ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 1996 № 471 "Дар бораи таъсиси Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сангҳои қимматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop мекунад:
1. Низомномаи замимашавандаи Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи маркази ва рӯйхати ташкилоту корхонаҳои тобеи Кумитаи мазкур тасдиқ карда шавад.
2. Ба Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раис, аз ҷумла як муовини аввал, муовин оид ба иқтисод ва муовини оид ба низом, ҳамчунин коллегия иборат аз 5 нафар дошта бошад.
3. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи металлҳои қимматбаҳо ба миқдори 26 воҳид муқаррар гардад.
4. Барои Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинҳои хизмати ба миқдори се воҳид муқаррар карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимит барои сафарҳои хизматии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
6. Муқаррар гардад, ки шароити пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи металлҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони идтиҳодияҳои истеҳсоли баробар аст. Таъминоти дастгоҳи маркази аз ҳисоби маблағҷудокунии ташкилоту корхонаҳои тобеъ аз рӯи қарордод муайян карда шавад.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 1995 № 656 "Масъалаҳои Кумитаи металлу сангҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 феврали соли 1997 № 103
ш. Душанбе