Оинномаи ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1997

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2002 № 87 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукуматн

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 феврали соли 1997 № 110

тасдиқ шудааст

Оинномаи ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон

I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1. Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон, ки минбаъд Ширкат номида мешавад, мақоми ҷумҳуриявии идораи хоҷагии соҳаи истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии пулаки ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Ширкат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Оинномаро дастури амал қарор медиҳад. Ширкат фаъолияти худро дар ҳамкори бо мақомоти дигари ҷумҳурияви ва маҳаллии ҳокимияти давлати ба амал мебарорад.

3. Ширкат дар доираи ҳуқуқе, ки давлат ба вай додааст, ба идтиҳодияҳои истеҳсоли, корхонаҳо, фирмаҳои ба таркиби Ширкат дохилшаванда роҳбари мекунанд ва барои тараққии онҳо масъулият дорад.

4. Ширкат шахси ҳуқуқи буда, амволи алоҳида ва дар муассисаҳои бонк балансу суратҳисобҳои мустақил ва мӯҳри худро дорад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, унвони Ширкат ба забонҳои тоҷики ва руси сабт гардидааст.

Фаъолияти Ширкат дар асоси принципҳои ҳисоби пурраи хоҷаги ба амал барварда мешавад.

5. Давлат ва мақомоти он барои ӯҳдадориҳои Ширкат ва Ширкат барои ӯҳдадориҳои давлат ва мақомоти он ҷавобгар нестанд.

Ширкат барои ӯҳдадориҳои корхонаҳои Ширкат ва корхонаҳо барои ӯҳдадориҳои Ширкат ҷавобгар нестанд, ба истиснои мавридҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд ва ҳангоме, ки дар байни тарафҳо созишномаҳои дахлдор мавҷуданд.

6. Суроғаи Ширкат: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳути 14.

II. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТ

1. Мақсадҳои асосии Ширкат инҳоянд:

- ҳимоя ва ба амал баровардани манфиати корхонаҳои тобеъ дар шароити муносибатҳои бозаргонии озод;

- таъмини фаъолияти соҳа ба манфиати комплекси хоҷагии халқи ҷумҳури;

- афзун гардондани истеҳсоли маҳсулот аз тарафи корхонаҳои соҳа, беҳтар кардани сифати он, баланд бардоштани дараҷаи қобилияти рақобат барои пурра қонеъ намудаи эҳтиёҷоти аҳолии ҷумҳури бозори дохили ва имкониятҳои содироти он.

2. Ширкат дар асоси мақсадҳои мазкур вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- таклил ва таҳияи пешниҳодотҳо барои Ҳукумати ҷумҳури ҷиҳати аниқ кардани нақшаи идора, муайян намудани самтҳои асоси, мувофиқи мақсад ташкил ва ҷо ба ҷо кардани корхонаҳои нав, васеъ кардани корхонаҳои мавҷуда ба мақсади истифодаи дуруст ва самарбахши захираҳои Тоҷикистон;

- таҳлил ва муайян кардани талаботи бозори дохили ва хориҷи ба маҳсулот, мол, кор ва хизматрасониҳои соҳа ва пешгӯии вазъи дурнамои инкишофи коньюктура;

- инкишоф ва такмили робитаҳои иқтисодии хориҷи, тиҷорати ва илмию техникии корхонаҳои тобеи Ширкат бо шарикони хориҷи, мададрасони ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳони;

- ҷалб намудани сармоягузорони хориҷи барои ҷустуҷӯи роҳҳои истифодаи дурусти маблағҳои онҳо дар тараққии соҳа ва таъмини назорати истифодаи самарабахши маблағҳояшон;

- муайян намудани асос ва тарзу усулҳои муваффақияти онҳо дар соҳаи ғайридавлати ва хусусигардонии корхонаҳои тобеъ;

- таҳияи пешбиниҳои дарозмуддати тараққии соҳа;

- дар соҳаҳо гузаронидани сиёсати ягонаи илмию техники, ҷори намудани комьёбиҳои навтарини илм ва техника бо мақсади таъмини нишондиҳандаҳои баланди техникию иқтисодии истеҳсолот, истифодаи оқилонаи маблағгузории асоси.

III. ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТ

1. Ширкат мувофиқи мақсаду вазифаҳои ба зиммааш гузошта шуда:

- мутобиқи вазифаҳои тараққии соҳа сиёсати пешқадами илмию техники ва маблағгузориро мегузаронад, ки он истифодаи самарабахши иқтидори мавҷудаи истеҳсолию техники ва ҷори кардани намудҳои нави техника ва технологияро таъмин менамояд;

- дар тартиб додани санадҳои техникию иқтисодии сохтмони объектҳои нави саноати дар ҳудуди салоҳияти худ иштирок мекунад ва дар мавриди онҳо хулосаҳои худро мебарорад;

- ба корхонаҳои оид ба масъалаҳои хусусигардони, маблағдиҳи, ҳисоб ва ҳисоботдиҳи ёрии амали ва методи мерасонад;

- кори корхонаҳои тобеъро аз нигоҳи иқтисод таҳлил мекунад, самаранокии фаъолияти истеҳсоли, хоҷаги ва тиҷоратии онҳоро муайян менамояд, барои таҳкими вазъи молияви ва рафъи пурраи зиёноварии онҳо, таъмини дараҷаи фоидаовари, ки барои кор дар шароити иқтисоди бозаргони зарур аст, чораҳо андешида, аз тарафи онҳо риоя шудани интизоми молияви ва ҳисобу китобро назорат мекунад;

- аз муассисаҳои молиявию кредити дар асоси шартнома пул қарз мегирад;

- ҳамроҳи макомоти дахлдори идораҳои давлатии ҷумҳури амалияи муайян намудани нархи маҳсулот ва хизматрасониро мутобиқ месозад ва такмил медиҳад;

- мувофиқи ваколатҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон додашуда, бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор, аз рӯи масъалаҳои соҳави, бо тартиби муқарраршуда, гуфтушунид мекунад, барои татбиқи барномаю тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати ҷумҳури, ба манзури ташкили фаъолияти хоҷагии соҳаҳо бо шарикони хориҷи, шартномаҳо, қарордодҳо ва созишномаҳо таҳия ва имзо мекунанд;

- масъалаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи, тараққии маркетинг, инженеринг ва эълонотро ҳаллу фасл мекунад, оид ба зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои тобеъ пешниҳодҳо таҳия мекунад ва ба амал мебарорад;

- бо фирмаҳо, бонкҳо ва ашхоси дигари ҳуқуқи ва воқеии хориҷи робитаҳо барқарор мекунад, бо онҳо қарордодҳо ва муомилаҳои дигар мебандад, тиҷорат мекунад, фаъолияти тиҷоратию миёнаравиро ба амал мебарорад ва пешниҳодҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак барраси мекунад;

- дар ҷумҳури ва хориҷа ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо, музоядаҳо, ташкил менамояд ва инкишофи равобити мустақим истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, инчунин ба савдои фирмави мусоидат мекунад;

- дар эҷоди корхонаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият, дар фаъолият ва тараққи додани заминаи моддию техникии онҳо иштирок карда, ба сармояи аввалияи онҳо пардохтҳои саҳми ва молияви мегузорад;

- тарбияи кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳоро (аз ҷумла дар хориҷа) ташкил мекунад, кадрҳоро хоста мегирад, роҳбарони корхонаҳои давлати, корхонаҳои тобеи ширкатро мувофиқи қонунгузори ва тартиби муқарраршуда ба вазифа таъин (қарордодҳо мебанданд) ва аз вазифа озод мекунад;

- бо хоҳиши корхонаҳои тобеъ ҳуқуқҳои юридики, молу мулки ва манфиати онҳоро дар мақомоти идораи давлати ва ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо, дар судҳо ва ё ташкилотҳои дигар дар ҷумҳури ва хориҷа ҳимоя мекунад;

- шароити зарурии ташкили барномаҳои илми ва тадқиқотии таҳия ва ҷори кардани шаклҳо ва тарзу усулҳои нави танзими фаъолияти соҳаҳои Ширкатро (Ноу-Хау) таъмин мекунад.

IV. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИИ ШИРКАТ

1. Аз корхонаҳо маълумоти таъҷили мегирад.

2. Бо тартиби муқарраршуда аз ҳисоби пасандозҳои фоидаи тамоми корхонаҳои давлаии тобеи Ширкат ва пасандозҳои корхонаҳои дорои шаклҳои ғайридавлатии моликият (мувофиқи шартномаҳо) барои сариштаи дастгоҳи идора, иҷрои вазифаҳои умумии тараққии истеҳсоли, илмию техники, иҷтимои ва тарбияи кадрҳо хазинаи маркази ташкил менамояд.

V. ИДОРАИ ШИРКАТ

1. бa Ширкат Раис сардори мекунад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун таъин менамояд.

Раис муовинон дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Ширкат таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Вазифаҳоро дар байни муовинон Раис тақсим мекунад.

2. Раис:

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Ширкат гузошташуда ва иҷрои вазифаҳои худ шахсан ҷавобгар мебошад;

- дараҷаи ҷавобгарии муовинони раис ва роҳбарони соҳаҳои сохторро барои роҳбарии бахшҳои ҷудогонаи фаъолияти ширкат, инчунин барои кори корхонаҳои тобеи Ширкат муқаррар мекунад;

- аз рӯи тамоми масъалаҳои фаъолияти Ширкат қарорҳо қабул мекунад;

- аз номи Ширкат амал мекунад ва дар муносибатҳо бо ҳар корхона ва мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дар хориҷа барои ифодаи манфиатҳои Ширкат ваколат дорад, шартномаю қарордодҳо мебандад, оинномаҳои корхонаҳо, низомномаҳои соҳаҳои таркиби ва ҳуҷҷатҳои дигари дастури ва меъёриро тасдиқ менамояд;

- ҷадвали басти дастгоҳи марказии Ширкатро дар ҳудуди сохтори мавҷуда, ки ба андозаи зарурат метавонад тағъир ёбад, тасдиқ мекунад;

- коркунони дастгоҳи идораи Ширкатро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад.

3. Дар ширкат Шӯрои иқтисоди ва илмию техники дар ҳайати Раиси Ширкат (Раиси Шӯро) ва муовинони Раис, инчунин коркунони дигари роҳбарикунандаи Ширкат ташкил карда мешавад.

4. Шӯро ва рӯи ҷадвал ва нақшаи тасдиқшудаи кори худ маҷлисҳо мегузаронад ва масъалаҳои зеринро барраси менамояд:

- барномаи фаъолияти Ширкат ва ҷараёни иҷрои он;

- самтҳои асоси ва барномаҳои комплекси ихтисоси тараққии соҳаҳо;

- ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои тобеъ дар бораи иҷрои вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда ва вазифаҳои худро иҷро кардани онҳо;

- пешниҳодҳо ва лоиҳаҳои асноди меъёри, ҳуҷҷатҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба салоҳияти Ширкат мебошанд.

5. Қарорҳои Шӯро бо фармонҳои Раиси Ширкат ба расмият дароварда мешаванд. Дар мавриди cap задани ихтилофоти байни Раиси Ширкат ва аъзои Шӯро Раис қарори худро гузаронида ва аз хусуси ихтилофот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад ва аъзои Шӯро дар навбати худ метавонанд фикру мулоҳизаи худро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд.

6. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, дастурамалҳо ва нишондодҳои интишоркардаи Ширкат барои корхонаҳои тобеъ ҳатми буда, Ширкат бояд иҷрои онҳоро тафтиш намояд.

7. Дар мавриди зарур Ширкат якҷоя ё бо ризоияти вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ фармонҳо ва дастуруламалҳо мебарорад

VI. БАРҲАМ ДОДАН ВА A3 НАВ ТАШКИЛ КАРДАНИ ШИРКАТ

1. Ширкат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар мавридҳои дигари пешбиникардаи қонунгузорӣ барҳам дода ва аз нав ташкил карда мешавад.

VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

1. Тағйирот ва иловаҳо ба ҳамин Оиннома тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун қабул ва тасдиқ карда мешаванд.