ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оиди даровардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиротҳои зайл ворид карда шаванд:
Дар банди 5 ва номгӯйи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, калимаҳои "Ширкати миллии истихроҷи нафту гази Тоҷикнафтугаз" ба калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикнафтугаз" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 апрели соли 2001 № 138
ш. Душанбе