Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003, № 60 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 тасдиқ шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 613 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 тасдиқ шудааст

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи заминсозӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 № 189 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Дар банди 8:

баъд аз сархати дуюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"банақшагирии истифодаи оқилона ва муҳофизати заминҳо дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва мақомоти давлатии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба ҷо оварда мешавад";

баъд аз сархати чорум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"мувофиқи қонунгузорӣ тартиби ташкили заминистифодабариро муайян мекунад, талаботи техникиро барои тайёр кардан ва ба расмият даровардани нақшаи қитъаи замин муқаррар менамояд, дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин бошад ин корро якҷоя бо мақомоти давлатии сохтмон ва меъморӣ иҷро карда мешаванд";

баъд аз сархати ҳафтум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"назорати давлатии гузаронидани заминсозӣ, татбиқ чорабиниҳои заминсозӣ ва риояи талаботи муқаррарнамуда санадҳои меъёрию техникиро ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ анҷом медиҳад";

баъд аз сархати нуздаҳум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"тартиби марзакашии заминҳо ва назорати риояи талаботи техникиро ба марзакашии заминҳо, ҳифзи нуқтаҳои шабакаи асосии марзакашӣ ва аломатҳои марзаро муқаррар намуда, дар шаҳрҳо ва дигар нуқтаҳои аҳолинишин бошад, ин корҳо якҷоя бо мақомоти давлатии сохтмон ва меъморӣ иҷро мекунад".

2. Дар банди 9

баъд аз сархати нӯҳум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳои оид ба заминсозиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонун пешниҳод менамояд;

андозаҳо, тартиб, мӯҳлатҳо ва шаклҳои пардохти музди додани маълумот оид ба заминсозиро муайян менамояд".

3. Дар банди 11

дар сархати сеюм баъд аз калимаҳои "фонди пардохти музди меҳнат ва пулҷудокуниҳо" калимаҳои "оинномаҳои ташкилоту корхонаҳои давлатие, ки фаъолияташонро тибқи созишномаҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 5 феврали соли 2003 № 60

ш. Душанбе