ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи нотариати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сопи 1997, №9, моддаи 106; №23-24, моддаи 333) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун ибораи "Саридораи ҷумҳуриявии нотариалии давлатӣ" бо ибораи "Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", калимаи "архив" бо калимаи "бойгонӣ" ва калимаҳои "юридикӣ", "юридикие" ва "юридикиро" мувофиқан бо калимаҳои "ҳуқуқӣ", "ҳуқуқие" ва "ҳуқуқиро" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад".
3. Дар қисми сеюми моддаи 4 калимаҳои "Кодекси шаҳрвандии" ба калимаҳои "Кодекси граждании" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Мӯҳлати муваққатан маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ 3 сол мебошад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати мазкур идораҳои нотариалии давлатӣ ҳуҷҷатҳои нотариалиро ба бойгонии нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатии вилоятӣ барои маҳфуз доштан месупоранд";
қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои чорум, панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.
5. Дар моддаи 7:
қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Барои қабули имтиҳони тахассусӣ аз шахсоне, ки аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд ва хоҳиш доранд бо фаъолияти нотариалӣ машғул шаванд, инчунин барои додани рутбаҳои дараҷавӣ ба нотариусони давлатӣ бо фармони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо комиссияҳои тахассуси таъсис дода мешаванд. Шумораи ҳайати комиссияҳои мазкур бояд аз 5 то 9 нафар бошанд.";
қисми чорум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Аз хусуси қарори комиссияҳои тахассусӣ оид ба қабули имтиҳонҳои тахассусӣ ё дода шудани рутбаи дараҷавӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи супоридани нусхаи қарор ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.";
қисми панҷум хориҷ карда шавад.
6. Қисми сеюми моддаи 11 хориҷ карда шавад.
7. Дар моддаи 12:
қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ба вазифаи нотариуси давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта, дар идораи нотариалии давлатӣ таҷрибаи кор омӯхтааст ва имтиҳони тахассусиро супоридааст. Шахсе, ки на камтар аз 3 сол собиқаи кории касбӣ дорад, бояд се моҳ ва шахсе, ки собиқаи кории касбиаш аз 3 сол кам аст, бояд шаш моҳ дар идораҳои нотариалии давлатии дахлдор таҷрибаи кор омӯзад. Кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, ки бевосита бо масъалаҳои нотариат машғуланд ва дар ин соҳа зиёда аз 3 сол собиқаи корӣ доранд, ба вазифаи нотариуси давлатӣ бе супоридани имтиҳони тахассусӣ ва гузаштани таҷрибаомӯзӣ таъин карда мешаванд.";
дар қисми дуюм калимаи "ҷиноят" ба калимаҳои "ҷинояти бадқасдона" иваз карда шаванд.
8. Қисмҳои якум ва дуюми моддаи 13 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"Нотариусҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
Асосҳои қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузории меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
-дар давоми як сол ба таври суди бекор карда шудани се ва ё зиёда амалиёти нотариалии нотариуси давлатӣ баҷоовардашуда;
-гум кардани мӯҳри нишони давлатидор ё ба шахси дигар додани он".
9. Қисми якуми моддаи 14 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Нотариуси давлатие, ки ба вазифа бори аввал таъин гардидааст, дар ҳузури ҳайати Мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин мазмун савганд ёд мекунад:
"Тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаҳои нотариуси давлатиро қатъиян мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва виҷдон иҷро менамоям, сирри касбиро нигоҳ медорам, дар рафтори шахсиам дар асоси принсипҳои ору номус, башардӯстӣ ва эҳтироми шаъну шарафи дигар одамон амал мекунам"."
10. Дар моддаи 18:
ҷумлаи дуюми қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Амалиёти нотариалиро нотариусҳои давлатӣ танҳо баъди аз тарафи шахсон дар бонк пардохт кардани боҷи давлатӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохт ба ҷо меоранд".
11. Қисми сеюми моддаи 19 хориҷ карда шавад.
12. Моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 20. Имтиёзҳои пардохти боҷи давлатӣ
Имтиёзҳои пардохти боҷи давлатӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд".
13. Дар моддаи 21:
аз қисми якум банди 22 хориҷ карда шавад;
дар қисми якум банди 23 банди 22 ҳисобида шавад.
14. Дар ҷумлаи дуюми қисми сеюми моддаи 25 калимаи "баҷоовардашаванда" ба калимаи "баҷоовардашуда" ва калимаи "дусияҳои" ба калимаи "парвандаҳои" иваз карда шаванд.
15. Дар қисми сеюми моддаи 26 калимаи "ғайриҳақиқӣ" бо калимаи "беэътибор" иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 28:

"Ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ дар ҳолатҳои ба миён омадани баҳс оид ба муҳофизати ҳуқуқи вайроншуда то ба суд муроҷиат намудани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, дар асоси аризаи шахси манфиатдор мумкин аст ба мӯҳлати 10 рӯз боздошта шавад. Агар дар давоми ин мӯҳлат дар бораи ба истеҳсолоти суди ворид шудани ариза хабар наояд, амалиёти нотариалӣ метавонад ба ҷо оварда шавад".
қисми сеюм ва чорум мутобиқан қисмҳои чорум ва панҷум ҳисобида шаванд.
17. Қисми якуми моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Нотариуси давлатӣ амалиёти нотариалиро ба ном ва ё аз номи шаҳрванд дар ҳолати иштироки бевоситаи ӯ ё намояндаи қонунии вай, ба ном ва ё аз номи шахсони ҳуқуқӣ бошад, дар ҳолати иштироки бевоситаи шахсони ваколатдори мансабдори онҳо ё намояндагони қонунии онҳо ба ҷо меоранд".
18. Аз қисми якуми моддаи 34 ибораи "бақайдгирии давлатии корхонаҳо" хориҷ карда шавад.
19. Аз ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 36 калимаи "ҳафт" хориҷ карда шавад ва дар ҳамин ҷумла баъди ибораи "дар бораи баҷооварии амали нотариалӣ" ибораи "аз ҳафт рӯз" илова карда шавад.
20. Дар моддаи 37:
номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 37. Шикоят аз амалиёти нотариалӣ ё рад намудани ба ҷо овардани онҳо ва тартиби баррасии баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбад";
қисми дуюм ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Баҳсҳо оид ба ҳуқуқе, ки байни шахсони манфиатдор ба вуҷуд омадаанд ва ба амалиёти нотариалии баҷоовардашуда асос меёбанд, ба таври судӣ баррасӣ карда мешаванд".
21. Моддаи 38 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 38. Додани нусхаи дуюми асли ҳуҷҷатҳои ба таври нотариалӣ тасдиқкардашуда
Дар сурати гум кардани ҳуҷҷатҳое, ки нусхаҳои аслашон дар идораҳои нотариалии давлатӣ ва ё бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ маҳфузанд, бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ё намояндагони қонунии онҳо нусхаи дуюми асли онҳо бо риояи талаботи моддаи 25 ҳамин Қонун дода мешавад".
22. Дар моддаи 44:

"Нотариуси давлатӣ ваколатномаро аз номи як ё якчанд шахс танҳо дар ҳолати иштироки бевоситаи онҳо дар Идораи нотариалии давлатӣ ба номи як ё якчанд кас тасдиқ карда метавонад.";

"Ҳангоми тасдиқ намудани ваколатномаҳо ба моликияти муштараки ҳамсарон дар бораи ихтиёрдории амволи ғайриманқул ва аҳдҳое, ки тасдиқкунии нотариалӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бақайдгириро талаб менамоянд, нотариуси давлатӣ ӯҳдадор аст розигии хаттии ҳамсари дигарро гирад".
23. Номи фасли IХ дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Фасли IХ. Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият"
24. Ба Қонун моддаҳои 59(1) ва 59(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 59(1) Додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият
Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба амвол, ки тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба даст оварда шудааст, аз тарафи идораи нотариалии давлатии ҷои воқеъ будани амвол дода мешавад.
Моддаи 59(2) Шартҳои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият
Барои гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба амвол ҳуҷҷатҳои дар Дастурамали тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ пешбинигардида ба идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд".
25. Дар қисми якуми моддаи 63 калимаи "кардан" бо калимаи "мекунад" иваз карда шавад.
26. Дар қисми сеюми моддаи 64 ибораи "Саридора ва идораҳои" бо ибораи "Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои вилоятии" иваз карда шавад.
27. Банди дуюми қисми якуми моддаи 76 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2) агар аз рӯзи ба вуҷуд омадани ҳуқуқи даъво аз се сол бештар нагузашта бошад".
28. Қисми якуми моддаи 79 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Номаи иҷрояро қарзхоҳ барои иҷрои маҷбурӣ дар давоми се сол аз рӯзи навишта шудани он пешниҳод карда метавонад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дигарро муқаррар накарда бошад".
29. Дар қисми якуми моддаи 85 калимаи "маъмурӣ" ба калимаҳои "дигар мақомоти давлатӣ" иваз карда шаванд.
30. Фасли ХIХ, моддаҳои 87 ва 88 хориҷ карда шаванд.
31. Номи фасли ХХ дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Аз тарафи нотариуси давлатӣ истифода бурдани санадҳои ҳуқуқии хориҷии байналмилалӣ".
32. Дар моддаҳои 90, 92 ва 93 ибораи "асноди байналхалқии ҳуқуқии" ба ибораи "санадҳои ҳуқуқии байналмилалии" иваз карда шавад.
33. Номи моддаи 95 ва қисми якуми он дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"Моддаи 95. Истифодаи санадҳои ҳуқуқии байналмилали
Ҳангоми баҷооварии амалиёти нотариалӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд".
34. Фасли ХХ ва моддаҳои 89, 90, 91, 92, 93, 94 ва 95 мувофиқан фасли ХIХ ва моддаҳои 88, 89, 90, 91, 92 ва 93 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
8 декабри соли 2003 № 56