Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 апрели соли 1997 № 167
тасдиқ шудааст
Низомномаи кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлати буда, зимни фаъолияташ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат дорад.
2. Кумита сиёсати давлатро амалӣ мекунад, ки мақсад аз он ҳифз ва тараққии неруи саноати мудофиаи ҷумҳурӣ, иҷрои барномаи ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, барномаҳои дигари ихтисоси ҳарбӣи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идораи бевоситаи корхонаю иттиҳодияҳои тобеаш мебошад.
3. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
4. Вазифаҳои асосии Кумита инҳо мебошанд:
- таҳия ва татбиқи пешниҳодҳо ҷиҳати бозсозии сохтори саноати мудофиа ва нигоҳ доштани сатҳи зарурии неруи саноати мудофиа, дар корхонаҳои тобеаш зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноат;
- иштирок дар муайян кардани сиёсати давлат дар соҳаи истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, барномаҳои тараққии саноати мудофиа ва ташкили иҷрои онҳо;
- иштирок дар шаклгирии фармоишоти таъмин намудан бо маҳсулоти мудофиавии мавриди зарурати давлат;
- ташкили истеҳсоли аслиҳа, лавозимоти ҳарбӣ, техникаи ҳарбӣ, навъҳои дигари амволи махсус ва маҳсулотҳои стратегӣ дар корхонаҳои тобеаш, ҳамчунин иҷрои барномаҳои ихтисосии ҷумҳуриявии ҳивз ва афзун намудани нерӯи истеҳсоли ва илмию техникии саноати мудофиа;
- иштирок дар тарҳрезии нақшаҳо ва супоришоти ҳарбӣ, ташкили иҷрои онҳо дар корхонаҳои тобеаш;
- таҳияи пешниҳодҳо ва иштирок дар дигаргунсозии иқтисодии саноати мудофиа дар заминаи ташкили инфраструктураи бозоргонӣ;
- иштирок дар пешбиниҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати тарақкии соҳаҳои мудофиавии саноат дар заминаи омухтани бозори маҳсулоти саноат ва таҳлили фаъолияти корхонаҳои саноатии дорои шаклҳои мухталифи моликият;
- таҳияи пешниҳодҳо барои таъмини қобилияти рақобати истеҳсоли маҳсулот, кам кардани вобастагӣ аз воридоти маҳсулот, хавасмандгардонии инстеҳсолот, ҳамчунин амали намудани нақшаҳои ояндадори илмию техникӣ;
- иштирок дар шаклгирии сиёсати хусуси ва саҳомигардонии корхонаҳою ташкилотҳои саноатӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо барои тарҳрези ва татбиқи барномаҳои конверсияи корхонаҳои мудофиавӣ дар саноат, иштирок дар ташкил ва ҳифзи иқтидори захираҳои ҳарбӣ дар саноат;
- роҳбарии методологӣ, танзим ва назорати кори корхонаю ташкилотҳои тобеаш барои ҳифзи манфиати давлат, сири ҳарбӣю иқтисодӣ ва таъмини амнияти иншоотҳои саноатӣ;
5. Кумита мутобиқи вазифаҳои ба зиммаш гузошташуда:
- дар таҳияи лоиҳаи барномаҳои тараққии нерӯи саноати ҳарбӣ, формоишоти мудофиавии давлат иштирок намуда ва дар заминаи он самтҳои аввалиядори тараққии корхонаҳои тобеашро муайян мекунад;
- дар таҳияи лоиҳаи буҷети ҷумҳурӣ, дар асоснок кардани талоботи корхонаю ташкилотҳои саноати ба захираҳои молиявӣ иштирок менамояд, мувофиқи тартиби муқарраршуда вазифаҳои фармоишгари давлатиро ба ҷо меорад, барои амали намудани барномаҳои ихтисосӣ, аз ҷумла барои бо пул таъмин кардани сохтмонҳои мутамаркази асосӣ аз буҷети ҷумҳурӣ маблағ мегирад, дар таҳия ва мутобиқ, намудани пешниҳодҳо дар мавриди додани қарзҳои имтиёзнок ва асъор ба корхонаҳои васоятшаванда ширкат меварзад;
- мувофиқи мақсад ва самарабахш истифода шудани маблағ ва қарзҳои буҷетро таъмин менамояд, истифодаи онҳоро дар ҳудуди салоҳияташ назорат мекунад;
- барои иҷрои фармоиши мудофиавии давлат таъмини корхонаҳояшро бо захираҳои моддию техникие, ин дар ҷумҳурӣ ва дар хориҷа фурӯши озоди онҳо манъ аст, ташкил менамояд;
- барои омадагирии корхонаҳои саноатӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда тадбирҳо меандешад ва иҷрои онҳоро ташкил мекунад;
- вазъи бахши илмии корхонаҳояшро таҳлил менамояд, тамоюлҳои пешрафти илму техникаро пешгӯи мекунад, барои ҳифз ва афзун шудани рушди илму техника чораҳо мебинад;
- дар таҳияи созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматии соҳаи ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ҳамчунин маҳсулоти таъиноти дохилӣ иштирок ва амалӣ шудани онҳоро ташкил менамояд;
- барои иҷрои фармоиши мудофиавии давлатӣ таъмини корхонаҳои тобеашро бо захираҳои моддию техникие, ки фурӯши умумии онҳо дар ҷумҳурӣ ва аз хориҷа овардани онҳо манъ аст, ташкил менамояд, дар асоси созишномаю қарордодҳо мувофиқи тартиби муқарраркардашуда пурзаҷот, қисмҳои эҳтиётӣ, ашёи хом, масолеҳ ва намунаҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбиро аз мамлакатҳои ИДМ ворид (содир) мекунад;
- дар таҳияи пешниҳодҳо аз рӯи номгӯй ва ҳаҷми воридоти (содирот) аслиҳа ва техникаи ҳарби дар асоси фармоиши мудофиавии давлати мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- барои зиёд содир намудани маҳсулоти корхонаҳояш пешниҳодҳо таҳия ва амали шудани онҳоро ташкил мекунад;
- ба корхонаҳояш ҷиҳати тарбияи мутахассисон мадад мекунад, метавонад муассиси донишкадаҳо бошад;
- лоиҳаи истеҳсолоти навро ҷиҳати муайян кардани хусусияти техникию технологиашон ва аз нигоҳи иқтисодӣ қобили қабул буданашон дар корхонаҳояш бо ҷалб намудани коршиносон ва мутахассисон муоинаи техникӣ мекунад;
- фаъолияти корхонаҳояшро аз нигохи иқтисодӣ таҳлил менамояд, самараи фаъолияти истеҳсолӣ, хоҷагӣ ва тиҷоратии онҳоро муайян мекунад, барои таҳкими вазъи молиявӣ ва таъмини сатҳи зарурии даромаднокиашон чораҳо мебинад, аз тарафи онҳо риоя шудани интизоми давлатӣ ва баровардҳоро назорат мекунад;
- бо маслиҳати Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияҳои корхонаҳои хусусигардондашударо, ки дар ихтиёри давлат мебошанд, амалан идора мекунад;
- дар заминаи ҳисоботи омории давлатӣ ва маълумоти дигар фаъолияти корхонаҳою ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликиятро таҳлил менамояд, аз рӯи масъалаҳои танзими давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо пешниҳодҳо тартиб медиҳад, мувофиқи тартиби муқарраршуда аз рӯи масъалаҳои фаъолияти онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари ҳокимият ва идораи давлат пешниҳодот мекунад;
- мустақилона ва ё ҳамроҳи мақомоти манфиатдори ҳокимияти иҷроия аз рӯи лоиҳаи санадҳои меъёрӣ перомуни масъалаҳои тараққии корхонаҳояш пешниҳодҳо тартиб медиҳад ва онҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод мекунад;
- барои Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаи ба ҳисоб гирифтан хусусиятҳои соҳа ҳангоми хусусигардонии корхонаҳояш тавсияномаҳо таҳия месозад;
- дар мавриди мувофиқи тартиби муқарраршуда ба идораи эътимоднок супурдани дастаи аксияҳои корхонаҳои хусусигардондашудаи саноатӣ, ки моликияти давлат шумурда мешаванд, пешниҳодҳо тартиб медиҳад;
- пешниҳодҳояшро аз рӯи номзадҳо барои иҷрои ваколатҳои давлат ҳамчун молик дар маҷлисҳои умумии саҳмдорони ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар корхонаҳои тобеаш фаъолият доранд, манзури Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд;
- тафтиши аудитории корхонаҳоеро, ки сарвати давлат дар ихтиёрашон мебошад, таъин менамояд;
- дар муайян ва амали кардани сиёсати иқтисодии берунии марбут ба содирот ва воридоти маҳсулоти саноат, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, ривоҷи ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, сохтани корхонаҳои муштарак, бо мол пардохтани қимати дастгоҳҳои аз хориҷа қарз гирифташуда, барномаҳои муовизаи веридоти маснуот, ашёи хом ва масолеҳ, иштирок менамояд;
- манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи тартиби муқарраршуда бо ташкилотҳои байналхалқӣ пешниҳод мекунад;
- таҷрибаи кори корхонаҳои саноатиро ҷиҳати ҳамкорӣ бо муҷовирони соҳаҳои дигари хоҷагии халқ таҳлил менамояд ва барои такмили он пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- аз корхонаҳои системаи Кумита ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавӣ мегирад, аз рӯи навъҳои фаъолияти Кумита ҳисоботи умумӣ ва тарозномаҳо тартиб медиҳад ва онҳоро ба мақомоти ҷумҳуриявии омор месупорад;
- мувофиқи тартиби муқарраршуда аз вазорату идораҳо ва мақомоту ташкилотҳои дигари қорхонаҳо ва узвҳои дигари фаъоли, дорои ҳамаи шаклҳои моликият, ки ба системаи Кумита шомил нестанд, маълумоте дархост мекунад ва мегирад, ки барои вазифаҳои ба зиммаш гузошташуда заруранд;
- мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро баҷо меорад;
6. Ҳайати шахсии Кумита аз хизматчиёни ҳарбии аз воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита барои адои хизмат фиристодашуда, инчунин коргарон ва хизматчиён иборат мебошад.
Хизматчиёни ҳарбии ба Кумита барои адои хизмат фиристодашуда дар ҳайати захираи фаъол боқи мемонанд ва рутбаҳои ҳарби, нишонҳои фарқкунанда ва либоси расмии барояшон муқарраргардида доранд. Ба онҳо статус, ҳуқуқҳо, имтиёзҳо, ӯҳдадориҳо, тартиби адои хизмати ҳарби, ки қонунгузории ҷумҳури барои хизматчиёни ҳарби пешбини намудааст, ҷори карда мешаванд. Барои адои хизмат ба мақомоти дигар фиристодани мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.09.97с.№ 417).
7. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизматро дар Кумита ба ҷо меоранд, унвонҳои ҳарбӣ бо пешниҳоди Раиси Кумита аз тарафи Вазирони дахлдоре, ки онҳоро фиристодаанд, дода мешаванд.
8. Ба Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раис роҳбари менамояд, ки ӯро, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод мекунад.
- Муовинони Раиси Кумитаро бо пешниҳоди Раиси Кумита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
9. Раиси Кумита:
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда шахсан ҷавобгар аст;
- андозаи масъулиятн муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда муқаррар мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумитаро тасдиқ менамояд;
- коркунони дастгоҳи Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- коркунони дастгоҳ ва бунёди пардохта маоши онҳо ҷадвали штатӣ ва бароварди хароҷоти таъминоти онро дар ҳудуди теъдоди муқарраршуда тасдиқ менамояд;
- оинномаҳои корхонаҳояро тасдиқ мекунад, роҳбарони ин корхонаҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, бо тартиб ва дар асоси аҳдномаи (шартномаи) пешниҳодшуда ҳамроҳи онҳо қарордодҳоро аҳд менамояд, тағйир медиҳад ва қатъ мекунад;
- муовинони роҳбарони корхонаю идтиҳодияҳои тобеъ, сармуҳандисон ва сармуҳосибонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
10. Дастгоҳи марказии Кумита аз ҳисоби маблағҳои пасандози корхонаҳои Кумита (фоидаи холис), ки баъди пардохта андозҳо боқӣ мемонад, мутобиқи меъёрҳои тақсими фоида ва қисмҳои ҳарбӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагиашбр бо пул таъмин карда мешаванд.
11. Дар Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегия дар хайати Раиси Kумита, муовинони ӯ тибқи вазифаашон ва коркунони дигари роҳбарикунандаи Кумита таъсис меёбад.
Аъзои хайати мушовираро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ҳайати мушовираи Кумита дар ҷаласаҳояш масъалаҳои стратегию тактикии ташаккул додан ва ба амал татбиқ намудани сиёсати давлатии соҳаи саноати мудофиа, ҳамчунин масъалҳои дигари муҳимтаринро, ки салоҳияти Кумита мебошанд, баррасӣ мекунад.
Ҷаласаҳои ҳайати мушовираи Кумита ба андозаи зарурат, вале дар ҳар семоҳа на камтар аз як маротиба гузаронда мешаванд. Қарорҳои дар ҳайати мушовираи Кумита қабулшуда, чун қоида, бо фармонҳои Раиси Кумита ба расмият расонда мешаванд. Дар сурати ихтилофи назар миёни Раиси Кумита ва аъзои ҳайати мушовира, Раис қарори худро татбиқ, намуда, аз хусуси ихтилофот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Аъзои ҳайати мушовираи Кумита дар навбати худ метавонанд фикрашонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кунанд.
12. Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхоси ҳуқуқӣ буда, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони худ ва дар бонкҳо суратҳисобҳои асъорӣ дорад.