Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1997, № 252 "Дар бораи тасдиқи номгуи ташкилоту муассисаҳое, ки ҳисобу китоби пулро бо аҳолӣ бе истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ амалӣ менамоянд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.07.2008с. № 310 беэътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи номгуи ташкилоту муассисаҳое, ки ҳисобу китоби пулро бо аҳолӣ бе истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ амалӣ менамоянд

Мутобиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994 "Дар бораи истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пул ба аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Номгӯи ташкилоту муассисаҳое, ки ҳисобу китоби пулро бо аҳолӣ бе истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ амалӣ менамоянд, тасдиқ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 2 июни соли 1997 № 252

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июни соли 1997 № 252

тасдиқ шудааст

Номгӯи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки ҳисобу китоби пулро бо аҳолӣ бе истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ амалӣ менамоянд

1. Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, /аз ҷумла ашхоси воқеие, ки бидуни таъсиси шахсияти юридикӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд/ ҳангоми хизматрасонии аҳолӣ бо додани квитанция, роҳҳат, билет, талон, аломатҳои пардохти почта ва дигар асноди баробар бо чекҳои ҳисобу китоби қатъӣ мувофиқи намунаҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Корхонаҳо /аз ҷумла ашхоси воқеие, ки бе таъсиси шахсияти юридикӣ бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд/, ташкилоту муассисаҳо ҳангоми:

- савдои чаканаи хурд аз аробаҳои дастӣ, цистернаҳо /ҳангоми фурӯши пиво, квас, шир, керосин/, дӯконҳои хурд, сабадҳо, аз тӯда фурӯхтани сабзавот ва меваҷот;

- савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои колхозӣ, муниципалӣ ва дигар бозорҳои ба онҳо баробар;

- фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо;

- фурӯши яхмос, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ /рехта додан/, маҳсулоти тамокуи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда дар ғурфаҳо.

3. Бригадаҳои сайёри корхонаҳои хизмати маишӣ ҳангоми таъмири ҷузъӣ дар шароити берун аз устохонаҳои махсусгардонидашуда.

4. Корхонаҳои хизмати маишӣ, савдо, хӯроки умумӣ, матлубот, ки дар маҳалҳои душворгузар /ба ғайр аз шаҳрҳо, марказҳои ноҳиявӣ, шаҳракҳо, марказҳои деҳот/ ҷойгиранд.