ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚAPOP
Дар бораи ба хизматрасонии муассисаҳои бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани суратҳисобҳои нафақаи шаҳрвандон
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1996 № 440 "Дар бораи тадбирҳои таҳкими интизоми молияви ва таъмини саривақт додани музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар гардад, ки минбаъд пардохти нафақа ба тамоми категорияҳои нафақахӯроне, ки кор намекунанд, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохти иҷтимоии шаҳрвандон, ки аз Фонди ҳифзи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, танҳо аз тарафи муассисаҳои Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
2. Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 марти соли 1997 суратҳисобҳои нафақаро ба хизматрасонии муассисаҳои Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ҳамчунин тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти маблағҳоро муайян намояд.
3. Аз Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки дар интиқоли суратҳисобҳои нафақа, ҳамчунин дар навбати аввал бо пули нақд таъмин намудани муассисаҳои Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти саривақтии нафақаҳо ҳангоми дар суратҳисобҳои корреспондентии онҳо мавҷуд будани маблағ мусоидат намояд.
4. Фонди ҳифзи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тезонидани гузариши пардохтҳо ва сари вақт додани нафақаҳо ба муассисаҳои Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим гузаронидани маблағҳоро анҷом диҳад.
5. Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби расонидани нафақаҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоиро ба маҳалли истиқомати шаҳрвандони танҳо ва барҷомондае, ки ба нигоҳубини доими мӯҳтоҷанд, таҳия намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 январи соли 1997 № 32
ш. Душанбе