ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚAPOP
Масъалаҳои вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 265)
Вобаста ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар комплекси агросаноати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop мекунад:
1. Сохтори замимашудаи дастгоҳи марказӣ, нақшаи идора ва Низомномаи Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Шумораи кормандони дастгоҳи марказии вазорати мазкур ба теъдоди 86 воҳид, ки 51 воҳид аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети ҷумҳурӣ ва 35 воҳид аз ҳисоби маблағҷудокунии ташкилотҳои ҳисоби хоҷагии тобеи вазорати зикршуда таъмин мегарданд, муқаррар карда шавад
2. Ба Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва коллегияи иборат аз 11 нафар дошта бошад
3. Барои Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизмати ба миқдори 6 воҳид муқаррар карда шавад
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди пардохти музди меҳнати кормандони дастгоҳи маркази, лимити маблағҳо барои сафархарҷи ва нигоҳдории мошинҳои сабукрави Вазорати мелиорация ва хоҷагии обро муайян намояд.
5. Иттиҳодияи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи "Тоҷикводстрой" ва Иттиҳодияи лоиҳакашию бинокории "Тоҷиксельхозводопроводстрой"-и Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 1997 барҳам дода шаванд.
6. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 1993 № 496 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати обу ободонии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1994 № 252 "Масъалаҳои Иттиҳодияи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи сохтмонии "Тоҷикводстрой";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 1995 № 172 "Масъалаҳои Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон";
сархати чоруми банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 1994 № 3 "Дар хусуси чораҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 7 "Дар бораи тасдиқ намудани сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 январи соли 1997 № 38
ш. Душанбе