ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон aз 25 июни соли 1996 № 278 "Дар бораи таъсиси фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 № 278 "Дар бораи таъсиси Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муқаррар карда шавад, ки дар соли 1996 аз 38 фоизи аъзоҳаққии суғуртаи иҷтимоии корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо 3,9 фоизаш ба Федерацияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амали гардонидани тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатӣ, меҳнат, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон, солимгардонии вазъи саломатии меҳнаткашон ва аъзоёни оилаи онҳо, донишҷӯён ва талабагон ва 1 фоизаш ба мақомоти Хадамоти давлатии шуғл барои амали гардонидани тадбирҳои сиёсати шуғл ва фаъолияти самарабахши хадамоти шуғл равона карда мешаванд".
2. Аз соли 1997 cap карда маблағҳои даромаду хароҷоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тартиб ва дар ҳаҷмҳое, ки дар Буҷети давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон пешбини гардидаанд, сурат мегирад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 январи соли 1997 № 4
ш. Душанбе