Низомномаи Депозитарийи марказӣ аз 29 декабри соли 2000, № 501

Санаи амалкуни: 01.09.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 372 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2000 № 501

тасдиқ шудааст

Низомномаи Депозитарийи марказӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337)

Депозитарийи маркази барои мусоидат ба рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва таъсиси низоми ҳифзи ҳуқуқҳои иштирокчиёни он, манфиатҳои амволии моликони қоғазҳои қиматнок дар ҳамкорӣ бо дигар иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок таъин шудааст.

I. Фаъолияти депозитарӣ

1. Депозитарийи марказӣ (минбаъд - Депозитарий) аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ҳамчун ташкилоти махсусгардонидашудае, ки вазифаҳои он аз маҳфуз нигоҳ доштани қоғазҳои қиматнок ва хизматрасонии техникӣ, муомилот ва аҳдҳо бо ин қоғазҳои қиматнок дар шакли баҳисобгирӣ ва қайди ҳаракати онҳо иборат аст, таъсис дода мешавад. Дорандаҳои қоғазҳои қиматнок, ки моликон ва дорандаҳои номиналии қоғазҳои қиматнок мебошанд, ба ҳайси иштирокчиёни муомилот амал мекунанд.

2. Дорандаи номиналӣ, ҳамчун иҷрокунандаи амалиёт бо қоғазҳои қиматнок қайди ҳуқуқи моликиятро ба қоғазҳои қиматнок, қайди тағйироти ин ҳуқуқҳо, инчунин дигар амалиёти ҳуқуқи нисбат ба қоғазҳои қиматнок бо шартҳое, ки моликони қоғазҳои қиматноки мазкур муайян мекунанд, анҷом медиҳад.

Иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ба ҳайси дорандагони номиналии қоғазҳои қиматнок амал мекунанд. Дорандаи номиналӣ мавҷуд будани қоғазҳои қиматнок ва имконияти бо онҳо анҷом додани муомилотро, ки молики онҳо муқаррар намудааст, кафолат дода, танҳо ба манфиати моликоне, ки қоғазҳои қиматноки онҳо ба дорандагии номиналӣ супорида шудаанд, амал мекунад.

Супоридани қоғазҳои қиматнок ба дорандагии номиналӣ супоридани ҳуқуқи моликият ба ин қоғазҳои қиматнок намебошад.

3. Фаъолияти депозитарӣ - фаъолияти махсусгардонидашудаи иштирокчии касбии бозори қоғазҳои қиматнок оид ба маҳфуз нигоҳ доштани қоғазҳои қиматнок ва хизматрасонии техникии муомилот бо ин қоғазҳо, инчунин дар сурати мавҷуд будани литсензияи дахлдор фаъолияти клирингӣ мебошад.

Қоғазҳои қиматноке, ки барои гардиш дар бозори қоғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудаанд, объектҳои фаъолияти депозитарӣ мебошанд.

Депозитарийҳо ва депонентҳо субъектҳои фаъолияти депозитарӣ мебошанд.

Депонентҳо муштариёни Депозитарий мебошанд ва ҳамчун иштирокиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок аз хизматрасонии он мутобиқи қоидаҳои Депозитарий истифода мебаранд.

4. Вазифаҳои Депозитарий:

а) вазифаҳои дорандагони номиналии қоғазҳои қиматноки депонентҳо;

б) иҷрои аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок;

в) ҳуқуқ ба қоғазҳои қиматноки депонентҳо ва муштариёни онҳо, инчунин додани тасдиқи ин ҳуқуқҳо;

г) ҳамкорӣ бо иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок;

д) таҳвили қоғазҳои қиматнок;

е) таъсиси трансферагентҳо - бахшҳои Депозитарий, ки вазифаҳои қабул ва таҳвили фармони депонентҳо ба Депозитарийро барои анҷом додани амалиёт бо қоғазҳои қиматнок ва тасдиқи расмиёт ва қоидаҳои фаъолияти онҳо анҷом медиҳанд;

ж) фаъолияти ҳисобию клирингӣ;

з) хизматрасониҳои маслиҳатӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳое, ки қоидаҳои Депозитарий пешбинӣ кардаанд.

5. Трансфер-агентҳо вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:

а) қабул, бақайдгирӣ ва таҳвили фармонҳо ба Депозитарий, ҳамчун ҳуҷҷати изҳоркунандаи иродаи депонентҳо ба Депозитарий;

б) аз ҷониби Депозитарий ба депонент додани тасдиқи иҷрои мумилот;

в) таҳвили маълумот аз эмитент ба депонент.

II. Тартиби таъсиси Депозитарий

6. Депозитарийро иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок дар шакли ҷамъияти саҳомии шакли пӯшида ташкил медиҳад ва он шахси ҳуқуқӣ мебошад.

Депозитарий фаъолияти худро мустақилона бо тартибе, ки ҳамин Низомнома пешбинӣ кардааст, анҷом медиҳад. Тартиби ташкил ва бақайдгирии Депозитарий, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.05с. № 337).

7. Иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок, ки талаботи Оиннома ва Қоидаҳои Депозитарийро иҷро менамоянд, аъзоёни Депозитарий мебошанд.

Аъзогӣ дар Депозитарий ихтиёрӣ мебошад. Аъзои Депозитарий мустақилияти ҳуқуқӣ ва хоҷагидории худро нигоҳ медоранд.

Депозитарий оид ба ӯҳдадориҳои аъзои худ ҷавобгар намебошад, ҳамчунин аъзои Депозитарий оид ба ӯҳдадориҳои Депозитарий ҷавобгар нестанд.

Тартиби қабул ба аъзогии Депозитарий шумораи он ва тартиби қатъи аъзогиро Оинномаи Депозитарий муқаррар менамояд.

8. Даромади Депозитарий барои ҷуброни хароҷоти он, ки ба иҷрои вазифаҳои он вобастаанд, инчунин барои рушди техникӣ ва иҷтимоии Депозитарий истифода карда мешавад.

Маблағҳои Депозитарий аз ин ҳисоб ташкил мегарданд:

- фурӯши саҳмияҳои Депозитарий, ки барои дохилшавӣ ба аъзогии он ҳуқуқ медиҳад;

- пардохтҳои комиссионӣ барои хизматрасонӣ аз ҷониби Депозитарий;

- маблағҳое, ки барои хизматрасонии иттилоотӣ ва ғайраи тибқи қоидаҳои Депозитарий ва Низомномаи мазкур пешбинишуда ба даст омаданд.

9. Мақомоти идораи Депозитарий, вазифаҳо ва салоҳияти ҳуқуқии онҳо тартиби таҳия ва қабули қарор аз ҷониби онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Депозитарий муайян карда мешаванд.

Трансфер-агентҳо, ҳамчун бахшҳои Депозитарий бо мақсади иҷрои вазифаҳо оид ба қабул, бақайдгирӣ ва додани фармони депонентҳо барои амалӣ кардани амалиёт бо қоғазҳои қиматноки Депозитарий ва додани дигар маълумот таъсис меёбанд.

Ташкил ва бақайдгирии трансфер-агентҳо, муносибати байниҳамдигарии онҳо бо Депозитарий бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Депозитарий анҷом дода мешаванд.

III. Қоидаи Депозитарий

10. Қоидаҳои Депозитарий (минбаъд Қоидаҳо) - ҳуҷҷате мебошад, ки муқаррар намудани муносибатҳои байниҳамдигарии Депозитарийро бо иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок муайян намуда, принсипҳо ва тартиби иҷрои аҳдҳоро бо қоғазҳои қиматнок муқаррар мекунад.

Риоя намудани Қоидаҳои зикршуда барои субъектҳое, ки бо маблағҳои Депозитарий аҳдҳоро анҷом медиҳанд ҳатмӣ мебошад.

Қоидаҳои Депозитарий дар маҷлиси умумии аъзои Депозитарий қабул карда шуда, аз ҷониби Вазорати молия тасдиқ карда мешавад.

11. Қоида чунин муқарраротро дар бар мегирад:

а) вазифаи Депозитарий, аъзогӣ дар Депозитарий, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Депозитарий ва аъзои он;

б) қоидаҳои анҷом додан ва иҷрои аҳдҳо;

в) ҷавобгарии Депозитарий ва аъзои он барои риоя накардани талаботи Қоидаҳо;

г) андоза ва тартиби пардохти хизматрасонии Депозитарий;

д) шаклҳои давра ба давра будани ҳисоботи Депозитарий дар назди депонент;

е) низомнома доир ба тартиби ҳалли баҳсҳои байни Депозитарий ва депонентҳо;

ж) тартиби таъсис ва барҳам додани трансфер-агентҳо, фаъолият ва ҳамкории онҳо бо Депозитарий;

з) низомномаи мақомоти идораи Депозитарий;

л) қоидаҳои этикӣ ва дигар муқаррарот.

12. Депонентҳо иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок мебошанд, ки фаъолияти брокерӣ-дилерӣ ва кастодиалиро анҷом медиҳанд.

Иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок, ки ба аъзогии Депозитарий дохил мешаванд, вазифадоранд ба Депозитарий инҳоро пешниҳод намоянд:

а) ариза;

б) нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидор;

в) нусхаи ҳуҷҷатҳои муассисӣ;

г) литсензия барои амалӣ кардани фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок;

д) нусхаи супоришномаи пардохтӣ дар бораи супоридани ҳаққи аъзогӣ;

е) дигар ҳуҷҷатҳо мутобиқи қоидаҳо.

Ариза бояд розигии депонентро ҷиҳати риояи шартҳо ва стандартҳои муқаррар намудаи Қоидаҳо дар бар гирад.

Ҳангоми кушодани ҳисоби депо - сабти қайд кардани ҳуқуқ аз депонент ба суратҳисоб ворид намудани қоғазҳои қиматнок талаб карда намешавад.

13. Вазифаҳои Депозитарий:

а) анҷом додани аҳдҳо бо қоғазҳои қиматноки депонентҳо дар асоси фармони онҳо;

б) бақайдгирии ҳуқуқ ба қоғазҳои қиматнок ва додани тасдиқномаи ин ҳуқуқҳо;

в) ба муассисаи ҳисоббаробаркунӣ гузаронидани супоришнома оид ба таҳвили маблағҳои пулӣ вобаста ба ҳисобҳои депонентҳо;

г) масъулият - иҷро накардани дигар амалҳо нисбат ба қоғазҳои қиматноки депонент, ғайр аз амалҳое, ки вобаста ба фармони депонент иҷро мешаванд;

д) махфият - фош накардани маълумот оид ба ҳисобномаи депои муштарӣ бидуни супориши мустақими худи муштарӣ ба шахсони сеюм, ба истиснои Вазорати молия ва мақомоти ваколатдор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

е) пешбурди ҳисобномаҳои депои депонентҳо бо нишон додани таърих ва асоснокӣ ҷиҳати гузаронидани ҳамаи амалиёт;

ж) риоя намудани технологияи пешбурди ҳисобномаҳои депо ва ҳисобгирии қоғазҳои қиматнок, ки тибқи Қоидаҳои Депозитарий муқаррар карда шудаанд;

з) ба депонент додани маълумоте, ки ба ҳисобномаи депои ӯ дахл дорад;

и) мунтазам ва бо талаби депонентҳо додани маълумот оид ба ҳолати баланси ҳисобномаҳои депонент;

к) пешбурди ҳисоботи хаттии Депозитарий дар бораи иҷрои фармони депонент;

л) бақайдгирии далелҳои бо ӯҳдадориҳо қайду шарт шудани қоғазҳои қиматноки депонент;

м) бо супориши депонент ба қайдгиранда додани маълумот дар бораи соҳибони қоғазҳои қиматнок;

н) кушодани суратҳисоби Депозитарий дар назди бақайдгиранда;

о) дигар ӯҳдадориҳо, ки дар қоидаҳои Депозитарий пешбинӣ шудаанд.

14. Қоидаҳои Депозитарий:

а) боздоштани корҳо бо ҳисобномаи депо дар сурати вайрон карда шудани Қоидаҳои Депозитарий аз тарафи депонентҳо;

б) боздоштани иҷрои фармонҳои депонент ҳангоми гирифтани огоҳиномаи дахлдор аз тарафи Вазорати молия ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

Якҷоя кардани фаъолияти депозитарий бо дигар намудҳои фаълияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок мумкин нест.

15. Депозитарий ҳуқуқҳои зайл надорад:

а) ваколати иҷрои вазифаҳое, ки мувофиқи ҳамин Низомнома ва Қоидаҳо ба ӯҳдаи ӯ вогузор шудаанд, ба зиммаи дигар шахсон вогузор намояд;

б) бидуни фармони депонент қоғазҳои қиматнокеро, ки барои хизматрасонӣ қабул карда шудаанд ба гарав ё ба идораи шахсони сеюм супорад;

в) бе амри хаттии депонент ҳуқуқҳоеро, ки ба қоғазҳои қиматноки депонент вобаста мебошанд ба худ қабул намояд;

г) таъмин кардани ӯҳдадориҳои худ ё ӯҳдадориҳои шахсони сеюм бо қоғазҳои қиматноки барои хизматрасони қабул кардашудаи депонентҳо;

е) анҷом додани фаъолияти муштарак бо депонентҳо, ки дар натиҷа ба дигар депонентҳои Депозитарий метавонад зарар расад;

ж) истифода бурдани қоғазҳои қиматноки депонентҳо ба манфиатҳои шахсии худ;

з) истифода бурдани маълумот дар бораи депонент ва ҳисобномаи депои ӯ барои иҷрои амалиёте, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуни депонент зарар мерасонад, ё ин ки метавонад зарар расонад.

16. Депонент вазифадор аст, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои Депозитарийро қатъиян риоя намояд. Депонент ҳуқуқ надорад ба Депозитарий амр диҳад ва иҷрои амалиётеро талаб кунад, ки ҳангоми иҷрои он Депозитарий метавонад қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи ҳамин Низомномаро вайрон кунад.

17. Дар сурати ба таври дахлдор иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо аз ҷониби Депозитарий, Депонент ҳуқуқ дорад ба Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати молия), ё ин ки ба мақомоти судӣ барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ муроҷиат намояд ва оид ба қарорҳои Депозитарий шикоят намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.05с. № 337).

IV. Ҳисобномаи депо

18. Ҳисобномаи депо ин маҷмӯи сабтҳо дар Депозитарий мебошад, ки тавассути он қайд кардани ҳуқуқҳо ба қоғазҳои қиматноки депонент сурат мегирад.

Ба ҳисоби депо инҳо дохил мешаванд:

- анкетаи депонент;

- маълумот дар бораи ба ҳисобгирии ҳаракати ҳуқуқҳо ба қоғазҳои қиматнок, ки ба депонентҳо ва муштариёни онҳо тааллуқ доранд, ба ӯҳдадориҳо қайду шарт шудани қоғазҳои қиматноки депонент;

- бойгонии ҳисобномаи депо;

- маълумоти хизматӣ.

19. Анкетаи депонент бояд маълумоти соҳиби ҳисобномаи депо, ҷои истиқомати вай, рақами телефонҳо ва дигар воситаҳои алоқа, реквизитҳои бонкӣ, инчунин маълумот дар бораи шахси боваринок ва ваколатҳои онҳоро дар бар гирад.

Анкетаи депонентҳо ҳангоми дар Депозитарий кушодани ҳисобномаи депо пур карда мешавад ва ба он дар асоси фармони хаттии депонент тасҳеҳот даровардан мумкин аст. Ҷавобгарӣ барои дурустии маълумоти дар анкета навишташуда ба ӯҳдаи депонент вогузор мегардад.

Шаклҳои намунавии анкетаи депонент ва номгӯи муфассали маълумотеро, ки бояд дар анкета нишон дод, Қоидаҳо муқаррар менамоянд.

20. Қайд кардани ҳуқуқ ба қоғазҳои қиматнок дар Депозитарий бе роҳи кушодан ва пешбурди ҳисобномаи депо барои ҳар як депонент анҷом дода мешавад. Ҳисобномаи депо ҳисоби ғайрибалансӣ мебошад. Қоғазҳои қиматноки депонентҳо, ки дар хизматрасонӣ дар Депозитарий мавҷуд мебошанд дар баланси асосии бухгалтерии Депозитарий инъикос намешаванд.

Баҳисобгирии қоғазҳои қиматнок дар ҳисобномаи депо алоҳида алоҳида бо тақсими онҳо вобаста ба намуд ва рақамҳои идентификатсионии қоғазҳои қиматнок сурат мегирад.

Қайд кардани ҳуқуқ ба қоғазҳои қиматноки депонентҳо ва муштариёни онҳо ҷудо ҷудо дар зерҳисобномаҳои алоҳида анҷом дода мешавад.

21. Баҳисобгирии қоғазҳои қиматнок бо ӯҳдадориҳо қайду шартшудаи депонентҳоро Депозитарий мутобиқи Қоидаҳо ё фармони депонент анҷом медиҳад. Шарт ва тартиби бо қоғазҳои қиматноки бо ягон ӯҳдадорӣ қайду шартшуда анҷом додани аҳдҳоро Вазорати молия муайян мекунад.

Ҳуҷҷатҳое, ки дар он маълумоти марбут ба тамоми амалиёти анҷомдодаи Депозитарий, инчунин фармонҳои депонентҳо ва ҳисоботи Депозитарий бо тартиби солнома инъикос шудаанд, бойгонии ҳисобномаҳои депо мебошанд.

Тартиби ташкил ва пешбурди бойгонии ҳисобномаи депоро Вазорати молия муқаррар менамояд.

V. Амалиётҳои Депозитарий

22. Ҳангоми гузаронидани амалиёти Депозитарӣ фармони депонентҳо, ки мутобиқи Қоидаҳо таҳия шудаанд, асос мебошад. Ҳангоми гирифтани фармон чунин амалҳо иҷро карда мешаванд:

а) қабули фармонҳо аз депонент;

б) тафтиши дуруст ба расмият даровардан;

в) муқаррар намудани рақами бақайдгирии фармонҳо;

г) муқоисаи фармонҳои мутақобилаи депонентҳо;

д) тафтиши мавҷудият ва бастани қоғазҳои қиматнок дар ҳисобномаи депо, ки барои гузаронидани амалиёт заруранд;

е) додани огоҳинома оид ба қабули фармон ё дар бораи қабул накардани фармон аз тарафи депонент;

ж) додани фармон оид ба ҳисобҳои пулӣ вобаста ба ҳисобномаҳои депонентҳо ба муассисаи ҳисоббаробаркунӣ;

з) ба даст овардани тасдиқномаи муассисаи ҳисоббаробаркунӣ оид ба иҷрои ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ;

и) гузаронидани қоғазҳои қиматнок;

к) хабардор кардани депонентҳо оид ба иҷрои фармонҳо.

Фармон дар шакли хаттӣ дар ду нусха таҳия шуда, аз ҷониби шахси ваколатдоркардашудаи депонент имзо мегардад.

Шакл ва тартиби пешбурди ҳуҷҷатҳо оид ба иҷрои амалиёт бо ҳисобномаҳои депоро Қоидаҳо муайян мекунанд.

23. Барои зудтар гузаронидани амалиёт бо қоғазҳои қиматнок ва содда кардани механизми ҳисоббаробаркуниҳо дар сурати бисёр будани шумораи амалиёт дар муддати кӯтоҳ истифодаи клиринг вобаста ба муомилот, ки бояд иҷро шаванд, мумкин аст.

24. Ҳисобу китоби пулӣ дар асоси супориши Депозитарий ба муассисаи ҳисоббаробаркунӣ - бонк ё муассисаи ғайрибонкии молиявӣ, ки гузаронидани маблағҳои пуллии депонентҳои Депозитарийро амалӣ мекунанд, ҷиҳати аз қайд баровардан ё ба ҳисоб гирифтани маблағҳои пулӣ аз ҳисобномаҳои депонентҳо иҷро мегардад.

25. Тартиби пешбурди фаъолияти ҳисоботию клирингии Депозитарийро Вазорати молия дар асоси санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад.

26. Муассисаи ҳисоббаробаркунии Депозитарий Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Тартиби кушодани ҳисобномаи депонентҳои Депозитарий дар ташкилотҳои ҳисоббаробаркунӣ ва иҷро кардани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ байни депонентҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

27. Боздоштани фаъолияти Депозитарий, Вазорати молия иҷро мекунад. Барҳамдиҳӣ ва таҷдиди ташкили Депозитарийро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.05с. № 337).

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 23.08.2016 г. № 372

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2000г. №501

ПОЛОЖЕНИЕ О ЦЕНТРАЛЬНОМ ДЕПОЗИТАРИИ

(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337)

Центральный Депозитарий призван содействовать развитию рынка ценных бумаг и созданию системы защиты прав его участников, имущественных интересов собственников ценных бумаг во взаимодействии с другими профессиональными участниками рынка ценных бумаг.

I. Депозитарная деятельность

1. Центральный Депозитарий (далее - Депозитарий), создается профессиональными участниками рынка ценных бумаг как специализированная организация, функции которой заключаются в хранении ценных бумаг и техническом обслуживании операций и сделок с этими ценными бумагами в форме учета и регистрации движения. Участниками сделок выступают держатели ценных бумаг, являющиеся собственниками и номинальными держателями ценных бумаг.

2. Номинальный держатель, как исполнитель операций с ценными бумагами, осуществляет фиксацию права собственности на ценные бумаги, фиксацию изменений этих прав, а также другие юридические действия в отношении ценных бумаг на условиях, определяемых собственником данных ценных бумаг.

Номинальными держателями ценных бумаг выступают профессиональные участники рынка ценных бумаг. Номинальный держатель гарантирует наличие ценных бумаг и возможность совершения с ними сделок, которые установлены их собственником и действует только в интересах собственников, чьи ценные бумаги переданы в номинальное держание.

Передача ценных бумаг в номинальное держание не является передачей права собственности на эти ценные бумаги номинальному держателю.

3. Депозитарная деятельность - специализированная деятельность профессионального участника рынка ценных бумаг по хранению ценных бумаг и техническому обслуживанию сделок с этими бумагами, а также, при наличии соответствующей лицензии, клиринговой деятельности.

Ценные бумаги, допущенные к обращению на рынке ценных бумаг Республики Таджикистан, являются объектами депозитарной деятельности.

Депозитарий и депоненты являются субъектами депозитарной деятельности.

Депоненты являются клиентами Депозитария и, как профессиональные участники рынка ценных бумаг, пользуются его услугами в соответствии с Правилами Депозитария.

4. Функции Депозитария:

а) функции номинального держателя ценных бумаг депонентов;

б) исполнение сделок с ценными бумагами;

в) прав на ценные бумаги депонентов и их клиентов, а также выдача подтверждений этих прав;

г) взаимодействие с профессиональными участниками рынка ценных бумаг;

д) перевод ценных бумаг;

е) создание трансфер-агентов - филиалов Депозитария, выполняющие функции по приему и передаче приказов депонентов Депозитарию на осуществление операций с ценными бумагами и утверждение процедур и правил их деятельности;

ж) расчетно-клиринговая деятельность;

з) консультационные, информационные и иные виды услуг, предусмотренные Правилами Депозитария.

5. Трансфер-агенты выполняют следующие функции:

а) прием, регистрация и передача приказов, как волеизъявляющий документ депонентов Депозитарию;

б) передача подтверждения исполнения сделок Депозитарием депоненту;

в) передача информации от эмитента депоненту.

II. Порядок образования Депозитария

6. Депозитарий создается профессиональными участниками рынка ценных бумаг в форме акционерного общества закрытого типа и является юридическим лицом.

Свою деятельность Депозитарий осуществляет самостоятельно в порядке, предусмотренным настоящим Положением. Порядок образования и регистрации Депозитария производится в порядке, установленном действующим законодательством Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337).

7. Членами Депозитария являются профессиональные участники рынка ценных бумаг, выполняющие требования Устава и Правил Депозитария.

Членство в Депозитарии является добровольным. Члены депозитария сохраняют свою юридическую и хозяйственную самостоятельность.

Депозитарий не отвечает по обязательствам своих членов, равно как и члены не отвечают по обязательствам Депозитария.

Порядок приема в члены Депозитария их количество и порядок прекращения членства устанавливаются уставом Депозитария.

8. Доходы Депозитария используются для компенсации затрат, связанных с осуществлением им своих функций, а также на техническое и социальное развитие Депозитария.

Средства Депозитария формируются за счет:

- продажи акций Депозитария, дающих право вступить в ее члены;

- комиссионных сборов за представляемые Депозитарием услуги;

- средств, полученных за оказание информационных, консультационных и иных услуг, предусмотренных Правилами Депозитария и настоящим Положением.

9. Органы управления Депозитария, их функции и правомочия, порядок формирования и принятия ими решений, определяются в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и уставом Депозитария. Трансфер-агенты, как филиалы Депозитария, создаются с целью осуществления функции по приему, регистрации и передаче приказов депонентов на осуществление операций с ценными бумагами Депозитарию и передаче иной информации. Образование и регистрация трансфер-агентов, их взаимоотношений с Депозитарием производится в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан и уставом Депозитария.

III. Правила Депозитария

10. Правила Депозитария (далее - Правила) - документ, определяющий взаимоотношения Депозитария с профессиональными участниками рынка ценных бумаг и устанавливающий принципы и порядок исполнения сделок с ценными бумагами.

Соблюдение указанных Правил является обязательным для всех субъектов, осуществляющих сделки по средствам Депозитария.

Правила Депозитария принимаются на общем собрании членов Депозитария и утверждаются Минфином.

11. Правила содержит следующие положения:

а) функции Депозитария, членство в Депозитарии, права и обязанности Депозитария и его членов;

б) правила осуществления и исполнения сделок;

в) ответственность Депозитария и его членов за несоблюдение требований Правил;

г) размер и порядок оплаты услуг Депозитария;

д) форма периодичности отчетности Депозитария перед депонентом;

е) положения о порядке разрешения споров между Депозитарием и депонентом;

ж) порядок создания и ликвидации трансфер-агентов, их деятельности и взаимодействия с Депозитарием;

з) положение об органах управления Депозитария;

л) этические правила и иные положения.

12. Депонентами являются профессиональные участники рынка ценных бумаг, осуществляющие брокерско-дилерскую и кастодиальную деятельности.

Профессиональные участники рынка ценных бумаг, вступающие в члены Депозитария обязаны предоставить в Депозитарий:

а) заявление;

б) копию свидетельства о государственной регистрации хозяйствующего субъекта;

в) копии учредительных документов;

г) лицензии на осуществление профессиональной деятельности на рынке ценных бумаг;

д) копию платежного поручения о внесении членского взноса;

е) другие документы в соответствии с правилами.

Заявление должно содержать согласие депонента соблюдать условия и стандарты, установленные Правилами.

При открытии счета депо-записи фиксации прав, от депонента не требуется зачисления ценных бумаг на счет.

13. Обязанности депозитария:

а) исполнение сделок с ценными бумагами депонентов на основании их приказов;

б) фиксация прав на ценные бумаги депонентов и выдача подтверждений этих прав;

в) передача поручений расчетному учреждению о переводе денежных средств по счетам депонентов;

г) ответственность - непредпринятие иных действий в отношении ценных бумаг депонента, кроме действий, предпринимаемых по приказам депонента;

д) конфиденциальность - неразглашение информации о счете депо-клиента без прямого указания самого клиента третьим лицам за исключением Минфина и уполномоченных на это законодательством Республики Таджикистан органов;

е) ведение счетов депо-депонентов с указанием дат и оснований для проведения всех операций;

ж) соблюдение установленной Правилами Депозитария технологии ведения счетов депо и учета ценных бумаг;

з) передача информации депоненту, касающейся его счета депо;

и) предоставление информации о состоянии баланса счетов депонента на регулярной основе и по требованию депонента;

к) ведение письменной отчетности Депозитария о выполнении приказов депонента;

л) регистрация фактов обременения ценных бумаг депонента обязательствами;

м) предоставление регистратору по поручению депонента информации о владельцах ценных бумаг;

н) открытие лицевого счета Депозитария у регистраторов,

о) иные обязанности, оговоренные правилами Депозитария.

14. Права Депозитария:

а) приостановление работы со счетом депо при нарушении депонентов Правил Депозитария;

б) приостановление выполнения приказов депонента в случае получения соответствующего уведомления со стороны Минфина и в других случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

Недопустимо совмещение депозитарной деятельности с другими видами профессиональной деятельности на рынке ценных бумаг.

15. Депозитарий не вправе:

а) делегировать другим лицам выполнение функций, возложенных на него настоящим Положением и Правилами;

б) передавать без приказа депонента принятые на обслуживание ценные бумаги в залог или управление третьим лицам;

в) принимать на себя права, связанные с ценными бумагами депонента, без его письменного распоряжения;

г) обеспечивать принятыми на обслуживание ценными бумагами депонентов собственные обязательства или обязательства третьих лиц;

е) осуществлять совместную деятельность с депонентами, в результате которой может быть нанесен ущерб другим депонентам Депозитария;

ж) использовать ценные бумаги депонентов в своих собственных интересах;

з) использовать информацию о депоненте и его счете депо для совершения действий, наносящих или могущих нанести ущерб законным правам и интересам депонента.

16. Депонент обязан строго соблюдать положения законодательства Республики Таджикистан и Правила Депозитария. Депонент не вправе отдавать распоряжения и требовать от Депозитария выполнение операций, при осуществлении которых Депозитарий может нарушить законодательство Республики Таджикистан и требования настоящего Положения.

17. Депонент  имеет право в случае ненадлежащего выполнения своих обязанностей Депозитарием,  обращаться в Министерство финансов Республики Таджикистан (далее-Минфин) или судебные органы для защиты своих прав, интересов и обжаловать решения Депозитария(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337).
     

IV. Счета депо

18. Счет депо - это совокупность записей в Депозитарии, посредством которых осуществляется фиксация прав на ценные бумаги депонента.

Счет депо включает следующее:

- анкета депонента;

- данные по учету движения прав на ценные бумаги, принадлежащих депонентам и их клиентам, обременение ценных бумаг депонента обязательствами;

- архив счета депо;

- служебная информация.

19. Анкета депонента должна содержать данные владельца счета депо, его адрес, номера телефонов и других средств связи, банковские реквизиты, а также данные о доверенных лицах и их полномочиях.

Анкета депонента заполняется депонентом при открытии счета депо в Депозитарии и может корректироваться на основании письменных приказов депонента. Ответственность за правильность сведений в анкете возлагается на депонента.

Типовая форма анкеты депонента и подробный перечень данных, подлежащих указанию в анкете, устанавливаются Правилами.

20. Фиксация прав на ценные бумаги в Депозитарии осуществляется путем открытия и ведения счета депо на каждого депонента. Счет депо является внебалансовым счетом. Ценные бумаги депонентов, находящиеся на обслуживании в Депозитарии, не отражаются в основном бухгалтерском балансе Депозитария.

Учет ценных бумаг на счетах депо осуществляется поштучно с разбивкой по видам и идентификационным номерам ценных бумаг.

Фиксация прав на ценные бумаги депонентов и их клиентов ведется обособленно на раздельных субсчетах.

21. Учет обременения ценных бумаг депонента обязательствами осуществляется Депозитарием в соответствии с Правилами или приказом депонента. Условия и порядок совершения сделок с ценными бумагами, обремененными какими-либо обязательствами, определяются Минфином.

Архивом счета депо являются документы, в котором в хронологическом порядке отражены сведения о всех операциях, проведенных Депозитарием, а также все приказы депонентов и отчеты Депозитария.

Порядок формирования и ведения архива счета депо устанавливаются Минфином.

V. Депозитарные операции

22. При проведении операций Депозитарием основанием являются приказы депонентов, составленные в соответствии с Правилами. При получении приказа производятся следующие действия:

а) прием приказов от депонентов;

б) проверка правильности их оформления;

в) установление регистрационных номеров приказов;

г) сверка встречных приказов депонентов;

д) проверка наличия и блокировка необходимых для проведения операции ценных бумаг на счету депо;

е) передача уведомления о приеме приказа или об отклонении приказа депонентом;

ж) передача приказа о денежных расчетах по счетам депонентов расчетному учреждению;

з) получения подтверждения расчетного учреждения о совершении денежных расчетов;

и) перевод ценных бумаг;

к) извещение депонентов о выполнении приказов.

Приказ составляется в письменной форме в двух экземплярах и подписывается уполномоченным лицом депонента.

Форма и порядок ведения документации по осуществлению операций со счетами депо определяется Правилами.

23. Для ускорения проведения операций с ценными бумагами и упрощения механизма расчетов, при большом количестве операций в течение короткого промежутка времени допускается использование клиринга по сделкам, подлежащим исполнению.

24. Денежные расчеты осуществляются на основании поручений Депозитария расчетному учреждению - банку или небанковскому финансовому учреждению, осуществляющему перевод денежных средств депонентов Депозитария, о списании и зачислении денежных средств со счетов депонентов.

25. Порядок ведения расчетно-клиринговой деятельности Депозитарием определяется Минфином в соответствии с нормативными актами Национального Банка Таджикистана.

26. Расчетным учреждением Депозитария является Национальный банк Таджикистана.

Порядок открытия счетов депонентов Депозитария в расчетном учреждении и осуществления денежных расчетов между депонентами определяется Национальным Банком Таджикистана.

27. Приостановление деятельности Депозитария, осуществляется решением Минфина. Ликвидация и реорганизация Депозитария устанавливаются законодательством Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337).