Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2004, № 42 "Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ"

Санаи амалкуни: 04.03.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.04.2007с. № 145 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи таъин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2005с. № 104)

Бо мақсади пуштибонии моддии давлатии гурӯҳҳои камбизоати шаҳрвандон ва такмили минбаъдаи низоми кӯмакрасониҳои унвонии иҷтимои, мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003 № 1173 "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети, нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома дар бораи таъин ва пардохти ҷубронпули ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати назорати доимии истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии ҷубронпулиҳоро таъмин намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2005с. № 104).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодоти комиссияҳои ноҳиявии (шаҳрии) таъини ҷубронпулиҳо интиқоли саривақтии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои ҷуброни хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табии ба оилаҳои камбизоат пешбини шудаанд, инчунин истифодаи мақсадноки онҳоро таъмин намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2005с. № 104).

Бо мақсади такмили системаи пардохти ҷубронпулиҳо ва беҳтар намудани шароити кории (компютеркунонии) комиссияҳои ноҳиявии (шаҳрии) таъини ҷубронпулиҳо дар соли 2005 ба истифода намудани як фоизи маблағҳои аз буҷети Ҷумҳурияви барои ҷуброни истифодаи қувваи барқу гази табий барои оилаҳои камбизоат ҷудошуда иҷозат дода шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2005с. № 104).

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №144 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таъин ва додани ҷубронпули ба оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунандл имтиёз доранд, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табии" ва банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2003 № 271 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 4 феврали соли 2004 № 42

ш. Душанбе