Тартиби гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ аз 19 июни соли 2000, № 259

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2006с. № 230 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 июни соли 2000 № 259

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ

1. Аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудитори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд аттестатсия) бо мақсади таъмини иҷрои самараноки вазифаҳои худ аз ҷониби аудиторҳо гузаронида мешавад.

Аз аттестатсия ҳама шахсони воқеи (минбаъд довталабон), ки хоҳиши бо фаъолияти аудитори машғул шудан доранд, мегузаранд.

2. Ба аттестатсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти оли, собиқаи панҷсолаи кории амалии муҳосиб, ревизор, иқтисодчи, мутахассиси молия, андоз ва ҳуқуқшинос дорапд, роҳ дода мешаванд.

3. Ташкили гузаронидани аттестатсия оид ба аудити умумии корхонаҳо, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилоту муассисот, биржаҳои молию фонди, идораҳои суғурта, фондҳои инвеститсиони, нафақа, ҷамъияти ва ғайра, инчунин шаҳрвандоне, ки мустақилона ба фаъолияти соҳибкори машғуланд, ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- оид ба аудити бонкҳою муассисаои кредити Бонки миллии Тоҷикистон вогузошта мешавад.

4. Аттестатсия дар заминаи курсҳои таълимию методии таҳсил ва азнавтайёркунии аудиторҳо, ки онҳоро Комиссияи тахассусии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад, гузаронада мешавад.

5. Барои гузаронидани аттестатсия Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон Комиссияҳои тахассуси созмон медиҳанд.

6. Ба ҳайати Комиссияҳо кормандони Идораи иқтисоди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказии иқтисодӣ, бонкҳо, мақомоти андоз, намояндагони илмҳои иқтисод, намояндаи палатаи аудиторӣ, омӯзгорони мактабҳои олӣ, ташкилотҳои суғурта, аудиторҳо ва дигар субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ шомил мешаванд.

Аъзои Комиссия беподош ва бе ҳуқуқи ивазшави фаъолият мебаранд.

7. Низоми кори Комиссияро роҳбарони онҳо муайян менамоянд.

Маҷлисҳои Комиссия аз рӯи зарурат гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду қисми аъзоёни он салоҳиятдор маҳсуб мешаванд.

Қарорҳо бо аксарияти овозҳои иштирокчиёни маҷлиси Комиссия қабул карда мешаванд. Дар сурати баробарии овозҳо, овози сардори Комиссия, дар набудани вай овози муовини сардори Комиссия ҳалкунанда мебошад.

8. Комиссияҳои тахассуси барномаҳои ягонаро, ки аз рӯи онҳо имтиҳонҳои квалификатсиони гузарорида мешаванд, тасдиқ мекунанд.

Роҳбарони Комиссияҳои тахассуси мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсҳои таълимию методи оид ба дар заминаи онҳо гузаронндани таҳсил ва азнавтайёркунии довталабон, имтиҳонҳои квалификатсиони шартнома баста, ба онҳо барои гузаронидани машғулияту имтиҳонҳо маблағи заруриро интиқол медиҳанд. Дар сурати мавҷуд будани имконият ва шароит чунин курсҳо дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонкп миллии Тоҷикистон созмон дода мешаванд.

Комиссияҳои тахассуси:

тартиби гузаронидани имтиҳонҳои квалификатсиони мундариҷаи билетҳои имтиҳони, инчунин ҳайати комиссияҳои имтиҳониро тасдиқ мекунанд;

вазифаи комиссияҳои имтиҳониро метавонад худи Комиссияи тахассуси ба ҷо орад;

тафтиши муттасили дурустии гузаронидани имтиҳонҳои квалификатсиони ва ба ин мақсад истифода бурдани маблағи ҷудокардаро ташкил мекунанд;

довталабонро аз тартиб ва вақти гузаронидани имтиҳонҳои квалификатсиони хабардор месозанд;

натиҷаи имтиҳоноти квалификатсиониро барраси намуда, дар асоси он дар бораи додани (надодани) шаҳодатномаи квалификатсионии аудитор қарор қабул мекунанд.

Дар сурати пайдо шудани шубҳа ба холисона буданн баҳои мондаи комиссияи имтиҳонй, метавонад ба довталаб имтиҳони нав муқаррар намоянд:

шаҳодатномаи квалификатсионии аудиторро медиҳанд;

қайди дафтарҳои (реестрҳои) шаҳодатномаҳои квалификатсионии додашудаи аудиторро пеш мебаранд.

9. Довталаб ба Комиссияи дахлдор (Комиссияи тахассуси) ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мекунад:

ариза;

нусхаи нотариус тасдиқкардаи дипломи маълумоти оли ва нусхаи дафтарчаи меҳнати, ду сурати 4х3 см, квитансияи пардохти маблағ барои гузаронидани аттестатсия.

10. Аризаро комиссияи дахлдор дар мӯҳлати на бештар аз як моҳ пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарури дида мебарояд.

Дар ҳолати тартиби нодурусти ҳуҷҷатҳо онҳо барои аз нав тартиб додан баргардонида мешаванд.

Қарор дар бораи гузаронидани санҷиши квалификатсиони то 15 рӯз гузаронидани ба ҷамъи довталаб расонида метавад.

11. Довталаб ба имтиҳонҳои квалификатсиони бо пешниҳоди шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ роҳ дода мешавад.

Имтиҳонҳои квалификатсиони хаттианд. Натиҷаҳои имтиҳонҳои квалификатсиониро комиссияи имтиҳони протокол мекунад.

Шаҳодатномаи квалификатсиони бояд дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули қарори додани он дода шавад.

12. Ҳангоми ошкор кардани далелҳои он, ки довталаб ба Комиссияи дахлдор маълумоти нодуруст пешниҳод намудааст, ӯ аз ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи квалификатсиоиии аудитор маҳрум мегардад ва шаҳодатномаи бе асос додашуда аз эътибор соқит карда мешавад. Дар мавриди такроран нодуруст пешниҳод кардан, масъалаи додани шаҳодатномаи нав барраси намешавад.

13. Дар сурати дасткашии довталаб аз гузаштани аттестатсия (ба имтиҳон ҳозир нашудан), инчунин дар сурати натиҷаи номатлуби аттестатсия, боҷи барои гузаронидани ситонидашуда баргардонида намешавад.

14. Шаҳодатномаи квалификатсиотши аудитор ба мӯҳлати то панҷ сол дода мешавад. Агар дар тӯли як соли баъди гирифтани шаҳодатномаи квалификатсионн шахси аз аттестатсия гузашта, ба кор ба ҳайси аудитор шурӯъ накунад, шаҳодатнома эътиборашро гум мекунад.

15. Ба ҷои шаҳодатномаи квалификатсионии гумшуда (гумкарда). ки мӯҳлати амалаш нагузаштааст, бо аризаи аудитор нусхаи онро додан мумкин аст.

Барои додани нусхаи дуюм дар ҳаҷми 50 фоизи маблағ барои гузаронидани аттестатсия пардохт ситоиида мешавад.

16. Комиссияҳои тахассуси реестрҳои давлатии қайди шаҳодатномаҳои додашудаи квалификатсионии аудиторҳоро пур мекунанд.

Дар реестрҳои давлати қайди маълумоти зерин сабт карда мешаванд: фамилия, ном, номи падар, маълумоти шиноснома ва ҷои истиқомати аудитор, рӯзи додан, рақам ва мӯҳлати амали шаҳодатномаи квалификатсиони.

17. Дар сурати норози будан аз қарори Комиссияи тахассуси дар бораи рад кардани додани шаҳодатномаи квалификатсиони довталаб метавонад дар тӯли як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳинома оид ба чунин қарор ба суд муроҷиат кунад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 июни соли 2000 № 259

тасдиқ шудааст

Тартиби додани литсензия барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.2005с. № 337 бекор карда шудааст.