ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои соддатар намудани тартиби фурӯши маҳсулоти пахта
Бо мақсади соддатар намудани тартиби фурӯши маҳсулоти пахта ва фароҳам овардани шароити баробар ҳангоми фурӯши он ба хориҷа ва дар ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба фасли 2 Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 (дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали ооли 1997 № 58) тасдиқгардидаи фурӯши пахта, нахи пахтае (аз ҷумла линту улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда, дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад, тағйироти зайл ворид карда шавад:
сархати даҳум хориҷ карда шавад;
аз сархати ёздаҳум калимаҳои "тасдиқномаи Саридораи саноати пахтатозкунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии маҳсулоти пахтаи фурӯхташаванда" хориҷ карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997 № 59 "Дар бораи таъсиси Биржаи пахтаи ҷумҳурӣ" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
аз сархати сеюми банди 3 калимаҳои "ва Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "ва дар бораи баҳисобгирии маҳсулоти фурӯхташавандаи пахта" хориҷ карда шаванд;
ба қарори зикргардида банди шашуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"6. Биржаи ҷумҳуриявии пахтаи Тоҷикистон, Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти бафурӯшрасонидашавандаи пахтаро ба ҳисоб гирифта, ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи дахлдор пешниҳод намоянд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 сентябри соли 1997 № 400
ш. Душанбе