Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани Меъёри андози аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда
Бо мақсади татбиқи шартҳои Аҳдномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 10 октябри соли 2000, Қарори Шӯрои Байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Евразия аз 14 сентябри соли 2001 "Дар бораи ҳамоҳангсозии минбаъдаи сиёсати аксизии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисоди Евразия", мутобиқи моддаи 216 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёри андози аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мутобиқи замима муқаррар карда шавад.
2. Ба инобат гирифта шавад, ки мутобиқи моддаи 215 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, ки спирти этилиро барои истеҳсоли маҳсулоти нӯшокиҳои спиртдор ба сифати намуна барои гузаронидани таҳлил ё тафтишҳои истеҳсолӣ, тадқиқотҳои илмӣ, бо мақсадҳои тиббӣ (дар беморхонаҳо ва дорухонаҳо) истифода мебаранд, ба андозаи аксизи ҳангоми хариди спирти этилӣ пардохташуда ҳисоб кардани андоз ё баргардонидани маблағи аксиз аз рӯи спирти этилӣ ҳуқуқ доранд.
3. Қарори мазкур аз 1 майи соли 2003 мавриди амал қарор дода шавад.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тарғиби муқарраршуда Котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразияро оид ба қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
5. Беэътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 № 533 "Дар бораи муқаррар кардани меъёри аксизҳо барои молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2002 № 255 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 № 533 "Дар бораи муқаррар кардани меъёри аксизҳо барои молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003 № 153
ш. Душанбе