ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки" аз 23 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, моддаи 143) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Дар моддаи 1:
дар қисми якум калимаи "ташкилотест" ба ибораи "ташкилоти тиҷоратиест" иваз карда шавад.
2. Номи моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Амонат (депозит)".
3. Дар матни Қонун калимаи "депозит" ба калимаи "амонат" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
Номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ассосиатсия (иттифоқ)-и бонкҳо".
Дар матни модда ибораи "иттиҳодияҳо ва ширкатҳо" ба ибораи "Ассосиатсия (иттифоқ)" иваз карда шавад.
Аз қисми 1 ибораи "байниминтақави ва" хориҷ карда шавад.
Дар қисми 2-юм ибораҳои "барои ташкилотҳои ғайритиҷорат" хориҷ карда шавад.
Ба модда қисми 4-уми дорои мазмуни зайл илова карда шавад: "Ассосиатсия (иттифоқ)-и бонкҳоро бо мақсади маҳдуд намудани рақобат дар низоми бонки, сӯиистеъмол кардани маблағи мукофот, шартҳои додани қарз ва хизматҳои дигари бонкҳо истифода кардан мумкин нест".
5. Дар моддаи 8:
ибораи "саҳҳомии маҳдуд" ба ибораи "саҳҳомии пӯшида", ибораи "саҳҳомии номаҳдуд" ба ибораи "саҳҳомии кушода" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 13:
қисми 1-ум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Сармояи оинномавии бонк аз ҳисоби маблағи пардохтнамудаи муассисон ва фурӯши саҳмияҳои бонк бо асъори милли ва хориҷи ташкил карда мешавад".
Қисми 2-юм "Ҳиссаи иштироки ҳар кадом муассис аз 65 фоизи маблағи муқарраркардаи бонк зиёд буда наметавонад" хориҷ карда шавад.
Қисми сеюм, қисми 2-юм ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Андозаи камтарини (минималии) сармояи оинномавии бонк ва ҳиссаи бо асъори хориҷи ташаккулёфтаи он аз тарафи Раёсати Бонки милли муқаррар карда мешавад".
Қисмҳои 4, 5, 6 ва ғайраҳо мувофиқан қисмҳои 3, 4, 5 ва ғайраҳо ҳисобида шавад.
7. Дар моддаи 14:
Дар қисми 2-юм ибораи "Давлат фақат дар шахси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ибораи "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар шахси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 15:
аз номи модда ибораи "тавассути бонкҳои ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
ба модда қисмҳои чорум, панҷум ва шашуми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бонки-резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бонки фаръи кушояд.
Бонкҳои фаръи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
Бонки фаръи ҳуқуқ надорад бонки дигари фаръиро таъсис диҳад".
9. Дар моддаи 16:
дар қисми 1-ум ибораи "иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки" бо ибораҳои "иҷозат барои кушодани бонк" иваз карда шавад.
10. Моддаи 27 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк
Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшави, ҳамроҳшави, тақсимшави, ҷудошави, табдилёби) ихтиёрии бонк мумкин аст бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорони (ҳиссадорони) бонк ва бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба амал бароварда шавад.
Бонки азнавташкилшаванда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати як моҳ, аз рӯзи гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба азнавташкилдиҳи тамоми амонатгузорон, мизоҷон, кредиторон ва дигар шахсони манфиатдорро бевосита хабардор намояд ва ахбори дахлдорро дар рӯзномаҳо нашр намояд.
Бақайдгирии давлати ё аз нав бақайдгирии бонк, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳи ба вуҷуд омадааст, мутобиқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Тартиби азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк, аз он ҷумла тартиби пешниҳод намудани дархост дар бораи гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба гузаронидани азнавташкилдиҳии ихтиёри ва мӯҳлати баррасии он мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
11. Ба Қонун моддаҳои нави 27(1) ва 27(2)-и дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
Моддаи 27(1) Асосҳои розиги надодан барои азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк
Барои азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин розиги дода намешавад:
1) мавҷуд набудани қарори дахлдори мақоми олии бонки азнавташкилшаванда;
2) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторҳо;
3) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани меъёрҳои иқтисоди ва дигар меъёрҳои ҳатми;
4) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисори.
Моддаи 27(2) Барҳамдиҳии ихтиёри ва маҷбурии бонк
Бонк дар асоси қарори мақоми олиаш ҳуқуқ дорад барои гирифтани розиги оиди барҳамдиҳии ихтиёри бо дархост ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
Ба дархост бояд феҳристи чорабиниҳо оиди мӯҳлат ва давраҳои тайёрии бонк ба қатъкунии фаъолияти худ, ки мақоми олии бонк онро тасдиқ намудааст, ҳисоботи тавозуние, ки оиди кифоягии воситаҳои бонк барои пардохти пурраи ӯҳдадориҳои бонк шаҳодат медиҳад ва дигар маълумоти зарури, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳамроҳ карда шавад.
Бо гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон оиди барҳамдиҳии ихтиёри, бонк комиссияи барҳамдиҳиро таъсис медиҳад, ки ба вай тамоми ваколат доир ба идоракунии амвол ва корҳои бонки мегузарад.
Баъди гирифтани розигии барҳамдиҳии ихтиёри бонк ӯҳдадор аст, ки дар ин бора аз тариқи воситаҳои ахбори омма эълон намояд.
Дар ҳолати кофи набудани воситаҳои бонк барои таъмини талаботи тамоми кредиторон ё ғайриимкон будани анҷоми рафти барҳамдиҳии ихтиёри, бонк маҷбуран барҳам дода мешавад.
Тартиби барҳамдиҳи, хусусияти фаъолияти комиссияи барҳамдиҳии бонкҳои ихтиёри, барҳам додашаванда мутобиқи Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барҳамдиҳии маҷбурии бонк дар асоси қарори суд сурат гирифта, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
12. Дар моддаи 31:
Ба қисми 4-ум баъд аз ибораи "сирри бонки" ибораи "ё сирри тиҷорати" илова карда шавад.
Қисми 5 - ум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Мақомоти андоз метавонад бонкро аз рӯи масоили пардохти андоз аз фаъолияти бонки назорат намояд".
13. Дар моддаи 32:
Қисми 8-ум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Бонкҳо бо мақсади таъмини амнияти амволи бонк ва сирри бонки ҳақ доранд хадамоти посбонии худро таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори онҳоро бо воситаҳои зарурии техники, силоҳ ва лавозимоти дигар таъмин намоянд".
Қисми 9-ум хориҷ карда шавад.
14. Дар моддаи 33:
Дар қисми 4-ум баъди ибораи "мизоҷон расонида мешавад", ибораи "ғайр аз ҳолатҳое, ки дар Қонун пешбини гардидааст" навишта, ҷумлаи охирон дар шакли зайл ифода карда шавад: "Ин зиён мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қонун рӯёнида мешавад".
15. Дар моддаи 35:
Қисми 1-ум дар таҳрири зайл баён карда шавад: "Муносибати байни бонкҳо ва байни бонкҳою мизоҷони онҳо, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, дар асоси шартнома сурат мегирад".
Қисми 4-ум дар таҳрири зайл баён карда шавад: "Агар дар қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, мизоҷони бонк ҳуқуқ доранд дар як ё якчанд бонк суратҳисоб кушоянд".
Қисми 6-ум қисми 5-ум ҳисобида шавад.
Ба модда қисмҳои 6 ва 7-уми дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Тартиби гузаронидани амалиётҳои бонки ошкоро буда, наметавонад сирри бонки шавад. Меъёри мазкур тартиби гузаронидани амалиёти мушаххасро бо супориши мизоҷ фаро намегирад.
Бонк ӯҳдадор аст бо талаби аввалини мизоҷ маълумотро дар бораи тартиби гузаронидани амалиётҳои бонки, дар бораи таваккал (риск) ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, тавозуни муҳосибави, ҳисобот дар бораи фоидаю зарар ва хулосаи аудитории соли гузашта, инчунин тавозунҳои ҳармоҳаи муҳосибавии соли ҷориро пешниҳод намояд".
16. Дар моддаи 36:
Дар қисми 2-юм ибораи "Қонуни ҷумҳури" ба калимаи "Қонун" иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 37:
Дар қисми 4-ум ба ҷои ибораи "мақоми ҷумҳурияви оид ба сиёсати зиддимонополи" ибораи "мақоми давлатии зиддиинҳисори" навишта шавад.
18. Дар моддаи 38:
Дар қисми 1-ум ибораи "Қонунҳои ҷумҳури" ба ибораи "Қонун" иваз карда шавад.

19. Дар моддаи 42:
Қисми 3-юми дорои мазмуни зайл илова карда шавад: "Тафтиши аудитории бонк мутобиқи ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад".
Дар қисми 1, 4, 5 калимаи "ширкат" ба калимаи "ташкилот" иваз карда шавад.
Қисмҳои 3, 4, 5, 6 ва 7-ум мувофиқан кисмҳои 4, 5, 6, 7 ва 8 дониста шаванд.
20. Дар моддаи 45:
Ба модда қисми чоруми дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бонк барои гумроҳ сохтани шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо роҳи надодани маълумот, додани маълумоти нодуруст ё нопурра мутобиқи ҳамин Қонун ва қонунҳои дигар ҷавобгар аст".
21. Номи Боби VI "Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки" ба "Муқаррароти хотимави" иваз карда шавад.
22. Дар моддаи 47:
Номи модда "Баррасии баҳсҳо" номида шавад.
Ба модда қисмҳои 2-юм ва 3-юми дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Бонк ҳақ дорад оид ба амал ё беамалии Бонки миллии Тоҷикистон бо дархосту ариза ба он муроҷиат намояд ва Бонки милли дар навбати худ вазифадор аст, ки аз рӯи моҳияти масъалаҳои баёнёфта дар давоми як моҳ ҷавоб диҳад".
"Баҳси байни бонкҳо ва мизоҷони онҳо (шахсони воқеи ва ҳуқуқи) бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
2 декабри соли 2002 № 62