ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"
Моддаи 1.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, №11, мод.539) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
Дар қисми панҷуми моддаи 3, қисми якум ва сархати якуми қисми шашуми моддаи 8 рақами "17" ба рақами "16" иваз карда шавад.
Дар банди "а" қисми сеюми моддаи 20 баъд аз калимаи "дар асоси даъват" калимаҳои "ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ" илова карда шаванд.
Ба моддаи 32 банди "е" бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"аз хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сержантҳо";
сархати сеюми қисми якуми моддаи 34 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"барои сержантҳо, прапоршикҳо ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунанд аз 3 то 5 сол мувофиқи тартибе, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян кардааст".
Дар моддаи 39:
қисми чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Рутбаи навбатӣ ба хизматчии ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат барои хизматҳои шоёни шахсӣ, вале на баландтар аз рутбаи ҳарбие, ки штат барои вазифаи ишғолкардаи ӯ пешбинӣ намудааст, баъди гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати муқарраркардаи хизмат дар рутбаи ҳарбии пешина ва на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизматии ҳарбӣ дода мешавад";
ба қисми панҷум баъди калимаҳои "пешбинӣ гардидааст" калимаҳои "аммо на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизмати ҳарбӣ" илова карда шаванд.
Дар банди "д" қисми сеюми моддаи 45 калимаҳои "бандҳои "б" ва "д" қисми якуми моддаи 21" ба калимаҳои "бандҳои "б", "г" ва "д" қисми якуми моддаи 21" иваз карда шаванд.
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
1 августи соли 2003 № 38