Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2003, № 84 "Дар бораи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ ҷудогардида анҷом диҳад.

3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010-ро бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдор расонад ва ҳар сол аз ҷараёни татбиқи он ба Ҳукумат иттилоот пешниҳод намояд;

якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи муқаррароти асосии ҳамин барномаро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 марти соли 2003 № 84

ш. Душанбе