Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 1997, № 52 "Дар бораи феҳрастии давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 23.10.1999

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи феҳрастии давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.10.99с. № 445)

Мутобиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1994 "Дар бораи таъсиси Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки ба Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди ҳуқуқии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз 9 сентябри соли 1991 қабул шудаанд, дохил карда мешаванд:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаророи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;;

фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

асноди меъёрии вазорат ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳама ҳатми мебошанд.

Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дар мавридҳои зарури ба Феҳрасти асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди меъёрии дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои ҳама ҳатми мебошанд, дохил намояд.

Ба мақсади боз ҳам инкишоф додани равобити байналхалқии ҳуқуқи ва ҷамъбаст намудани меъёрҳои байналхалқи муқаррар карда шавад, ки ба Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, асноди ҳуқуқии эътироф намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.

2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлати ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан пешниҳод кардани асноди меъёриеро таъмин менамояд, ки онҳо барои ҳама ҳатми мебошанд.

3. Маълумот аз Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чи ба ашхоси ҳуқуқи ва чи ба ашхоси воқеи дар асоси шартномаҳо ва тарифҳои (нархномаҳои) махсус, инчунин намуди хизматҳо ва давомнокии онҳо пулаки дода мешавад.

Мақомоти ҳокимият ва идораи давлати аз пардохти музд озод карда мешаванд.

Тартиб ва андозаи муздро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

Маблағҳое, ки ба сифати музди додани маълумот аз Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба даромади буҷети ҷумҳури гузаронида мешаванд.

4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартиби баҳисобгирии давлати ва сабти асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.10.99с. № 445).

5. Маблағгузории хароҷоти вобаста бо таъсису пешбурди Феҳрасти давлатии асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳури ба амал бароварда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 20 январи соли 1997 № 52

ш. Душанбе