ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҷукумати ҶТ аз 31.03.2001с. № 135)
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарав", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бекор шудааст
2. Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 1998 № 463 тасдиқ карда шудааст, тағйироти зайл ворид карда шавад:
ба банди 5:
сархати ҳафтуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"- сабти давлатии шартномаҳои гарав";
сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум мутаносибан сархатҳои ҳаштум ва нӯҳум ҳисоб карда шаванд;
ба банди 7:
сархати бисту ҳафтуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"сабти давлатии шартномаҳои гаравро ба ҷо оварда, шаҳодатномаҳои сабти шартномаҳои гарав ва аз феҳрасти амволи ба гаравмондашуда нусхаҳо медиҳад, ба ашхоси манфиатдор дар бораи сабтҳои анҷомдодашудаи гарави амволи ашхоси ҳуқуқи ё ашхоси воқеии дахлдор - соҳибкор маълумот мефиристад";
сархати бисту ҳафтум сархати бисту ҳаштум ҳисоб карда шавад.
3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 270 "Масъалаҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зайл ворид карда шаванд:
дар банди 1 калимаҳои "82 воҳид" бо калимаҳои "91 воҳид" иваз карда шаванд;
ба сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 8 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"8. Идораи сабти давлатии шартномаҳои гарав";
бандҳои 8, 9, 10, 11, 12 ва 13 сохтори дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан бандҳои 9, 10, 11, 12, 13 ва 14 ҳисоб карда шаванд.
4. Бекор шудааст
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 октябри соли 1999 № 450
ш. Душанбе