Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 30 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" аз 27 декабри соли 1993 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 2 моддаи 36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48, соли 1997, № 23- 24, моддаи 333) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1.Ба Қонун моддаи 2 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд.

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин мавриди истифода қарор мегиранд:

Муҳити зист - муҳити зисти одам, биосфера (муҳити зисти мавҷудоти зинда), ки шароиту восита ва маҳалли зисти одам ва дигар мавҷудоти зинда мебошад: он табиатро ҳамчун як ҷузъи системаҳои табиии экологӣ ва он қисми муҳити табиатро, ки бар асари фаъолияти одам тағйир ёфтааст, дар бар мегирад;

Ҳифзи муҳити зист - системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки мақсад аз он таъмини созгории ҷомеаву табиат дар асоси эҳтиёт кардан ва афзун гардонидани сарватҳои табиӣ, оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, беҳтар кардани ҳолати муҳити зисти инсон мебошад;

Захираҳои табиат - аз тарафи одам истифода бурдани манбаъҳои аслии табиат (замину об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, захираҳои ашёи хоми маъданӣ, маводи радиоактивӣ, олами набототу ҳайвонот, ҷузъҳои он ва дигар боигариҳои табиӣ);

Зарари муҳити зист - дучори тағйироти манфӣ гаштани муҳити зист, ки онро фаъолияти одам бинобар олуда сохтани муҳит, коҳиши захираҳои табиат, осеб дидан, хароб гардидани системаҳои экологии табиат, ки ба саломатию ҳаёти одам, ба олами набототу ҳайвонот, ба сарватҳои моддӣ хавфу хатари воқеӣ доранд, боис шудааст.

Минтақаҳои муҳофизатӣ (дар соҳаи муҳити зист) - гуногунии минтақаҳои муҳофизатшаванда, қисми ҳудуде, ки тибқи тартиботи муқаррарнамудаи Қонун барои ҳифзи ҳудудҳои мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллии табиӣ, боғҳои давлатии ҳайвонот, боғҳои давлатии дарахтҳои нодир бо роҳи маҳдуд кардани истифодаи табиат бо мақсади муҳофизати объектҳои мамнуъ;

Минтақаҳои муҳофизати санитарӣ - ҳудудест, ки барои таъмини меъёрҳои гигиении дар табақаи рӯи замини атмосфера мавҷуд будани моддаҳои зараровар, кам кардани таъсири хатҳои интиқоли қувваи барқ ба аҳолии атроф заруранд;

Китоби сурх - маҷмӯи маълумотест дар бораи навъҳои нодири наботот ва ҳайвонот, несту нобудшаванда ё худ таҳти хатари нобудшавӣ қарорёфта, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонун, бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ҳифзи хоса ва минбаъд афзоиш додан тасдиқ карда мешаванд.

(Китоби сурхи байналмилалӣ, китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Лимити истифодаи захираҳои табиӣ - (дар соҳаи ҳифзи муҳити зист) - миқдори ниҳоии истихроҷу истеъмоли захираҳои табиӣ, партови моддаҳои зарарноки табиат ба муҳити зист. Бо мақсади ҳифзи табиат, оқилона истифода бурдани захираҳои он, пешгирӣ кардани таъсири зараровари ин моддаҳо ба табиат муқаррар карда мешавад.

Ба меъёрдарории сифати муҳити зист - муқаррар кардани системаи нишондиҳандаҳои сифати муҳити зист;

Меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зарарнок ба муҳити атрофнишондиҳандаҳои ҳадди ҷоизи таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба ҳолати муҳити зист, ки ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, бехатарии экологии ҷамъият ва саломатии инсонро таъмин менамоянд;

Меъёрҳои сифати муҳити зист - нишондиҳандаҳое, ки меъёрҳои вазъи сифатии муҳити зист: ҳадди ҷоизи ҷамъшавии моддаҳои зараровар, дараҷаи ҷоизи таъсири радиатсионӣ, дараҷаи садо, ларзиши майдонҳои магнитӣ, ҳадди ҷоизи моддаҳои кимиёвӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал кор фармуда мешаванд, ҳадди ҷоизи муддати фаъолияти бошиддати инсон ба муҳити зист;

Олудашавии муҳити зист - ба муҳити зист ворид шудани моддаҳои хавфноки кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ, партови истеҳсолот, инчунин ба муҳити зист таъсир расонидани садо, ларзиши майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсирҳои зарарноки физикӣ;

Қабати озон - қабати атмосферии қутбҳои замин дар баландии 7-8 км дар экватор, дар баландии 17-18 км дар рӯи сайёра ба андозаи зиёд ҷамъ шудани молекулаҳои озон, ки шуоъҳои ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро намегузаронанд;

Партовҳо - моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон аз онҳо бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ халос шуданианд;

Партови моддаҳои зарарнок - ба муҳити беруна (ба ҳавои атмосфера, объектҳои об, замин) баромадани моддаҳои олудакунанда аз ягон манбаи олудашавӣ;

Боғи дарахтҳои нодири давлатӣ - гурӯҳи дарахтоне, ки дорои аҳамияти илмӣ ва фарҳангию таърихӣ мебошанд, намудҳои аслии набототи боғӣ;

Муоинаи экологӣ - муайян кардани ҳадди хатари экологии қарорҳои пешбинишаванда, ки амалӣ гаштани онҳо ба ҳолати муҳити зист ва захираҳои табиӣ бевосита таъсир мерасонанд".

2. Рақамгузории моддаи дуюм ва дигар моддаҳои Қонун мувофиқан иваз карда шавад.

3. Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зайл баён гардад:

"Ба ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда инҳо мансубанд: мамнӯъгоҳҳои давлатии табии, боғҳои давлатии табиӣ, боғҳои давлатии ҳайвонот, боғҳои давлатии дарахтҳои нодир ва гиёҳшиносӣ, парваришгоҳҳои давлатӣ, ҳудудҳои экологию мардумшиносӣ, ҳудудҳои табиии дамгирӣ, осоишгоҳӣ ва табобатию солимгардонӣ, инчунин ҳайвоноту растаниҳое, ки ба Китоби сурхи байналмилалӣ, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд ва ҷойҳои зисту сабзиши онҳо".

4. Моддаи 6 хориҷ карда шавад.

5. Рақамгузории моддаҳои минбаъда мувофиқан иваз карда шавад.

6. Дар тамоми матни Қонун калимаи "додгоҳ" ба калимаи "суд", калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ", мафҳуми "экспертизаи экологӣ" ба мафҳуми "муоинаи экологӣ", мафҳуми "боғи давлатии дендрологӣ" ба мафҳуми "боғи дара хтҳои нодири давлатӣ", калимаи "ботаникӣ" ба калимаи "гиёҳшиносӣ", калимаи "этнографӣ" ба калимаи "мардумшиносӣ", калимаи "курортӣ" ба калимаи "осоишгоҳӣ", калимаи "химиявӣ" ба калимаи "кимиёвӣ" иваз карда шавад.

7. Аз банди якуми моддаи 66 ибораи "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад.

8. Дар моддаи 68 ва матни қонун ибораи "ташкилотҳои ҷамъиятӣ" ба ибораи "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" иваз карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

10 майи соли 2002 № 30