×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 № 73 "Дар бораи байторӣ"

Санаи амалкуни: 30.07.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 674 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 117, аз 30.07.2007 № 326)

Қонуни мазкур асосҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии байторӣ, талаботҳоро оид ба бехатарии байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот ва ҳифзи муҳити зист, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандонро дар ҷодаи таъмини офияти байторию санитарӣ ва эпизоотӣ, карантини ҳайвонот муайян намуда, тартиби ба амал баровардани назорати давлатии байториро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- дезинсексия - нобуд кардани ҳашаротҳои буғумпо, ки интиқолдиҳандагони ангезаи бемориҳои сироятӣ (паразитарӣ) мебошанд;

- дезинфексия - дур кардан ё нобудсозии ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитарӣ);

- дерратизатсия - нобуд кардани хояндагон -интиқолдиҳандагони ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитарӣ);

- карантин - маҷмӯи тадбирҳое, ки барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии ҳайвоноту инсон, растанӣ андешида мешаванд;

- муойинаи узвӣ (органолептикӣ) - муайян кардани сифати маҳсулот бо ёрии узвҳои ҳис;

- чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва инвазионии ҳайвонотро пешгирӣ менамоянд;

- инвазия - аз ҳайвоноти паразит ба воситаи сироят бемор шудани инсон, ҳайвонот ва растанӣ.

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи байторӣ

Қонунгузорӣ дар бораи байторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдори байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои соҳаи байториро дар ҷумҳурӣ мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби мақаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Сохтори ин мақомотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдори байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

- ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии ангезаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот (аз ҷумла парранда, ҳайвоноти мӯинадор, занбӯри асал, моҳӣ ва ғайра) аз ҳудуди дигар давлатҳо ё минтақаҳои карантинӣ;

- пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои сирояткунанда, инвазионӣ ва ғайрисироятии ҳайвонот;

- назорати истеҳсол ва фурӯши маҳсулоту ашёи хоми аз ҷиҳати байторӣ хушсифати ҳайвонот;

- ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон;

- муайян намудани тартиб ва назорати ҷойивазкунӣ, содирот ва воридоти ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, маводи байторӣ, хӯрок ва иловаҳои хӯрокаи ҳайвонот;

- экспертизаи байторию санитарии маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, инчунин маҳсулоти растанӣ;

- манъ намудани воридоти маҳсулоте, ки дар он нумӯяҳои биологӣ, антибиотикҳо, маводи гармонӣ бо мақсади суръатбахшӣ ва афзоиши маҳсулнокии ҳайвонот истифода шудаанд.

- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот;

- таҳияи барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи байторӣ, истеҳсоли доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, ташкили корҳои тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои байторӣ;

- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроия ва шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, қатъи назар аз тобеият ва шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, соҳибони ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ БАЙТОРӢ

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад ва мақсад аз он фароҳам овардани шароит барои хадамоти байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот, таъмини ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи байторӣ, инкишофи заминаи моддию техникии ташкилоту муассисаҳои байторӣ имконият медиҳад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти ба вай додашуда қабулгардида барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, қатъи назар аз тобеияти идоравӣ, шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- дастгирии тадбирҳо оид ба инкишофи хадамоти давлатӣ ва хусусӣ;

- таъмини хадамоти давлатии байторӣ бо захираҳои дахлдори молиявӣ;

- риояи ягонагии манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи байторӣ;

- масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор барои иҷро накардани қонунгузории байторӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи байторӣ;

- дастгирии давлатии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи таҳияи усулҳои нави ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳайвонот;

- инкишоф додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи байторӣ.

Моддаи 5. Назорати стандартҳои таъминоти моддию техникии хадамоти давлатии байторӣ

Назорати стандартҳои таъминоти моддию техникии озмоишгоҳҳо, корхонаҳои тавлиди маводи байторӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият аз тарафи мақомоти ваколатдори байторӣ бо тартиби муқаррарнамуда амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Мутобиқати муҷаҳҳазии озмоишгоҳҳо, корхонаҳои тавлиди маводи байторӣ бо стандартҳои таъминоти моддию техникии муқарраршуда ҳангоми ба онҳо додани иҷозатномаи (литсензияи) фаъолияти байторӣ ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 6. Стандартҳои сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ)

Стандартҳои сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) тибқи тартиботи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва барои ташкилоту муассисаҳои байторӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи байторӣ ба соҳибкорӣ машғулбуда дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Риоя накардани стандартҳои ҷумҳуриявии сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) аз тарафи субъектҳои фаъолияти байторӣ асос барои боздоштани фаъолияти онҳо дар соҳаи байторӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 117).

Назорати риояи стандартҳои ҷумҳуриявии сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 7. Идоракунии давлатии хадамоти байторӣ

Хадамоти байторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад. Мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ мебошад. Онро Сардори Сарраёсати (Сарнозири давлатии) байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Роҳбарони ташкилотҳои тобеии хадамоти давлатии байторӣ аз тарафи Сарраёсати байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Роҳбарони мақомоти идораи соҳаи байторӣ, ҳамчунин роҳбарони стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи мансаб ҳамзамон сарнозирони давлатии байторӣ мебошанд.

Моддаи 8. Хадамоти идории байторию санитарӣ

Вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо бо нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот, ҳифз ва фурӯши маҳсулоти он, хӯрок ва доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот алоқаманданд, аз ҳисоби воситаҳои худӣ бе истифодаи маблағҳои буҷетӣ метавонанд хадамоти байторию санитариро таъсис диҳанд. Тартиби ташкил ва сохтори ин хадамот аз тарафи мақомоти зикршудаи идоравӣ муайян карда мешавад.

Хадамоти идоравии байторию санитарӣ фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур таҳти роҳбарии методии мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байтори

Фаъолияти хусусии байтори дар асоси иҷозатнома (литсензия) амали карда мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии байтори бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 117).

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРӢ

Моддаи 10. Назорати давлатии байторӣ

Назорати давлатии байторӣ маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба риояи қонунгузории байторӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Назорати давлатии байторӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Назорати давлатии байторӣ инҳоро дар бар мегирад:

- ошкор ва муайян кардани сабабҳо, шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон;

- ташкили чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон, чорабиниҳои байторию санитарӣ оиди муҳофизати ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва дар амал ҷорӣ кардан, ба система даровардани қоидаҳои байторӣ, муқаррар кардани тартиботи гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ, санҷишҳои тадқиқотӣ ва сертификатсионӣ;

- назорати гузаронидани чорабиниҳои ташкилию истеҳсолӣ ва байторию пешгирикунӣ, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя кардани қоидаҳои байторӣ;

- муқаррар кардани тартиботи истеҳсол ва истифодаи доруворӣ дар соҳаи байторӣ, ки барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот пешбинӣ шудаанд;

- татбиқи чораҳои пешгирии вайрон кардани қонунгузории байторӣ, додани фармоишҳо, амрномаҳо ва баровардани қарорҳо ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории байторӣ.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо барои ба ҷумҳурӣ ворид намудани (содир намудани, транзити) ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯроки ҳайвонот, иловаҳои хӯроки ҳайвонот ва доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот алоқаманд аст, ӯҳдадоранд, ки барои истифода ба идораҳои минтақавии назорати давлатии байторӣ дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёт, ба нуқтаҳои байтории сарҳадӣ ва нақлиётӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои назорати давлатии байторӣ биноҳои хизматӣ, таҷҳизоту воситаҳои алоқаи заруриро ройгон вогузоранд, инчунин хароҷоти гузаронидани экспертизаи байторию санитариро талофӣ намоянд.

Моддаи 11. ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд дар мавриди ошкор намудани бемориҳои сироятии ҳайвонот дар муддати як шабонарӯз ба мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ пешниҳоднома дар бораи муқаррар кардани тартибу қоидаҳои махсус, ки иҷрои онҳо паҳншавии ангезаҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсонро пешгирӣ менамоянд, ирсол намоянд.

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ амалӣ месозанд, ҳуқуқ доранд:

- бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ бе мамониат ба объектҳои таҳти назорат будаи ҳудуди дахлдор дароянд, маълумотеро гиранд, ки барои муайян кардани ҳолати эпизоотӣ, ошкор намудани сабабҳои бемориҳои ҳайвонот, муайян кардани сифати байторию санитарии маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот заруранд ;

- барои ҳатман гузаронидани чораҳои зиддиэпизоотӣ ва байторию санитарӣ фармоиш диҳанд;

- дар ҳолати мавҷуд будани бемориҳои гузаранда ё шубҳа ба мавҷудияти бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот дар бораи нобуд кардани ҳайвонот, безараргардонии маҳсулот ва ашёи хоми он, коркард ё чун партов истифода намудани онҳо фармоишҳо бароранд;

- фурӯши маҳсулоти ҳайвонот, инчунин коркарди ашёи хоми ҳайвонот ва растаниро, ки ба талаботи байторию санитарӣ мувофиқат намекунад, воситаҳои муҳофизати ҳайвонот, иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба талаботи сифат мувофиқ набударо боздорад ва оиди манъи он ба суд даъво пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326);

- сохтмон, тармими биноҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди гӯшту шир, сехҳо, анборҳо ва дигар иншоотҳои ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯ набударо боздорад ва оиди манъи он ба суд даъво пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326);

- дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳисоби мутахассисони байторӣ бо ҷалби мутахассисони муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимӣ барои муайян кардани сабабҳои беморӣ, талафоти ҳайвонот комиссияҳо ташкил диҳанд;

Сархати ҳафтуми қисми дуюми моддаи 11 хориҷ карда шуд  (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 117).

- фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳоро дар мавриди вайрон шудани меъёру қоидаҳои байторию санитарӣ, ки метавонанд боиси таҳдиди ҳаёт ва саломатии одамон ё сабабҳои дигар оқибатҳои вазнин шаванд, маҳдуд созанд, муваққатан қатъ намоянд ё манъ кунанд.

- ворид намудани маводи байторӣ ва иловаҳои хӯроки ҳайвонотро, ки дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаанд ва дорои сертификат намебошанд, манъ намоянд;

- ҷазои маъмурӣ таъин намоянд.

Тартиби ворид намудани маводи байторӣ, иловаҳои хӯроки ҳайвонот аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Дар ҳолати эпизоотӣ, офати табиӣ ва дигар ҳолатҳо бо қарори махсуси мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани дорувории байторӣ ва иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба қайд гирифтанашуда дар ҳолати мавҷуд будани сертификат ва шаҳодатнома, ки ба қайд гирифта шудан ва истифодаи онҳоро дар мамлакати истеҳсолкунанда тасдиқ менамояд, иҷозат дода мешавад.

Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад барои дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани комиссияи фавқулоддаи зиддиэпизоотӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ ва ё бекор кардани карантин ва дигар маҳдудиятҳои байторию санитарӣ, ки ба барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотӣ ва бартараф намудани таҳдиди паҳншавии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот нигаронда шудаанд, таклифҳо пешниҳод намояд.

Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ мегардонанд, бо либоси махсуси хизматии дорои нишонаҳои фарқкунанда таъмин карда мешаванд. Низомнома дар бораи намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 12. Назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо

Назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо ва дар дигар ҷойҳо, ки фурӯши ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ва растанӣ ба роҳ монда шудааст, ҳатмӣ мебошад.

Озмоишгоҳҳои давлатии экспертизаи байторию санитарӣ дар бозорҳо барои тамғазании гӯшт ва дигар маҳсулоти ҳайвонот бояд тамға, этикеткаи нишондиҳандаи сифати маҳсулот, дафтари бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дошта бошанд.

Маҳсулот дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти молик барои экспертиза қабул карда мешавад.

Байтори озмоишгоҳи экспертизаи байторию санитарӣ ҳуқуқ дорад маҳсулоти барои фурӯш мувофиқ набударо боздорад. Чунин маҳсулот бояд аз тарафи моликони объектҳои савдо барои истифода чун партов ё барои коркард фиристода шавад.

Фурӯши маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ ва аз тарафи фурӯшандагон гирифтани хулосаи мақоми назорати давлатии байторӣ, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хӯроквориро бо қоидаю меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, мумкин аст.

Фурӯши маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ё растанӣ дар ҷойҳое, ки барои ин кор ҷудо нашудааст ё аз экспертизаи байторию санитарӣ нагузаштааст, манъ аст. Дар ҳолати риоя нашудани ин талабот маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ё растанӣ тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ мусодира карда мешавад.

Моликони объектҳои савдо барои роҳ додан ба фурӯши маҳсулоти аз экспертизаи байторию санитарӣ нагузашта ҷавобгаранд.

Моддаи 13. Назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт

Хадамоти минтақавии назорати давлатии байторӣ дар Сарҳади давлатӣ ва нақлиёт бо мақсади пешгирии ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид шудани бемориҳои махсусан хавфноки (аз ҷумла карантинии) ҳайвонот, ҳамчунин бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон таъсис дода мешаванд ва фаъолият мекунанд.

Гузаронидани ҳайвонот, маҳсулоти он, маҳсулоти тайёри хӯрок, ашёи хоми ҳайвонот, хӯроки ҳайвонот ва хӯрок аз растанӣ, иловаҳои хӯроки ҳайвонот, парвардаи микроорганизмҳо, маводи байторӣ ва дигар борҳои таҳти назорати хадамоти байторӣ қарордошта тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди тафтиши ҳатмии байтории онҳо иҷозат дода мешавад. Расмигардонии гумрукии борҳо танҳо баъди аз тафтиши мазкур гузаштани онҳо анҷом ёфта метавонад, ки онро мутахассисони назорати давлатии байторӣ, гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ мегузаронанд. ҳамзамон ҷои кори Инспексияҳои давлатии назорати байторӣ бояд дар минтақаи ягонаи гумрукӣ бошад.

Ворид, содир ва ё аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба тариқи транзитӣ кашонидани ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ва дигар борҳо, ворид шудани воситаҳои нақлиёт, ки воҷиби назорати ҳатмии давлатии байторӣ мебошанд, ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи созишномаҳои байнидавлатӣ ва дар мавриди риояи талаботи байторӣ иҷозат дода мешавад. Ба фурӯши маҳсулот, ашёи хоми ҳайвонот ва хӯроки он, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, танҳо баъди аз экспертизаи байторӣ гузаштан иҷозат дода мешавад.

Низомнома дар бораи хадамоти минтақавии назорати давлатии байторӣ дар Сарҳади давлатӣ ва нақлиёт аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 14. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми шикори ҷонварон

Ҳар ташкилоти шикорӣ вазифадор аст, ки барои коркарди ҷонварони шикоршуда мутобиқи талаботи байторию санитарӣ майдончаҳои махсусро таҷҳизонад ва гузаронидани экспертизаи ҷонвари сайдшударо, ки барои хӯрок истифода мешавад, таъмин намояд.

Моддаи 14(1). Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи байторӣ

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326)

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо мақсади гузаронидани назорати давлатии риояи қонунгузорӣ дар соҳаи байторӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад".

Моддаи 15. Кафолати шахсоне, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд

Мутахассисоне, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд, дар фаъолияти худ соҳибихтиёранд ва Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои байторӣ ба роҳбарӣ мегиранд.

Истифодаи мутахассисони хадамоти давлатии байторӣ барои иҷрои корҳои бо хизматрасонии байторӣ алоқаманднабуда манъ аст.

Ҳеҷ як фармоишоти шахсони мансабдор барои ягон амали ғайриқонунӣ ё беамалии мутахассисони байторӣ асос шуда наметавонад.

Моддаи 16. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии мутахассисони байторӣ

Мутахассисони байторӣ бояд ҳатман аз ҳодисаҳои зарарбинӣ ё бемориҳои касбӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳангоми мубориза бо бемориҳои сирояткунанда ва ҳангоми муомилаи бевосита бо ҳайвонот гирифтор мешаванд, суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда шаванд.

Мутахассисони байторӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ таъмин карда мешаванд. Дар муддати кор дар лонаҳои бемориҳои сироятии ҳайвоноти мубталои бемориҳои сирояткунанда маоши вазифавии онҳо ба андозаи дукарата аз ҳисоби маблағҳои зиддиэпизоотикӣ пардохта мешавад.

Моддаи 17. Шикоят нисбати амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро татбиқ месозанд

Амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро татбиқ месозанд, метавонад боиси шикоят ба мақоми болоии Назорати давлатии байторӣ ё суд гардад. Шикоят бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.

БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ ХАДАМОТИ БАЙТОРӢ ВА НАЗОРАТИ БАЙТОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 18. Манбаъҳои маблағгузории хадамоти байторӣ ва назорати байторӣ

Манбаъҳои маблағгузории хадамоти байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

- маблағи буҷетҳои ҳама сатҳҳо;

- маблағи фондҳои мақсадноки байторӣ;

- даромад аз фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои байторӣ;

- маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи сармоягузорон;

- дигар манбаъҳое, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Моддаи 19. Маблағгузории буҷетии хадамоти байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми ваколатдори байторӣ, ташкилоту муассисаҳои тобеи он, хадамоти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бевосита аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Банақшагирии хароҷот барои маблағгузории хадамоти байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағҳои Буҷети давлатӣ дар асоси хароҷоти молиявии ягонаи меъёрӣ барои фаъолияти хадамоти байторӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва дар қисми хароҷоти буҷети ҳамаи сатҳҳо дар як воҳиди "Байторӣ" пешбинӣ мешавад, сурат мегирад.

Хадамоти байторӣ инчунин аз ҳисоби манбаъҳои иловагии зерин маблағгузорӣ карда мешавад:

- фоидаи аз намудҳои фаъолияти хоҷагӣ бадастомада;

- кредити бонкҳо ва дигар қарзҳо;

- кӯмакҳои беғаразона ё эҳсонкорона ва ё маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

БОБИ 5. ТАЛАБОТИ БАЙТОРИЮ САНИТАРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ КАРДАНИ БЕМОРИҲОИ ҲАЙВОНОТ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ҲАЙВОНОТ АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ БАЙТОРИЮ САНИТАРӢ

Моддаи 20. Талаботи байторию санитарӣ нисбати лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаҳо оид ба истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот

Ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони комплексҳои чорводорӣ, фабрикаҳои паррандапарварӣ, заводҳои шир, заводҳои моҳӣ, комбинатҳои гӯшт, комбинатҳои хунукдорӣ, дигар корхонаҳои истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон бояд муҳайё намудани шароити бештар мусоидро барои нигоҳ доштани ҳайвонот ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз нигоҳи байторию санитарӣ бехавфу хатар будани маҳсулоти ҳайвонотро пешбинӣ намоянд. ҳангоми таҳияи меъёрҳои лоиҳакашии объектҳои таҳти назорати байторӣ, ҳалли масъалаҳои ҷойгиронии онҳо ва муқаррар кардани қитъаҳои байторию санитарӣ бояд қоидаҳои байторӣ риоя шаванд.

Ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмон, тасдиқ намудани меъёрҳои лоиҳакашӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, тармими объектҳои таҳти назорати байторӣ, инчунин ба истифодадиҳии объектҳои сохташуда ва тармимшуда ҳангоми мавҷуд будани хулосаҳои байторию санитарӣ иҷозат дода мешавад.

Моддаи 21. Талаботи байторию санитарӣ нисбат ба хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот

Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бояд барои сиҳатии ҳайвонот бехатар бошад ва набояд нумӯяҳои афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла гармонӣ ва дигар моддаҳои барои ҳайвонот, муҳити зист ва инсон зарарнокро дар сатҳи зиёда аз меъёр дошта бошанд.

Меъёрҳои байторию санитарии бехатарӣ ва (ё) безарарӣ барои хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ва тартиби сертификатсияи онҳо бо қоидаҳои байторӣ муқаррар карда мешавад. Меъёрҳои бехатарӣ ва (ё) безарарии хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот набояд аз меъёрҳои дахлдор, ки онҳоро стандартҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ташкилотҳои байналмилалии байторӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳост, муқаррар кардааст, фарқ кунанд.

Истеҳсол ва истифодаи хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот аз рӯи таъинот ҳангоми мавҷуд будани хулосаи байторию санитарӣ оид ба мутобиқати онҳо ба қоидаҳои байторӣ иҷозат дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки истеҳсол, харид, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонотро ба роҳ мемонанд, бояд қоидаҳои байториро иҷро кунанд ва оид ба таъмини сифатнокии онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба қоидаҳои байторӣ номутобиқ ва аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ ва (ё) сертификатсия барои сиҳатии ҳайвонот хавфнок фавран аз истеҳсолот ва вояи (рациони) хӯроки ҳайвонот хориҷ карда мешаванд. Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвоноти аз истеҳсолот ва вояи ҳайвонот хориҷкардашуда бояд нобуд карда шаванд ё аз тарафи соҳибони он мутобиқи хулосаи байторию санитарӣ истифода шаванд.

Моддаи 22. Талаботи байторию санитарӣ ба нигоҳдорӣ, ғизодиҳӣ ва обдиҳии ҳайвонот, кашонидан ва рондани он

Биное, ки барои нигоҳдории муваққатӣ ё доимии ҳайвонот таъин шудааст, аз рӯи масоҳат ва таҷҳизоташ бояд барои сиҳатии он шароити мусоид дошта бошад.

Обе, ки ба ҳайвонот дода мешавад, бояд аз назари эпизоотӣ ва радиатсионӣ бехавф, аз рӯи таркиби кимиёвиаш безарар бошад, дорои хусусиятҳои гуворои органолептикӣ буда, набояд манбаи таъсири зараровар ба сиҳатии ҳайвонот гардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки ҳайвонотро бо хӯрок ва оби ба меъёрҳои байторию санитарии ғизодиҳӣ ва обдиҳӣ мутобиқаткунанда таъмин намоянд.

Кашонидан ва рондани ҳайвонот бо риоя намудани талаботи байторию санитарӣ оиди пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот танҳо бо роҳҳои бо мақомоти ваколатдори байторӣ мувофиқашуда мумкин аст. Кашонидан ва рондани ҳайвонот аз ҳудудҳои ноҳия ва шаҳрҳои нисбати бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот номусоидбуда манъ аст.

Моддаи 23. Нишонагузории чорво

Чорво бояд ҳатман аз рӯи шаклу намунаҳои муқаррарнамудаи меъёру қоидаҳои байторӣ нишонагузорӣ карда шавад, то ки ҳар як чорво тамоми умр, аз ҷумла дар сурати дигар шудани соҳибаш, бо мақсади назорат кардани самарабахшии тадбирҳои байторию санитарӣ оид ба пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои чорво таҳти мушоҳида бошад.

Ҳар чорво аз рӯзи зоида шуданаш бояд рақами фардии алоҳида дошта бошад ва он дар шакли тамға ва ё ҳалқаи дар гӯш аз рӯи қоида насбгардида сабт шуда бошад. Рақами чорво барои муайян кардани зот, синну сол, ҷои таваллуд ва соҳибаш, инчунин барои пур кардани варақаҳои баҳисобгирӣ ва ҳисобот имконият медиҳад.

Барои ҳар як чорво аз рӯзи зоида шуданаш шиносномаи фардии алоҳидаи байторӣ тартиб дода мешавад, ки онро бояд то рӯзи мурданаш (куштанаш) нигоҳ доранд ва бояд бо тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супоранд. Дар шиноснома нишонагузории ин ё он чорво, аз ҷумла рақами фардии он, зоташ, ранг, ҷинс, рӯзу моҳ ва соли зоида шудан аниқ навишта мешавад. Дар шиноснома ҳамчунин лақаби чорво, соҳибаш, суроғаи соҳиби чорво, рӯзу моҳ ва соли ба каси дигар додан (фурӯхтан), рақами асноди фурӯш ва санадҳои суғуртаи он зикр меёбанд. Дар шиноснома аз тарафи байторҳо дорую даво карда шудани чорво, яъне чӣ гуна ва кай дорую даво шудани чорво, рафтори чорво ба ин ё он тарзи дорую даво, имзои байторе, ки чорворо дорую даво кардааст, қайд карда мешавад.

Моддаи 24. Талаботи байторию санитарӣ ба ташкили куштани ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ ва ашёи хоми ҳайвонот

Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ба куштани ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдори, интиқол ва фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯшти, ашёи хоми ҳайвонот машғуланд, фаъолияти худро дар асоси аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсоли амали мекунанд.

Тартиби гузаронидани аттестатсияи байторию санитари ва гирифтани иҷозати байторию санитари ба содироти гушт ва махсулоти гуштй, ашёи хоми хдйвонот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридоти чунин махсулотро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон макоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 117, аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 25. Талаботи байторию санитарӣ ба ташкили фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар бозорҳо

Ҳангоми ташкили фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар бозорҳои савдои яклухт, чакана, озуқаворӣ ва ғайра, ки бо тартиботи муқарраршуда таъсис ёфтаанд, бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва пешгирии аз хӯрок заҳролудшавӣ бояд қоидаҳои байторӣ иҷро карда шаванд.

Фурӯши маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ хушсифат ва безарар донисташуда ва ҳайвоноти аз рӯи натиҷаҳои азназаргузаронии байторию санитарӣ солим донисташуда иҷозат дода мешавад. Хушсифатӣ ва безарарии маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ ва офияти байторию санитарии ҳайвонот бояд бо хулосаҳои байторию санитарӣ расман шаҳодат дода шаванд.

Дар бозорҳо барои ташкили назорати иҷрои қоидаҳои байторӣ, гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ, дигар чорабиниҳои махсус оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти фурӯхташавандаи ҳайвонот ва растанӣ аз тарафи шахсони мансабдор ва (ё) шахсоне, ки дар бозорҳо вазифаи идоракуниро ба ӯҳда доранд, бояд озмоишгоҳҳои байторию санитарӣ таъсис дода шаванд. Кори муассисаҳои мазкур тибқи низомномаи озмоишгоҳҳои байторию санитарӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 26. Талаботи байторию санитарӣ нисбати ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд

Ҳайвоноте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариш ва нигоҳдорӣ, аз ҷумла барои дар боғи ҳайвонот нигоҳ доштан, дар намоишгоҳ иштирок кардан, дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзидан, инчунин ба дигар мақсадҳои фоиданок истифода бурдан ворид мешаванд, бояд сиҳат бошанд. Маҳсулоти ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркард ва фурӯш оварда мешавад, бояд аз ҳайвоноти сиҳат ҳосил шуда бошад. Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш оварда мешаванд, бояд барои сиҳатии ҳайвонот безарар буда, моддаҳои аз меъёр зиёда надошта, набояд дорои хусусият ва омилҳои зараровар ба муҳити зист ва саломатии инсон бошанд.

Ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузории байторӣ ва шартҳои шартномаҳои байналмилалии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо мавҷудияти сертификатҳои байтории собитсозии (кафолати) бехатарии байторию санитарии офияти эпизоотии мамлакати содиркунанда барои ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ворид карда мешаванд. ӯҳдадорӣ оиди иҷрои талаботи қонунгузории байторӣ ва кафолати риояи қоидаҳои байторӣ ҳангоми воридсозӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бояд қисми таркибии шартнома доир ба таҳвили ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бошад.

БОБИ 6. ТАЪМИНИ МУҲОФИЗАТ АЗ БЕМОРИҲОИ МАХСУСАН ХАВФНОКИ ҲАЙВОНОТ, КИ БАРОИ ҲАЙВОНОТ ВА ИНСОН УМУМӢ АСТ ВА АЗ ХӯРОК ЗАҲРОЛУДШАВӢ

Моддаи 27. Барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотӣ ва бартараф кардани хавфи пайдошавӣ ва паҳншавии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот

Барои барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот ва бартараф намудани хавфи пайдоиш ва паҳншавии ин бемориҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар асоси пешниҳодот ва дастури Сарнозири давлатии байторӣ метавонад карантин ҷорӣ шуда, ҳайвонот ва ё маҳсулоти ҳайвонот мусодира ва дигар чорабиниҳои байторию санитарии маҳдудкунанда гузаронида шавад.

Тартиби ҷорӣ кардани (бекор кардани) карантин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои дахлдори ноҳияҳо (шаҳрҳо), дар объектҳои хоҷагидорӣ ва ғайра ва дар нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои татбиқи карантин, дигар чорабиниҳои маҳдудкунандаи байторию санитарӣ ва номгӯи бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот, ҳангоми барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотӣ ва бартарафкунии хавфи пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо, ки боиси ҷорӣ шудани карантин, мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот мегардад, тибқи қоидаҳои байторӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҷуброн намудани зарари дар натиҷаи мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот дидаашонро доранд.

Моддаи 28. ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - соҳибони ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот бо мақсади барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот ӯҳдадоранд:

- талаботи қонунгузории байторӣ, инчунин қарорҳо, дастурҳо ва хулосаҳои байторию санитарии шахсони мансабдори назорати давлатии байториро иҷро намоянд;

- чорабиниҳои муқарраршуда ва иловагии байторию санитариро, аз ҷумла корҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дерратизатсиониро ба амал бароранд.

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотии дар Қонуни мазкур пешбинишударо, ки ба барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот мусоидат менамоянд, таъмин кунанд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 29. Салоҳияти мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон ва заҳролудшавӣ аз хӯрок

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326)

Аз тарафи мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои бехатарии байторию санитарӣ асоснок ва муқаррар карда шуда, экспертизаи байторию санитарӣ, дигар чорабиниҳои махсуси таъмини бехатарӣ аз нигоҳи байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот дар ҳамаи давраҳои муомилоти он, аз лаҳзаи тайёр кардан (истеҳсол) то истеъмоли (фурӯши) аҳолӣ, инчунин оид ба таъмини бехатарии (безарарии) маҳсулоти растанӣ ҳангоми фурӯши он дар бозорҳо гузаронида мешавад. Мақсади татбиқи чорабиниҳои мазкур муҳофизати аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон, аз хӯрок заҳролудшавӣ, ки дар натиҷаи истеъмоли маҳсулоти аз нигоҳи байторию санитарӣ хавфнок шуда метавонад, мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Моддаи 30. Экспертизаи байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот

Гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, моҳӣ, маҳсулоти моҳӣ, маҳсулоти занбӯри асал ва дигар маҳсулоти ҳайвонот барои муайян кардани сифат, муқаррар намудани бехатарии байторию санитарӣ ва мувофиқ будани он барои истифода бурдан ба мақсади хӯрок воҷиби экспертизаи байторию санитарӣ мебошанд. Экспертизаи байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои (экспертҳои) мақоми ваколатдори байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ташкилоту муассисаҳои (экспертҳои) хадамоти мазкур нисбати сифат ва дурустии экспертиза мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд. Тартиби гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Маҳсулоти ҳайвонот, ки аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ барои истифода ба мақсадҳои хӯрок шартан мувофиқ эътироф шудаанд ё аз нигоҳи байторию санитарӣ хавфнок шуморида шудаанд, мутобиқи хулосаи байторию санитарӣ бояд дар шароити саноатӣ безарар гардонда шаванд, аз тарафи соҳибони он бо мақсади бартараф намудани зарарнокиашон ба инсон, ҳайвонот ва муҳити зист мавриди истифода қарор гиранд ё нобуд карда шаванд.

Фурӯши маҳсулоти ҳайвонот ҳамчун хӯрок, ки тибқи тартиботи муқараршуда аз экспертизаи байторию санитарӣ нагузаштааст, манъ аст.

Моддаи 31. Сертификатсияи маҳсулоти ҳайвонот

Бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ маҳсулоти ҳайвонот, ки хушсифатӣ ва бехатарии байторию санитарии онҳо дар асоси натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ муқаррар шудааст ва бо хулосаи байторию санитарӣ расман тасдиқ гардидааст, бояд сертификатсия кунонида шавад.

Моддаи 32. Ҳамкории мақомоти идории байторию санитарӣ, шахсони мансабдор, ташкилоту муассисаҳои хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомот ва муассисаҳои давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти идории байторию санитарӣ, шахсони мансабдор, ташкилоту муассисаҳои хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомот ва муассисаҳои давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва заҳролудшавӣ аз хӯрок ҳамкории доимӣ менамоянд.

Моддаи 33. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардан

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардани ҳайвонот ҳуқуқ доранд ба:

- интихоби ташкилоти давлатӣ ё ғайридавлатии байторӣ ва шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи байторӣ машғуланд;

- эмкунии профилактикии пулакӣ зидди бемориҳои ҳайвонот, ки дар номгӯи бемориҳои ҳайвонот дохил нашудаанд.

Ҳангоми татбиқи чораҳои пешгирии беморӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд талаботи кормандони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмӣ муқобили бемориҳои ҳайвонот, ки аз рӯи нишондоди эпизоотӣ зарур аст, иҷро намоянд.

Нисбати ҳайвоноте, ки соҳибонашон талаботи кормандони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмии ҳайвонот мутобиқи муқаррароти сархати дуюми қисми якуми моддаи мазкур иҷро накардаанд, фурӯш, кашонидан ё рондан, куштан ва коркарди онҳо барои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштии онҳо бе иҷрои маҳдудиятҳои байторию санитарии қонунгузории байторӣ муқарраркарда иҷозат дода намешавад.

Ташкилотҳои суғуртавӣ ҳангоми бастани шартнома оиди суғуртаи ҳайвонот бояд дар шартномаи суғуртавӣ талаботро оид ба эмкунии ҳатмии ҳайвонот, ки сархати дуюми қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, дохил намоянд. ҳангоми иҷро накардани талаботи мазкур аз тарафи соҳибони ҳайвонот талофии пардохтҳои суғуртавӣ анҷом дода намешавад.

Моддаи 34. Маблағгузории ташхис ва сироятнопазир кардан

Маблағгузории ташхис, сироятнопазир кардан ва дигар чораҳои зиддиэпизоотӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Банақшагирии хароҷоти маблағгузории чораҳои зиддиэпизоотӣ (аз ҷумла хароҷоти ташхис ва сироятнопазир кардан) дар буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо дар асоси меъёрҳои хароҷоти молиявӣ ба ин мақсадҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, сурат мегирад ва ба қисми хароҷоти буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо дар зерфасли "Чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ" нишон дода мешавад.

Таҳвили мавод барои гузаронидани тадқиқоти ташхисӣ ва дорувории иммунобиологӣ барои эмкуниҳои сироятнопазир кардан, зидди бемориҳои ба номгӯи бемориҳои ҳайвонот дохилшуда, ки эмкунии сироятнопазиркунии ройгон гузаронида мешавад, аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Таҳвили доруворӣ барои сироятнопазир кардани ҳайвонот аз рӯи нишондоди эпизоотӣ ва сироятнопазир кардан ба муқобили бемориҳое, ки ба номгӯи мазкур дохил нашудаанд, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки ба ин мақсадҳо ҷалб карда мешаванд, сурат мегирад.

Моддаи 35. Расонидани хизмати пулакии байторӣ

Ташкилотҳои байторӣ метавонанд ба шаҳрвандон ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ - соҳибони ҳайвонот хизмати пулакии байторӣ расонанд.

Хизмати пулакии байторӣ наметавонад бар ивази хизматҳое бошад, ки бо тартиби кафолатҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, маблағи фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузории мақсаднок расонида мешаванд.

Номгӯи намудҳои хизмати пулакии байторӣ ва тартиби расонидани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ташкилотҳои байторӣ новобаста аз шакли моликият ӯҳдадоранд, ки ҳисоби оморӣ ва муҳосибавии хизмати пулакии байториро тартиб диҳанд ва ба мақомоти давлатии болоии идораи соҳаи байторӣ бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатии соҳаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Маблағҳои аз фаъолияти хизмати пулакии байторӣ гирифташаванда ба мақсадҳои инкишофи хадамоти байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути системаи фондҳои инкишофи хадамоти байторӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

БОБИ 7. ТАЪМИНИ ИЛМИИ БАЙТОРӢ

Моддаи 36. Субъектҳои фаъолияти илмии соҳаи байторӣ

Ташкилоти илмии соҳаи байторӣ шахси ҳуқуқие мебошад, ки кори илмӣ, илмӣ - техникӣ, истеҳсолӣ ва тайёр кардани кормандони илмии соҳаи байториро фаъолияти асосии худ қарор додааст. Ташкилотҳои илмӣ дар ҳар кадом шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, таъсис дода мешаванд. Ташкилотҳои давлатии илмӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд ва дар шакли муассиса таъсис меёбанд. Ташкилотҳои илмии хусусӣ метавонанд тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ бошанд.

Тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои илмии соҳаи байторӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Моддаи 37. Муносибати ташкилотҳои илмӣ ва мақомоти идораи соҳаи байторӣ

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарияти кашфиётҳои илмии хусусияти амалидоштаро муайян менамоянд ва барномаҳоро нисбати ҳифзи сиҳатии ҳайвонот ва назорати давлатии байторӣ ҳамоҳанг месозанд, консепсияи инкишофи байторӣ ва илмии байториро таҳия мекунанд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя экспертизаи комплексии барномаҳои илмии соҳавӣ, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявиро дар соҳаи байторӣ татбиқ менамоянд, тавсияҳои худро нисбати дар амал ҷорӣ кардан ва самаранок истифода бурдани дастовардҳои илми байторӣ пешниҳод мекунанд.

Мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки корҳои тадқиқоти илмиро, ки бо проблемаҳои минтақа дар соҳаи байторӣ алоқаманданд, муайян мекунад ва барномаҳои корҳои мазкурро дар ҳаҷми маблағҳои дар буҷети онҳо тасдиқшуда маблағгузорӣ менамояд.

Моддаи 38. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии кормандони байторӣ

Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии кормандони байторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Роҳбарони мақомоти идораи соҳаи байторӣ, ташкилоту муассисаҳои байторӣ ӯҳдадоранд, ки барои такмили ихтисоси кормандони байторӣ шароити зарурӣ муҳайё созанд.

Моддаи 39. Фаъолияти истеҳсолии соҳаи байторӣ

Фаъолияти истеҳсолии соҳаи байторӣ фаъолиятест барои истеҳсоли доруворӣ ба мақсади ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, асбобҳои байторӣ, байторию зоотехникӣ ва таҷҳизоти байторӣ.

Ташкили истеҳсол ва хариди дорувории барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъиншуда, инчунин истеҳсоли асбобҳои байторӣ ва байторию зоотехникӣ ва таҷҳизоти байторӣ мутобиқи талабот аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Қисми сеюми моддаи 39 хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 117).

Моддаи 40. Дастгирии давлатии фаъолияти истеҳсолии соҳаи байторӣ

Бо мақсади таъмини офияти эпизоотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии давлатии саноати байторӣ ва истеҳсоли дорувории барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъиншуда бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

- танзими нархи дорувории ҳаётан муҳим ва зарурии барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъиншуда;

- ҷалб кардани манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ барои инкишофи саноати байторӣ;

- пешниҳоди имтиёзҳои андоз ба истеҳсолкунандагони доруворӣ, ки барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот пешбинӣ шудаанд;

- истифодаи дигар чораҳои ҳифзи манфиати истеҳсолкунандагони ватании дорувор, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъин шудаанд.

Моддаи 41. Таъсис ва истифодаи фонди ҷумҳуриявии захиравии дорувории байторӣ

Фонди ҷумҳуриявии захиравии дорувории байторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 326).

Тартиби ташкилёбӣ ва истифодаи фонди ҷумҳуриявии захиравии дорувории байторӣ бо низомномаи ин фонд, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, муайян мегардад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 42. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи байторӣ

Баҳсҳои дар соҳаи байторӣ ба амаломада мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 43. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ

Шахсоне, ки барои вайрон кардани Қонуни мазкур гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 44. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кори байторӣ"

Бинобар қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1993 "Дар бораи кори байторӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1993, №13, м. 245; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, №3, м.48 фасли III) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 45. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

 8 декабри соли 2003 № 73

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАЙТОРӢ

(Қонун аз 26.12.2005№ 117)

Қонуни мазкур асосҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии байторӣ, талаботҳоро оид ба бехатарии байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот ва ҳифзи муҳити зист, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандонро дар ҷодаи таъмини офияти байторию санитарӣ ва эпизоотӣ, карантини ҳайвонот муайян намуда, тартиби ба амал баровардани назорати давлатии байториро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- дезинсексия - нобуд кардани ҳашаротҳои буғумпо, ки интиқолдиҳандагони ангезаи бемориҳои сироятӣ (паразитарӣ) мебошанд;

- дезинфексия - дур кардан ё нобудсозии ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитарӣ);

- дерратизатсия - нобуд кардани хояндагон -интиқолдиҳандагони ангезаҳои бемориҳои сироятӣ (паразитарӣ);

- карантин - маҷмӯи тадбирҳое, ки барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии ҳайвоноту инсон, растанӣ андешида мешаванд;

- муойинаи узвӣ (органолептикӣ) - муайян кардани сифати маҳсулот бо ёрии узвҳои ҳис;

- чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва инвазионии ҳайвонотро пешгирӣ менамоянд;

- инвазия - аз ҳайвоноти паразит ба воситаи сироят бемор шудани инсон, ҳайвонот ва растанӣ.

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи байторӣ

Қонунгузорӣ дар бораи байторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдори байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои соҳаи байториро дар ҷумҳурӣ мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби мақаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Сохтори ин мақомотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Вазифаҳои асосии мақомоти ваколатдори байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

- ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии ангезаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот (аз ҷумла парранда, ҳайвоноти мӯинадор, занбӯри асал, моҳӣ ва ғайра) аз ҳудуди дигар давлатҳо ё минтақаҳои карантинӣ;

- пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои сирояткунанда, инвазионӣ ва ғайрисироятии ҳайвонот;

- назорати истеҳсол ва фурӯши маҳсулоту ашёи хоми аз ҷиҳати байторӣ хушсифати ҳайвонот;

- ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон;

- муайян намудани тартиб ва назорати ҷойивазкунӣ, содирот ва воридоти ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, маводи байторӣ, хӯрок ва иловаҳои хӯрокаи ҳайвонот;

- экспертизаи байторию санитарии маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот, инчунин маҳсулоти растанӣ;

- манъ намудани воридоти маҳсулоте, ки дар он нумӯяҳои биологӣ, антибиотикҳо, маводи гармонӣ бо мақсади суръатбахшӣ ва афзоиши маҳсулнокии ҳайвонот истифода шудаанд.

- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот;

- таҳияи барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи байторӣ, истеҳсоли доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, ташкили корҳои тадқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои байторӣ;

- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроия ва шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, қатъи назар аз тобеият ва шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, соҳибони ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ БАЙТОРӢ

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад ва мақсад аз он фароҳам овардани шароит барои хадамоти байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот, таъмини ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи байторӣ, инкишофи заминаи моддию техникии ташкилоту муассисаҳои байторӣ имконият медиҳад.

Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти ба вай додашуда қабулгардида барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, қатъи назар аз тобеияти идоравӣ, шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи байторӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- дастгирии тадбирҳо оид ба инкишофи хадамоти давлатӣ ва хусусӣ;

- таъмини хадамоти давлатии байторӣ бо захираҳои дахлдори молиявӣ;

- риояи ягонагии манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи байторӣ;

- масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва шахсони мансабдор барои иҷро накардани қонунгузории байторӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар соҳаи байторӣ;

- дастгирии давлатии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи таҳияи усулҳои нави ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҳайвонот;

- инкишоф додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи байторӣ.

Моддаи 5. Назорати стандартҳои таъминоти моддию техникии хадамоти давлатии байторӣ

Назорати стандартҳои таъминоти моддию техникии озмоишгоҳҳо, корхонаҳои тавлиди маводи байторӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият аз тарафи мақомоти ваколатдори байторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Мутобиқати муҷаҳҳазии озмоишгоҳҳо, корхонаҳои тавлиди маводи байторӣ бо стандартҳои таъминоти моддию техникии муқарраршуда ҳангоми ба онҳо додани иҷозатномаи (литсензияи) фаъолияти байторӣ ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 6. Стандартҳои сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ)

Стандартҳои сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) тибқи тартиботи муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва барои ташкилоту муассисаҳои байторӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи байторӣ ба соҳибкорӣ машғулбуда дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Риоя накардани стандартҳои ҷумҳуриявии сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) аз тарафи субъектҳои фаъолияти байторӣ асос барои боздоштани фаъолияти онҳо дар соҳаи байторӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад (Қонун аз 26.12.05 № 117).

Назорати риояи стандартҳои ҷумҳуриявии сифати чорабиниҳои байторӣ (кор ва хизматрасонӣ) аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Моддаи 7. Идоракунии давлатии хадамоти байторӣ

Хадамоти байторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарраёсати байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад. Сарраёсати байтории назди Вазорати кишоварзӣ шахси ҳуқуқӣ мебошад. Онро Сардори Сарраёсати (Сарнозири давлатии) байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Роҳбарони ташкилотҳои тобеии хадамоти давлатии байторӣ аз тарафи Сарраёсати байтории назди Вазорати кишоварзӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Роҳбарони мақомоти идораи соҳаи байторӣ, ҳамчунин роҳбарони стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи мансаб ҳамзамон сарнозирони давлатии байторӣ мебошанд.

Моддаи 8. Хадамоти идории байторию санитарӣ

Вазоратҳо, кумитаҳо, идораҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо бо нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот, ҳифз ва фурӯши маҳсулоти он, хӯрок ва доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот алоқаманданд, аз ҳисоби воситаҳои худӣ бе истифодаи маблағҳои буҷетӣ метавонанд хадамоти байторию санитариро таъсис диҳанд. Тартиби ташкил ва сохтори ин хадамот аз тарафи мақомоти зикршудаи идоравӣ муайян карда мешавад.

Хадамоти идоравии байторию санитарӣ фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур таҳти роҳбарии методии мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии байторӣ Б

Фаъолияти хусусии байтори дар асоси иҷозатнома (литсензия) амали карда мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии байтори бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад (Қонун аз 26.12.05 № 117).

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРӢ

Моддаи 10. Назорати давлатии байторӣ

Назорати давлатии байторӣ маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки ба риояи қонунгузории байторӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Назорати давлатии байторӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Назорати давлатии байторӣ инҳоро дар бар мегирад:

- ошкор ва муайян кардани сабабҳо, шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот, аз ҷумла бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон;

- ташкили чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон, чорабиниҳои байторию санитарӣ оиди муҳофизати ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва дар амал ҷорӣ кардан, ба система даровардани қоидаҳои байторӣ, муқаррар кардани тартиботи гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ, санҷишҳои тадқиқотӣ ва сертификатсионӣ;

- назорати гузаронидани чорабиниҳои ташкилию истеҳсолӣ ва байторию пешгирикунӣ, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя кардани қоидаҳои байторӣ;

- муқаррар кардани тартиботи истеҳсол ва истифодаи доруворӣ дар соҳаи байторӣ, ки барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот пешбинӣ шудаанд;

- татбиқи чораҳои пешгирии вайрон кардани қонунгузории байторӣ, додани фармоишҳо, амрномаҳо ва баровардани қарорҳо ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории байторӣ.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти онҳо барои ба ҷумҳурӣ ворид намудани (содир намудани, транзити) ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯроки ҳайвонот, иловаҳои хӯроки ҳайвонот ва доруворӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот алоқаманд аст, ӯҳдадоранд, ки барои истифода ба идораҳои минтақавии назорати давлатии байторӣ дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақлиёт, ба нуқтаҳои байтории сарҳадӣ ва нақлиётӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои назорати давлатии байторӣ биноҳои хизматӣ, таҷҳизоту воситаҳои алоқаи заруриро ройгон вогузоранд, инчунин хароҷоти гузаронидани экспертизаи байторию санитариро талофӣ намоянд.

Моддаи 11. ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд дар мавриди ошкор намудани бемориҳои сироятии ҳайвонот дар муддати як шабонарӯз ба мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ пешниҳоднома дар бораи муқаррар кардани тартибу қоидаҳои махсус, ки иҷрои онҳо паҳншавии ангезаҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсонро пешгирӣ менамоянд, ирсол намоянд.

Шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ амалӣ месозанд, ҳуқуқ доранд:

- бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ бе мамониат ба объектҳои таҳти назорат будаи ҳудуди дахлдор дароянд, маълумотеро гиранд, ки барои муайян кардани ҳолати эпизоотӣ, ошкор намудани сабабҳои бемориҳои ҳайвонот, муайян кардани сифати байторию санитарии маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот заруранд ;

- барои ҳатман гузаронидани чораҳои зиддиэпизоотӣ ва байторию санитарӣ фармоиш диҳанд;

- дар ҳолати мавҷуд будани бемориҳои гузаранда ё шубҳа ба мавҷудияти бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот дар бораи нобуд кардани ҳайвонот, безараргардонии маҳсулот ва ашёи хоми он, коркард ё чун партов истифода намудани онҳо фармоишҳо бароранд;

- фурӯши маҳсулоти ҳайвонот, инчунин коркарди ашёи хоми ҳайвонот ва растаниро, ки ба талаботи байторию санитарӣ мувофиқат намекунад, воситаҳои муҳофизати ҳайвонот, иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба талаботи сифат мувофиқ набударо манъ намоянд;

- сохтмон, тармими биноҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди гӯшту шир, сехҳо, анборҳо ва дигар иншоотҳои ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯ набударо маҳдуд созанд, муваққатан қатъ намоянд ё манъ кунанд;

- дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳисоби мутахассисони байторӣ бо ҷалби мутахассисони муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимӣ барои муайян кардани сабабҳои беморӣ, талафоти ҳайвонот комиссияҳо ташкил диҳанд;

Сархати ҳафтуми қисми дуюми моддаи 11 хориҷ карда шуд. (Қонун №117 аз 26.12.05с.)

- фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳоро дар мавриди вайрон шудани меъёру қоидаҳои байторию санитарӣ, ки метавонанд боиси таҳдиди ҳаёт ва саломатии одамон ё сабабҳои дигар оқибатҳои вазнин шаванд, маҳдуд созанд, муваққатан қатъ намоянд ё манъ кунанд.

- ворид намудани маводи байторӣ ва иловаҳои хӯроки ҳайвонотро, ки дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудаанд ва дорои сертификат намебошанд, манъ намоянд;

- ҷазои маъмурӣ таъин намоянд.

Тартиби ворид намудани маводи байторӣ, иловаҳои хӯроки ҳайвонот аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар ҳолати эпизоотӣ, офати табиӣ ва дигар ҳолатҳо бо қарори махсуси мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани дорувории байторӣ ва иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба қайд гирифтанашуда дар ҳолати мавҷуд будани сертификат ва шаҳодатнома, ки ба қайд гирифта шудан ва истифодаи онҳоро дар мамлакати истеҳсолкунанда тасдиқ менамояд, иҷозат дода мешавад.

Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад барои дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани комиссияи фавқулоддаи зиддиэпизоотӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ ва ё бекор кардани карантин ва дигар маҳдудиятҳои байторию санитарӣ, ки ба барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотӣ ва бартараф намудани таҳдиди паҳншавии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот нигаронда шудаанд, таклифҳо пешниҳод намояд.

Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ мегардонанд, бо либоси махсуси хизматии дорои нишонаҳои фарқкунанда таъмин карда мешаванд. Низомнома дар бораи унвонҳои махсус, намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 12. Назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо

Назорати давлатии байторӣ дар бозорҳо ва дар дигар ҷойҳо, ки фурӯши ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ва растанӣ ба роҳ монда шудааст, ҳатмӣ мебошад.

Озмоишгоҳҳои давлатии экспертизаи байторию санитарӣ дар бозорҳо барои тамғазании гӯшт ва дигар маҳсулоти ҳайвонот бояд тамға, этикеткаи нишондиҳандаи сифати маҳсулот, дафтари бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дошта бошанд.

Маҳсулот дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти молик барои экспертиза қабул карда мешавад.

Байтори озмоишгоҳи экспертизаи байторию санитарӣ ҳуқуқ дорад маҳсулоти барои фурӯш мувофиқ набударо боздорад. Чунин маҳсулот бояд аз тарафи моликони объектҳои савдо барои истифода чун партов ё барои коркард фиристода шавад.

Фурӯши маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ ва аз тарафи фурӯшандагон гирифтани хулосаи мақоми назорати давлатии байторӣ, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хӯроквориро бо қоидаю меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, мумкин аст.

Фурӯши маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ё растанӣ дар ҷойҳое, ки барои ин кор ҷудо нашудааст ё аз экспертизаи байторию санитарӣ нагузаштааст, манъ аст. Дар ҳолати риоя нашудани ин талабот маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ё растанӣ тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ мусодира карда мешавад.

Моликони объектҳои савдо барои роҳ додан ба фурӯши маҳсулоти аз экспертизаи байторию санитарӣ нагузашта ҷавобгаранд.

Моддаи 13. Назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт

Хадамоти минтақавии назорати давлатии байторӣ дар Сарҳади давлатӣ ва нақлиёт бо мақсади пешгирии ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид шудани бемориҳои махсусан хавфноки (аз ҷумла карантинии) ҳайвонот, ҳамчунин бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон таъсис дода мешаванд ва фаъолият мекунанд.

Гузаронидани ҳайвонот, маҳсулоти он, маҳсулоти тайёри хӯрок, ашёи хоми ҳайвонот, хӯроки ҳайвонот ва хӯрок аз растанӣ, иловаҳои хӯроки ҳайвонот, парвардаи микроорганизмҳо, маводи байторӣ ва дигар борҳои таҳти назорати хадамоти байторӣ қарордошта тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди тафтиши ҳатмии байтории онҳо иҷозат дода мешавад. Расмигардонии гумрукии борҳо танҳо баъди аз тафтиши мазкур гузаштани онҳо анҷом ёфта метавонад, ки онро мутахассисони назорати давлатии байторӣ, гумрук ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ мегузаронанд. ҳамзамон ҷои кори Инспексияҳои давлатии назорати байторӣ бояд дар минтақаи ягонаи гумрукӣ бошад.

Ворид, содир ва ё аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба тариқи транзитӣ кашонидани ҳайвонот, маҳсулот ва ашёи хоми ҳайвонот ва дигар борҳо, ворид шудани воситаҳои нақлиёт, ки воҷиби назорати ҳатмии давлатии байторӣ мебошанд, ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи созишномаҳои байнидавлатӣ ва дар мавриди риояи талаботи байторӣ иҷозат дода мешавад. Ба фурӯши маҳсулот, ашёи хоми ҳайвонот ва хӯроки он, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, танҳо баъди аз экспертизаи байторӣ гузаштан иҷозат дода мешавад.

Низомнома дар бораи хадамоти минтақавии назорати давлатии байторӣ дар Сарҳади давлатӣ ва нақлиёт аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 14. Назорати давлатии байторӣ ҳангоми шикори ҷонварон

Ҳар ташкилоти шикорӣ вазифадор аст, ки барои коркарди ҷонварони шикоршуда мутобиқи талаботи байторию санитарӣ майдончаҳои махсусро таҷҳизонад ва гузаронидани экспертизаи ҷонвари сайдшударо, ки барои хӯрок истифода мешавад, таъмин намояд.

Моддаи 15. Кафолати шахсоне, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд

Мутахассисоне, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд, дар фаъолияти худ соҳибихтиёранд ва Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои байторӣ ба роҳбарӣ мегиранд.

Истифодаи мутахассисони хадамоти давлатии байторӣ барои иҷрои корҳои бо хизматрасонии байторӣ алоқаманднабуда манъ аст.

Ҳеҷ як фармоишоти шахсони мансабдор барои ягон амали ғайриқонунӣ ё беамалии мутахассисони байторӣ асос шуда наметавонад.

Моддаи 16. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии мутахассисони байторӣ

Мутахассисони байторӣ бояд ҳатман аз ҳодисаҳои зарарбинӣ ё бемориҳои касбӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳангоми мубориза бо бемориҳои сирояткунанда ва ҳангоми муомилаи бевосита бо ҳайвонот гирифтор мешаванд, суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда шаванд.

Мутахассисони байторӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ таъмин карда мешаванд. Дар муддати кор дар лонаҳои бемориҳои сироятии ҳайвоноти мубталои бемориҳои сирояткунанда маоши вазифавии онҳо ба андозаи дукарата аз ҳисоби маблағҳои зиддиэпизоотикӣ пардохта мешавад.

Моддаи 17. Шикоят нисбати амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро татбиқ месозанд

Амали (беамалии) шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии байториро татбиқ месозанд, метавонад боиси шикоят ба мақоми болоии Назорати давлатии байторӣ ё суд гардад. Шикоят бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.

БОБИ 4. МАБЛАUГУЗОРИИ ХАДАМОТИ БАЙТОРӢ ВА НАЗОРАТИ БАЙТОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 18. Манбаъҳои маблағгузории хадамоти байторӣ ва назорати байторӣ

Манбаъҳои маблағгузории хадамоти байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

- маблағи буҷетҳои ҳама сатҳҳо;

- маблағи фондҳои мақсадноки байторӣ;

- даромад аз фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои байторӣ;

- маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи байторӣ аз тарафи сармоягузорон;

- дигар манбаъҳое, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Моддаи 19. Маблағгузории буҷетии хадамоти байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарраёсати байторӣ, ташкилоту муассисаҳои тобеи он, хадамоти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бевосита аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Банақшагирии хароҷот барои маблағгузории хадамоти байторӣ ва назорати байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маблағҳои Буҷети давлатӣ дар асоси хароҷоти молиявии ягонаи меъёрӣ барои фаъолияти хадамоти байторӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ва дар қисми хароҷоти буҷети ҳамаи сатҳҳо дар як воҳиди "Байторӣ" пешбинӣ мешавад, сурат мегирад.

Хадамоти байторӣ инчунин аз ҳисоби манбаъҳои иловагии зерин маблағгузорӣ карда мешавад:

- фоидаи аз намудҳои фаъолияти хоҷагӣ бадастомада;

- кредити бонкҳо ва дигар қарзҳо;

- кӯмакҳои беғаразона ё эҳсонкорона ва ё маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

БОБИ 5. ТАЛАБОТИ БАЙТОРИЮ САНИТАРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ КАРДАНИ БЕМОРИҲОИ ҲАЙВОНОТ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ҲАЙВОНОТ АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ БАЙТОРИЮ САНИТАРӢ

Моддаи 20. Талаботи байторию санитарӣ нисбати лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаҳо оид ба истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот

Ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони комплексҳои чорводорӣ, фабрикаҳои паррандапарварӣ, заводҳои шир, заводҳои моҳӣ, комбинатҳои гӯшт, комбинатҳои хунукдорӣ, дигар корхонаҳои истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти ҳайвонот, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон бояд муҳайё намудани шароити бештар мусоидро барои нигоҳ доштани ҳайвонот ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз нигоҳи байторию санитарӣ бехавфу хатар будани маҳсулоти ҳайвонотро пешбинӣ намоянд. ҳангоми таҳияи меъёрҳои лоиҳакашии объектҳои таҳти назорати байторӣ, ҳалли масъалаҳои ҷойгиронии онҳо ва муқаррар кардани қитъаҳои байторию санитарӣ бояд қоидаҳои байторӣ риоя шаванд.

Ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмон, тасдиқ намудани меъёрҳои лоиҳакашӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, тармими объектҳои таҳти назорати байторӣ, инчунин ба истифодадиҳии объектҳои сохташуда ва тармимшуда ҳангоми мавҷуд будани хулосаҳои байторию санитарӣ иҷозат дода мешавад.

Моддаи 21. Талаботи байторию санитарӣ нисбат ба хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот

Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бояд барои сиҳатии ҳайвонот бехатар бошад ва набояд нумӯяҳои афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла гармонӣ ва дигар моддаҳои барои ҳайвонот, муҳити зист ва инсон зарарнокро дар сатҳи зиёда аз меъёр дошта бошанд.

Меъёрҳои байторию санитарии бехатарӣ ва (ё) безарарӣ барои хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ва тартиби сертификатсияи онҳо бо қоидаҳои байторӣ муқаррар карда мешавад. Меъёрҳои бехатарӣ ва (ё) безарарии хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот набояд аз меъёрҳои дахлдор, ки онҳоро стандартҳои байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ташкилотҳои байналмилалии байторӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳост, муқаррар кардааст, фарқ кунанд.

Истеҳсол ва истифодаи хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот аз рӯи таъинот ҳангоми мавҷуд будани хулосаи байторию санитарӣ оид ба мутобиқати онҳо ба қоидаҳои байторӣ иҷозат дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки истеҳсол, харид, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонотро ба роҳ мемонанд, бояд қоидаҳои байториро иҷро кунанд ва оид ба таъмини сифатнокии онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвоноти ба қоидаҳои байторӣ номутобиқ ва аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ ва (ё) сертификатсия барои сиҳатии ҳайвонот хавфнок фавран аз истеҳсолот ва вояи (рациони) хӯроки ҳайвонот хориҷ карда мешаванд. Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвоноти аз истеҳсолот ва вояи ҳайвонот хориҷкардашуда бояд нобуд карда шаванд ё аз тарафи соҳибони он мутобиқи хулосаи байторию санитарӣ истифода шаванд.

Моддаи 22. Талаботи байторию санитарӣ ба нигоҳдорӣ, ғизодиҳӣ ва обдиҳии ҳайвонот, кашонидан ва рондани он

Биное, ки барои нигоҳдории муваққатӣ ё доимии ҳайвонот таъин шудааст, аз рӯи масоҳат ва таҷҳизоташ бояд барои сиҳатии он шароити мусоид дошта бошад.

Обе, ки ба ҳайвонот дода мешавад, бояд аз назари эпизоотӣ ва радиатсионӣ бехавф, аз рӯи таркиби кимиёвиаш безарар бошад, дорои хусусиятҳои гуворои органолептикӣ буда, набояд манбаи таъсири зараровар ба сиҳатии ҳайвонот гардад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд, ки ҳайвонотро бо хӯрок ва оби ба меъёрҳои байторию санитарии ғизодиҳӣ ва обдиҳӣ мутобиқаткунанда таъмин намоянд.

Кашонидан ва рондани ҳайвонот бо риоя намудани талаботи байторию санитарӣ оиди пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонот танҳо бо роҳҳои бо мақомоти ваколатдори байторӣ мувофиқашуда мумкин аст. Кашонидан ва рондани ҳайвонот аз ҳудудҳои ноҳия ва шаҳрҳои нисбати бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот номусоидбуда манъ аст.

Моддаи 23. Нишонагузории чорво

Чорво бояд ҳатман аз рӯи шаклу намунаҳои муқаррарнамудаи меъёру қоидаҳои байторӣ нишонагузорӣ карда шавад, то ки ҳар як чорво тамоми умр, аз ҷумла дар сурати дигар шудани соҳибаш, бо мақсади назорат кардани самарабахшии тадбирҳои байторию санитарӣ оид ба пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои чорво таҳти мушоҳида бошад.

Ҳар чорво аз рӯзи зоида шуданаш бояд рақами фардии алоҳида дошта бошад ва он дар шакли тамға ва ё ҳалқаи дар гӯш аз рӯи қоида насбгардида сабт шуда бошад. Рақами чорво барои муайян кардани зот, синну сол, ҷои таваллуд ва соҳибаш, инчунин барои пур кардани варақаҳои баҳисобгирӣ ва ҳисобот имконият медиҳад.

Барои ҳар як чорво аз рӯзи зоида шуданаш шиносномаи фардии алоҳидаи байторӣ тартиб дода мешавад, ки онро бояд то рӯзи мурданаш (куштанаш) нигоҳ доранд ва бояд бо тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супоранд. Дар шиноснома нишонагузории ин ё он чорво, аз ҷумла рақами фардии он, зоташ, ранг, ҷинс, рӯзу моҳ ва соли зоида шудан аниқ навишта мешавад. Дар шиноснома ҳамчунин лақаби чорво, соҳибаш, суроғаи соҳиби чорво, рӯзу моҳ ва соли ба каси дигар додан (фурӯхтан), рақами асноди фурӯш ва санадҳои суғуртаи он зикр меёбанд. Дар шиноснома аз тарафи байторҳо дорую даво карда шудани чорво, яъне чӣ гуна ва кай дорую даво шудани чорво, рафтори чорво ба ин ё он тарзи дорую даво, имзои байторе, ки чорворо дорую даво кардааст, қайд карда мешавад.

Моддаи 24. Талаботи байторию санитарӣ ба ташкили куштани ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ ва ашёи хоми ҳайвонот

Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ба куштани ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдори, интиқол ва фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯшти, ашёи хоми ҳайвонот машғуланд, фаъолияти худро дар асоси аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсоли амали мекунанд.

Тартиби гузаронидани аттестатсияи байторию санитари ва гирифтани иҷозати байторию санитари ба содироти гушт ва махсулоти гуштй, ашёи хоми хдйвонот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридоти чунин махсулотро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон макоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қонун №117 аз

26.12.05с.)

Моддаи 25. Талаботи байторию санитарӣ ба ташкили фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар бозорҳо

Ҳангоми ташкили фурӯши ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ дар бозорҳои савдои яклухт, чакана, озуқаворӣ ва ғайра, ки бо тартиботи муқарраршуда таъсис ёфтаанд, бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва пешгирии аз хӯрок заҳролудшавӣ бояд қоидаҳои байторӣ иҷро карда шаванд.

Фурӯши маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ хушсифат ва безарар донисташуда ва ҳайвоноти аз рӯи натиҷаҳои азназаргузаронии байторию санитарӣ солим донисташуда иҷозат дода мешавад. Хушсифатӣ ва безарарии маҳсулоти ҳайвонот ва растанӣ ва офияти байторию санитарии ҳайвонот бояд бо хулосаҳои байторию санитарӣ расман шаҳодат дода шаванд.

Дар бозорҳо барои ташкили назорати иҷрои қоидаҳои байторӣ, гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ, дигар чорабиниҳои махсус оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти фурӯхташавандаи ҳайвонот ва растанӣ аз тарафи шахсони мансабдор ва (ё) шахсоне, ки дар бозорҳо вазифаи идоракуниро ба ӯҳда доранд, бояд озмоишгоҳҳои байторию санитарӣ таъсис дода шаванд. Кори муассисаҳои мазкур тибқи низомномаи озмоишгоҳҳои байторию санитарӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 26. Талаботи байторию санитарӣ нисбати ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд

Ҳайвоноте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариш ва нигоҳдорӣ, аз ҷумла барои дар боғи ҳайвонот нигоҳ доштан, дар намоишгоҳ иштирок кардан, дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзидан, инчунин ба дигар мақсадҳои фоиданок истифода бурдан ворид мешаванд, бояд сиҳат бошанд. Маҳсулоти ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркард ва фурӯш оварда мешавад, бояд аз ҳайвоноти сиҳат ҳосил шуда бошад. Хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш оварда мешаванд, бояд барои сиҳатии ҳайвонот безарар буда, моддаҳои аз меъёр зиёда надошта, набояд дорои хусусият ва омилҳои зараровар ба муҳити зист ва саломатии инсон бошанд.

Ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузории байторӣ ва шартҳои шартномаҳои байналмилалии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо мавҷудияти сертификатҳои байтории собитсозии (кафолати) бехатарии байторию санитарии офияти эпизоотии мамлакати содиркунанда барои ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот ворид карда мешаванд. ӯҳдадорӣ оиди иҷрои талаботи қонунгузории байторӣ ва кафолати риояи қоидаҳои байторӣ ҳангоми воридсозӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як миқдори ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бояд қисми таркибии шартнома доир ба таҳвили ҳайвонот, маҳсулоти ҳайвонот, хӯрок ва иловаҳои хӯроки ҳайвонот бошад.

БОБИ 6. ТАЪМИНИ МУҲОФИЗАТ АЗ БЕМОРИҲОИ МАХСУСАН ХАВФНОКИ ҲАЙВОНОТ, КИ БАРОИ ҲАЙВОНОТ ВА ИНСОН УМУМӢ АСТ ВА АЗ ХӯРОК ЗАҲРОЛУДШАВӢ

Моддаи 27. Барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотӣ ва бартараф кардани хавфи пайдошавӣ ва паҳншавии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот

Барои барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот ва бартараф намудани хавфи пайдоиш ва паҳншавии ин бемориҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар асоси пешниҳодот ва дастури Сарнозири давлатии байторӣ метавонад карантин ҷорӣ шуда, ҳайвонот ва ё маҳсулоти ҳайвонот мусодира ва дигар чорабиниҳои байторию санитарии маҳдудкунанда гузаронида шавад.

Тартиби ҷорӣ кардани (бекор кардани) карантин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои дахлдори ноҳияҳо (шаҳрҳо), дар объектҳои хоҷагидорӣ ва ғайра ва дар нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои татбиқи карантин, дигар чорабиниҳои маҳдудкунандаи байторию санитарӣ ва номгӯи бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот, ҳангоми барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотӣ ва бартарафкунии хавфи пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо, ки боиси ҷорӣ шудани карантин, мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот мегардад, тибқи қоидаҳои байторӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҷуброн намудани зарари дар натиҷаи мусодираи ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот дидаашонро доранд.

Моддаи 28. ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - соҳибони ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот бо мақсади барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот ӯҳдадоранд:

- талаботи қонунгузории байторӣ, инчунин қарорҳо, дастурҳо ва хулосаҳои байторию санитарии шахсони мансабдори назорати давлатии байториро иҷро намоянд;

- чорабиниҳои муқарраршуда ва иловагии байторию санитариро, аз ҷумла корҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дерратизатсиониро ба амал бароранд.

Шахсони мансабдори хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотии дар Қонуни мазкур пешбинишударо, ки ба барҳамдиҳии лонаҳои эпизоотии бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот мусоидат менамоянд, таъмин кунанд.

Моддаи 29. Салоҳияти хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон ва заҳролудшавӣ аз хӯрок

Аз тарафи хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои бехатарии байторию санитарӣ асоснок ва муқаррар карда шуда, экспертизаи байторию санитарӣ, дигар чорабиниҳои махсуси таъмини бехатарӣ аз нигоҳи байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот дар ҳамаи давраҳои муомилоти он, аз лаҳзаи тайёр кардан (истеҳсол) то истеъмоли (фурӯши) аҳолӣ, инчунин оид ба таъмини бехатарии (безарарии) маҳсулоти растанӣ ҳангоми фурӯши он дар бозорҳо гузаронида мешавад. Мақсади татбиқи чорабиниҳои мазкур муҳофизати аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвонот ва инсон, аз хӯрок заҳролудшавӣ, ки дар натиҷаи истеъмоли маҳсулоти аз нигоҳи байторию санитарӣ хавфнок шуда метавонад, мебошад.

Моддаи 30. Экспертизаи байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот

Гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, моҳӣ, маҳсулоти моҳӣ, маҳсулоти занбӯри асал ва дигар маҳсулоти ҳайвонот барои муайян кардани сифат, муқаррар намудани бехатарии байторию санитарӣ ва мувофиқ будани он барои истифода бурдан ба мақсади хӯрок воҷиби экспертизаи байторию санитарӣ мебошанд. Экспертизаи байторию санитарии маҳсулоти ҳайвонот аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои (экспертҳои) хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ташкилоту муассисаҳои (экспертҳои) хадамоти мазкур нисбати сифат ва дурустии экспертиза мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд. Тартиби гузаронидани экспертизаи байторию санитарӣ аз тарафи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Маҳсулоти ҳайвонот, ки аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ барои истифода ба мақсадҳои хӯрок шартан мувофиқ эътироф шудаанд ё аз нигоҳи байторию санитарӣ хавфнок шуморида шудаанд, мутобиқи хулосаи байторию санитарӣ бояд дар шароити саноатӣ безарар гардонда шаванд, аз тарафи соҳибони он бо мақсади бартараф намудани зарарнокиашон ба инсон, ҳайвонот ва муҳити зист мавриди истифода қарор гиранд ё нобуд карда шаванд.

Фурӯши маҳсулоти ҳайвонот ҳамчун хӯрок, ки тибқи тартиботи муқараршуда аз экспертизаи байторию санитарӣ нагузаштааст, манъ аст.

Моддаи 31. Сертификатсияи маҳсулоти ҳайвонот

Бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ маҳсулоти ҳайвонот, ки хушсифатӣ ва бехатарии байторию санитарии онҳо дар асоси натиҷаҳои экспертизаи байторию санитарӣ муқаррар шудааст ва бо хулосаи байторию санитарӣ расман тасдиқ гардидааст, бояд сертификатсия кунонида шавад.

Моддаи 32. Ҳамкории мақомоти идории байторию санитарӣ, шахсони мансабдор, ташкилоту муассисаҳои хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомот ва муассисаҳои давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти идории байторию санитарӣ, шахсони мансабдор, ташкилоту муассисаҳои хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомот ва муассисаҳои давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои умумии ҳайвоноту инсон ва заҳролудшавӣ аз хӯрок ҳамкории доимӣ менамоянд.

Моддаи 33. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардан

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба ташхис ва сироятнопазир кардани ҳайвонот ҳуқуқ доранд ба:

- интихоби ташкилоти давлатӣ ё ғайридавлатии байторӣ ва шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи байторӣ машғуланд;

- эмкунии профилактикии пулакӣ зидди бемориҳои ҳайвонот, ки дар номгӯи бемориҳои ҳайвонот дохил нашудаанд.

Ҳангоми татбиқи чораҳои пешгирии беморӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд талаботи кормандони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмӣ муқобили бемориҳои ҳайвонот, ки аз рӯи нишондоди эпизоотӣ зарур аст, иҷро намоянд.

Нисбати ҳайвоноте, ки соҳибонашон талаботи кормандони байториро дар бораи гузаронидани эмкунии ҳатмии ҳайвонот мутобиқи муқаррароти сархати дуюми қисми якуми моддаи мазкур иҷро накардаанд, фурӯш, кашонидан ё рондан, куштан ва коркарди онҳо барои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштии онҳо бе иҷрои маҳдудиятҳои байторию санитарии қонунгузории байторӣ муқарраркарда иҷозат дода намешавад.

Ташкилотҳои суғуртавӣ ҳангоми бастани шартнома оиди суғуртаи ҳайвонот бояд дар шартномаи суғуртавӣ талаботро оид ба эмкунии ҳатмии ҳайвонот, ки сархати дуюми қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, дохил намоянд. ҳангоми иҷро накардани талаботи мазкур аз тарафи соҳибони ҳайвонот талофии пардохтҳои суғуртавӣ анҷом дода намешавад.

Моддаи 34. Маблағгузории ташхис ва сироятнопазир кардан

Маблағгузории ташхис, сироятнопазир кардан ва дигар чораҳои зиддиэпизоотӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Банақшагирии хароҷоти маблағгузории чораҳои зиддиэпизоотӣ (аз ҷумла хароҷоти ташхис ва сироятнопазир кардан) дар буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо дар асоси меъёрҳои хароҷоти молиявӣ ба ин мақсадҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, сурат мегирад ва ба қисми хароҷоти буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо дар зерфасли "Чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ" нишон дода мешавад.

Таҳвили мавод барои гузаронидани тадқиқоти ташхисӣ ва дорувории иммунобиологӣ барои эмкуниҳои сироятнопазир кардан, зидди бемориҳои ба номгӯи бемориҳои ҳайвонот дохилшуда, ки эмкунии сироятнопазиркунии ройгон гузаронида мешавад, аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Таҳвили доруворӣ барои сироятнопазир кардани ҳайвонот аз рӯи нишондоди эпизоотӣ ва сироятнопазир кардан ба муқобили бемориҳое, ки ба номгӯи мазкур дохил нашудаанд, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки ба ин мақсадҳо ҷалб карда мешаванд, сурат мегирад.

Моддаи 35. Расонидани хизмати пулакии байторӣ

Ташкилотҳои байторӣ метавонанд ба шаҳрвандон ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ - соҳибони ҳайвонот хизмати пулакии байторӣ расонанд.

Хизмати пулакии байторӣ наметавонад бар ивази хизматҳое бошад, ки бо тартиби кафолатҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, маблағи фондҳои махсуси байторӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузории мақсаднок расонида мешаванд.

Номгӯи намудҳои хизмати пулакии байторӣ ва тартиби расонидани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ташкилотҳои байторӣ новобаста аз шакли моликият ӯҳдадоранд, ки ҳисоби оморӣ ва муҳосибавии хизмати пулакии байториро тартиб диҳанд ва ба мақомоти давлатии болоии идораи соҳаи байторӣ бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзӣ ва мақоми давлатии соҳаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Маблағҳои аз фаъолияти хизмати пулакии байторӣ гирифташаванда ба мақсадҳои инкишофи хадамоти байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути системаи фондҳои инкишофи хадамоти байторӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунугзории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.

БОБИ 7. ТАЪМИНИ ИЛМИИ БАЙТОРӢ

Моддаи 36. Субъектҳои фаъолияти илмии соҳаи байторӣ

Ташкилоти илмии соҳаи байторӣ шахси ҳуқуқие мебошад, ки кори илмӣ, илмӣ - техникӣ, истеҳсолӣ ва тайёр кардани кормандони илмии соҳаи байториро фаъолияти асосии худ қарор додааст. Ташкилотҳои илмӣ дар ҳар кадом шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, таъсис дода мешаванд. Ташкилотҳои давлатии илмӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд ва дар шакли муассиса таъсис меёбанд. Ташкилотҳои илмии хусусӣ метавонанд тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ бошанд.

Тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои илмии соҳаи байторӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Моддаи 37. Муносибати ташкилотҳои илмӣ ва мақомоти идораи соҳаи байторӣ

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарияти кашфиётҳои илмии хусусияти амалидоштаро муайян менамоянд ва барномаҳоро нисбати ҳифзи сиҳатии ҳайвонот ва назорати давлатии байторӣ ҳамоҳанг месозанд, консепсияи инкишофи байторӣ ва илмии байториро таҳия мекунанд.

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя экспертизаи комплексии барномаҳои илмии соҳавӣ, барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявиро дар соҳаи байторӣ татбиқ менамоянд, тавсияҳои худро нисбати дар амал ҷорӣ кардан ва самаранок истифода бурдани дастовардҳои илми байторӣ пешниҳод мекунанд.

Мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки корҳои тадқиқоти илмиро, ки бо проблемаҳои минтақа дар соҳаи байторӣ алоқаманданд, муайян мекунад ва барномаҳои корҳои мазкурро дар ҳаҷми маблағҳои дар буҷети онҳо тасдиқшуда маблағгузорӣ менамояд.

Моддаи 38. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии кормандони байторӣ

Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии касбии кормандони байторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Роҳбарони мақомоти идораи соҳаи байторӣ, ташкилоту муассисаҳои байторӣ ӯҳдадоранд, ки барои такмили ихтисоси кормандони байторӣ шароити зарурӣ муҳайё созанд.

Моддаи 39. Фаъолияти истеҳсолии соҳаи байторӣ

Фаъолияти истеҳсолии соҳаи байторӣ фаъолиятест барои истеҳсоли доруворӣ ба мақсади ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот, асбобҳои байторӣ, байторию зоотехникӣ ва таҷҳизоти байторӣ.

Ташкили истеҳсол ва хариди дорувории барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъиншуда, инчунин истеҳсоли асбобҳои байторӣ ва байторию зоотехникӣ ва таҷҳизоти байторӣ мутобиқи талабот аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Қисми сеюми моддаи 39 хориҷ карда шуд (Қонун аз 26.12.05 № 117).

Моддаи 40. Дастгирии давлатии фаъолияти истеҳсолии соҳаи байторӣ

Бо мақсади таъмини офияти эпизоотӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии давлатии саноати байторӣ ва истеҳсоли дорувории барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъиншуда бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

- танзими нархи дорувории ҳаётан муҳим ва зарурии барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъиншуда;

- ҷалб кардани манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ барои инкишофи саноати байторӣ;

- пешниҳоди имтиёзҳои андоз ба истеҳсолкунандагони доруворӣ, ки барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот пешбинӣ шудаанд;

- истифодаи дигар чораҳои ҳифзи манфиати истеҳсолкунандагони ватании дорувор, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис, пешгирӣ ва табобати ҳайвонот таъин шудаанд.

Моддаи 41. Таъсис ва истифодаи фонди ҷумҳуриявии захиравии дорувории байторӣ

Фонди ҷумҳуриявии захиравии дорувории байторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъсис дода мешавад.

Тартиби ташкилёбӣ ва истифодаи фонди ҷумҳуриявии захиравии дорувории байторӣ бо низомномаи ин фонд, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, муайян мегардад.

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 42. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми фаъолият дар соҳаи байторӣ

Баҳсҳои дар соҳаи байторӣ ба амаломада мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 43. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи байторӣ

Шахсоне, ки барои вайрон кардани Қонуни мазкур гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 44. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кори байторӣ"

Бинобар қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1993 "Дар бораи кори байторӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1993, №13, м. 245; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, №3, м.48 фасли III) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 45. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 8 декабри соли 2003 № 73

ш. Душанбе