Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1997, № 158 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи боҷ барои додани шиноснома"

Санаи амалкуни: 16.10.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2014 № 336 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани андозаи боҷ барои додани шиноснома

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.10.1998 № 414)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Андозаи пул барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3 доллари ШМА бо пардохти маблағ бо пули тоҷики аз рӯи қурбе, ки Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи пардохт муайян мекунад, муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.10.1998 № 414).

2. Муқаррар карда шавад, ки аз пардохти пул барои додани шиноснома нафақахӯрони ба кор машғулнабуда, маъюбоy, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда озод карда мешаванд.

3. Пардохт барои шиносномаҳои додашаванда бо пули нақд ва ба таври ғайринақдӣ тавассути шӯъбаҳои Бонки амонатгузорӣ сурат гирифта, ҳар даҳрӯза ба қисми даромади буҷети ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳангоми гирифтани тасдиқномаи Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти пул шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дихад.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 фоизи даромади аз фурӯши шиносномаҳо воридшударо барои пардохти хароҷоти вобаста ба тайёр ва расонидани онҳо ба ҷумҳурӣ, 8 фоизи онро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории варақаҳои марбут ба корҳои шиноснома ва маводи махсус, 47 фоизашро ба даромади буҷет равона намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 18.10.1998 № 414).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э.Раҳмонов

аз 4 апрели соли 1997 № 158

ш. Душанбе