Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003, № 250 "Дар бораи тадбирҳои такмил додани тартиби пардохтҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008с. № 273 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои такмил додани тартиби пардохтҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд

Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмил додани тартиби пардохти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла онҳое, ки барои машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият бе ташкили шахси ҳуқуқӣ патент доранд, ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 20 фоиз аз даромади ба таври мустақилона аз ҷониби онҳо эълоншаванда пардохти иҷтимоӣ месупоранд. Ҳаҷми даромади барои суғуртаи иҷтимоӣ эълоншаванда дар як соли тақвимӣ бояд дар рӯзи супоридани пардохти иҷтимоӣ аз 18 маоши ҳадди ақалу муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон кам иабошад.

2. Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дастуруламалро дар бораи тартиби баҳисобгирии пардохти иҷтимоие, ки соҳибкорони инфиродӣ бо мақсади дар оянда гирифтани кафолати суғуртаи иҷтимоӣ аз рӯи даромадашон эълон менамоянд, таҳия ва тасдиқ намоянд;

- бо мақсади дар оянда бо кафолати иҷтимои давлатӣ таъмин будани шахсоне, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мутобиқи қарори мазкур пардохти иҷтимоӣ месупоранд, оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои дахлдор таклиф пешниҳод намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1999 № 449 "Оид ба тартиби ҳисоб намудани андоз аз даромад ва пардохтхои иҷтимоӣ аз соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи патент" беэътибор дониста шавад.

4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2000 № 216 "Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз он андоз аз даромад ва пардохтхои иҷтимоӣ дар асоси патент ситонида мешавад ва тартиби гирифтани патент аз тарафи шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахсияти ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом медиҳанд" тағйиротҳои зерин ворид карда шаванд:

- аз ном ва матни қарор ибораи "ва пардохтҳои иҷтимоӣ" хориҷ карда шавад;

- дар банди 9 Тартиби гирифтани патент аз тарафи шаҳрвандоне, ки бидуни таъсиси шахсияти ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкорӣ анҷом медиҳанд:

- аз ҷумлаи якум ибораи "ва пардохтҳои иҷтимоӣ" ва ҷумлаи дуюм хориҷ карда шаванд;

- дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз он андоз аз даромад ва пардохтҳои иҷтимоӣ дар асоси патент ситонида мешаванд, ибораи "ва пардохтҳои иҷтимоӣ" ва сутунҳои 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 6 июни соли 2003 № 250

ш. Душанбе