Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003, № 66 "Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, № 4, қисми 2, мод. 326) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

Банди 11 моддаи 7 таҳрири зайл баён карда шавад:

"11. Маълумоте, ки иқтидори захиравӣ ва захираҳои балансии канданиҳои фоиданоки қаъри замини кишвар, афзоиши захираҳои кашфшуда ва истихроҷи ин канданиҳои фоиданокро дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тавсифи конҳоро ошкор месозад, доир ба ҳар як иншооти мушаххас аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Геологияи тоҷик" бо мувофиқаи Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад".

Банди 22 моддаи 7 хориҷ карда шавад.

Бандҳои 23, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30, 31, 32 ва 33 моддаи 7 мувофиқан бандҳои 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30, 31 ва 32 ҳисоб карда шаванд.

Дар банди 16 моддаи 9 калимаҳои "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Банди 9 моддаи 10 хориҷ карда шавад.

Бандҳои 10, 11 мувофиқан бандҳои 9, 10 ҳисоб карда шаванд.

Дар матни моддаҳои 11 ва 12 калимаҳои "Сарраёсати оид ба масъалаҳои сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

аз 8 декабри соли 2003 № 66