Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2003, № 1173 "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳоли, тақвият додани ҳавасмандкунии нақши музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимои фармон медиҳам:

1. Аз 1 январи соли 2004 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳури ва нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 7 сомони дар як моҳ муқаррар карда шавад.

2. Аз 1 январи соли 2004 маоши вазифави ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлати маблағгузори мешаванд, (аз ҷумла маош барои рутбаҳои ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарби ва кормандони мақомоти идораҳои қудрати), 25 фоиз зиёд карда шаванд.

3. Аз 1 январи соли 2004 андозаи ҷории стипендияҳо 25 фоиз зиёд карда шавад.

4. Аз 1 январи соли 2004 нафақаи меҳнатии нафақахӯрон ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад.

5. Муайян намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти корношоямии муваққати, пардохти рухсатиҳо ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунад, (ба ғайр аз нафақа) ба андозаи музди меҳнати мувофиқи Тартиби тасдиқшуда, аз 1 январи соли 2004 ҳисоб карда шавад.

6. Бинобар сабаби барҳам додани имтиёзҳо оиди хизматрасонии коммунали, аз 1 январи соли 2004 ба нафақаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарон - бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида иловапули ба миқдори 15 сомони дар як моҳ муқаррар карда шавад.

7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- оиди амали гардидани Фармони мазкур чораҳои зарури андешад;

- дар Буҷети ҷумҳурияви барои соли 2004 оид ба пардохти иловапули ба нафақаи иштирокчиёни ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва ҳамсарон - бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида маблағҳои зарури пешбини намояд;

- аз 1 январи соли 2004 сар карда амали намудани пасандозҳои шаҳрвандоне, ки дар суратҳисобҳои махсус, индексатсияшуда дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мувофиқи Қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1995 № 38 "Оиди индексатсияи пасандозҳои аҳоли, дар муассисаҳои бонкҳо, ки дар давраи аз 1 январи соли 1993 то 10 январи соли 1994" ба вуҷуд омадаанд, дар Буҷети давлати барои соли 2004 маблағҳои зарури пешбини намояд;

- барои додани ҷубронпули ба оилаҳои камбизоат, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табий дар Буҷети давлати барои соли 2004, 20 миллион сомони пешбини намояд;

- барои додани ҷубронпули ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои маълумоти умумии ҷумҳури таҳсил менамоянд, 8 миллион сомони пешбини намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 4 ноябри соли 2003 № 1173

ш. Душанбе