Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002, № 745 "Дар бораи таъсиси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи таъсиси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили низоми идораи давлати, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҷамъоварии даромадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини воридоти устувори даромадҳо ва пардохтҳои давлати ба буҷети мамлакат фармон медиҳам:

1. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти на камтар аз 20 фоиз ихтисори теъдоди штатии онҳо, бо тартиби муқарраргардида барҳам дода шуда, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Таҳия ва татбиқи сиёсати андоз ва гумрук бо мақсади таъмини саривақтии воридоти пурраи даромадҳо ва пардохтҳои давлати ба буҷетҳои ҳаман сатҳҳо ба зиммаи Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

2. Ба сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 7 тасдиқ гардидааст, баъди сархати "Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад: "Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон".

3. Ба зиммаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад:

масъулият барои татбиқи сиёсати давлатии андоз ва гумрук, ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлати;

масъулият барои иҷрои қисми даромади буҷети давлати, таъмини воридоти устувор ва пурраи андоз ва пардохтҳои гумруки ба буҷети давлати мутобиқи қонунгузории амалкунандаи андоз ва гумрук, инчунин нишондиҳандаҳое, ки тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дахлдор тасдиқ мешаванд;

роҳбарии умуми, ҳамоҳангсози ва назорати фаъолият доир ба воридоти даромадҳо ва пардохтҳои давлати ба буҷети давлати аз тарафи ҳамаи мақомоти ваколатдор.

4. Муқаррар карда шавад, ки дар сохтори Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди ҳифзи ҳуқуқи амал мекунад, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Вазорати мазкур вобаста ба огоҳи ва пешгири намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар бобати пардохти андоз ва гумрук мувофиқи қонунгузории амалкунанда таъин гардидааст.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати як моҳ дар бораи ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйроту иловаҳои дахлдор, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳодҳо таҳия намояд;

дар мӯҳлати ду моҳ Низомномаи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сохтори дастгоҳи маркази ва шумораи кормандони он, теъдоди ниҳоии кормандони сохтор ва Нақшаи идораи Вазорати мазкурро тасдиқ намояд;

дар мӯҳлати ду моҳ низоми маблағгузории Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии онро, ки таҳкими заминаи моддию техникии Вазорати мазкур ва ҳавасмандгардонии кормандони онро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо таъмин менамоянд, таҳия ва тасдиқ намояд;

масъалаи ҷойгиркуниии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд;

то 1 апрели соли 2002 қарорҳои худро бо ҳамин Фармон мутобиқ гардонад.

6. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1995 № 221 "Дар бораи таъсиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 аз 24 январи соли 2002 № 745