .
Даромади пулии шаҳрвандон, ки аз додани амвол ба иҷора, аз саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок (ба истиснои коғазҳои қиматноки давлати), ташкили хоҷагии деҳқони (фермери) ё хоҷагии ёрирасони шахси, соҳибкори ё дигар фаъолият, ҳамчун манбаи даромади пули аз моликият, ба даст омадааст, мавриди индексатсия қарор намегирад.
Ба аҳоли ҷуброн намудани зиёне, ки аз беқурбшавии пасандозҳои дар муассисаҳои Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин дар сертификатҳои ин бонкҳо, ӯҳдадориҳои бонкии давлати, вомбарги бурдноки дохилии давлати гузошташуда ва инчунин пулҳои ба ташкилотҳои суғуртаи давлати додашуда расидааст, бо роҳи тағйир додани фоизи меъёрҳо ба тартибе, ки Қонун бо назардошти индекси нархҳо муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Моддаи 3. Муайян кардани андозаи индексатсияи даромади пули
Андозаи индексатсияи даромади пули бо роҳи зарб задани ҳаҷми даромади мавриди индексатсия ва индекси нархҳои молҳои истеъмоли муайян карда мешавад. Зимнан, дар ин кор аз коэффисиентҳо, ҷадвали қиёси ва меъёрҳои дигари муайянкунандаи кафолатҳои ҳадди ақаллии индексатсия дар ҷумҳури, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, инчунин шарту шароите, ки дар мувофиқатномаҳои коллективии байни моликон ё намояндагони онҳо аз як тараф ва иттифокҳои касаба - намояндагони манфиатҳои меҳнаткашон аз тарафи дигар, зикр ёфтаанд, истифода бурдан мумкин аст .
Дар минтақаҳое, ки ба музди меҳнат, нафақа ва ёрдампули коэффисиентҳо муқаррар карда шудаанд, индексатсияи даромад бо назардошти ин коэффисиентҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 4. Индекси нархҳои молҳои истеъмоли
Индекси нархҳои молҳои истеъмоли аз рӯи методологияи ягона ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар асоси интихоби маҷмӯи муайяни молҳо ва хизматрасони, ки барои ҳисобу китоби ҳадди ақаллии буҷети истеъмоли дар ҷумҳури қабул гардидааст, ҳисоб карда мешавад .
Назорат ба тағйироти нархҳои молҳои истеъмоли аз тарафи хидмати давлатии бақайдгирии нархҳо, ки дар Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳсоия ташкил карда мешавад ва мақомоти он дар маҳалҳо сурат мегирад .
Моддаи 5. Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади аҳоли
Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади пулии аҳолиро инҳо муайян мекунанд:
нисбати нафақаҳои давлати, ёрдампулиҳои иҷтимои, стипендия, маблағи ҷуброни зиёни расондашуда ё дигар иллатмандии саломати, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнати вобаста аст, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
нисбати музди меҳнати (маош, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоҷаги мебошанд - корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо мустақилона дар асоси мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективи;
нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлати, ки дар буҷети ҷумҳури мебошанд,Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
нисбати маош ва нафақаҳои давлатии хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати роҳбари ва қатории мақомоти корҳои дохили, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои ҷамъияти, - иттиҳодияи ҷамъияти мустақилона;
нисбати музди меҳнати ҳайати махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
нисбати дигар намудҳои даромади аҳоли индексатсия ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад .
Меъёри фоизи пасандозҳои пули ва сертификатҳое, ки дар Бонки амонати ва дигар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, аз тарафи ин бонкҳо ва бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Меъёрҳои фоизи коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Аз тарафи ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳоли додани маблағи суғурта, нафақаи суғурта ва ёрдампулиҳо аз рӯи шартномаҳои суғуртаи дарозмӯҳлат мутаносибан тавассути ташкилотҳои дахлдори суғурта муқаррар карда мешавад.
Моддаи 6. Асосҳо барои индексатсия
Индексатсияи даромадҳои пули дар сурати мавҷудияти шарту шароите, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективи муқаррар карда шудааст, сурат мегирад .
Ин шарту шароит чунин аст:
1. Ҳадди индексатсия - ҳаҷми афзоиши нархҳои молҳои истеъмоли (аз рӯи маҷмӯи муайяни молҳо ва хизматрасони) дар моддаи 4 ин қонун пешбини шуда, ки зиёд шудани он барои индексатсия асос шуда метавонад;
2. Давраи индексатсия - замони муайяни индексатсия (як маротиба дар сол, нимсола, семоҳа).
Ҳадди индексатсия ва тартиби татбиқи он ва давраи индексатсия дар асоси Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективи муқаррар карда мешавад. Ба нисбати индексатсия зиёд шудани даромади пулии шаҳрвандон баъд аз як моҳи расман нашр шудани индекси нархҳои молҳои истеъмоли сурат мегирад .
Моддаи 7. Манбаъҳои маблағ барои индексатсия
Манбаъҳои маблағ барои индексатсия инҳо мебошанд:
оид ба нафақаҳо ва ёрдампули - фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар фондҳои махсус, инчунин воситаҳое, ки бо таъиноти мақсаднок аз буҷетҳои ҷумҳури ва маҳалли ҷудо карда мешаванд ;
оиди ҷуброни зиёне, ки бо маъюби ё дигар хел иллатманд шудани саломати вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнати, аз воситаҳо истифода бурда мешавад, ки пардохти музди меҳнати ин коркунон аз он сурат мегирад;
оиди стипендияҳо - аз маблағи буҷет, ки аз ҳисоби он стипендия дода мешавад, инчунин аз пули корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое сурат мегирад, ки хонандагонро (коркунонро) ба таҳсил фиристодаанд;
оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоҷаги мебошанд, - аз воситаҳои худи корхона ва ташкилотҳо;
оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое ки фаъолияти худро дар асоси маблағи буҷет (тандурусти, маорифи халқ, фарҳанг, илм ва ғайра) инчунин оиди маоши хизматчиёни ҳарби, ҳайати роҳбари ва қатории мақомоти корҳои дохили, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз буҷети ҷумҳури ва буҷетҳои дахлдори маҳалли ;
оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои тибби, солимгардони, муассисаҳои томактабии кӯдакон; спорт, тарбияи фарҳанги, ки дар баланси корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касаба мебошанд, аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касабаи дахлдор ва буҷети маҳалли, - ҷудо кардани маблағи аз буҷетҳои дахлдор ҷудо кардашаванда;
оид ба пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои ҷамъияти -буҷети ин иттиҳодияҳо, инчунин манбаъҳои дигар мувофиқи қонуни мавҷуда;
оид ба пасандозҳои аҳоли дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин сертификатҳои онҳо - даромади ин бонкҳо;
оиди коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз буҷети ҷумҳури ҷудо кардашаванда;
оид ба пардохтҳо ба ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши меъёрҳои фоизи аз рӯи маблағҳое, ки дар ҳисоби ин фондҳо гузошта шудаанд.
Моддаи 8. Қонунҳо дар бораи индексатсия
Афзоиши даромади пулии аҳоли, ки бинобар индексатсия сурат мегирад, бо ин Қонун, инчунин дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонуни мазкур бароварда мешаванд, ки бо қаророи ҳокимияти Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳи, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
ФАСЛИ II. КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОИ
Моддаи 9. Кафолатҳои давлати барои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба индексатсия
Давлат ба шаҳрвандоне, ки нафақаи давлати, ёрдампулиҳои махсус, стипендия, маблағи ҷуброни зиёни аз маъюби ё дигар иллатмандии саломати, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнати вобаста мебошад, афзоиши даромади пулии онҳоро бинобар индексатсия дар ҳаҷм ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, кафолат медиҳад.
Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳури Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри саривақтии маълумотро дар бораи индекси нархҳои молҳои истеъмоли, ҳадди индексатсия, давра ва дигар шарту шароити асосии индексатсия таъмин менамояд ;
Моддаи 10. Аз нав дида баромадани андозаи даромаде, ки бояд индексатсия шавад
Андозаи пардохти музди меҳнат (маош, моҳона) нафақаҳои давлати, ёрдампулиҳои иҷтимои, стипендия ва дигар даромадҳои пули ба тартибе, ки бинобар индексатсияи онҳо дар давраи гузашта муқаррар карда шудааст, зиёд мегардад.
Ба мақсади роҳ надодан ба гирифта шудани як қисми даромади аҳоли, ки бинобар индексатсия сурат гирифтааст, андозаи даромади ҳадди ақал, ки мавриди андоз қарор намегирад, ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз нав дида баромада мешавад.
ФАСЛИ III. НАЗОРАТ ВА ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲО ДАР БОРАИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АҲОЛИ
Моддаи 11. Мақомоте, ки ба риояи Қонунҳо дар бораи индексатсия назорат мекунанд
Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи индексатсияи даромади аҳоли аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо ва инчунин аз тарафи иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, иттифоқҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад .
Моддаи 12. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунҳо дар бораи индексатсия
Шахсоне, ки барои вайрон кардани Қонун дар бораи индексатсияи даромади аҳоли гуннаҳкор мебошанд, ба ҷавобгарии маъмури ё ҷинои кашида мешаванд.
Раиси
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
27 декабри соли 1993 № 891