Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 30 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод.146,с.1999, №11, мод.278) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Дар моддаи 13:

Ба қисми якум сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад;

"муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

дар сарсатри шашум калимаҳои "мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

сарсатри ҳаштум хориҷ карда шавад.

Ба қисми якуми моддаи 15 банди 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5) дар асоси дархости дигар мақомоти салоҳиятдор бо тартиби дар Қонун муқарраргардида ва дар доираи ваколати худ якҷоя бо кормандони муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар изоляторҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд".

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Э.Раҳмонов

ш.Душанбе

 1 августи соли 2003 № 30