Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 2004 № 42
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2005с. № 104)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003 № 1173 "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети, нафақа ва стипендия", қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003 № 525 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003 № 1173" вааз 29 декабри соли 2003 № 550 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004" ва мавриди амал қарор додани он" омода гардида, шартҳои таъин ва тартиби пардохти ҷубронпулии унвониро ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табии муайян мекунад.
2. Ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии унвониро оилаҳое доранд, ки аз ҷониби комиссияҳои бо Низомномаи мазкур пешбинишуда ҳамчун оилаҳои камбизоат дониста мешаванд.
II. Тартиби таъини ҷубронпулӣ
3. Ҷубронпули аз рӯи ҷои зист ба оилаҳои камбизоат, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила аз андозаи як маоши ҳадди ақали муқараргардида паст ва ё ба он баробар мебошад, таъин карда мешавад
4. Далели тасдиқкунандаи зист дар ҳайати оила (хоҷаги) сабти маълумоти марбута дар китоби хонадори ё ордер аст.
5. Таъин намудани ҷубронпули ба оилаҳои камбизоат дар асоси аризаи шахсии сарвари оила (хоҷаги), тавсияи комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ё комиссияи идораи манзилию коммунали ва қарори комиссияи ноҳияви (шаҳри) сурат мегирад.
6. Сарвари оила (хоҷаги) барои гирифтапн ҷубронпули ба комиссияи мақомоти худидораи шаҳраку деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммунали дар баробари аризааш ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
- маълумотнома дар бораи даромади ҳар як аъзои оила;
- ҳуҷҷатҳое, ки вазъи душвори зиндаги ва сабаби муроҷиатро тасдиқ мекунанд (бепарастори, бесаробони, маъюби, пириву барҷомондаги ва ғ.).
Талаб намудани ҳуҷҷатҳои дигар аз шаҳрвандон манъ аст.
7. Ҳуҷҷатҳои дар банди 6 Низомномаи мазкур пешбинишударо мақомоти давлатии марбута ба шаҳрвандон ройгон медиҳанд.
8. Дар ҳолатҳои истиснои тавсия ва таъин намудани ҷубронпули ба шаҳрвандони яккаву танҳо ва бесаробон, ҳамчунин ба оҳое, ки бинобар вазъи ногувори моддиву ҷисмониашон имконияти дарёфти ҳуҷҷатҳои банди 6 Низомномаи мазкур пешбининамударо надоранд, дар асоси санади натиҷаҳои таҳқиқи шароити зиндагии нафарони мазкур, ки аз ҷониби комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот ё комитссияи идораи манзилию коммунали тартиб дода мешавад, сурат мегирад.
9. Ба даромади умумии оила дохил карда мешаванд:
- ҳамаи намудҳои музди меҳнат, бо дарназардошти иловапулиҳо, дигар намудҳои изофапулиҳо ва мукофотҳо;
- стипендияҳо, нафақа, кӯмакпули (ба ғайр аз кӯмакпулии яквақта);
- даромад аз фаъолияти соҳибкори, аз ҷумла аз хоҷагиҳои деҳқони (фермери). Даромади мазкур дар асоси маълумоти мақомоти андоз дар бораи андозаи даромадҳои андозбандишавандаи шахсони ба чунин фаъолият машғулбуда муайян карда мешавад;
- кӯмакпули бо сабаби бекори;
- даромадҳо аз иҷораи манзил (дар асоси маълумотҳои мақомоти андоз);
- музди меҳнати воқеии шахсоне, ки дар назди шахсони алоҳида ва ё коллективи шаҳрвандон машғули коранд. Зимнан, қисмати молии музди меҳнати шахсони мазкур тавассути ифодаи пулии арзишаш ба андозаи қисмати пулии маош ҳамроҳ карда мешавад;
- даромадҳои пулии хизматчиёни ҳарби, ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохила, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- маблағи алиментҳои гирифташаванда;
- подош барои кашфиёту ихтироот.
10. Ба даромади умумии оила дохил карда намешаванд:
- алиментҳое, ки аъзои оила пардохт менамояд;
- субсидия барои пӯшонидани хароҷоти пардохти хизматрасонии манзилию коммунали;
- кӯмакпулиҳои мақсадноки яквақта;
- маблағи ҷубронпулиҳое, ки ба музди меҳнат, нафақа, кӯмакпули ва стипендия ҳамроҳ пардохта шудааст.
Ҳангоми ҳисоб намудани даромади умумии оила даромади нафарони зерин, ки бо вуҷуди мӯҳлати тӯлонии дар оила набуданашону аз қайди зист набаромаданашон, мувофиқи муқаррароти қонунгузори ҳуқуқ ба манзили истиқоматиро гум накардаанд, ба назар гирифта намешавад:
- хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати мӯҳлатнокро аз рӯи даъват адо мекунанд;
- шахсоне, ки дар маҳбас ва дигар муассисаҳои ислоҳоти ҳастанд;
- кӯдаконе, ки тарбияашон дар муассисаҳои давлати (хона-интернатҳо, интернатҳо ва ғайраҳо) сурат мегирад.
11. Дар сурати дар як хона истиқомат кардани якчанд (ду ё зиёда) оила, ки хоҷагидориашон алоҳида аст ва ҳисоби алоҳидаи пардохти ҳаққи хизматрасонии коммунали доранд, даромади умумии онҳо алоҳида ҳисоб карда мешавад.
12. Бо дарназардошти талаботи банди 3 Низомномаи мазкур ҳуқуқ барои гирифтани ҷубронпули ба оилаҳое дода мешавад, ки вазъи даромаднокиву оҷизиашон (маъюби, бесаробониву бепарастори ва ғ.) нисбати ҳамин гуна табақаи одамон ногувортар аст.
Ҷубронпули дар навбати аввал ба шахсони яккаву танҳое дода мешавад, ки кор намекунанд ва бо сабаби пиронсоли (70-сола ва калон), маъюби (гурӯҳҳои 1 ва 2) мустақилона барои рӯзгузарони даромад пайдо карда наметавонанд ва аъзоёни оилаи қобили кор, ки тавонанд нигоҳубинашонро ба ӯҳда гиранд, надоранд. Инчунин, ҳангоми муайян намудани камбизоати нафарони мазкур низ ҳуқуқи афзаллятнок доранд:
- модарони яккаву танҳо, ки фарзандони ноболиғ доранд;
- оилаҳои серфарзанд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2;
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва нафарони ба онҳо баробаркардашуда;
- шаҳрвандоне, ки ҳангоми адои вазифаи хизмати зарари ҷисмони дидаанд;
- волидайн ва зану фарзандони шахсоне, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнати ҳалок шудаанд;
- шахсоне, ки дар натиҷаи рафъи оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, волидайн ва зану фарзандони онҳо.
13. Ҷубронпули барои истифодабарии қувваи барқ ва гази табии (ҳангоми мавҷуд будани ҳисобкунаки гази) ба оила (хоҷаги) таъин карда мешавад. Барои истифодабарии гази табии, ҳангоми набудани ҳисобкунаки гази ҷубронпули алоҳида ба ҳар як аъзои оила (хоҷаги), аммо на зиёдтар аз 6 нафар, таъин карда мешавад.
III. Тартиб ва меъёри пардохти ҷубронпулӣ
14. Ҷубронпулии хароҷот барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва гази табии ба мӯҳлати як сол таъин карда шуда, ҳар моҳ дода мешавад. Баьди гузаштани мӯҳлати таъини ҷубронпули (1 сол) сарвари оила бояд ҳуқуқи минбаъд гирифтани онро тибқи муқаррароти банди 6 Низомномаи мазкур тасдиқ кунад
15. Андозаи ҷубронпули мувофиқи меъёрҳои мавсимии зерини истифодаи қувваи барқ ва гази табии (ҳангоми мавҷуд набудани ҳисобкунаки гази) ҳисоб карда мешавад:
- моҳҳои апрел - сентябр - аз рӯи ҳисоби истифодаи воқеъии қувваи барқ вале на зиёда аз 100 кВт/с дар як моҳ ба оила (хоҷаги); истифодаи газ - 10 метри мукааб дар як моҳ барои як нафар;
- моҳҳои октябр - март - аз рӯи ҳисоби истифодаи воқеъии қувваи барқ, вале на зиёда аз 200 кВт/с дар як моҳ ба оила (хоҷаги); истифодаи газ - 12 метри мукааб дар як моҳ барои як нафар
Ҷубронпули барои истифодаи гази табии ҳангоми мавҷуд будани ҳисобкунии гази аз рӯи истифодаи воқеи, аммо на зиёда аз меъёрҳои зерини моҳона барои оила (хоҷаги) дода мешавад:
- моҳҳои апрел - сентябр - 25 метри мукааб
- моҳҳои октябр - март - 35 метри мукааб (
Микдори барқ ва гази табиии воқеан истифодашуда бо огоҳинома ва ё ҳуҷҷатҳои дигар, ки ташкилотҳои таъминкунандаи барқу гази табии пешниҳод менамоянд, тасдиқ карда мешавад.
Ҷубронпули барои истифодаи қувваи барқ барои аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам мувофиқи ҳамин меъёрҳо ва инчунин нархномаҳои амалкунандаи фурӯши қувваи барқ, ки барои муштариёни (аҳоли) Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" муқаррар карда шудааст, ҳисоб карда мешавад
16. Банди 16 хориҷ карда шуд
17. Пардохти ҷубронпули мувофиқи дархости сарвари оила ба таври нақди ё ғайринақди сурат мегирад. Тартиби пардохти нақдии ҷубронпулиҳоро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд
18. Пардохти ҷубронпули дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- ҳангоми барҳам хурдани ҳолатҳои бо Низомномаи мазкур пешбинишуда, ки дар асоси онҳо ҷубронпули таъин гардидааст;
- ҳангоми тағйири ҷойи зисти оила;
- дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод гардидани ҳуҷҷат ва ё маълумоти бардурӯғ, ки сабаби таъин гардидани ҷубронпулии беасос шудаанд.
Ҳангоми аз тарафи оилаҳо дар муддати 6 моҳ ба муассисаҳои фуруши барқ ва гази табий барои хароҷоти истифодаи барқ ва гази табий напардохтани ҷубронпулиҳои ба онҳо ба таври нақди додашуда
IV. Тартиби ташкил, ҳуқуқ ва вазифаҳои комиссияҳо
19. Муайян кардани оилаҳои (хоҷагиҳои) камбизоат, таъин намудани ҷубронпули ва назорати истифодаи мақсадноки маблағхо ба ӯҳдаи комиссияи ноҳияви (шаҳри) ва комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммунали аст. Ҳайати комиссияҳо бояд аз 7 нафар кам набошад. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҷамъияти, ки бо масъалаҳои оила, модару кӯдак, маъюбон, собиқадорон сару кор доранд, метавонанд ворид шаванд.
20. Комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммунали аз ҳисоби кормандони Ҷамоат ё идораи манзилию коммунали ва намояндагони маҳаллаҳо ё мақомоти худидораи хонаҳо таъсис дода мешавад. Комиссияро муовини (яке аз муовинони) раиси Ҷамоат ё сардори идораи манзилию коммунали роҳбари мекунад.
Комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак на деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммунали:
- қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандонро дар хусуси додани ҷубронпули таъмин менамояд;
- таҳқиқи вазъи моддиву маишии муроҷиаткунандагонро мегузаронад;
- ҳуқуқи пешниҳод намудани таклифҳоро ба хотири беҳдошти низоми мавҷудаи кӯмакрасониҳои унвони дорад.
Ариза ва ҳуҷҷату маълумоти муроҷиаткунандагон, аз ҷумла, онҳое, ки барои тавсия ба таъии кардани ҷубронпули бо қарори Комиссия ҷавоби рад гирифтаанд, дар парвандаҳои инфироди ингоҳ дошта мешавад.
Қарори комиссия дар бораи мавҷуд будани асос барои додани тавсия, парвандаи шахси ва рӯйхати тавсияшавандагон барои таъин кардани ҷубронпули ба комиссияи ноҳияви (шаҳри) пешниҳод карда мешаванд.
21. Комиссияи ноҳияви (шаҳри) аз ҳисоби кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли, молия, ташкилотҳои таъминкунандаи барқу газ таъсис дода мешавад. Комиссияро муовини Раиси ноҳия (шаҳр), ки сарпарастии бахши иҷтимоиро ба ӯҳда дорад, роҳбари мекунад.
Ҳалли масъалаҳои ташкили фаъолияти комиссияро котиби комиссия, ки раиси комиссияи ноҳияви (шаҳри) таъин мекунад, ба ӯҳда дорад
Комиссияи ноҳияви (шаҳри):
- қарори комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммунали, парванда ва рӯйхати тавсияшудагонро, ки комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммунали пешниҳод намудааст, барраси менамояд ва дар сурати ба талаботи Низомномаи мазкур ҷавобгӯ буданашон тавсияҳоро бо қарори худ тасдиқ менамояд;
- арзу шикоятҳои шаҳрвандонро аз хусуси фаъолияти комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммунали барраси менамояд;
- назорати истифодаи мақсадноки ҷубронпулиҳоро таъмин мекунад;
- барои беҳдошти низоми мавҷудаи кӯмакрасониҳои унвони ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла болои таклиф пешниҳод менамояд;
- фаъолияти комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ё комиссияи идораи манзилию коммуналиро мавриди санҷиш қарор медиҳад ва барои бартараф намудани камбудиҳо дар доираи ваколатҳояш тавсияву супориш медиҳад;
- то санаи 5 моҳи минбаъда оид ба шумораву категорияи имтиёзгирандагон ва маблағи пардохти кӯмакпулиҳо (ҷубронпулиҳо) ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд
22. Бо мақсади дастрас намудани иттилооти аниқ комиссияи ноҳияви (шаҳри) ва комиссияи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа, инчунин комиссиял идораи манзилию коммунали метавонаид маълумоти заруриро аз корхонаву муассисаҳое, ки муроҷиаткунандагон ё тавсияшудагон дар онҳо кор (таҳсил) мекунанд, муассисаҳои табобативу профилактики, мақомоти андоз, идораҳои мазилию коммунали ва ғ. талаб намоянд.
23. Ташкилотҳои таъминкунандаи барқ вазифадоранд, ки саривақт ба комиссияҳо дар бораи соҳибони манзил, ки ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро доранду, дар давраи дахлдор (семоҳа) барои пардохти ҳаққи истифодаи барқу гази табии муроҷиат накардаанд, маълумот пешниҳод намоянд.
V. Манбаъҳои ҷубронпулӣ
24. Манбаи маблағҳое, ки барои ҷубронпули равона мешавад, буҷети ҷумҳурияви мебошад. Истифодаи маблагҳои мазкур барои пардохти имтиёзҳои дигар манъ аст.
25. Пардохти хароҷоте, ки барои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъияти моддию иҷтимоии шаҳрвандон тибқи талаботи банди 6 Низомномаи мазкур ба миён меоянд, аз ҳисоби буҷети маҳалли таъмии карда мешавад.
26. Гузаронидани маблағҳои буҷети ҷумҳурияви ба ҳисоби хазинадории шӯьбаҳои молияи ҳукуматҳои маҳалли на дертар аз таърихи 15 моҳи минбаъда дар доираи маблағҳои буҷетҳои ҷумҳурияви, ки барои ин мақсадҳо пешбини карда шудаанд, анҷом дода мешавад
27. Тақсими маблағҳои барои ҷубронпули пешбинишуда ба ноҳияҳо (шаҳрҳо) аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодоти Комиссияҳои ноҳиявии (шаҳрии) таъини ҷубронпулиҳо сурат мегирад
Сархати дуюм хориҷ карда шуд
28. Барои гузаронидани маблағҳо аз буҷети ҷумхурияви ба ҳисоби хазинадори, ба мақомоти молия қарори комиссия дар бораи ба оилаҳои камбизоат додани ҷубронпули барои пардохти ҳаққи истифодаи барқу гази табии пешниҳод карда мешавад.
29. Гузаронидани маблағҳои ҷубронпули ба корхонаҳои таъминкунандаи барқу газ тавассут ва дар асоси аз ҷониби ин корхонаҳо ба мақомоти молия пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои пардохту ҳисоббаробаркуниҳо сурат мегирад.
30. Ба мақсади фароҳам овардани шароити муносибати модди барои фаъолиятт комиссияҳои бо Низомномаи мазкур пешбинишуда, аз ҳисоби маблағҳои ҷубронпулии ба ҳукуматҳои маҳалли ҷудогардида - 0,1 фоизаш барои хариди лавозимоти коргузори ба Комиссияи мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, Комиссияи идораи манзиливу коммунали ва 0,5 фоизаш барои ҳавасмандкунонии масъулини комиссияҳо (аз он ҷумла комиссияҳои ноҳияви (шаҳри) метавонад истифода гардад.