Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 26.12.1997 с. № 563, аз 05.10.1998 с. № 397)
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конституционии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо дарназардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 1997 № 785 "Дар бораи барҳам додани Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳайати хизматрасон дар заминаи сохторҳои дахлдори Вазорати барҳамдодашудаи фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 26 воҳид муқаррар карда шавад (беэътибор дониста шуд бо
3. Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз рӯи тартиботи муқараршуда Низомномаи Кумита, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Кумитаро таҳия ва ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Вазоратн молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва хароҷоти таъминоти Кумитаи мазкурро муайян намояд.
5. Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Хонаи радио ҷойгир карда шавад.
6. Вазорати фарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду ҳафта маблағҳои асосӣ ва гардонеро, ки фаъолияти мунтазам телевизион ва радиошунавониро таъмин менамоянд, мувофиқи тартиботи муқарарраршуда ба баланси Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 августи соли 1997 № 348
ш. Душанбе