Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2000 № 502
тасдиқ шудааст
Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ дар бозори коғазҳои қиматиок
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337, аз 23.08.2016 № 378)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур шароит ва тартиби муносибатҳои дар ҷараёни анҷом додани муомилот бо коғазҳои қиматнок дар байни брокер-дилер ва муштарии он ба вуҷудояндаро, ки тибқи низомномаи мазкур, инчунин аз тариқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарордодҳои байни брокерҳо-дилерҳо ва муштариёни онҳо барои хизматрасонии брокерӣ басташаванда танзим мегардонад, муайян менамояд .
2. Амалӣ кардани фаъолияти брокер-дилерро тартиботи муайяннамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ) то таъсис додани мақоми махсус ваколатдоркардашуда, муқаррар менамояд .
3. Сархати якум бо зербандҳои "а" ва "б" банди 3 хориҷ карда шуд
Назорати анҷом додани фаъолияти брокерию дилериро мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилоти худтанзимкунандаи аз ҷониби он ваколатдоркардашуда ё ташкилкунандагони музояда амалӣ мекунанд.
4. Мутахассисони брокер-дилер ҳуқуқ доранд: дар сурати мавҷуд будани шаҳодатномаи тахассуси, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, амалиёт бо коғазҳои қиматноки муштариён ва бақайдгирии онҳоро анҷом диҳанд .
5. Дар Тартиб мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд :
Андеррайтер - шахсе, ки барои фаъолияти брокерию дилерӣ литсензия дорад ва ба хотири ҳавасмандгардонии муайян ва ё гузашти муайян фаъолияти андеррайтингӣ мебарад.
Фаъолияти андеррайтингӣ - фаъолияти мақсадноки брокерӣ-дилерӣ ҷиҳати ҷо ба ҷо намудани қоғазҳои қиматноки барориши нав дар асоси қарордод бо эмитент аст.
Шартноаи андеррайтерӣ - қарордоди баимзорасидаи байни эмитенту мудири андеррайтер, ки шарту тартиби ҷобаҷокунии коғазҳои қиматнокро пешбинӣ менамояд.
Брокер-дилер - шахси ҳуқуқӣ, ки дар бозори коғазҳои қиматнок фаъолияти брокерию дилерӣ мебарад ва соҳиби иҷозатномаи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад .
Шартномаи хизматрасонии брокерӣ - қарордод барои хизматрасонӣ, ки дар байни брокер-дилер ва муштарӣ баста шудааст.
Супориши муштарӣ - санаде, ки муштари ба брокер-дилер барои амалӣ намудани муомилот бо коғазҳои қиматнок пешниҳод менамояд мақоми ваколатдори давлатӣ .
Ордери (дархости) муштарӣ - санаде, ки муштарӣ ба брокер ё дилер барои анҷом додани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок медиҳад ..
Даромади комиссионӣ - ҳавасмандгардонии пулии брокер-дилер мебошад, ки қарордод барои хизматрасонии брокерӣ пешбинӣ намудааст.
Ихтилофи манофеъ - ҳолати амалигардонии муомила бо коғазҳои қиматнок, ки он ҷо ихтилофи манфиатҳои брокер-дилеру муштарии ӯ ҷой дорад.
Суратҳисоб - маҷмӯи санаду навиштаҷоти ба ҳам алоқаманд, ки ба воситаи онҳо ҳисоби коғазҳои қиматнок ва дархостҳои расмии муштарӣ амалӣ карда мешавад.
Трейдер - мутахассиси соҳибихтисоси брокер-дилер, ки бевосита муомилотро бо коғазҳои қиматнок аз номи ӯ ё аз ном ва бо супориши муштарӣ ба анҷом мерасонад.
Мудири андеррайтер - андеррайтери масъули ташкили иттиҳодияи эмиссионӣ, омодасозии эмиссия ва бастани қарордоди байни эмитенту синдикати эмиссионӣ, ҷойнамоии қоғазҳои қиматнок ба синдикатҳои эмиссионӣ.
Иттиҳодияи эмиссионӣ - созмони муваққатии гурӯҳи андеррайтерҳо, ки бо мақсади кам кардани хавф ва мусоидатномаи ҷойгирсозии аввали коғазҳои қиматнок бунёд шудааст.
Қарордоди эмиссионӣ - шартномаи байни андеррайтерҳо, ки дар асоси он иттиҳодияҳои эмиссионӣ бунёд мешаванд.
2. Вазифаю ӯҳдадориҳои брокер-дилер
6. Вазифаи брокер-дилер аз инҳо иборат аст:
а) омода сохтан ва пешниҳоди маълумоту тавсияҳое, ки барои қабули қарорҳои сармоягузорӣ аз тарафи муштариёни ӯ заруранд;
б) анҷом додани муомилот бо коғазҳои қиматнок аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби муштариҳо, аз номи худ ва аз номи муштарӣ, бо ҳуҷҷатҳо ба расмият даровардани муомилот бо коғазҳои қиматноки муштарӣ;
в) фароҳам овардани хизматрасонии машваратию иттилоотӣ бо мувофиқаи муштарӣ.
7. ӯҳдадориҳои брокер-дилер аз инҳо иборатанд:
а) муайян кардани мақсаду вазифаи сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок аз ҷониби муштарӣ ва анҷом додани фаъолияти хеш тибқи мақсадҳои мазкур;
б) дар доираи салоҳияте, ки тибқи шартҳои шартнома бо муштарӣ барои ӯ муқаррар шудааст, фаъолият намудан;
в) иҷрои супоришҳои муштарӣ ва ордери муштарӣ бо шарт ва нархҳои барои муштариён фоиданок;
г) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қарордод оид ба хизматрасонии брокерӣ ба муштарӣ пешниҳод кардани тасдиқот доир ба ҳар як муомила ва иҷрои ӯҳдадориҳои марбут ба он;
д) қабул накардани супоришҳо ва ордерҳои муштарӣ барои анҷом додани аҳдҳо бо коғазҳои қиматноки муштарӣ, ки кафолати пардохти аҳдҳоро намедиҳанд .
8. Мувофиқи шартнома оид ба хизматрасонии брокерӣ брокер-дилер ӯҳдадор аст: аз пайдо шудани ихтилофи байни манфиатҳои муштарӣ бо манфиатҳои брокер-дилер муштариёнро огоҳ намояд, инчунин ҳангоми ба миён омадани сабабҳои пастравии ҳолати молиявӣ ва ё аз тарафи мақомоти салоҳиятдор таъин шудани муҷозот онҳоро дар мӯҳлати се рӯз хабар диҳад. Огоҳиномаи мазкур аз тарафи брокер-дилер мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қарордоди хизматрасонии брокерӣ амалӣ мегардад. Зери мафҳуми пастравии ҳолати молиявӣ номувофиқии меъёрҳои устувории молиявии брокер-дилер ба талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ дар назар дошта шуда аст .
Брокер-дилер дар фаъолияти худ:
а) агар муомила бо коғазҳои қиматнок хилофи манфиатҳои муштарӣ бошад, ӯ ҳуқуқи анҷом додани муомиларо надорад;
б) барои зарар дидани муштарӣ ҳангоми тағйири нархҳои бозорӣ ба коғазҳои қиматнок дар ҳолати ба миён омадани вазъияти ғайричашмдошт ҷавобгар нест;
в) ҷавобгарии амволиро барои зарари моддии ба муштарӣ дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайритахассусӣ расонида, брокер-дилер ба дӯш дорад;
г) ӯҳдадор аст сирри молиявӣ ва дигар асрори муштариро, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок ба даст меорад пинҳон дорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия.
9. Брокер-дилер ахбори оид ба фаъолияти худ, оид ба муштарӣ ва муомилот бо коғазҳои қиматнокро то панҷ сол маҳфуз медорад.
3. Қоидаи муомила бо коғазҳои қиматнок
10. коғазҳои қиматноке, ки ба брокер-дилер тааллуқ доранд, аз коғазҳои қиматноки муштарӣ ҷудо дар суратҳисоби махсусӣ брокер-дилер дар Маҳфуздорандаи марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ маҳфуз дошта мешаванд .
Ҳангоми гирифтани пул ё коғазҳои қиматноки муштарӣ брокер-дилер вазифадор аст, ки онҳоро дар суратҳисоби зикршуда ҷой диҳад.
Дар як суратҳисоби брокер-дилер мумкин аст коғазҳои қиматнок ва маблағҳои ҳамаи муштариёни ӯ ҷойгир карда шаванд.
11. Брокер-дилер ҳуқуқ дорад маблағҳои муштариро ба манфиати ӯ барои пардохтҳои комиссионӣ ва ғайра, ки марбути амалигардонии муомилаанд, истифода намояд, вале ин маблағҳоро барои муомилаи муштариёни дигар ва муомилоти дигар, ки ба таври махсус дар қарордоди хизматрасонии брокерӣ дарҷ нашудаанд, ҳуқуқ надорад, ки сарф намояд.
12. Маблағҳои муштариёни брокер-дилер аз тарафи шахси сеюм бидуни мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда забту мусодира намешаванд.
13. Брокер-дилер муомилотро бо супориши муштарӣ амалӣ месозад ва ҳуқуқ дорад дар як муомила ба ҳайси брокер ё дилер ширкат намояд.
14. Ҳангоми фаъолият ба ҳайси дилер брокер-дилер коғазҳои қиматнокро аз ҳисоби худ мехараду мефурӯшад.
Талабот барои амалигардонии фаъолияти дилерӣ аз тарафи брокер-дилер дар бозорҳои ташкилшаванда мутобиқи меъёрҳои созмондиҳандагони музояда бо коғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.
15. Брокер-дилер муомиларо бо коғазҳои қиматноки муштарӣ ба тариқи зайл амалӣ месозад:
а) иҷрои супориши бозории муштарӣ - тавассути ба амал овардани хариду фурӯши фаврии коғазҳои қиматнок барои муштарӣ бо нархи бозорӣ;
б) иҷрои супориши меъёрии муштарӣ - тавассути ба амал овардани хариди коғазҳои қиматнок барои муштарӣ бо нархи на бештар аз нишондоди дар супориш дарҷшуда, ё фурӯши коғазҳои қиматнок бо нархи на пасттар аз нишондоди, дар супориш буда;
в) иҷрои супориши шартии муштарӣ - тавассути иҷро кардани амалҳои марбути дороии (активи) муштарӣ баъди иҷрои супориши пешина.
16. Брокер-дилер вазифадор аст ҳамаи кӯшиши худро барои иҷрои супориши муштарӣ равона намояд, инчунин вай ҳангоми ба миён омадани мухолифати манфиатҳо бояд принсипи бартарияти манфиатҳои муштариро риоя намояд.
17. Брокер-дилер ҳуқуқ надорад, ки ахбори беэътимод оид ба пешниҳоди хариду фурӯш, нарх ва миқдори коғазҳои қиматнокро аз тариқи васоити ахбори умум намояд.
18. Аз нав боварӣ намудан барои муомила ба брокер-дилер вақте иҷозат дода мешавад, агар он дар шартнома пешбинӣ шуда бошад ё дар мавриде, ки брокер-дилер дар вазъияти ғайричашмдошт ба миёномада хотири ҳимояи манфиатҳои муштарӣ бо розигию огоҳии ӯ ва бо сабти ҳуҷҷатии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он даст мезанад.
19. Дар асоси қарордоди хизматрасонии брокерӣ, аз ҷониби муштарӣ ба брокер-дилер ҳуқуқи қабули қарори сармоягузорӣ дода мешавад.
Тартиби таҳияи дастур барои қабул намудани қарори сармоягузорӣ аз тарафи муштарӣ ва қабули қарори мустақилонаи сармоягузорӣ аз тарафи брокер-дилер нисбати дороии фаъоли муштарӣ масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:
а) номгӯи шахсони брокер-дилер, ки барои қабули қарори сармоягузорӣ ва таҳияи дастур оид ба аз тарафи муштарӣ қабул намудани қарори сармоягузорӣ, инчунин сабти аснодии амалҳои зикршуда масъуланд;
б) тартиби сабти сарчашмаҳои ахбор, ки дар асоси таҳлили онҳо қарори сармоягузорӣ қабул гардидааст ва ё барои он дастур дода шудааст.
4. Низоми ҳисоб
20. Брокер-дилер бояд шахсеро муайян намояд, ки ӯҳдадориҳои зеринро ба дӯш мегирад:
а) ҳисобдорӣ, омодасозии ҳисоботу муҳосиботи муқаррар намудаи меъёрҳои устувори молиявии брокер-дилер тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) муомилот бо ҳисоби шахсии муштарӣ;
в) иҷрои ӯҳдадориҳои брокер-дилер дар назди муштарӣ барои ба даст овардани даромад аз коғазҳои қиматнок ва ҳуқуқҳои дигар;
г) ба роҳ мондани муомилаи бевосита бо коғазҳои қиматнок;
д) баҳисобгирии ҳаракати коғазҳои қиматнок ва маблағои муштариён;
е) назорати аз тарафи брокерҳо-дилерҳо риоя шудани қоидаҳои дохилии худ, ташкили худтанзимкунӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
21. Вазифаҳои амалигардонии муомилот бо коғазҳои қиматнок ва баҳисобгирии муомилот бо он ба зиммаи шахсе, ки брокер-дилер дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул кардааст, вогузор карда намешаванд.
22. Масъулияти ташкили ҳисоби брокер-дилерро роҳбари аввал ва сармуҳосибаш ба ӯҳда доранд.
5. Пешбурди ҳуҷҷатҳо
23. Брокер-дилер ҳангоми амалигардонии муомила бо коғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро таҳия ва қайд мегирад:
а) шартнома бо муштарӣ дар хусуси хизматрасони брокерӣ;
б) супоришномаи муштарӣ ва ордери (дархости) муштарӣ ;
в) феҳристи қабули супоришномаҳои муштарӣ;
г) супориши трейдер;
д) шартномаи брокер-дилер, ки барои иҷрои шартномаи хизматрасонии брокерӣ ва супориши муштарӣ дар бозори коғазҳои қиматнок баста шудааст.
24. Шартномаи хизматрасонии брокерӣ бо муштари то оғози ҳаргуна муомилот бо коғазҳои қиматнок ва маблағҳои пулии муштарӣ, инчунин баъди шиносоии муштарӣ бо қоидаҳои дохилии амалисозии фаъолияти брокер-дилер баста мешавад.
25. Шартномаи хизматрасонии брокерӣ илова ба шартҳое, ки дар қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ мегардад, тартиби фаъолиятро муайян намуда ва иборат аст аз:
а) реквизитҳои тарафҳои шартнома;
б) мавзӯи шартнома: пешниҳоди хизматрасонии брокерӣ, аз ҷумла хизмати нигаҳдории номии коғазҳои қиматнок;
в) ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳо;
г) шартҳои эътибор пайдо намудани шартнома ва қатъи амали, он;
д) тартиби даровардани иловаҳо ба қарордод;
е) ҳисоби байни тарафҳо, аз ҷумла ҳангоми қатъ гардидани амали шартнома;
ж) тарзи ба брокер додани супоришномаи муштарӣ;
з) ҳалли ихтилофоти ба муносибати тарафҳо тааллуқдошта;
и) ҳаҷми даромади комиссионӣ барои хизматрасонӣ ва муомилоти ба анҷом расида бо коғазҳои қиматнок, аз ҷумла ҳангоми барои пардохти брокер-дилер маблағ надоштани муштарӣ;
к) мубодилаи маълумот байни брокер-дилер ва муштарӣ;
л) ба анҷом расонидани муомилоти коғазҳои қиматнок бо шахсони вазифадор намудаи муштарӣ;
м) муомила намудан ҳангоми мавҷудияти якчанд моликон.
Дар мавриди хизматрасони аз рӯи нигаҳдории номиналии коғазҳои қиматнок дар шартнома, инчунин бояд шарту тартиби пешниҳоди маълумот ба муштарӣ доир ба ҳолати суратҳисобҳои ӯ пешбинӣ шаванд.
26. Мӯҳлати амали шартнома бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад.
27. Амали шартнома дар ин маврид қатъ мешавад:
а) бо розигии тарафҳо;
б) бо хоҳиши яке аз тарафҳо, ки дар мӯҳлати 20 рӯз пеш тарафи дигарро огоҳ намудааст;
в) ҳангоми қатъ намудани амали брокер-дилер ва ё бозхондани он;
г) ба тарзи яктарафа ҳангоми иҷро нагардидани шартҳои шартнома.
Ҳангоми қатъи амали шартнома брокер-дилер вазифадор аст дар хусуси баргардонидани коғазҳои қиматнок ва маблағҳои муштарӣ дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи бонкӣ чораҳо андешад, ба шарте, ки дар шартнома ҷиҳати хизматрасонии брокерӣ тадбирҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад.
28. Аҳду муомилот бо коғазҳои қиматноки муштариро брокер-дилер дар асоси супоришномаи муназами муштарӣ анҷом медиҳад.
29. Супоришномаи муштарӣ инҳоро дар бар мегирад:
а) рақами супоришномаи муштарӣ;
б) таъриху вақти қабули супоришнома;
в) номи муштарӣ ё рақами ҳисоби шахсии ӯ;
г) навъи супоришнома;
д) навъи супориш - харид ё фурӯши коғазҳои қиматнок;
е) навъи номи коғазҳои қиматнок;
ж) вақти амали супоришнома;
з) тартиби пардохт ё таҳвили коғазҳои қиматнок;
и) миқдори коғазҳои қиматнок;
к) нархи пешбинишавандаи муомила;
л) маълумот оид ба ӯҳдадории пардохти коғазҳои қиматноки муштарӣ ҳангоми болоравии нархҳои бозории он;
м) имзои муштарӣ ва барои шахси ҳуқуқӣ нусхаи мӯҳр;
н) маълумот доир ба мутахассиси брокер-дилере, ки супоришномаро қабул кардааст;
о) маълумот оид ба мавҷудияти нишондод аз тарафи брокер-дилер доир ба иҷрои муомилаи мазкур;
п) маълумот дар бораи коғазҳои қиматнок, ки муштарӣ барои фурӯш пешниҳод менамояд ва сабти муназзаму дақиқи санадии он;
р) маълумоти дигар.
30. Супоришномаи муштарӣ ба брокер-дилер метавонад ба шакли хаттӣ ва аз тариқи воситаҳои алоқаи электронӣ бо дарназардошти ба даст овардани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо таҳвил гардида, мувофиқи тартиби воридгардӣ ба иҷро мерасонад, ба шарте ки дар шартномаи хизмати брокерӣ чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
31. Брокер-дилер ӯҳдадор аст, ки қабули супоришномаи муштариро дар мӯҳлати як рӯзи бонкӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи хизмати брокерӣ ва қоидаҳои созмондиҳандаҳои музояда тасдиқ намояд.
32. Нусхаи супоришномаи муштарӣ бояд ба воҳидҳои брокер-дилер таҳвил мегарданд, ки бевосита баҳисобгирии муомилотро бо коғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд ва дар феҳристи супоришномаи муштарӣ инъикос меёбанд, ки он ба таври хронологӣ пешбурда мешавад.
33. Ҳангоми аз тарафи брокер-дилер ба муштарӣ расонидани хизмати яквақтаина, шартномаи хизмати брокерӣ ва супоришномаи муштариро метавонад бо шартнома - супориш иваз намояд.
34. Иҷрои супориши муштариро мутахассиси брокер-дилер трейдер дар бозори муташаккил ва номуташаккил ба анҷом мерасонад, ки он дар асоси супориши брокер-дилер, чунин маълумот бояд зикр гарданд:
а) рақами ҷории супоришномаи трейдер;
б) таъриху вақти додани супоришнома барои иҷро ба трейдер;
в) навъи супориш;
г) маълумот доир ба супоришномаи трейдер;
д) номгӯи коғазҳои қиматнок;
е) миқдори коғазҳои қиматнок;
ж) маълумот оид ба иштирок дар муомилаи брокер-дилер ба сифати брокер ё дилер;
з) таъриху вақти қабули ҳисобот доир ба иҷрои супориш.
Иҷрои муомила бо коғазҳои қиматноки брокер-дилер ба сифати брокере, ки маъмур супориш додааст, бояд иловатан инҳоро дар бар гирад:
а) таърих, рақам ва вақти аз тарафи брокер-дилер гирифтани супориши муштарӣ;
б) маълумот дар бораи мавҷудияти тавсияҳои брокер-дилер ба муштарӣ оид ба муомилаи мазкур.
Шарту тартиби додани супориш ба маъмур, маълумоти иловагӣ ва шакли супоришдиҳӣ ба трейдерро метавонад мувофиқи қоидаҳои дохилии созмондиҳандагони музояда, инчунин брокер-дилер муқаррар намоянд.
35. Муомилот ва амалиёт бо коғазҳои қиматнок аз тарафи маъмур дар асоси супориши ба трейдер дадашударо ё шахси дигари салоҳиятдодаи брокер-дилер дар бозори бенизом анҷом дода мешавад.
36. Шартномае, ки брокер-дилер ба имзо расонидааст, ҳангоми анҷом додани муомила бо коғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккил илова ба муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ бояд дарбар гирад:
а) маълумот дар бораи шахсе, ки муомиларо анҷом додааст ва асноди тасдиқкунандаи салоҳияти ӯ;
б) номгӯи пурраю расмӣ ва суроғаи брокер-дилер ва контрагенти муомила;
в) намуд ва арзиши коғазҳои қиматнок;
г) тартиби ҳисоббаробаркунии тарафҳо ва ҳаҷми умумии барои ҳисоби тартиби пӯшонидани хароҷот ҳангоми анҷом додани аҳд;
д) маълумот дар хусуси иштироки брокер-дилер ба сифати диллер ё брокер;
е) таърихи вақти қарори аҳд;
ж) ва ғайраҳо.
Ҳангоми амалӣ намудани муомилот аз тарафи брокер-дилер ҳамчун брокер шартнома доир ба муштарӣ бояд маълумоти иловагӣ дошта бошад. Шартнома ё нусхаи он бояд ба муштарӣ ё шахси салоҳиятноки ӯ пешниҳод шавад ва нусхаи онро брокер-дилер бояд ҳамроҳи дигар маълумот оид ба муштарӣ нигоҳ дорад.
37. Қоидаҳои ташкили музояда бо коғазҳои қиматнок мумкин аст санадҳои дигарро, ки муомиларо бо коғазҳои қиматнок тасдиқ мекунанд, пешбини намояд.
38. Ҳуҷҷатҳои марбути муомиларо бояд трейдер дар рӯзи анҷом додани муомила ба брокер-дилер таҳвил намояд.
39. Баъди имзои муомила бо коғазҳои қиматнок брокер-дилер бояд чунин нишондиҳандаҳои боқимондаи супоришномаи муштариро пур кунад:
а) ҷои имзои муомила;
б) таърих ва вақти дақиқи амалигардии муомила;
в) таърихи иҷрои ӯҳдадории дахлдори муомила;
г) арзиш ва миқдори коғазҳои қиматнок;
д) маълумот оид ба қарордоди муомилаҳо.
6. Баҳисобгирии муомилот бо коғазҳои қиматнок
40. Ҳисоби муомилот бо коғазҳои қиматнок инҳоро дарбар мегирад:
а) коргузорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо ҳангоми гузаронидани муомилот бо ҳисоби шахсии муштарӣ;
б) феҳристи муомилоти басташуда;
в) феҳристи муомилоти анҷомдодашуда;
г) ҳисоби ҳаракати коғазҳои қиматнок;
д) ҳисоби ҳаракати пул;
е) китоби ҳисоби воридоти даромад оид ба коғазҳои қиматноки муштарӣ;
ж) китоби сабти шикояти муштариён;
з) китоби пешниҳоди ҳисобот.
41. Муомилот бо суратҳисобҳо чунин маънӣ дорад:
а) кушодани суратҳисоб барои соҳибони нави коғазҳои қиматнок;
б) бақайдгирии ҳолатҳое, ки ба гузаштани ҳуқуқи моликият ба коғазҳои қиматнок вобастаанд;
в) муомилоти техникӣ, ки мушахассоти суратҳисобҳоро вобаста ба гузаштани ҳуқуқи моликият ба коғазҳои қиматнок тағйир медиҳад;
г) муомилоти ахборӣ;
д) дигар муомилот бо коғазҳои қиматнок.
Чунин амалиёт бо суратҳисобҳо аз қабили бастан ва иҷро кардани муомилот, ҳисоби ҳаракати коғазҳои қиматнок ва пулҳо аз тарафи брокер-дилер, ки ҳуқуқи пешбурди ҳисобҳои муштариро ба ҳайси дорандаи номиналии коғазҳои қиматнок дорад, анҷом дода мешавад.
42. Брокер-дилер ба ҳар як муштарӣ суратҳисоб мекушояд, ки вай бояд инро дарбар гирад:
а) номгӯи пурраи муштарӣ;
б) рақами суратҳисоб, ки он барои ҳар як муштарӣ алоҳида аст;
в) барои шахсони ҳуқуқӣ номи пурраи расмӣ, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами мушаххаскунандаи андоз барои шахсони воқеӣ, ному насаб, мушаххасоти ҳуҷҷати собиткунандаи шахсият, суроға барои шахсони ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи маълумот ва санадҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) мушахассоти бонкӣ;
д) ҳангоми мавҷудияти чанд соҳиб ба як қоғази қиматнокмаълумоти дар боло зикршудаи ҳамаи соҳибон ва шахсони ваколатдор, инчунин маълумот оид ба тақсими саҳми моликият ва шартҳои интиқоли ин саҳмҳо ба ашхоси дигар;
е) маълумот оид ба нигоҳдори номиналӣ;
ж) мақсади сармоягузорӣ, ки дараҷаи хавфи муштариро фаро гирифта, маълумоти даромаднокии пешбинишудаи муштарӣ ва меъёрҳои афзоиши сармоягузориро дарбар мегирад;
з) объектҳои сармоягузорӣ;
и) намунаҳои имзои муштарӣ ё шахси ваколатдори ӯ, ки идораи нотариалӣ тасдиқ намудааст - барои шахсони воқеӣ ва намунаи имзои роҳбар, сармуҳосиб, нусхаи мӯҳр - барои шахсони ҳуқуқӣ;
к) маълумот оид ба ҳуқуқҳои шахсони ваколатдор;
л) маълумот дар бораи далелҳои қайду шарт шудани коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадориҳо ва зикр намудани шахсоне, ки бинобар қайду шарт шудани коғазҳои қиматнок бо ӯҳдадориҳо аз ҳуқуқҳои муайян нисбат ба ин коғазҳои қиматнок бархӯрдоранд;
м) даромади аз коғазҳои қиматноки муштарӣ ба дастомада ва ӯҳдадориҳои амалисозии ҳуқуқҳои дигари вобаста ба коғазҳои қиматнок;
н) ва ғайраҳо.
43. Брокер-дилер сабти ҳамаи муомилот бо суратҳисобҳоро амалӣ намуда, дар китоби махсус дарҷ менамояд, ки мазмуни зайл дорад:
а) таърихи даровардани тағйирот;
б) намуди муомила ва рақами тартибии он;
в) рақами суратҳисоб ва маълумот оид ба коғазҳои қиматнок.
44. Брокер-дилер ба дорандаи коғазҳои қиматнок пешниҳод намудани ахборро дар асоси дархост мувофиқи қарордоди хизматрасонии брокерӣ амалӣ менамояд.
Брокер-дилер ба органҳои салоҳиятдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор медиҳад. Пешниҳоди ахбори брокер-дилер ба дорандаи коғазҳои қиматнок, Депозитарийи марказӣ дар асоси талабномаи ин муассисаҳо бо нишон додани ҳаҷми ахбор, дар мӯҳлати шаш рӯз сурат мегирад.
Омодасозӣ ва додани иттилои лозимӣ барои гузаронидани маҷлиси умумии саҳомон ё пардохти даромад аз коғазҳои қиматнокро брокер-дилер бояд бемузд иҷро намояд. Дар ҳолатҳои дигар тартиби пардохти хизматрасони оид ба пешниҳоди иттилоъ тавассути қарордоди иловагӣ муқаррар мегардад.
Маълумот дар бораи муштариро брокер-дилер дар ҳисоботи барои Депозитарийи марказӣ, мувофиқи розигии пешакии муштарӣ, дарҷ менамояд.
45. Брокер-дилер ба натиҷаҳои муомилоти глобалӣ дар асоси нусхаи нишондоди нашри коғазҳои қиматнок оид ба гузаронидани муомилоти глобалӣ ва нишондодҳои лозимии Депозитарийи маркази тағйирот медарорад. Ҳангоми тағйири сохтори нашри коғазҳои қиматнок муассисоти зикршударо лозим аст, ки ба брокер-дилер нусхаи асноди мақоми ваколатдори давлатиро оид ба тасдиқи амалҳои мазкур пешниҳод намояд .
46. Дар асоси супоришнома ва асноди муштарӣ, ки аз трейдер расидааст, брокер-дилер иттилоотро ба феҳристи муомилоти қароршуда ворид менамояд.
Сабт дар феҳрист дар рӯзи муомила ворид карда мешавад ва мазмуни зайл дорад:
а) иттилооти муштарӣ;
б) рақами супоришномаи муштарӣ;
в) таърихи анҷом додани муомилот;
г) маълумот дар хусуси контрагенти муомила;
д) номгӯи ё намуди коғазҳои қиматнок;
е) миқдор ва нархи коғазҳои қиматнок;
ж) иттилоъ оид ба навъи муомила - харид ё фурӯш;
з) ҳаққи сабт ва ё маблағи пардохтҳои дигар барои сабти муомила бо коғазҳои қиматнок, подошҳои комиссионӣ ва пардохтҳои дигар;
и) таърихи иҷрои ӯҳдадорӣ ва баробар намудани ҳисоб дар байни тарафҳо мувофиқи қарордод ва ё қоидаҳои ташкилкунандаи музояда;
и) ва ғайра.
47. Баъди дастрас намудани санадҳои сабткунандаи иҷрои ӯҳдадории муомила, иттилоъ оид ба муомила ба феҳристи муомилоти доиршуда ворид карда мешавад. Тартиби бурдани феҳристи мазкур аз тариқи қоидаҳои худтанзимкунандаи ташкилоти брокер-дилер муқаррар карда мешавад.
48. Брокер-дилер ӯҳдадор аст ба муштарӣ ҳисоботи зайлро пешниҳод намояд:
а) огоҳнома оид ба иҷрои муомила;
б) ҳисоботи супоришҳои иҷро нагардидаи муштарӣ;
в) ҳисоботи даврӣ, ҳармоҳа, семоҳа ва ҳарсола.
Брокер-дилер дар бозорҳои ташкилшуда инчунин вазифадор аст ба муштари шарти муомилаи қароршударо пешниҳод намояд ва тасдиқи розигии ӯро бо ин шартҳо на дертар аз як рӯзи баъди қарори муомила гирад.
49. Брокер-дилер баъди иҷрои ӯҳдадорӣ доир ба муомила бо коғазҳои қиматнок бо супориши муштарӣ вазифадор аст ба муштарӣ дар бораи иҷрои он дар мӯҳлати як рӯзи бонкии баъди ҳисоби пурра огоҳинома диҳад. Огоҳинома бояд инҳоро дарбар гирад:
а) маълумот оид ба брокер-дилер ва муштарии ӯ;
б) номгӯй ва навъи коғазҳои қиматнок;
в) таърихи анҷом дода шудани муомилот ва иҷрои ӯҳдадориҳои марбути он;
г) маълумот оид ба қарордоди хизматрасонии брокерӣ ва супориши муштарӣ, ки дар асоси ин муомила анҷом меёбад;
д) намуди муомила - хариду фурӯш;
е) миқдори коғазҳои қиматноки харидашуда ё ба фурӯш рафта;
ж) нархи як қоғази қиматнок;
з) маблағи пардохт ба муштарӣ ё пардохти муштарӣ тибқи муомила, ҳаҷми ҳаққуламал ё пардохте, ки брокер-дилер барои муомилаи мушаххас мегирад.
Нусхаи ҳар як огоҳинома бояд бо иттилооти марбут ба муштарӣ нигоҳ дошта шавад ё ба бухгалтерияи брокер-дилер интиқол гардад.
Дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок огоҳиномаи зикршуда баъди иҷрои ӯҳдадории брокер-дилер дар назди муштарӣ ва тибқи қарордоди хизматрасонии брокерӣ мумкин аст ба муштарӣ дода шавад.
50. Ҳисоботи супоришҳои иҷронашуда дар китоби супоришҳои иҷро нагардида, бо таъкиди сабаби ба иҷро нарасиданаш дарҷ шуда, тибқи тартиботи пешбининамудаи қарордоди хизматрасонии брокер пешниҳод мешавад.
51. Ҳисобот доир ба ҳолати суратҳисоби муштарӣ дар давраи баъди пешниҳоди ҳисоботи охирин иттилои зеринро фаро мегирад:
а) ҳангоми муомилот бо коғазҳои қиматноки вобаста ба ҳисобномаи муштарӣ;
б) пардохт ва маблағи боқимонда дар суратҳисоб;
в) миқдори коғазҳои қиматноки ба муштарӣ тааллуқдошта ва нархҳои бозории он дар охири давраи ҳисоботӣ.
52. Ба муштарӣ ҳисоботи даврӣ дар ин сурат пешниҳод мешавад;
а) ҳангоми анҷом додани муомилот бо ҳисобномаи муштарӣ на бештар аз як маротиба дар моҳ;
б) ҳангоми мавҷудияти бақия вобаста ба суратҳисоби доир ба коғазҳои қиматнок, пул ва муомилаи доирнагашта аз ҳисоби муштарӣ на беш аз як маротиба дар се моҳ.
53. Ҳисоботи молиявии брокер-дилер тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
54. Бақайдгирии муомила бо коғазҳои қиматнокро, ки боиси, тағйир ёфтани ҳуқуқи соҳибони номиналӣ ба коғазҳои қиматнок мегардад, брокер-дилер тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои гузаронидани муомилот соҳиби номиналии дахлдор амалӣ месозад.
Агар ошкор гардад, ки маълумоти брокер-дилер ва Депозитарийи марказӣ оид ба коғазҳои қиматнок мувофиқат намекунанд, брокер-дилер бояд Депозитарийи марказиро огоҳ карда, барои бартараф намудани номувофиқатӣ чораҷӯӣ намояд.
55. Брокер-дилер ҳангоми хизматрасонӣ ба муштарӣ ба ҳайси дорандаи номиналӣ бояд китоби сабти даромад аз коғазҳои қиматноки мансуби муштариёнро пеш барад, ки он мазмуни зайлро дошта бошад:
а) иттилоъ оид ба муштарӣ;
б) номгӯй ва навъи коғазҳои қиматнок;
в) таърих ва маблағи умумии даромад аз коғазҳои қиматноки мутааллиқи муштарӣ.
56. Дар китоби арзу шикоятҳои муштарӣ инҳо дарҷ мешавад:
а) иттилоот оид ба муштарӣ;
б) моҳияти шикоят ва даъво;
в) амали аз ҷониби брокер-дилер анҷом додашуда.
57. Пешбурди ҳисоби ҳаракати пул ва коғазҳои қиматнок тибқи қонунгузории ҷорӣ амалӣ гашта, вуруду судури пардохтҳои пулӣ ва интиқоли коғазҳои қиматнокро фаро мегирад.
58. Ҳамаи ҳаракати пул бояд дар феҳристу китобҳои лозимӣ дарҷ гардад.
59. Тағйирот дар феҳристу китобҳои ҳисоби пули коғазҳои қиматнок, дар асоси асноди танзимкунандаи ҳаракати коғазҳои қиматнок аз рӯи ҳисоби брокер-дилер ва ё муштариёни вай дар амонатдории марказӣ ва нусхаи ҳисобҳои ӯ дароварда мешавад.
60. Сабтҳо доир ба муомилот бо коғазҳои қиматнокро брокер-дилер аз дигар навъҳои фаъолияти маъмурию хоҷагӣ алоҳида дарҷ менамояд.
7. Назорати дохилӣ
61. Брокер-дилер бояд аз ҷониби шахсоне, ки мустақиман вазифаҳои баҳисобгириро иҷро наменамоянд, гузаронидани назорати дохилиро барои таъмини пуррагии маълумот ва махфияти иттилоот ки ҳангоми муқарраршавӣ ва риояи қоидаҳои зайл ба миён меоянд, таъмин намояд:
а) сабт, нигаҳдорӣ ва ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳо, дастрас будани бойгонӣ ва аз нав барқароршавандагии рақамҳо аз бойгонӣ;
б) нигаҳдории бахши электронии омор;
в) дастрас будани иттилоот ба кормандон ҳангоми кор бо васоити барномавии омор оид аз коғазҳои қиматнок ва маблағҳои муштарӣ;
г) аз ҷониби ҳайати корӣ анҷом додани дастури амал;
д) одоби касбии брокер-дилер;
е) чораҳои зидди сӯхтор ва амали мутахассисон ҳангоми ҳолатҳои ғайричашмдошту фавқулодда.
Қоидаҳои зикршуда аз тарафи брокер-дилер ва муассисаи худтанзим мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад.
8. Фаъолияти андеррайтингӣ
62. Брокер-дилер ҳуқуқ дорад фаъолияти андеррайтингиро тибқи қарордод бо эмитент оид ба ҷой додани коғазҳои қиматноки ӯ анҷом диҳад, ки он тарғиби аз эмитент гирифтани коғазҳои қиматнок ва фурӯши онро ба сармоягузор фаро мегирад, аз ҷумла:
а) арзиши техникии он ҳангоми ҷой додани коғазҳои қиматнок;
б) шакли андеррайтинг, бо нишондоди ӯҳдадариҳои брокер-дилер ҳангоми ҷой додани коғазҳои қиматнок;
в) музди комиссионии брокер-дилер барои бурдани назорат, санадгузории иттиҳодияҳои эмиссионӣ ҳамчунин бо дарназардошти хизмати маслиҳатгари ҳуқуқӣ;
г) ӯҳдадории брокер-дилер дар расонидани хизмат ба эмитент;
д) маблағҳои комиссионие, ки аз рӯи ҳисоб ба як қоғази қиматнок ситонида мешавад ва тақсими коғазҳои қиматнок бо дарназардошти як андеррайтер;
е) паст кардани нарх ба ҳар брокер-дилери дар ҷойгирнамоии коғазҳои қиматнок иштироккунанда, ки аз ҳисоби як қоғази қиматнок пардохта мешавад;
ж) шарту тартиби пардохти ҳар муомила бо коғазҳои қиматнок;
з) таърихи эътибори қонуни пайдо намудани қарордоди андеррайтингӣ ва мӯҳлату шарти қатъи амали он.
63. Ҷойгирнамоии коғазҳои қиматнок аз тарафи брокер-дилер то сабти барориши онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун наметавонад амалӣ гардад.
64. Қарордоди андеррайтингӣ метавонад тарзи дигари хизматрасониро пешбинӣ намояд, ки онҳо марбут ба андеррайтер ё иттиҳодияи эмиссионӣ дар роҳи ташкили барориш ва хизматрасонии ибтидоии ҷойгирсозии коғазҳои қиматнок мебошанд.
65. Мудири андеррайтер, ки ҷойгирнамоии қисми начандон зиёди эмиссияи коғазҳои қиматнокро қабул менамояд, иттиҳодияи эмиссиониро сарварӣ намуда, вазифаҳои зерро ба ӯҳда дорад:
а) идораю ташкили кори иттиҳодияи эмиссионӣ;
б) ҷо ба ҷокунии ҳайат ва танзими кори иттиҳодияи эмиссионӣ;
в) таҳияю бастани қарордоди андеррайтингӣ ва паймони эмиссионӣ;
г) намояндагии иттиҳодияи эмиссионӣ барои алоқа бо ноширони саҳмия ва шахсони сеюм.
66. Андеррайтер ҳуқуқ надорад:
а) ба сармоягузорони потенсиалӣ иттилои нодуруст диҳад;
б) ба эмитент оид ба таҳқиқоти гузаронида ҳисоботи хато диҳад, инчунин лоиҳаи эмиссияро нопурраю нокомил ва ё ба ӯ иттилои нокомил пешниҳод намояд;
в) дар вақти барориши коғазҳои қиматнок дурнамои эмиссиониро истифодаю паҳн намояд, ки он аз дурнамои тибқи тартиботи муқарраршудаи қонунгузории ҷорӣ сабт шуда фарқ намояд.
67. Агар дар натиҷаи амали ғайриқонунии андеррайтер ва иттиҳодияҳои эмиссионӣ ба эмитент зарари назаррас расида бошад, онҳо дар назди эмитент масъулияти амволи доранд.
9. Назорати фаъолияти брокерию дилерӣ
68. Назорати фаъолияти брокерӣ-дилерӣ аз инҳо иборат аст:
а) тафтиши шуғли брокер-дилер ба намуди фаъолияте, ки дар литсензия дарҷ шудааст;
б) тафтиши фаъолият ва мутобиқати қоидаҳои дохилии фаъолияти брокерӣ-дилерӣ бо талаботи пешгузоштаи қонунгузории амалкунанда ба ин намуди фаъолият;
в) тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ, ҳисоботдиҳӣ ва назорати талаботи пешниҳодшаванда.
69. Назорат бо ташаббуси мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи барномаи кории тасдиқнамудаи онҳо, ки тафтиши даврии фаъолияти брокеру дилерҳоро фаро мегирад, гузаронида мешавад .
70. Дар ҳолати расидани иттилоъ оид ба қонуншиканӣ мумкин аст тафтиши ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.
71. Натиҷаи тафтиш бо санад ба расмият дароварда мешавад.
72. Брокер-дилер бояд ба мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд .
73. Брокер-дилерҳо бо талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадоранд ҳамаи ахбори лозимиро оид ба фаъолияти касбии худ дар мӯҳлати даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи расидани дархост пешниҳод намоянд. Дар ҳолатҳои зарурӣ Вазорати молия ҳуқуқ дорад мӯҳлати пешниҳоди иттилоъро барои брокер-дилер дароз намояд .
Агар барои брокер-дилер дастури мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешниҳоди иттилои зикршуда аз нигоҳи мӯҳлату хароҷоти ҷамъоварии ин гуна иттилоъ иҷронашаванда бошад, ва ё он ғайриқонунӣ бошад, брокер-дилер ҳуқуқ дорад доир ба ин дархост ба суд шикоят намояд .
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2000 № 502
тасдиқ шудааст
Низомномаи фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳамин Низомнома шароит ва тартиби муносибатҳои дар ҷараёни анҷом додани муомилот бо қоғазҳои қиматнок дар байни брокер-дилер ва муштарии он ба вуҷудояндаро, ки тибқи низомномаи мазкур, инчунин аз тариқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарордодҳои байни брокерҳо-дилерҳо ва муштариёни онҳо барои хизматрасонии брокерӣ басташаванда танзим мегардонад, муайян менамояд.
2. Амалӣ кардани фаъолияти брокер-дилерро тартиботи муайяннамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Вазорати молия) то таъсис додани мақоми махсус ваколатдоркардашуда, муқаррар менамояд.
3. Сархати якум бо зербандҳои "а" ва "б" банди 3 хориҷ карда шуд
Назорати анҷом додани фаъолияти брокерию дилериро Вазорати молия ё ташкилоти худтанзимкунандаи аз ҷониби он ваколатдоркардашуда ё ташкилкунандагони музояда амалӣ мекунанд.
4. Мутахассисони брокер-дилер ҳуқуқ доранд: дар сурати мавҷуд будани шаҳодатномаи тахассуси, ки Вазорати молия додааст, амалиёт бо қоғазҳои қиматноки муштариён ва бақайдгирии онҳоро анҷом диҳанд.
5. Дар низомномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:
Андеррайтер - шахсе, ки барои фаъолияти брокерию дилерӣ литсензия дорад ва ба хотири ҳавасмандгардонии муайян ва ё гузашти муайян фаъолияти андеррайтингӣ мебарад.
Фаъолияти андеррайтингӣ - фаъолияти мақсадноки брокерӣ-дилерӣ ҷиҳати ҷо ба ҷо намудани қоғазҳои қиматноки барориши нав дар асоси қарордод бо эмитент аст.
Шартномаи андеррайтерӣ - қарордоди баимзорасидаи байни эмитенту мудири андеррайтер, ки шарту тартиби ҷобаҷокунии қоғазҳои қиматнокро пешбинӣ менамояд.
Брокер-дилер - шахси ҳуқуқӣ, ки дар бозори қоғазҳои қиматнок фаъолияти брокерию дилерӣ мебарад ва соҳиби иҷозатномаи махсуси Вазорати молия мебошад.
Шартномаи хизматрасонии брокерӣ - қарордод барои хизматрасонӣ, ки дар байни брокер-дилер ва муштарӣ баста шудааст.
Қарори инвеститсионӣ - қарор оид ба чораҳои фароҳамоварию тағйироти сохтори портфели қоғазҳои қиматнок.
Супориши муштарӣ - санаде, ки муштари ба брокер-дилер барои муомилот бо қоғазҳои қиматнок пешниҳод менамояд.
Даромади комиссионӣ - ҳавасмандгардонии пулии брокер-дилер мебошад, ки қарордод барои хизматрасонии брокерӣ пешбинӣ намудааст.
Ихтилофи манофеъ - ҳолати амалигардонии муомила бо қоғазҳои қиматнок, ки он ҷо ихтилофи манфиатҳои брокер-дилеру муштарии ӯ ҷой дорад.
Суратҳисоб - маҷмӯи санаду навиштаҷоти ба ҳам алоқаманд, ки ба воситаи онҳо ҳисоби қоғазҳои қиматнок ва дархостҳои расмии муштарӣ амалӣ карда мешавад.
Трейдер - мутахассиси соҳибихтисоси брокер-дилер, ки бевосита муомилотро бо қоғазҳои қиматнок аз номи ӯ ё аз ном ва бо супориши муштарӣ ба анҷом мерасонад.
Мудири андеррайтер - андеррайтери масъули ташкили иттиҳодияи эмиссионӣ, омодасозии эмиссия ва бастани қарордоди байни эмитенту синдикати эмиссионӣ, ҷойнамоии қоғазҳои қиматнок ба синдикатҳои эмиссионӣ.
Иттиҳодияи эмиссионӣ - созмони муваққатии гурӯҳи андеррайтерҳо, ки бо мақсади кам кардани хавф ва мусоидатномаи ҷойгирсозии аввали қоғазҳои қиматнок бунёд шудааст.
Қарордоди эмиссионӣ - шартномаи байни андеррайтерҳо, ки дар асоси он иттиҳодияҳои эмиссионӣ бунёд мешаванд.
2. Вазифаю ӯҳдадориҳои брокер-дилер
6. Вазифаи брокер-дилер аз инҳо иборат аст:
а) омода сохтан ва пешниҳоди маълумоту тавсияҳое, ки барои қабули қарорҳои сармоягузорӣ аз тарафи муштариёни ӯ заруранд;
б) анҷом додани муомилот бо қоғазҳои қиматнок аз ҳисоби худ ва аз ҳисоби муштариҳо, аз номи худ ва аз номи муштарӣ, бо ҳуҷҷатҳо ба расмият даровардани муомилот бо қоғазҳои қиматноки муштарӣ;
в) фароҳам овардани хизматрасонии машваратию иттилоотӣ бо мувофиқаи муштарӣ.
7. ӯҳдадориҳои брокер-дилер аз инҳо иборатанд:
а) муайян кардани мақсаду вазифаи сармоягузорӣ ба қоғазҳои қиматнок аз ҷониби муштарӣ ва анҷом додани фаъолияти хеш тибқи мақсадҳои мазкур;
б) дар доираи салоҳияте, ки тибқи шартҳои шартнома бо муштарӣ барои ӯ муқаррар шудааст, фаъолият намудан;
в) иҷрои супоришҳои муштарӣ бо шарт ва нархҳои барои муштариён фоиданок;
г) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қарордод оид ба хизматрасонии брокерӣ ба муштарӣ пешниҳод кардани тасдиқот доир ба ҳар як муомила ва иҷрои ӯҳдадориҳои марбут ба он;
д) қабул накардани супориш барои амалӣ сохтани муомила бо қоғазҳои қиматноки муштарӣ, ки кафолати пардохти муомиларо надорад, дар мавриди доштани қоғазҳои қиматнок ва пешниҳодӣ онҳо ба ихтиёри брокер-дилер дар мӯҳлати се рӯзи бонкӣ аз лаҳзаи интиқоли супориши муштарӣ ҳангоми бастани қарори муомила.
8. Мувофиқи шартнома оид ба хизматрасонии брокерӣ брокер-дилер ӯҳдадор аст: аз пайдо шудани ихтилофи байни манфиатҳои муштарӣ бо манфиатҳои брокер-дилер муштариёнро огоҳ намояд, инчунин ҳангоми ба миён омадани сабабҳои пастравии ҳолати молиявӣ ва ё аз тарафи мақомоти салоҳиятдор таъин шудани муҷозот онҳоро дар мӯҳлати се рӯз хабар диҳад. Огоҳиномаи мазкур аз тарафи брокер-дилер мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қарордоди хизматрасонии брокерӣ амалӣ мегардад. Зери мафҳуми пастравии ҳолати молиявӣ номувофиқии меъёрҳои устувории молиявии брокер-дилер ба талаботи Вазорати молия дар назар дошта шуда аст.
Брокер-дилер дар фаъолияти худ:
а) агар муомила бо қоғазҳои қиматнок хилофи манфиатҳои муштарӣ бошад, ӯ ҳуқуқи анҷом додани муомиларо надорад;
б) барои зарар дидани муштарӣ ҳангоми тағйири нархҳои бозорӣ ба қоғазҳои қиматнок дар ҳолати ба миён омадани вазъияти ғайричашмдошт ҷавобгар нест;
в) ҷавобгарии амволиро барои зарари моддии ба муштарӣ дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайритахассусӣ расонида, брокер-дилер ба дӯш дорад;
г) ӯҳдадор аст сирри молиявӣ ва дигар асрори муштариро, ки ҳангоми анҷом додани фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок ба даст меорад пинҳон дорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия.
9. Брокер-дилер ахбори оид ба фаъолияти худ, оид ба муштарӣ ва муомилот бо қоғазҳои қиматнокро то панҷ сол маҳфуз медорад.
3. Қоидаи муомила бо қоғазҳои қиматнок
10. Қоғазҳои қиматноке, ки ба брокер-дилер тааллуқ доранд, аз қоғазҳои қиматноки муштарӣ ҷудо дар суратҳисоби махсусӣ брокер-дилер дар Депозитарийи марказӣ маҳфуз дошта мешаванд.
Ҳангоми гирифтани пул ё қоғазҳои қиматноки муштарӣ брокер-дилер вазифадор аст, ки онҳоро дар суратҳисоби зикршуда ҷой диҳад.
Дар як суратҳисоби брокер-дилер мумкин аст қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои ҳамаи муштариёни ӯ ҷойгир карда шаванд.
11. Брокер-дилер ҳуқуқ дорад маблағҳои муштариро ба манфиати ӯ барои пардохтҳои комиссионӣ ва ғайра, ки марбути амалигардонии муомилаанд, истифода намояд, вале ин маблағҳоро барои муомилаи муштариёни дигар ва муомилоти дигар, ки ба таври махсус дар қарордоди хизматрасонии брокерӣ дарҷ нашудаанд, ҳуқуқ надорад, ки сарф намояд.
12. Маблағҳои муштариёни брокер-дилер аз тарафи шахси сеюм бидуни мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда забту мусодира намешаванд.
13. Брокер-дилер муомилотро бо супориши муштарӣ амалӣ месозад ва ҳуқуқ дорад дар як муомила ба ҳайси брокер ё дилер ширкат намояд.
14. Ҳангоми фаъолият ба ҳайси дилер брокер-дилер қоғазҳои қиматнокро аз ҳисоби худ мехараду мефурӯшад.
Талабот барои амалигардонии фаъолияти дилерӣ аз тарафи брокер-дилер дар бозорҳои ташкилшаванда мутобиқи меъёрҳои созмондиҳандагони музояда бо қоғазҳои қиматнок муқаррар карда мешавад.
15. Брокер-дилер муомиларо бо қоғазҳои қиматноки муштарӣ ба тариқи зайл амалӣ месозад:
а) иҷрои супориши бозории муштарӣ - тавассути ба амал овардани хариду фурӯши фаврии қоғазҳои қиматнок барои муштарӣ бо нархи бозорӣ;
б) иҷрои супориши меъёрии муштарӣ - тавассути ба амал овардани хариди қоғазҳои қиматнок барои муштарӣ бо нархи на бештар аз нишондоди дар супориш дарҷшуда, ё фурӯши қоғазҳои қиматнок бо нархи на пасттар аз нишондоди, дар супориш буда;
в) иҷрои супориши шартии муштарӣ - тавассути иҷро кардани амалҳои марбути дороии (активи) муштарӣ баъди иҷрои супориши пешина.
16. Брокер-дилер вазифадор аст ҳамаи кӯшиши худро барои иҷрои супориши муштарӣ равона намояд, инчунин вай ҳангоми ба миён омадани мухолифати манфиатҳо бояд принсипи бартарияти манфиатҳои муштариро риоя намояд.
17. Брокер-дилер ҳуқуқ надорад, ки ахбори беэътимод оид ба пешниҳоди хариду фурӯш, нарх ва миқдори қоғазҳои қиматнокро аз тариқи васоити ахбори умум намояд.
18. Аз нав боварӣ намудан барои муомила ба брокер-дилер вақте иҷозат дода мешавад, агар он дар шартнома пешбинӣ шуда бошад ё дар мавриде, ки брокер-дилер дар вазъияти ғайричашмдошт ба миёномада хотири ҳимояи манфиатҳои муштарӣ бо розигию огоҳии ӯ ва бо сабти ҳуҷҷатии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он даст мезанад.
19. Дар асоси қарордоди хизматрасонии брокерӣ, аз ҷониби муштарӣ ба брокер-дилер ҳуқуқи қабули қарори сармоягузорӣ дода мешавад.
Тартиби таҳияи дастур барои қабул намудани қарори сармоягузорӣ аз тарафи муштарӣ ва қабули қарори мустақилонаи сармоягузорӣ аз тарафи брокер-дилер нисбати дороии фаъоли муштарӣ масъалаҳои зеринро дарбар мегирад:
а) номгӯи шахсони брокер-дилер, ки барои қабули қарори сармоягузорӣ ва таҳияи дастур оид ба аз тарафи муштарӣ қабул намудани қарори сармоягузорӣ, инчунин сабти аснодии амалҳои зикршуда масъуланд;
б) тартиби сабти сарчашмаҳои ахбор, ки дар асоси таҳлили онҳо қарори сармоягузорӣ қабул гардидааст ва ё барои он дастур дода шудааст.
4. Низоми ҳисоб
20. Брокер-дилер бояд шахсеро муайян намояд, ки ӯҳдадориҳои зеринро ба дӯш мегирад:
а) ҳисобдорӣ, омодасозии ҳисоботу муҳосиботи муқаррар намудаи меъёрҳои устувори молиявии брокер-дилер тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) муомилот бо ҳисоби шахсии муштарӣ;
в) иҷрои ӯҳдадориҳои брокер-дилер дар назди муштарӣ барои ба даст овардани даромад аз қоғазҳои қиматнок ва ҳуқуқҳои дигар;
г) ба роҳ мондани муомилаи бевосита бо қоғазҳои қиматнок;
д) баҳисобгирии ҳаракати коғазҳои қиматнок ва маблағои муштариён;
е) назорати аз тарафи брокерҳо-дилерҳо риоя шудани қоидаҳои дохилии худ, ташкили худтанзимкунӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
21. Вазифаҳои амалигардонии муомилот бо қоғазҳои қиматнок ва баҳисобгирии муомилот бо он ба зиммаи шахсе, ки брокер-дилер дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул кардааст, вогузор карда намешаванд.
22. Масъулияти ташкили ҳисоби брокер-дилерро роҳбари аввал ва сармуҳосибаш ба ӯҳда доранд.
5. Пешбурди ҳуҷҷатҳо
23. Брокер-дилер ҳангоми амалигардонии муомила бо қоғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро таҳия ва қайд мегирад:
а) шартнома бо муштарӣ дар хусуси хизматрасони брокерӣ;
б) супоришномаи муштарӣ;
в) феҳристи қабули супоришномаҳои муштарӣ;
г) супориши трейдер;
д) шартномаи брокер-дилер, ки барои иҷрои шартномаи хизматрасонии брокерӣ ва супориши муштарӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок баста шудааст.
24. Шартномаи хизматрасонии брокерӣ бо муштари то оғози ҳаргуна муомилот бо қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои пулии муштарӣ, инчунин баъди шиносоии муштарӣ бо қоидаҳои дохилии амалисозии фаъолияти брокер-дилер баста мешавад.
25. Шартномаи хизматрасонии брокерӣ илова ба шартҳое, ки дар қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ мегардад, тартиби фаъолиятро муайян намуда ва иборат аст аз:
а) реквизитҳои тарафҳои шартнома;
б) мавзӯи шартнома: пешниҳоди хизматрасонии брокерӣ, аз ҷумла хизмати нигаҳдории номии қоғазҳои қиматнок;
в) ҳуқуқ ва ӯҳдадории тарафҳо;
г) шартҳои эътибор пайдо намудани шартнома ва қатъи амали, он;
д) тартиби даровардани иловаҳо ба қарордод;
е) ҳисоби байни тарафҳо, аз ҷумла ҳангоми қатъ гардидани амали шартнома;
ж) тарзи ба брокер додани супоришномаи муштарӣ;
з) ҳалли ихтилофоти ба муносибати тарафҳо тааллуқдошта;
и) ҳаҷми даромади комиссионӣ барои хизматрасонӣ ва муомилоти ба анҷом расида бо қоғазҳои қиматнок, аз ҷумла ҳангоми барои пардохти брокер-дилер маблағ надоштани муштарӣ;
к) мубодилаи маълумот байни брокер-дилер ва муштарӣ;
л) ба анҷом расонидани муомилоти қоғазҳои қиматнок бо шахсони вазифадор намудаи муштарӣ;
м) муомила намудан ҳангоми мавҷудияти якчанд моликон.
Дар мавриди хизматрасони аз рӯи нигаҳдории номиналии қоғазҳои қиматнок дар шартнома, инчунин бояд шарту тартиби пешниҳоди маълумот ба муштарӣ доир ба ҳолати суратҳисобҳои ӯ пешбинӣ шаванд.
26. Мӯҳлати амали шартнома бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад.
27. Амали шартнома дар ин маврид қатъ мешавад:
а) бо розигии тарафҳо;
б) бо хоҳиши яке аз тарафҳо, ки дар мӯҳлати 20 рӯз пеш тарафи дигарро огоҳ намудааст;
в) ҳангоми қатъ намудани амали брокер-дилер ва ё бозхондани он;
г) ба тарзи яктарафа ҳангоми иҷро нагардидани шартҳои шартнома.
Ҳангоми қатъи амали шартнома брокер-дилер вазифадор аст дар хусуси баргардонидани қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои муштарӣ дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи бонкӣ чораҳо андешад, ба шарте, ки дар шартнома ҷиҳати хизматрасонии брокерӣ тадбирҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад.
28. Аҳду муомилот бо қоғазҳои қиматноки муштариро брокер-дилер дар асоси супоришномаи муназами муштарӣ анҷом медиҳад.
29. Супоришномаи муштарӣ инҳоро дар бар мегирад:
а) рақами супоришномаи муштарӣ;
б) таъриху вақти қабули супоришнома;
в) номи муштарӣ ё рақами ҳисоби шахсии ӯ;
г) навъи супоришнома;
д) навъи супориш - харид ё фурӯши қоғазҳои қиматнок;
е) навъи номи қоғазҳои қиматнок;
ж) вақти амали супоришнома;
з) тартиби пардохт ё таҳвили қоғазҳои қиматнок;
и) миқдори қоғазҳои қиматнок;
к) нархи пешбинишавандаи муомила;
л) маълумот оид ба ӯҳдадории пардохти қоғазҳои қиматноки муштарӣ ҳангоми болоравии нархҳои бозории он;
м) имзои муштарӣ ва барои шахси ҳуқуқӣ нусхаи мӯҳр;
н) маълумот доир ба мутахассиси брокер-дилере, ки супоришномаро қабул кардааст;
о) маълумот оид ба мавҷудияти нишондод аз тарафи брокер-дилер доир ба иҷрои муомилаи мазкур;
п) маълумот дар бораи қоғазҳои қиматнок, ки муштарӣ барои фурӯш пешниҳод менамояд ва сабти муназзаму дақиқи санадии он;
р) маълумоти дигар.
30. Супоришномаи муштарӣ ба брокер-дилер метавонад ба шакли хаттӣ ва аз тариқи воситаҳои алоқаи электронӣ бо дарназардошти ба даст овардани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо таҳвил гардида, мувофиқи тартиби воридгардӣ ба иҷро мерасонад, ба шарте ки дар шартномаи хизмати брокерӣ чизи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
31. Брокер-дилер ӯҳдадор аст, ки қабули супоришномаи муштариро дар мӯҳлати як рӯзи бонкӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи хизмати брокерӣ ва қоидаҳои созмондиҳандаҳои музояда тасдиқ намояд.
32. Нусхаи супоришномаи муштарӣ бояд ба воҳидҳои брокер-дилер таҳвил мегарданд, ки бевосита баҳисобгирии муомилотро бо қоғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд ва дар феҳристи супоришномаи муштарӣ инъикос меёбанд, ки он ба таври хронологӣ пешбурда мешавад.
33. Ҳангоми аз тарафи брокер-дилер ба муштарӣ расонидани хизмати яквақтаина, шартномаи хизмати брокерӣ ва супоришномаи муштариро метавонад бо шартнома - супориш иваз намояд.
34. Иҷрои супориши муштариро мутахассиси брокер-дилер трейдер дар бозори муташаккил ва номуташаккил ба анҷом мерасонад, ки он дар асоси супориши брокер-дилер, чунин маълумот бояд зикр гарданд:
а) рақами ҷории супоришномаи трейдер;
б) таъриху вақти додани супоришнома барои иҷро ба трейдер;
в) навъи супориш;
г) маълумот доир ба супоришномаи трейдер;
д) номгӯи коғазҳои қиматнок;
е) миқдори қоғазҳои қиматнок;
ж) маълумот оид ба иштирок дар муомилаи брокер-дилер ба сифати брокер ё дилер;
з) таъриху вақти қабули ҳисобот доир ба иҷрои супориш.
Иҷрои муомила бо қоғазҳои қиматноки брокер-дилер ба сифати брокере, ки маъмур супориш додааст, бояд иловатан инҳоро дар бар гирад:
а) таърих, рақам ва вақти аз тарафи брокер-дилер гирифтани супориши муштарӣ;
б) маълумот дар бораи мавҷудияти тавсияҳои брокер-дилер ба муштарӣ оид ба муомилаи мазкур.
Шарту тартиби додани супориш ба маъмур, маълумоти иловагӣ ва шакли супоришдиҳӣ ба трейдерро метавонад мувофиқи қоидаҳои дохилии созмондиҳандагони музояда, инчунин брокер-дилер муқаррар намоянд.
35. Муомилот ва амалиёт бо қоғазҳои қиматнок аз тарафи маъмур дар асоси супориши ба трейдер дадашударо ё шахси дигари салоҳиятдодаи брокер-дилер дар бозори бенизом анҷом дода мешавад.
36. Шартномае, ки брокер-дилер ба имзо расонидааст, ҳангоми анҷом додани муомила бо қоғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккил илова ба муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ бояд дарбар гирад:
а) маълумот дар бораи шахсе, ки муомиларо анҷом додааст ва асноди тасдиқкунандаи салоҳияти ӯ;
б) номгӯи пурраю расмӣ ва суроғаи брокер-дилер ва контрагенти муомила;
в) намуд ва арзиши қоғазҳои қиматнок;
г) тартиби ҳисоббаробаркунии тарафҳо ва ҳаҷми умумии барои ҳисоби тартиби пӯшонидани хароҷот ҳангоми анҷом додани аҳд;
д) маълумот дар хусуси иштироки брокер-дилер ба сифати диллер ё брокер;
е) таърихи вақти қарори аҳд;
ж) ва ғайраҳо.
Ҳангоми амалӣ намудани муомилот аз тарафи брокер-дилер ҳамчун брокер шартнома доир ба муштарӣ бояд маълумоти иловагӣ дошта бошад. Шартнома ё нусхаи он бояд ба муштарӣ ё шахси салоҳиятноки ӯ пешниҳод шавад ва нусхаи онро брокер-дилер бояд ҳамроҳи дигар маълумот оид ба муштарӣ нигоҳ дорад.
37. Қоидаҳои ташкили музояда бо қоғазҳои қиматнок мумкин аст санадҳои дигарро, ки муомиларо бо қоғазҳои қиматнок тасдиқ мекунанд, пешбини намояд.
38. Ҳуҷҷатҳои марбути муомиларо бояд трейдер дар рӯзи анҷом додани муомила ба брокер-дилер таҳвил намояд.
39. Баъди имзои муомила бо қоғазҳои қиматнок брокер-дилер бояд чунин нишондиҳандаҳои боқимондаи супоришномаи муштариро пур кунад:
а) ҷои имзои муомила;
б) таърих ва вақти дақиқи амалигардии муомила;
в) таърихи иҷрои ӯҳдадории дахлдори муомила;
г) арзиш ва миқдори қоғазҳои қиматнок;
д) маълумот оид ба қарордоди муомилаҳо.
6. Баҳисобгирии муомилот бо қоғазҳои қиматнок
40. Ҳисоби муомилот бо қоғазҳои қиматнок инҳоро дарбар мегирад:
а) коргузорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо ҳангоми гузаронидани муомилот бо ҳисоби шахсии муштарӣ;
б) феҳристи муомилоти басташуда;
в) феҳристи муомилоти анҷомдодашуда;
г) ҳисоби ҳаракати қоғазҳои қиматнок;
д) ҳисоби ҳаракати пул;
е) китоби ҳисоби воридоти даромад оид ба қоғазҳои қиматноки муштарӣ;
ж) китоби сабти шикояти муштариён;
з) китоби пешниҳоди ҳисобот.
41. Муомилот бо суратҳисобҳо чунин маънӣ дорад:
а) кушодани суратҳисоб барои соҳибони нави қоғазҳои қиматнок;
б) бақайдгирии ҳолатҳое, ки ба гузаштани ҳуқуқи моликият ба қоғазҳои қиматнок вобастаанд;
в) муомилоти техникӣ, ки мушахассоти суратҳисобҳоро вобаста ба гузаштани ҳуқуқи моликият ба қоғазҳои қиматнок тағйир медиҳад;
г) муомилоти ахборӣ;
д) дигар муомилот бо қоғазҳои қиматнок.
Чунин амалиёт бо суратҳисобҳо аз қабили бастан ва иҷро кардани муомилот, ҳисоби ҳаракати қоғазҳои қиматнок ва пулҳо аз тарафи брокер-дилер, ки ҳуқуқи пешбурди ҳисобҳои муштариро ба ҳайси дорандаи номиналии қоғазҳои қиматнок дорад, анҷом дода мешавад.
42. Брокер-дилер ба ҳар як муштарӣ суратҳисоб мекушояд, ки вай бояд инро дарбар гирад:
а) номгӯи пурраи муштарӣ;
б) рақами суратҳисоб, ки он барои ҳар як муштарӣ алоҳида аст;
в) барои шахсони ҳуқуқӣ номи пурраи расмӣ, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами мушаххаскунандаи андоз барои шахсони воқеӣ, ному насаб, мушаххасоти ҳуҷҷати собиткунандаи шахсият, суроға барои шахсони ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгӯи маълумот ва санадҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) мушахассоти бонкӣ;
д) ҳангоми мавҷудияти чанд соҳиб ба як қоғази қиматнокмаълумоти дар боло зикршудаи ҳамаи соҳибон ва шахсони ваколатдор, инчунин маълумот оид ба тақсими саҳми моликият ва шартҳои интиқоли ин саҳмҳо ба ашхоси дигар;
е) маълумот оид ба нигоҳдори номиналӣ;
ж) мақсади сармоягузорӣ, ки дараҷаи хавфи муштариро фаро гирифта, маълумоти даромаднокии пешбинишудаи муштарӣ ва меъёрҳои афзоиши сармоягузориро дарбар мегирад;
з) объектҳои сармоягузорӣ;
и) намунаҳои имзои муштарӣ ё шахси ваколатдори ӯ, ки идораи нотариалӣ тасдиқ намудааст - барои шахсони воқеӣ ва намунаи имзои роҳбар, сармуҳосиб, нусхаи мӯҳр - барои шахсони ҳуқуқӣ;
к) маълумот оид ба ҳуқуқҳои шахсони ваколатдор;
л) маълумот дар бораи далелҳои қайду шарт шудани қоғазҳои қиматнок бо ӯҳдадориҳо ва зикр намудани шахсоне, ки бинобар қайду шарт шудани қоғазҳои қиматнок бо ӯҳдадориҳо аз ҳуқуқҳои муайян нисбат ба ин қоғазҳои қиматнок бархӯрдоранд;
м) даромади аз қоғазҳои қиматноки муштарӣ ба дастомада ва ӯҳдадориҳои амалисозии ҳуқуқҳои дигари вобаста ба қоғазҳои қиматнок;
н) ва ғайраҳо.
43. Брокер-дилер сабти ҳамаи муомилот бо суратҳисобҳоро амалӣ намуда, дар китоби махсус дарҷ менамояд, ки мазмуни зайл дорад:
а) таърихи даровардани тағйирот;
б) намуди муомила ва рақами тартибии он;
в) рақами суратҳисоб ва маълумот оид ба қоғазҳои қиматнок.
44. Брокер-дилер ба дорандаи қоғазҳои қиматнок пешниҳод намудани ахборро дар асоси дархост мувофиқи қарордоди хизматрасонии брокерӣ амалӣ менамояд.
Брокер-дилер ба органҳои салоҳиятдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор медиҳад. Пешниҳоди ахбори брокер-дилер ба дорандаи қоғазҳои қиматнок, Депозитарийи марказӣ дар асоси талабномаи ин муассисаҳо бо нишон додани ҳаҷми ахбор, дар мӯҳлати шаш рӯз сурат мегирад.
Омодасозӣ ва додани иттилои лозимӣ барои гузаронидани маҷлиси умумии саҳомон ё пардохти даромад аз қоғазҳои қиматнокро брокер-дилер бояд бемузд иҷро намояд. Дар ҳолатҳои дигар тартиби пардохти хизматрасони оид ба пешниҳоди иттилоъ тавассути қарордоди иловагӣ муқаррар мегардад.
Маълумот дар бораи муштариро брокер-дилер дар ҳисоботи барои Депозитарийи марказӣ, мувофиқи розигии пешакии муштарӣ, дарҷ менамояд.
45. Брокер-дилер ба натиҷаҳои муомилоти глобалӣ дар асоси нусхаи нишондоди нашри қоғазҳои қиматнок оид ба гузаронидани муомилоти глобалӣ ва нишондодҳои лозимии Депозитарийи маркази тағйирот медарорад. Ҳангоми тағйири сохтори нашри қоғазҳои қиматнок муассисоти зикршударо лозим аст, ки ба брокер-дилер нусхаи асноди Вазорати молияро оид ба тасдиқи амалҳои мазкур пешниҳод намояд.
46. Дар асоси супоришнома ва асноди муштарӣ, ки аз трейдер расидааст, брокер-дилер иттилоотро ба феҳристи муомилоти қароршуда ворид менамояд.
Сабт дар феҳрист дар рӯзи муомила ворид карда мешавад ва мазмуни зайл дорад:
а) иттилооти муштарӣ;
б) рақами супоришномаи муштарӣ;
в) таърихи анҷом додани муомилот;
г) маълумот дар хусуси контрагенти муомила;
д) номгӯи ё намуди қоғазҳои қиматнок;
е) миқдор ва нархи қоғазҳои қиматнок;
ж) иттилоъ оид ба навъи муомила - харид ё фурӯш;
з) ҳаққи сабт ва ё маблағи пардохтҳои дигар барои сабти муомила бо қоғазҳои қиматнок, подошҳои комиссионӣ ва пардохтҳои дигар;
и) таърихи иҷрои ӯҳдадорӣ ва баробар намудани ҳисоб дар байни тарафҳо мувофиқи қарордод ва ё қоидаҳои ташкилкунандаи музояда;
и) ва ғайра.
47. Баъди дастрас намудани санадҳои сабткунандаи иҷрои ӯҳдадории муомила, иттилоъ оид ба муомила ба феҳристи муомилоти доиршуда ворид карда мешавад. Тартиби бурдани феҳристи мазкур аз тариқи қоидаҳои худтанзимкунандаи ташкилоти брокер-дилер муқаррар карда мешавад.
48. Брокер-дилер ӯҳдадор аст ба муштарӣ ҳисоботи зайлро пешниҳод намояд:
а) огоҳнома оид ба иҷрои муомила;
б) ҳисоботи супоришҳои иҷро нагардидаи муштарӣ;
в) ҳисоботи даврӣ, ҳармоҳа, семоҳа ва ҳарсола.
Брокер-дилер дар бозорҳои ташкилшуда инчунин вазифадор аст ба муштари шарти муомилаи қароршударо пешниҳод намояд ва тасдиқи розигии ӯро бо ин шартҳо на дертар аз як рӯзи баъди қарори муомила гирад.
49. Брокер-дилер баъди иҷрои ӯҳдадорӣ доир ба муомила бо қоғазҳои қиматнок бо супориши муштарӣ вазифадор аст ба муштарӣ дар бораи иҷрои он дар мӯҳлати як рӯзи бонкии баъди ҳисоби пурра огоҳинома диҳад. Огоҳинома бояд инҳоро дарбар гирад:
а) маълумот оид ба брокер-дилер ва муштарии ӯ;
б) номгӯй ва навъи қоғазҳои қиматнок;
в) таърихи анҷом дода шудани муомилот ва иҷрои ӯҳдадориҳои марбути он;
г) маълумот оид ба қарордоди хизматрасонии брокерӣ ва супориши муштарӣ, ки дар асоси ин муомила анҷом меёбад;
д) намуди муомила - хариду фурӯш;
е) миқдори қоғазҳои қиматноки харидашуда ё ба фурӯш рафта;
ж) нархи як қоғази қиматнок;
з) маблағи пардохт ба муштарӣ ё пардохти муштарӣ тибқи муомила, ҳаҷми ҳаққуламал ё пардохте, ки брокер-дилер барои муомилаи мушаххас мегирад.
Нусхаи ҳар як огоҳинома бояд бо иттилооти марбут ба муштарӣ нигоҳ дошта шавад ё ба бухгалтерияи брокер-дилер интиқол гардад.
Дар бозори номуташаккили қоғазҳои қиматнок огоҳиномаи зикршуда баъди иҷрои ӯҳдадории брокер-дилер дар назди муштарӣ ва тибқи қарордоди хизматрасонии брокерӣ мумкин аст ба муштарӣ дода шавад.
50. Ҳисоботи супоришҳои иҷронашуда дар китоби супоришҳои иҷро нагардида, бо таъкиди сабаби ба иҷро нарасиданаш дарҷ шуда, тибқи тартиботи пешбининамудаи қарордоди хизматрасонии брокер пешниҳод мешавад.
51. Ҳисобот доир ба ҳолати суратҳисоби муштарӣ дар давраи баъди пешниҳоди ҳисоботи охирин иттилои зеринро фаро мегирад:
а) ҳангоми муомилот бо қоғазҳои қиматноки вобаста ба ҳисобномаи муштарӣ;
б) пардохт ва маблағи боқимонда дар суратҳисоб;
в) миқдори қоғазҳои қиматноки ба муштарӣ тааллуқдошта ва нархҳои бозории он дар охири давраи ҳисоботӣ.
52. Ба муштарӣ ҳисоботи даврӣ дар ин сурат пешниҳод мешавад;
а) ҳангоми анҷом додани муомилот бо ҳисобномаи муштарӣ на бештар аз як маротиба дар моҳ;
б) ҳангоми мавҷудияти бақия вобаста ба суратҳисоби доир ба қоғазҳои қиматнок, пул ва муомилаи доирнагашта аз ҳисоби муштарӣ на беш аз як маротиба дар се моҳ.
53. Ҳисоботи молиявии брокер-дилер тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
54. Бақайдгирии муомила бо қоғазҳои қиматнокро, ки боиси, тағйир ёфтани ҳуқуқи соҳибони номиналӣ ба қоғазҳои қиматнок мегардад, брокер-дилер тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои гузаронидани муомилот соҳиби номиналии дахлдор амалӣ месозад.
Агар ошкор гардад, ки маълумоти брокер-дилер ва Депозитарийи марказӣ оид ба қоғазҳои қиматнок мувофиқат намекунанд, брокер-дилер бояд Депозитарийи марказиро огоҳ карда, барои бартараф намудани номувофиқатӣ чораҷӯӣ намояд.
55. Брокер-дилер ҳангоми хизматрасонӣ ба муштарӣ ба ҳайси дорандаи номиналӣ бояд китоби сабти даромад аз қоғазҳои қиматноки мансуби муштариёнро пеш барад, ки он мазмуни зайлро дошта бошад:
а) иттилоъ оид ба муштарӣ;
б) номгӯй ва навъи қоғазҳои қиматнок;
в) таърих ва маблағи умумии даромад аз қоғазҳои қиматноки мутааллиқи муштарӣ.
56. Дар китоби арзу шикоятҳои муштарӣ инҳо дарҷ мешавад:
а) иттилоот оид ба муштарӣ;
б) моҳияти шикоят ва даъво;
в) амали аз ҷониби брокер-дилер анҷом додашуда.
57. Пешбурди ҳисоби ҳаракати пул ва қоғазҳои қиматнок тибқи қонунгузории ҷорӣ амалӣ гашта, вуруду судури пардохтҳои пулӣ ва интиқоли қоғазҳои қиматнокро фаро мегирад.
58. Ҳамаи ҳаракати пул бояд дар феҳристу китобҳои лозимӣ дарҷ гардад.
59. Тағйирот дар феҳристу китобҳои ҳисоби пули қоғазҳои қиматнок, дар асоси асноди танзимкунандаи ҳаракати қоғазҳои қиматнок аз рӯи ҳисоби брокер-дилер ва ё муштариёни вай дар амонатдории марказӣ ва нусхаи ҳисобҳои ӯ дароварда мешавад.
60. Сабтҳо доир ба муомилот бо қоғазҳои қиматнокро брокер-дилер аз дигар навъҳои фаъолияти маъмурию хоҷагӣ алоҳида дарҷ менамояд.
7. Назорати дохилӣ
61. Брокер-дилер бояд аз ҷониби шахсоне, ки мустақиман вазифаҳои баҳисобгириро иҷро наменамоянд, гузаронидани назорати дохилиро барои таъмини пуррагии маълумот ва махфияти иттилоот ки ҳангоми муқарраршавӣ ва риояи қоидаҳои зайл ба миён меоянд, таъмин намояд:
а) сабт, нигаҳдорӣ ва ба бойгонӣ супоридани ҳуҷҷатҳо, дастрас будани бойгонӣ ва аз нав барқароршавандагии рақамҳо аз бойгонӣ;
б) нигаҳдории бахши электронии омор;
в) дастрас будани иттилоот ба кормандон ҳангоми кор бо васоити барномавии омор оид аз қоғазҳои қиматнок ва маблағҳои муштарӣ;
г) аз ҷониби ҳайати корӣ анҷом додани дастури амал;
д) одоби касбии брокер-дилер;
е) чораҳои зидди сӯхтор ва амали мутахассисон ҳангоми ҳолатҳои ғайричашмдошту фавқулодда.
Қоидаҳои зикршуда аз тарафи брокер-дилер ва муассисаи худтанзим мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад.
8. Фаъолияти андеррайтингӣ
62. Брокер-дилер ҳуқуқ дорад фаъолияти андеррайтингиро тибқи қарордод бо эмитент оид ба ҷой додани қоғазҳои қиматноки ӯ анҷом диҳад, ки он тарғиби аз эмитент гирифтани қоғазҳои қиматнок ва фурӯши онро ба сармоягузор фаро мегирад, аз ҷумла:
а) арзиши техникии он ҳангоми ҷой додани қоғазҳои қиматнок;
б) шакли андеррайтинг, бо нишондоди ӯҳдадариҳои брокер-дилер ҳангоми ҷой додани қоғазҳои қиматнок;
в) музди комиссионии брокер-дилер барои бурдани назорат, санадгузории иттиҳодияҳои эмиссионӣ ҳамчунин бо дарназардошти хизмати маслиҳатгари ҳуқуқӣ;
г) ӯҳдадории брокер-дилер дар расонидани хизмат ба эмитент;
д) маблағҳои комиссионие, ки аз рӯи ҳисоб ба як қоғази қиматнок ситонида мешавад ва тақсими қоғазҳои қиматнок бо дарназардошти як андеррайтер;
е) паст кардани нарх ба ҳар брокер-дилери дар ҷойгирнамоии қоғазҳои қиматнок иштироккунанда, ки аз ҳисоби як қоғази қиматнок пардохта мешавад;
ж) шарту тартиби пардохти ҳар муомила бо қоғазҳои қиматнок;
з) таърихи эътибори қонуни пайдо намудани қарордоди андеррайтингӣ ва мӯҳлату шарти қатъи амали он.
63. Ҷойгирнамоии қоғазҳои қиматнок аз тарафи брокер-дилер то сабти барориши онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун наметавонад амалӣ гардад.
64. Қарордоди андеррайтингӣ метавонад тарзи дигари хизматрасониро пешбинӣ намояд, ки онҳо марбут ба андеррайтер ё иттиҳодияи эмиссионӣ дар роҳи ташкили барориш ва хизматрасонии ибтидоии ҷойгирсозии қоғазҳои қиматнок мебошанд.
65. Мудири андеррайтер, ки ҷойгирнамоии қисми начандон зиёди эмиссияи қоғазҳои қиматнокро қабул менамояд, иттиҳодияи эмиссиониро сарварӣ намуда, вазифаҳои зерро ба ӯҳда дорад:
а) идораю ташкили кори иттиҳодияи эмиссионӣ;
б) ҷо ба ҷокунии ҳайат ва танзими кори иттиҳодияи эмиссионӣ;
в) таҳияю бастани қарордоди андеррайтингӣ ва паймони эмиссионӣ;
г) намояндагии иттиҳодияи эмиссионӣ барои алоқа бо ноширони саҳмия ва шахсони сеюм.
66. Андеррайтер ҳуқуқ надорад:
а) ба сармоягузорони потенсиалӣ иттилои нодуруст диҳад;
б) ба эмитент оид ба таҳқиқоти гузаронида ҳисоботи хато диҳад, инчунин лоиҳаи эмиссияро нопурраю нокомил ва ё ба ӯ иттилои нокомил пешниҳод намояд;
в) дар вақти барориши қоғазҳои қиматнок дурнамои эмиссиониро истифодаю паҳн намояд, ки он аз дурнамои тибқи тартиботи муқарраршудаи қонунгузории ҷорӣ сабт шуда фарқ намояд.
67. Агар дар натиҷаи амали ғайриқонунии андеррайтер ва иттиҳодияҳои эмиссионӣ ба эмитент зарари назаррас расида бошад, онҳо дар назди эмитент масъулияти амволи доранд.
9. Назорати фаъолияти брокерию дилерӣ
68. Назорати фаъолияти брокерӣ-дилерӣ аз инҳо иборат аст:
а) тафтиши шуғли брокер-дилер ба намуди фаъолияте, ки дар литсензия дарҷ шудааст;
б) тафтиши фаъолият ва мутобиқати қоидаҳои дохилии фаъолияти брокерӣ-дилерӣ бо талаботи пешгузоштаи қонунгузории амалкунанда ба ин намуди фаъолият;
в) тафтиши ҳолати ҳисобдорӣ, ҳисоботдиҳӣ ва назорати талаботи пешниҳодшаванда.
69. Назорат бо ташаббуси Вазорати молия тибқи барномаи кории тасдиқнамудаи онҳо, ки тафтиши даврии фаъолияти брокеру дилерҳоро фаро мегирад, гузаронида мешавад.
70. Дар ҳолати расидани иттилоъ оид ба қонуншиканӣ мумкин аст тафтиши ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.
71. Натиҷаи тафтиш бо санад ба расмият дароварда мешавад.
72. Брокер-дилер бояд ба Вазорати молия мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
73. Брокер-дилерҳо бо талаботи Вазорати молия вазифадоранд ҳамаи ахбори лозимиро оид ба фаъолияти касбии худ дар мӯҳлати даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи расидани дархост пешниҳод намоянд. Дар ҳолатҳои зарурӣ Вазорати молия ҳуқуқ дорад мӯҳлати пешниҳоди иттилоъро барои брокер-дилер дароз намояд.
Агар барои брокер-дилер дастури Вазорати молия оид ба пешниҳоди иттилои зикршуда аз нигоҳи мӯҳлату хароҷоти ҷамъоварии ин гуна иттилоъ иҷронашаванда бошад, ва ё он ғайриқонунӣ бошад, брокер-дилер ҳуқуқ дорад доир ба ин дархост ба суд шикоят намояд.