Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 254)
Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шавад.
2. Директори Маркази таълимии судяҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Маркази таълимии судяҳо аз ҷониби Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.
3. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ сохтор ва Низомномаи Маркази таълимии судяҳоро тасдиқ намояд.
4. Бинобар таъсис додани Маркази таълимии судяҳо аз ҳисоби воҳиди штатии Институти такмили ихтисоси судяҳо, коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, коркунони мақомоти адлия ва шӯъбаҳои ҳуқуқии корхона, муассиса ва ташкилотҳои назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 воҳиди штатӣ бо хароҷотҳои нигоҳдориашон ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. .
5. Дар банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 № 383 калимаҳои "судяҳо" ва "судҳо" хориҷ карда шуда, рақам ва калимаи "40 (чил)" бо рақам ва калимаи "32 (сию ду)" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003 № 150
ш. Душанбе